Нигоҳе ба гузарвожаҳо аз паҳлавӣ ба порсии нав

Забони паҳлавӣ ё порсии миёна наздик ба як ҳазора забони расмии ду хонадони эронии Ашконӣ ва Сосонӣ будааст. Вожаҳои фаровоне аз забонҳои авестоӣ ва порсии бостон ба забони паҳлавӣ расида ва аз онҷо вориди забони порсии нав шудаанд. Ҳамчунон ки сангрезаҳои кафи рӯдхона ҳарчи бештар дар гузари об бошанд, бештар собида мешаванд, вожаҳо ҳам дар дарозои замон ҳарчи бештар ба кор гирифта шаванд, кӯтоҳтар мешаванд. Бар ин поя, дар гузари табиъии вожаҳо аз паҳлавӣ ба порсии нав дигаргуниҳое рух додааст:

Филми мустанади “Мехвора” баррасӣ шуд

Рӯзи одинаи 21 озармоҳ дар Маркази “Биниши нав” филми мустанади “Мехвора” (дар бораи дабираи мехӣ), тозатарин сохтаи Баҳроми Рӯшанзамир, ба намоиш даромад. Ин филм 24-дақиқаӣ ба шиносоӣ ва баррасии раванди дигаргуниҳои хатҳои мехӣ дар даврони бостон мепардозад ва низ нигоҳе ба корҳо ва дастовардҳои як ҷавони ҳамадонӣ ба номи Суҳайли Дилшод дорад, ки устувонаи бобилии Куруши Бузургро ба ҳамон гунаи суннатияш месозад.

Масоили вожасозӣ (6)

Вожасозӣ масъалаест мавридӣ ва сайри забони форсӣ ва вожасозӣ дар ин чиҳил-панҷоҳсола ҳам пуштибони ин муддаъо аст. Ҳукмҳои куллӣ аз ин даст, ки метавон ва бояд дар баробари ҳар вожаи хориҷӣ як вожаи форсӣ гузошт, ҳукмест нодуруст ва нашуданӣ. Ҳукм ба ин ки ба ҳеч ваҷҳ вожа набояд сохт ва вожаҳои хориҷиро ба ҳамон сурат пазируфт, низ ҳукмест нодуруст ва ношуданӣ. Ва ё тасаввури ин ки дар баробари тамоми мафҳумҳо ва номҳои тозаи фарҳанги урупоӣ дар китобҳои куҳан ногузир баробарӣ ёфт мешавад, содаандешона аст.

Вожаҳои форсии арабишуда

Бештари мо бо нуфузи забони арабӣ бар забони порсӣ ва вомвожаҳои арабии воридшуда дар забони порсӣ ошноем, аммо шояд надонем, ки забони арабӣ ҳам вожаҳои фаровоне аз забони порсӣ ба вом гирифтааст. Аммо дар фарораванди вомгирӣ чунон вожаҳои порсиро ба ҳам рехта ва аз шакли аслии худ дур карда, ки гоҳе ёфтани вожаҳои порсӣ барои забоншиносон ҳам душвор аст. Пештар дар бораи нуфузи забони порсӣ бар забони арабӣ (ва дар бофтори густардатар, фарҳанги эронӣ бар забон ва фарҳанги арабӣ), аз ҷумла корҳои шодравон устод дуктур Муҳаммади Муҳаммадии Малоирӣ нивиштаам. Дар ин ҷустор ба китобе мепардозам дар бораи вожаҳои порсӣ, ки забони арабӣ вом гирифтааст.