Сомони Ҳасанӣ*: Забони паҳлавӣ ё порсии миёна наздик ба як ҳазора забони расмии ду хонадони эронии Ашконӣ ва Сосонӣ будааст. Вожаҳои фаровоне аз забонҳои авестоӣ ва порсии бостон ба забони паҳлавӣ расида ва аз онҷо вориди забони порсии нав шудаанд.
Ҳамчунон ки сангрезаҳои кафи рӯдхона ҳарчи бештар дар гузари об бошанд, бештар собида мешаванд, вожаҳо ҳам дар дарозои замон ҳарчи бештар ба кор гирифта шаванд, кӯтоҳтар мешаванд. Бар ин поя, дар гузари табиъии вожаҳо аз паҳлавӣ ба порсии нав дигаргуниҳое рух додааст:
Нахуст ин ки гоҳе воке (ҳарфе) аз вожа уфтода ва онро кӯтоҳтар намудааст. Барои намуна, уфтодани воки “алиф” аз оғози шумори бисёре аз вожаҳо, монанди “асвор”, ки шуда “савор” ва “уштур”, ки шуда “шутур”.
Дувум ин ки шуморе аз вокҳо ба воки дигаре дигардеса шудаанд (тағйири шакл додаанд). Ин дигардесӣ ба ду гуна рӯй додааст. Ё дигардесӣ дар вокҳои боово (босадо) буда, ки вокҳои бо овои буланди “О”, “Э”, ва “Ӯ” ба вокҳои бо овои кӯтоҳи “а”, “и” ва “у” дигардеса шудаанд. Монанди пешванди “дӯш”, ки шуда “душ” ва вожаи “бӯн”, ки шуда “бун”. Ё ин ки вокҳои беово ба воки беовои дигаре дигардеса шудаанд, ки хониши осонтаре дорад. Бештарин намунаи ин дигаргуниҳо дигардесии вокҳои “гоф” ва “коф” ба воки “ҳои ҳавваз (а)” дар поёни вожаҳост, монанди “рӯзномак”, ки шуда “рӯзнома” ва “хуҷастаг”, ки шуда “хуҷаста”.
Гоҳе беш аз як дигаргунӣ дар вожаҳо падид омадааст. Барои намуна: вожаи “бӯж” шуда “буз”, бад-ин гуна ки воки “ж” ба “з” дигардеса шуда ва воки боовои буланди “Ӯ” ба воки боовои кӯтоҳи “у” дигардеса шуда. Вожаи “апояд” шуда “бояд”, бад-ин сон ки воки “а” аз оғози вожа уфтода ва воки “п” ба воки “б” дигардеса шудааст. Дар намунаи дигар “омӯрзӣшн” шуда “омурзиш”, бад-ин гуна ки воки боовои “ӯ” шуда “у” ва пасванди “ӣшн” бо аз даст додани ду воки “ӣ” ва “н” ба десаи “ш” кӯтоҳ шудааст.
Афзун бар раванди табиъии гузарвожаҳо нобасомониҳое ҳам рӯй додааст, ки ҳамоно пазириши вокҳои вижаи забони арабӣ ва нивиштани вожаҳои порсӣ бо ин вокҳост. Монанди “айёр”( ایار), ки шуда “ъайёр” (عیار) ва “чалипо”( چلیپا), ки шуда “салиб”(صلیب). Дигар худдорӣ аз нивиштани вокҳои вижаи забони порсӣ, монанди “ҳаждаҳ” (هژده), ки шуда “ҳӣҷдаҳ” (هیجده) ва гӯспанд (گوسپند), ки шуда гӯсфанд (گوسفند).
Ногуфта намонад, ки ин дигаргуниҳо якбора ва ҳамзамон рӯй надодааст. Шуморе аз ин дигаргуниҳо метавонад дар дарозои замоне, ки забони паҳлавӣ равоӣ дошта, рӯй дода бошад. Вале бештарин дигаргуниҳо дар замоне рӯй додааст, ки устод Зарринкӯб аз он бо номи “ду қарни сукут” ёд кардааст. Ҳамоно ду садаи нахустини пас аз юриши тозиён, ки забони паҳлавӣ ба каноре меравад ва ҷояшро ба забони порсӣ месупорад. Пас аз он ҳам, ки вожаҳои паҳлавӣ вориди забони порсӣ мешаванд, низ дигаргуниҳо ором-ором идома меёбад. Чунончи бисёре аз вожаҳое, ки имрӯз бо воки “ф” нивишта мешаванд, дар торихи Байҳақӣ бо воки “п” нивишта шудаанд. Монанди сапед, гӯспанд ва Сипоҳон (Исфаҳон).
Дар фарҳангҳои забони паҳлавӣ ноҳамонандиҳое дида мешавад. Шояд як далели он, чунончи дар боло ишора шуд, бастагӣ ба дигаргунии вожаҳо дар дарозои замон бошад. Барои намуна, вожаи “бундаҳиш” (بندهش) ба чами (маънои) офариниши оғозин, ки аз “бун” (بُن) ва “даҳиш” (دَهش) сохта шуда, дар бунёд бад-ин гуна аст: “бӯн” (بون) ва “даҳӣшн” (دهیشن), ки мешавад “бӯндаҳӣшн” (بوندهیشن). Ин вожа пас аз чанд бор кӯтоҳ шудан ба десаи “бундаҳиш” () даромадааст ва метавонад дар фарҳангҳо ба десаҳои “бӯндаҳӣшн” (“بوندهیشن), “бундаҳӣшн” (بندهیشن) ва “бундаҳишн” (بندهشن) нивишта шуда бошад. Намунаи дигар вожаи “амурдод” аст, ки ба десаҳои “амуртот”, “амурдот” ва “амурдод” нивишта шудааст.
Дар зер нигоҳе меандозем ба чанд намуна аз дигаргуниҳое, ки дар гузари вожаҳо аз забони паҳлавӣ ба порсии нав рӯй додааст.
Уфтодани “алиф” (а, у, и)аз оғози шуморе аз вожаҳо, монанди:
Асвор – савор
Аёр – ёр
Амуртот – мурдод (амурдод)
Уштур – шутур
Абом – вом
Азер – зер
Аёт – ёд
Ёдоварӣ (1): Дар гӯишҳои рустоӣ ҳанӯз воки “алиф” (а, у, и)-и паҳлавиро метавон дар шуморе аз вожаҳо дид, монанди:
Уштурхор – теғи шутурӣ
Ишкам – шикам
Ишкуфт – шукуфт, шукуфа зад
Ишнуфт – шунуфт, шунид
Ишкес – шикаст
Гули косаишкана – шақоиқ
Испед – сафед
Ишкор – шикор (дар намунаи кевкишкор – шикори кабк)
Ёдоварӣ (2): “Ъайёр” ҳамон “айёр”-и паҳлавӣ аст, ки дар порсии нав “алифи” он уфтода ва шуда “ёр”. Дар ин вожа ҳам монанди бисёре вожаҳои дигар воки арабии “ъ” (ع) ҷойгузини воки “алиф” (ا) шудааст.
Ёдоварӣ (3): Пешванди “а” (اَ) дар оғози шуморе аз вожаҳо нишони ноӣ (нафй) аст. Монанди адон (нодон), акор (нокоромад, ғайрифаъол) ва амурдод (бемаргӣ, ҷовидонагӣ). Боистӣ баҳуш бошем, ки уфтодани “алиф” агар нишони ноӣ бошад, чами вожаро воруна мекунад. Пас мебоист панҷумин моҳи солро “амурдод” нивишт, на “мурдод”.
Уфтодани воки “х” дар вожаҳое, ки воки “х” пеш аз воки “ш” бошад. Монанди:
Кӯхшон – Кӯшон
Сиёвахш – Сиёваш
Отахш – оташ
Зардухшт – Зардушт
Пахша – паша
Ёдоварӣ (4): Дар гӯишҳои рустоӣ ҳамчунон воки “х” дар андаке вожаҳо корбурд дорад. Чунончи “паша”-ро “пахша” мегӯянд.
Уфтодани воки “г” ва “к” аз поёни вожаҳо:
Париг –парӣ
Оҳуг – оҳу
Доруг –дору
Донок – доно
Бозук – бозу
Чанд намунаи дигар аз кӯтоҳ шудани вожаҳо:
Зӣндагӣ (زیندگی) – зиндагӣ (زندگی) (уфтодани воки ӣ (ی))
Зӣвастан (زیوستن) – зӣстан (زیستن) (уфтодани воки в (و))
Додвар (دادور) – довар (داور) (уфтодани воки д)
Зӯҳр (زوهر) – зӯр (زور) (уфтодани воки ҳ)
Мӣҳр (میهر) – меҳр (مهر) (уфтодани воки ӣ (ی))
Дигардесии “к” (ک) ва “г” (گ) ба “ҳои ҳавваз (ه) дар поёни бисёре аз вожаҳо:
Нигар ба ин ки дар давраи оғозини забони дарӣ воки “г” (گ) нивишта намешуда ва гоҳ бар болои “к” (ک) се то нуқта гузошта мешуда. Дар бисёре ҷоҳо “г” (گ) ба десаи “к” (ک) нивишта шудааст. Дар зер намунаҳое аз дигардесии вокҳои “к” ва “г” ба воки ҳои ҳавваз (ه) меояд:
Дастак – даста
Рӯзномак – рӯзнома
Парандак – паранда
Чашмак – чашма
Хуҷастак – хуҷаста
Зодаг – зода
Нишастаг – нишаста
Хуҷастаг – хуҷаста
Намунаҳои фаровони дигаре аз вожаҳои паҳлавӣ ҳастанд, ки ба забони дарӣ омадаанд ва “к” (ک) ва “г” (گ) дар поёни онҳо ба “ҳои ҳавваз” (ه) дигардеса шудааст. Монанди даҳана, димоға, дандона, гӯша, камара, гуна, лаба, пӯста, рӯя, тана, шона, ханда ва реша.
Ёдоварӣ (5): Номҳое, ки дар порсии миёна поёнашон дорои “г” (گ) буда ва дар порсии нав “г” ба “ҳои ҳавваз” (ه) дигардесӣ додааст, ҳангоми бешол (ҷамъ) бастан бо нишонаи “-он” дубора дубора воки “ҳ” (ه) ба “г” (گ) дигардеса мешавад, ё ба забоне дигар, ин номҳо бо “-гон” бешол мешаванд.
Ситора – ситорагон, банда – бандагон, бечора – бечорагон, ташна – ташнагон, зинда – зиндагон.
Дигардесии воки “ж” (ژ) ба “ҷ” (ج) дар шуморе аз вожаҳо, монанди:
Лажан – лаҷан
Каж – каҷ
Бож – боҷ
Ложувард – лоҷувард
Ҳаждаҳ – ҳиҷдаҳ
Ёдоварӣ (6): Дар бисёре аз гӯишҳо вожаҳои ёдшударо ҳамчунон бо воки “ж” мехонанд.
Дигардесии воки “ч” (چ) ба воки “ҷ” (ج) дар вожаҳое чун:
Чӯча – ҷӯҷа
Соруч – соруҷ
Омоч – омоҷ
Дигардесии воки “в” (و) ба воки “б” (ب), монанди:
Вот – бод
Вас – бас
Вет – бед
Вонг – бонг
Веҳдин – беҳдин
Ковин – кобин
Дигардесии воки “п” پ () ба воки “ф” (ف), монанди:
Гӯспанд – гӯсфанд
Испед – сафед
Порсиг – форсӣ
Дигардесии воки “п” (پ) ба воки “б” (ب), монади:
Асп – асб
Попак – Бобак
Дипир – дабир
Боғпон – боғбон
Апояд – бояд
Апзор – абзор
Дигардесии воки “т” (ت) ба воки “д” (د), монанди:
Рӯт – рӯд
Март – мард
Вот – бод
Вет – бед
Сут – суд
Дигардесии воки “г” (گ) ба воки “ҷ” (ج), монанди:
Норанг – норанҷ
Подингон – бодинҷон
Сиргон – Сирҷон
Озарподгон – Озарбойҷон
Дигардесии воки “к” (ک) ба воки “х” (خ) ва “ғ” (غ), монанди:
Шок – шох, шоха
Сулок – сурох
Фурук – фурӯғ
Ушкол – шуғл
Дигардесии воки “ж” (ژ) ба “з” (ز) ва “ч” (چ), монанди:
Омӯжкор – омӯзгор
Бӯж – буз
Бож – боз
Сӯчан – сӯзан
Рӯч – рӯз (курдӣ: рӯж)
Дигардесии воки “с” (س) ба воки “й” (ی) ва “ҳ” (ه), монанди:
Осад – ояд
Осан – оҳан
Огос – огоҳ
Гос – гоҳ, замон
Ёдоварӣ (7): Дигардесии воки “с” ба воки “ҳ” дар забонҳои эронӣ пешинае дароз дорад. Чунонки бисёре аз вожаҳое, ки дар забони порсӣ бо воки “ҳ” нивишта мешаванд, дар забони сонскрит ҳамчунон ба десаи “с” нивишта мешаванд. Монанди “Асуро” ва “саума” дар забони сонскрит ва “Аҳуро” ва “ҳаума” дар забони порсӣ. Албата дар дигар забонҳои эронӣ нишонаи воки “с”-ро метавон ёфт, чунонки дар забони курдӣ ба “моҳӣ” мегӯянд “мосӣ”.
Дигардесии воки боовои “Ӯ” (و) ба “у” (اُ), ки гунае аз кӯтоҳ шудани он аст, монанди:
Бӯн – бун
Бӯрдан – бурдан
Бӯланд – буланд
Бӯж – буз
Гӯмон – гумон
Кӯтоҳ шудани пасванди “-ӣг” ба “ӣ”, монанди
Порсӣг – порсӣ
Румӣг – румӣ
Донишӣк – донишӣ
Дигардесӣ ё кӯтоҳ шудани пешванди “дӯш-” (دوش) ба “душ” (دُش):
Пешванди “дӯш-” ба чами “бад” пешвандест, ки аз забони порсии бостон ба забони паҳлавӣ омада ва дар порсии нав ба десаи “душ-” кӯтоҳ шудааст. Намунаҳои онро дар вожаҳое чун душман, душвор ва душном мебинем. Дар зер чанд вожаи паҳлавӣ бо пешванди “дӯш-” меояд:
Дӯшчашм – бадчашм
Дӯшхрату – бадхирад
Дӯшомӯхт – бадомухта
Дӯшокос – бадомухта, нодон (окос-огоҳ)
Дӯшарз – беарзиш, камарзиш
Дӯшбахт – бадбахт
Дӯшчеҳр – бадчеҳра, зишт
Пасванди паҳлавии “-ӣшн” дар забони порсӣ кӯтоҳ шуда ва ба десаи “-иш” даромадааст:
Апахшойӣшн – бахшоиш
Апардӣшн – пардозиш
Омӯзӣшн – омӯзиш
Омӯрзӣшн – омурзиш
Омӯхтӣшн – омӯзиш
Оморӣшн – омориш
Пешванди “а-” яке аз нишонаҳои ноӣ (нафй) дар забони паҳлавӣ аст, ки дар порсии нав ё уфтода ё ҷояшро ба нишонаҳои “но-” ё “бе-” додааст, монанди:
Акор – нокоромад (ғайрифаъол)
Абун – бебун (бӯн-бун)
Амурдод – мурдод (ниг: ёдоварии 3)
Абем – натарс, нотарс
Асар – бесар, беоғоз
Ашоист – ношоист
Пешванди “апӣ-”, ки дар забони паҳлавӣ нишонаи ноӣ аст, дар порсии нав ба десаи “бе-“ кӯтоҳ шудааст, монанди:
Апеҳӯш – беҳуш
Апесутун – бесутун
Апесут – бесуд
Апегос – бегоҳ, бемавқеъ
Апегумон – бегумон
Пешванди “абе-” низ, ки дар забони паҳлавӣ нишонаи ноӣ аст, дар порсии нав ба десаи “бе” кӯтоҳ шудааст.
Ба нигар мерасад, ки пешванди “абе-” ҳамон пешванди “апе-“ бошад, ки дар он воки “п” ба “б” дигардеса шудааст, монанди:
Абехор – бехор
Абепӯст – бепӯст
Абероҳ – бероҳ (гумроҳ)
Кӯтоҳ шудани пасванди “-ӣжак”, ки нишонаи кӯчакӣ (исми мусағғар) аст, ба “к”, монанди:
Гиёҳӣжак – гиёҳак (гиёҳи кӯчак)
Ва сурхӣжак – сурхак
Ёдоварӣ (8): Дар гӯишҳои рустоӣ ба сурхак “сурхӣжа” мегӯянд.
Нишонаи бешол (ҷамъ)-и “-ӣҳо” кӯтоҳ шуда ва ба десаи “-ҳо” даромадааст. Монанди кӯфиҳо, ки шуда кӯҳҳо (кӯф – кӯҳ).
Ёдоварӣ (9): Дар гӯишҳои рустоӣ нишони бешоли “-ҳо” ба “-о” кӯтоҳ шудааст. Монанди боғ – боғо, дарахт – дарахто. Дар порае рустоҳо барои бешол бастан аз “-йо” суд меҷӯянд. Барои намуна, мегӯянд: боғ – боғйо, дарахт – дарахтйо ва гул – гулйо, ки баёнгари он аст, ки “ҳ” аз нишонаи бешоли “-ӣҳо” уфтода ва шуда “-йо”.
Ёдоварии поёнӣ
Забони паҳлавӣ забонест тавонманд ва наскҳои чанде аз ин забон бо вожаҳои фаровон ба ёдгор мондааст. Бисёре аз ин вожаҳо вориди забони порсӣ шудаанд, вале бисёре дигар ба фаромӯшӣ супурда шудаанд. Бо дар нигар доштани чигунагии раванди дигардесии вожаҳо дар гузар аз забони паҳлавӣ ба забони порсӣ метавон вожаҳои фаромӯҳшударо дубора дар забони порсӣ ба кор гирифт ва забони порсиро тавонманд сохт. Барои намуна, ҳангоме, ки медонем вожаи “хуҷастак”-и паҳлавӣ дар забони порсӣ “хуҷаста” шуда, бо ҳамин равиш агар вожаи “гуҷастак” (нафриншуда)-ро ба забони порсӣ биёварем, “гуҷаста” мешавад. Афзун бар он, шуморе аз вожаҳоро ҳам метавон ба ҳамон десае, ки ҳастанд, вориди забони порсӣ кард. Барои намуна, метавон “ӯгор” (пойин рафтани оби дарё)-ро ба ҷои ҷазр ва “опик”-ро ба ҷои моеъ ба кор гирифт.
Бозбурдҳо
Торихи забони форсӣ, нивиштаи Парвизи Нотили Хонларӣ
Фарҳангҳои забони паҳлавӣ
*Мардумшинос, дабири пешини Адабиёт ва улуми инсонӣ
متن پارسی را “اینجا” بخوانید
Бифирист