Дар бораи пешванди “ҳо-“

حیدری ملایریДуктур Муҳаммади Ҳайдарии Малоирӣ: “Ҳо-“ яке аз пешвандҳои камшинохтаи порсӣ аст, ки ҳам дар бофа (матн)-ҳои куҳани порсӣ дида мешавад ва ҳам дар гӯишҳои кунунии Эрон ба кор меравад. Корбурдҳои ин пешванд чунинанд:

А) Ба карвоз (феъл) мепайвандад, вале чимор (маъно)-и онро дигар намекунад, балки гунае согин (нуонс, тағйири кам дар маъно) падид меоварад, ё бар он куниш таъкид мекунад.

1)     Намуна дар адабиёти клосик:

Ҳогирифтан, ҳододан

Бояд, ки чун ба санг ҳогирад, кам фарогирад ва чун ҳодиҳад, афзун фародиҳад (Анниҳоя, Ибни Асир).

Гуфт ин хорӣ ба худ ҳонагирам (Искандарнома, Абӯҳотами Розӣ).

Фотил азим битарсид ва пушт ҳодод (Искандарнома).

Ҳо ниҳодан

Бо вай матоъе дигар ҳониҳад ва онгоҳ ба сим бифрӯшад (Анниҳоя).

Ҳо шудан

Гуфт арвоҳи ишон дар ҳавсалаи мурғони сабз ҳошуд (Анниҳоя).

 2)     Намуна дар гӯишҳои кунунии Эрон:

Табарӣ:

Ҳодоан= ҳододан = адо кардан
Ҳодеҳ = бидеҳ
Ҳокардан = кардан, анҷом додан
Ҳокун= бикун
Ҳогард = баргард
Ҳопурсян = ҳопурсидан = пурсидан
Ҳохунссан = ҳохондан = фарохондан
Ҳоваҷин= ваҷин кардан, варчин кардан

Ин пасванд дар табарӣ гоҳ ба десаи “ha-“ дармеояд:

Ҳагуштин= гузидан
Ҳакшиян= баякбора чизеро ба сӯи худ кашидан
Ҳакан, ҳакон = бикан

Курдӣ

Ҳосун= тез кардан (аз сун = тез кардан, молидан)

Аноракӣ

Ҳобинд= васл кардан (аз бастан)

Б) Пешванди “ҳо-“ метавонад десае (сурате) аз пешванди “ҳам-” бошад; дар порсии миёна ham-, дар порсии бостон ва авестоӣ ham-, hama- “ҳам, боҳам, ҳамон” (бисанҷед бо санскрити sam- sama-, юнонии homos). Дар авестоӣ ham- ба чанд деса рӯй медиҳад: hem-, han-, hen- ва низ ha-. Аз сӯи дигар, пешванди лотини com- (ки ҳамчами “ҳам-“ аст, вале бо он ҳамреша нест), ҳамон кори пешванди “ҳам-“-ро мекунад. Яке аз гарё (функсиюн)-ҳои он таъкид аст.

В) Гоҳе пешванди “ҳо-” метавонад десае аз пешванди “о-“ бошад. Намуна: Одеҳ ба ҷои ҳодеҳ (=бидеҳ) дар гӯиши лористонӣ.

Г) Ҳамчунин донистанист, ки “ҳо” ҳангоме ки батанҳоӣ ба кор меравад, дар бисёре гӯишҳо ба чимори “оре” аст. Барои намуна, дар афтарӣ, турбати ҳайдарияӣ, курдӣ.

Д) Дигар ин ки пешванди “ҳо-“ ҳеч пайванде бо пасванди бешол (ҷамъ)-и “-ҳо” надорад.

Мо дар боздесии забони порсӣ ба пешванди “ҳо-“ ниёзмандем. Роян (далел)-ҳои он бисёранд, вале бознамудашон дар ин ёддошти кӯтоҳ намегунҷад. Фарҳанги решашинохтии ахтаршиносӣ ва ахтарфизик ин пешвандро барои пешниҳоди тармҳои зер ба кор бурдааст:

Ҳомат, ҳоматидан – comment, commentate
Ҳоматгон – commentary
Ҳобандидан – to connect
Ҳобанд, ҳобандиш – connection
Ҳобанданда – connective
Ҳобандандагӣ – connectivity
Ҳобандгар – connector
Андарҳобандидан – interconnect
Андарҳобанд, андарҳобандиш – interconnection

Барои бештар донистан дар бораи ин тармҳо метавон торсити фарҳангро дид.

Матни порсиро “инҷо” бихонед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*