Дуктур Яҳё Зако
Вожаи “тот” достони дарозу печидае дорад. Донишмандону шарқшиносон дар бораи он суханони бисёр гуфта ва нивиштаанд, вале ҳанӯз ҳам бадурустӣ дониста нашуда, ки ин вожа аз чи забоне аст ва решаву маънии он чист?
Дар инҷо чун ҷояш нест, ки дар бораи он бадарозо сухан бидорем, аз ин рӯ кӯтоҳшудаи нигари донишмандонро ёд карда, касонеро, ки хостори беш аз ин бошанд, ба Доиратулмаъорифи Ислом (вожаҳои тот, тоҷик ва тозӣ) роҳнамоӣ мекунем.
Гурӯҳе аз донишмандону забоншиносон “тот”-ро як вожаи туркӣ медонанд ва бар онанд, ки ин вожа номест, ки аз сӯйи туркон ба зердастонашон дода шуда, зеро “тот” дар забони туркӣ маънии хор, паст ва бегона дорад. (1)
Равоншод пруфесур Моркворти олмонӣ вожаи “тоҷик”-ро сиришта аз ду баҳри “то” (=зердаст) ва “чик” (=адоти тасғири туркӣ) дониста, онро “зердасти кӯчак” маънӣ кардааст (2) ва мегӯяд туркон мардуми зердасти худ, бавижа эрониёнро бо ин ном хондаанд ва аз инҷост, ки гурӯҳе аз эроннажодон ва порсизабонони Вароруд (Мовароуннаҳр), ки акнун берун аз марзҳои сиёсии Эрон ба сар мебаранд, бо ҳамон номи “тоҷик”, ки аз сӯйи ҳамсояҳои туркашон ба онон дода шудааст, номида мешаванд.
Бархе аз донишмандон низ “тот”-ро як вожаи эронӣ медонанд (3) ва мегӯянд “тот”, “тоҷик” ва “тозик” (=араб) аз як реша ва ҳар се ба маънии “бегона” ва мардуми ғайриэронӣ (=анэронӣ) аст. Ҳамчунон ки юнониёну румиён мардуми бегонаро “борбор” ва арабҳо “аҷам” ва “аъҷамӣ” меномиданд, эрониён низ бегонагонро точик ва тозик мегуфтанд ва ҳамин ном аст, ки аз замони Сосониён бар рӯи арабҳо, ки мардуме ғайриэронӣ буданд, ниҳода шуда ва то имрӯз, ки онҳоро “тозӣ” меномем, бозмондааст.
Дар бораи ин ки чигуна ин вожа сипас маънии “эронӣ” ва “ғайритурк” ба худ гирифта, мегуянд: Пас аз даромехтани туркони олтоӣ бо форсизабонони Варорӯд вожаи “точик” ба ҳамон маънӣ дар забони туркӣ ба кор рафт ва туркон форсизабононро дар баробари “турк” “тоҷик” номиданд ва дарвоқеъ, номеро, ки эрониён ба бегонагон медодаанд, ба худашон бозгардониданд.
Дастае дигар вожаи “тот” ва “тоҷик”-ро бо “тозик” ва “тозӣ” ҳамреша надониста, мегӯянд: “Тозик”, ки сипас тозӣ шуда, аз вожаи “тойӣ” бо нишонаи нисбати “ик” дуруст шуда, чун эрониён қабилаи “тай”-ро, ки аз мардуми Яман буданд, пеш аз дигар арабҳо шинохта, бо онон бештар аз ҳама рафтуомад доштанд, “тож” ва мансуб ба онро “тожик” мегуфтанд ва сипас онро таъмим дода, ҳамаи арабҳоро “тозик” номиданд. (4) Чунонки юнониёну румиён ва арабҳо ҳамаи эронёнро “порс” ва “фурс”, ки номи тирае аз эрониён буд, мехонданд.
Дар нивиштаҳои пешиниён ҳама ҷо “тот”, “точик”, “тоҷик” ва “тожик” ва “тозик” ба монаки “ғайритурк” ва “эронӣ” ба кор рафта, чунонки дар девони “Луғотилтурк”-и Кошғарӣ (таълифи 466) “тот” “алфорсия” маънӣ шуда ва дар китоби уғузии “Деде Қурқуд” (нивишташуда дар садаи ҳаштум ё нуҳум) мардуми ғайриуғуз, бавижа эрониро, “тот” меномад. (5)
Дар китоби “Табақоти Носирӣ” (нивиштаи 657-658) вожаи “тот” ба маънии тозик ва точик, яъне форсизабон, ба кор рафтааст.
Дар забони арманӣ “точик” ба маънии “турк” ва “бегонаву ваҳшӣ” ва “борборус” ба кор меравад.
Дар туркии усмонӣ “тот” ба маънии хору паст ва бегона аст.
Мардуми Қафқоз эрониён ва мардумеро, ки аз ин сӯйи рӯди Арас бад-он ҷо рафта ва нишеман гирифтаанд, “тот” меноманд.
Дар забони курдӣ “точик” ба маънии хориҷӣ, бегона ва биёбонӣ аст ва низ “тот” ва “тотак”-ро дар бораи арабҳо ба кор мебаранд (7) ва забони арабиро “тотӣ” мегӯянд. (8)
Туркманҳои варои Коспиян (болои дарёи Мозандарон) “тот”-ро дар бораи тоҷикҳои эронӣ ба кор мебаранд, бавижа мардуми Хиваро бо ин ном мехонанд.
Қашқоиҳо, ки ба туркӣ сухан мегӯянд, мардуми форсизабонро “тот” меноманд. Гӯронҳои (аҳли ҳақ) Табрезу дигар бахшҳои Озарбойгон низ дигаронро “тот” меноманд. Дар афсонаҳо ва масалҳои мардуми Табрез “тот” маънии марди донову босавод ва шаҳрнишин дорад.
Ин чанд мисоли боло то андозае маъниҳои гуногуни ин вожаро назди мардумону тираҳои гуногун нишон медиҳад, вале аз ҳеч кадом аз инҳо роҳе ба рӯшании маънии вожа ва ин ки аз кадом забон аст, боз намешавад ва мақсуди мо низ дар инҷо он нест, ки маънии онро рӯшан созем, балки ин мисолҳоро аз баҳри он овардем, ки чанд нуктае бар дигар навиштаҳо бияфзоем, бошад, ки дар дарёфтани маънии он ба кор ояд ва судманд уфтад.
Ва аммо дар бораи тотҳо ва забонҳои тотӣ бояд гуфт, ки дар перомуни Ҳамадону Қазвин ва каронаи Сафедрӯду Мозандарони шарқӣ ва Толишу Озарбойгон ва дар берун аз Эрон – Афғонистон ва Қафқоз – тираҳое аз мардум ҳастанд, ки худро “тот” меноманд ва забонашон низ “тотӣ” хонда мешавад, вале бархе аз ин гӯишҳо бо ҳам ҷудоии бисёр доранд ва рӯи пояҳои забоншиносӣ наметавон ҳамаи онҳоро (чунонки ҳаст) зери номи “тотӣ” гирд овард, ҳамчунон ки наметавон гӯишҳои гуногуне, ки ба номи “курдӣ” хонда мешаванд, ҳамаро зери номи “гӯиши курдӣ” фароҳам овард.
Беҷо нест дар инҷо ёдоварӣ шавад, ки дар бахши Арасборон ва Қарадоғ элҳои чанде ба ҳоли кӯчрав (сардсер-гармсер) ба сар мебаранд, ки худро туркнажод медонанд ва дигаронро, ки бештар деҳнишинанд, “тот” меноманд, хоҳ ба забони туркӣ, ки бо туркии онон чандон ҷудоӣ намедорад, сухан гӯянд, хоҳ ба забони тотӣ.
Ба иборати дигар, вожаи “тот” дар назди онон маънии оми эронинажод ёфта ва танҳо вижаи мардуми тотизабон нест ва низ мардуми каронаи ҷанубии рӯдхонаи Арас, мардумеро, ки аз пули “Худоофарин” ба он сӯи Дашти муғон ва Остора нишеман доранд, бо онки ба туркӣ гуфтугӯ мекунанд, “курд” меноманд ва аз пул ба ин сӯ (Ҷулфо ва Боку)-ро “тот” меноманд.
Понивиштҳо:
1. Қомуси усмони: тот = залил, сафил, ябонҷӣ
2. Пруфесур Ҳенинг, устоди Донишгоҳи Кембриҷ низ “тоҷик”-ро туркӣ ва онро сиришта аз “то” (=тот (турк)) + “ҷик” (пасванди туркӣ) ва рӯи ҳам ба маънии табаъаи турк ва бо вожаи тозик ва тозӣ ҳамреша намедонад. Бурҳони қотеъ, саҳ 455
3. Сабкшиносӣ, ҷилди севум, саҳ 50
4. Касоне тозиро аз масдари “тохтан” донистаанд, ки бегумон дар инҷо нодуруст ва дар мавриди номи саги тозӣ дуруст аст.
5. “Деде Қурқуд ило лисони тоифаи уғуз” китобе дар забони уғузист ва шомили достонҳои размии тираи уғуз, ки дар перомуни Ганҷа ва Бардаъ сокин будаанд, аст ва гӯё дар садаи ҳаштуми ҳиҷрӣ нивишта шуда ва нусхаи асли он дар Китобхонаи салтанатии Олмон буда, бархе аз достонҳои он низ дар рӯзномаи “Озарбойҷон”, ургони фирқаи демукрот, чоп шудааст ва бархе аз ғаразварзон ин китобро ба забони туркии Озарбойгон вонамуд карда, куҳантарин асари адабии ин сарзамин ба шумор меоваранд ва порае натиҷаҳои пучу нодуруст аз он мегиранд.
6. Сабкшиносӣ, ҷилди севум, саҳ. 50
7. “Ал-муршид”, саҳ 261
8. Ҳамон
Матни порсиро “инҷо” бихонед
Бифирист