Паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои бегона (3)

3. Такол ва бешол

Сомони Ҳасанӣ: Дар ҷусторҳои пешин гуфтем, ки афзун бар баҳрагирии бедару пайкар аз вожаҳои ъарабӣ, дастури забони ъарабиро ҳам бар забони порсӣ бор кардаем. Яке аз ин намунаҳо пазириши нишонаҳои ҷамъи ъарабӣ аст. Ин пазириш душворҳое барои забони порсӣ ба бор овардааст, ки дар ин ҷустор бад-онҳо мепардозем. Пеш аз оғозидани гуфтугӯ ёдовар мешавем, ки барои вожаҳои ъарабии муфрад ва ҷамъ баробарҳое сохтаанд, ҳамчун “такина ва бешина”, “такина ва чандина”, ва “такол” ва “бешол”. Ба нигари ман, вожаҳои “таколу бешол”, ки устод Ҳайдарии Малоирӣ бо афзудани пасванди “-ол” ба вожаҳои “так”-у “беш” сохтааст, гӯётар аз дигар вожаҳост ва баосонӣ метавон бо онҳо корвожа (феъл) сохт. Бад-ин гуна бунвожаҳои (масдарҳои) содаи “таколидан” ва “бешолидан”-ро ба ҷои бунвожаҳои мураккаби “муфрад кардан” ва “ҷамъ кардан” хоҳем дошт. Дар ин нивишта ҳам аз ин ду вожа баҳра гирифта мешавад.

Дар забони порсӣ ду нишона барои бешолидан дорем: яке нишонаи “-ҳо” ва дигарӣ нишонаи “-он” мебошад. Нишонаи “-ҳо” бештар барои гиёҳон ва чизҳои беҷон ба кор меравад, монанди дарахт/дарахтҳо ва рӯд/рӯдҳо. Нишонаи “-он” бештар барои ҷондорон ба кор бурда мешавад, монанди кабӯтар/кабӯтарон, зан/занон. Албатта, дар бисёре аз намунаҳо метавон ҳарду нишонаро ба ҷои якдигар ба кор бурд, монанди кабӯтар/кабутарҳо, дарахт/дарахтон.

Нишонаи бешоли “-ҳо” кӯтоҳшудаи нишонаи бешоли “-иҳо” дар порсиг (паҳлавӣ) аст, монанди кӯфиҳо, ки шуда кӯҳҳо (кӯф – кӯҳ). Намунаҳое аз ин гуна бешолиданро метавон дар нивиштаҳои гузашта, то садаи панҷум, ҳам ёфт. Дар гӯишҳои рустоӣ нишонаи бешоли “-ҳо” ба “о” (алиф) кӯтоҳ шудааст, монанди боғ/боғо, дарахт/дарахто. Дар чанде аз рустоҳо барои бешолидан аз “ё” суд меҷӯянд, барои намуна, мегӯянд боғ/боғиё, дарахт/дарахтиё, ки баёнгари он аст, ки “ҳ” аз нишонаи бешоли порсиги “иҳо” уфтода, вале “й” ба ҷой мондааст ва шудааст “ё”.

Номҳое ҳам ҳастанд, ки бо “-гон” ё “–кон” бешолида шудаанд. Чироии он ин аст ки воки поёнии ин номҳо дар забони порсиг “г” ё “к” будааст, ки дар гузар ба порсии нав уфтодаанд, вале ҳангоми бешолидан дубора бозгаштаанд, монанди зиндак (зинда)/зиндагон, ситорак (ситора)/ситорагон, зодаг(зода)/зодагон, нишастаг (нишаста)/нишастагон.

Дар нивиштаҳои куҳан гоҳе барои бешолидани номҳое, ки ба воки алиф поён мепазиранд, аз нишонаи “-он” баҳра гирифтаанд, монанди доно/доноон, тарсо/тарсоон. Имрӯза ҳангоми бешолидани ин гуна номҳо аз воки озинии “й” баҳра мегиранд ва онҳоро бо афзудани нишонаи “-ён” мебешоланд, монанди доно/доноён, тарсо/тарсоён, ҳамто/ҳамтоён, порсо/порсоён.

Ёдоварӣ: Яке аз вижагиҳои забони порсӣ ин аст ки ҳангоме ки чизе ҳамроҳ бо шумора бошад, ба корбурди нишонаи бешол ниёз нест. Барои намуна, ҳангоме ки дарахту кабӯтарро мебешолем, мегӯем дарахтҳо ва кабӯтарон, вале ҳангоме ки ҳамроҳи шумора бошанд, мегӯем даҳ дарахт ва даҳ кабӯтар ва намегӯем даҳ дарахтҳо ва даҳ кабӯтарон, ончунон ки дар дигар забонҳо равоӣ дорад.

***

Пазириши нишонаҳои бешоли ъарабӣ ва паёмади он

Ҳангоме ки вожаҳои ъарабиро пазируфтем, нишонаҳои бешоли ъарабиро ҳам ба ҳамроҳи он овардем. Бад-ин гуна се нишонаи “-от”, “-ин” ва “-ун”-ро барои ончи ҷамъҳои боқоъида гуфта мешавад, пазируфтем, монанди:

ихтиёр/ихтиёрот, иттилоъ/иттилоъот
муъаллим/муъаллимин, муҳасил/муҳасилин
инқилобӣ/инқилобиюн, рӯҳонӣ/рӯҳониюн

Паёмади он ин аст, ки номҳои порсиро ҳам бо нишонаҳои ъарабӣ бешолидем. Барои намуна, ба кор бурдани нишонаи “-от” дар намунаҳои зер:

дастур/дастурот
пешниҳод/пешниҳодот
фармоиш/фармоишот
боғ/боғот
деҳ/деҳот

Яке аз намунаҳои шигифт дар ба кор будани нишонаи бешоли “-от”-и ъарабӣ ин аст, ки ҳангоми баргардони вожаҳои фарангӣ ба порсӣ на танҳо аз вожаҳои ъарабӣ баҳра гирифтаанд, балки бо афзудани “-от” онҳоро ба десаи бешол ҳам даровардаанд. Ба намунаҳои зер нигоҳ кунед:

exportation, importation, propaganda, press, reform, election, organization.

Содирот, воридот, таблиғот, матбӯъот, ислоҳот, интихобот, ташкилот.

Афзун бар пазируфтани ончи “ҷамъҳои боқоъида” гуфта мешаванд, шуморе аз вожаҳоро ҳам ба шеваи “ҷамъҳои беқоъида” ё “шикаста” бешолидем, ки устод Парвизи Нотили Хонларӣ дар нибеги “Дастури забони форсӣ” ба шонздаҳ гунаи он ишора намудааст, монанди:

ъилм/ ъулум, самм/самум
ҳаким/ҳукамо, фақиҳ/фуқаҳо
асар/осор, уфуқ/офоқ
ҷисм/аҷсом, қутб/ақтоб
косиб/касаба, ходим/хадама
нозир/наззор, тоҷир/туҷҷор
соҳиб/асҳоб, носир/ансор
ъиллат/ъилал, миҳнат/миҳан
қулла/қулал, суннат/сунан
мадраса/мадорис, мартаба/маротиб
маҷлис/маҷолис, матлаб/матолиб
акбар/акобир, афзал/афозил
кабир/кибор, сағир/сиғор
дафъа/дафаъот, нағма/нағамот
қозӣ/қузот, ровӣ/рувот

Паёмади ба кор бурдани бешоли шикаста ин аст, ки бисёре аз вожаҳои порсиро ҳам ба ин деса бешолидем, монанди:

майдон/маёдин
устод/асотид
замон/азмана
курд/акрод
арманӣ/аромана
дарвеш/даровеш

Дар порсӣ такол ва бешол дорем, вале дар ъарабӣ мусанно (дутоӣ) ҳам дорем, ки он ҳам бо нишонааш, ки “-айн” аст, вориди забони порсӣ шудааст, монанди:

Маҷлис/маҷлисайн (ба ҷои ду маҷлис)
Тараф/тарафайн (ба ҷои ду тараф)
Ҷомеъа/ҷомеъатайн (ба ҷои ду ҷомеъа)

Паёмади пазириши мусанно ҳам ин аст, ки шиносоии бешол дар дастури забони порсиро, ки ба ду ё бештар гуфта мешавад, ба ҳам мезанад ва ин пурсишро ба дунбол меоварад, ки бешол ба “ду нафар ё бештар” ё ба “се нафар ва бештар” гуфта шавад.

Ёдоварии 1: Ба ҷои ҳамаи гунаҳои бешоли ъарабӣ метавон аз “-ҳо” ва “-он” баҳра гирифт.

Муъаллимин – муъаллимон/муъаллимҳо
Муҳассилин – муҳассилон/муҳассилҳо
Инқилобиюн – инқилобиҳо/инқилобиён
Рӯҳониюн – рӯҳониҳо/рӯҳониён
Ихтиёрот – ихтиёрҳо
Иттилоъот – иттилоъҳо
Русум – расмҳо
Қулал – қуллаҳо (шикаста)
Туҷҷор – тоҷирҳо/тоҷирон
Ҳукамо – ҳакимон/ҳакимҳо (шикаста)

Ёдоварии 2: Аз бешолидани вожаҳои порсӣ бо нишонаҳои ъарабӣ ва бешоли шикаста (ҷамъи мукассар) худдорӣ кунем:

Дастурот – дастурҳо, боғот – боғҳо
Азмана – замонҳо, маёдин – майдонҳо (шикаста)
Асотид – устодон, даровеш – дарвешон (шикаста)

Ёдоварии 3: Ба ҷои дутоӣ (мусанно) аз бешол баҳра бигирем:

Маҷлисайн – маҷлисҳо (барои ду маҷлис)
Тарафайн – тарафҳо (барои ду тараф)
Ҷомеъатайн – ҷомеъаҳо (барои ду ҷомеъа)

Сухани поёнӣ: Баҳра гирифтан аз нишонаҳои бешоли ъарабӣ душвориҳое барои забони порсӣ ба бор овардааст. Пас то метавонем, аз вожаҳои порсӣ баҳра бигирем ва агар ночорем номҳои ъарабӣ ба кор бибарем, барои бешолидани онҳо аз нишонаҳои порсии «-ҳо» ва «-он» баҳра бигирем. Дигар ин ки, ба ҳеч рӯй, вожаҳои порсиро ба десаи ъарабӣ бешол набандем.

Бозбурдҳо:

Дастури забони форсӣ, Парвизи Нотили Хонларӣ, интишороти Тӯс, Теҳрон 1370.
Гуфторҳое дар бораи дастури забони форсӣ, Хусрави Фаршедвард, интишороти Амири Кабир, Теҳрон 1378.

متن فارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

1+

Бифирист

.


*