Яке аз …тарин

DastoureZabanПорсӣ Анҷуман: Нодурустии шигифте, ки батозагӣ дар бархе нивиштаҳо ва низ гоҳе дар шеваи гуфтор ҳам дида мешавад, суханҳое аз ин даст аст:

Яке аз беҳтарин корхонаи порчабофӣ…

Фирдавсӣ яке аз бузургтарин чомагӯи ҷаҳон аст.

Нахуст бояд донист, ки яке аз чамҳо [=маъонӣ]-и «аз» ном бурдани бахше аз чизе аст. Пас дар чунин ҷое бояд номвожае [=исме], ки пас аз он меояд, бешол [=ҷамъ] бошад, то битавон бахше аз онро ҷудо кард. Пас «яке аз мардон» метавон гуфт ва «яке аз мард» чаме надорад. Чунон:

Яке аз машоҳири Нишопурро қулинҷ бигирифт. («Чаҳор мақола»-и Арӯзӣ)

Яке аз подшоҳони пешин … сустӣ кардӣ. («Гулистон»)

Аз ин гузашта, ҳангоме, ки зоб [=сифат]-и бартар ё бартарин пеш аз вожа меояд, чунин хоҳад буд:

  1. Зоби бартар (бо пасванди «-тар» ) пеш аз номвожаи бешол ояд:

Нодонтари мардумон он аст, ки махдумро беҳоҷат дар корзор афканад. («Калила ва Димна»)

  1. Зоби бартар пеш аз номвожаи такол [=муфрад] ояд:

Гиромитар кас наздики ман туӣ. («Қобуснома»)

  1. Зоби бартарин (бо пасванди «-тарин» ) пеш аз номвожаи бешол ояд:

Агар пас аз зоб зер (и) ояд, чами такол мегирад: Ёқути сурх дар буландтарини манзилҳои маъодин аст. («Кашфулмаҳҷуб»-и Сиҷистонӣ)

Агар пас аз зоб зер (и) наояд, чами бешол мегирад: Бештарин чизҳо, ки дар шаб падид оянд, бар андозаи шаб бошанд. (ҳамон)

  1. Зоби бартарин пеш аз номвожаи такол ояд:

Лоиқтарин сиёқат (равонӣ) ҳикояти он зоҳид аст. (Калила ва Димна)

Барои огоҳии бештар нигоҳ кунед ба “Дастури забони форсӣ»-и Парвизи Нотили Хонларӣ; Бахши панҷум

متن فارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*