Даромаде бар полоиши забони порсӣ

parsi300x174Ҳомиди Қаннодӣ: Забони порсӣ забонест аз дастаи забонҳои ҳинду-эронӣ аз гурӯҳи забонии ҳинду-урупоӣ, ки сохтори вожасозӣ дар он бар пояи омезиши решаҳо ва вандҳост. Аз ин нигариш, метавон онро дар тарози забонҳои тавоное чун фаронса, олмонӣ ва … гузошт. Бо ин ҳама, дар сазои ин забон ситами бисёре шудааст. Аз садаи панҷум ба пас дабирони дарборӣ барои донишнамоӣ дар баробари подшоҳ аз вожаҳои тозӣ [ъарабӣ] баҳра бурданд ва аз он пас афшон [наср]-и порсӣ, зебоӣ ва зивоии нахустини худро аз даст дод. Зебоӣ аз он рӯй ки вожаҳои порсӣ сохторе оҳангин доранд ва дар омезиш бо вожаҳои тозӣ, ки бешинаи онҳо аз гулӯ гуфта мешаванд ва афзун бар ин, аз санге (вазне) ҷудо бархурдоранд, дучори ошуфтагӣ шуд. Ва зивоӣ ё зинда будан аз он рӯй, ки кам-кам пешвандҳо ва пасвандҳо, ки вожаҳои навро месохтанд, аз миён рафтанд ва забон дар баробари вожаҳои навин нотавон шуд. Аз Абулфазли Байҳақӣ, нивисандаи номдори “Торихи Байҳақӣ” нивишторе дорем, ки дар он ба дабирони девонӣ дастур додааст, ки дар нивиштан ба ҷои вожаҳои порсӣ чӣ вожаҳои тозӣ ба кор баранд. Барои намуна, нивишта: ба ҷои “шӯридагӣ” “изтироб” нивисанд, ба ҷои “оҳистагӣ” “таманнӣ” нивисанд, ба ҷои “хӯ” “сират” нивисанд.

Ин ошуфтагӣ рӯзбарӯз бештар шуд, ба гунае ки бархе аз дабирон барои донишнамоӣ дар баробари шаҳриёрони турк аз вожаҳои туркӣ низ баҳра бурданд. Рӯзгоре расид, ки дабирон танҳо барое чанд корвожа [феъл] ва ё пайвандвожа аз порсӣ баҳра мебаранд ва ҳатто наздик буд, ки дастури забони тозӣ низ андар порсӣ шавад. Он рӯзҳо, ки ба давраи Қоҷор бармегардад, донишварони мо низ, ки донишомӯхтаи Фаранг буданд, ба ҷои андешидан барои ҳамтогузинии вожаҳои фарангӣ, худи онҳоро бе ҳеҷ дигаргунӣ дар порсӣ ба кор бурданд. Пас аз поёни давраи Қоҷор ва оғози подшоҳии Паҳлавӣ бисёре аз нивисандагон, ки аз забони нивишторӣ сахт монда шуда буданд, ба забони кӯчабозорӣ рӯй оварданд. Забони кӯчабозорӣ ё ҳамон забони тӯда, бештар аз вожаҳои худи забон буд, аз ин рӯй, дарёфт он бисёр содатар аз нивиштаҳои пешин буд. Чанд сол пас аз он Фарҳангистони забон падид омад ва ҳамзамон бо он бузургоне ҳамчун Аҳмади Касравӣ, рӯ ба саранивисӣ оварданд. Кӯшишҳои онон, гарчӣ ҳамон рӯз посух надод, вале забони имрӯзини мардум намоёнгари ин аст, ки саранҷом вожаҳои тоза дар миёни мардум ҷо боз кард ва бисёре аз вожаҳои бегона аз забон зудуда шуд. Рӯзгоре ба ҷои “ҳавопаймо”, “шаҳрдорӣ” ва “додгустарӣ” вожаҳои “тайёра”, “баладия” ва “ъадлия” ба кор мерафт, вале имрӯз бисёре аз чам [маънӣ]-и ин вожаҳо низ ноогоҳанд!

Забони тозӣ аз гурӯҳи забонии сомист. Дар ин забонҳо вожаҳо аз решаҳое сетоӣ [сулосӣ] ва чортоӣ [рубоъӣ] сохта мешаванд ва аз ин рӯй, тавони бисёр пойине дар вожасозӣ доранд. Баробар бо пажӯҳиши дуктур Ҳисобӣ, ки дар пешгуфтори «Фарҳанги Ҳисобӣ» оварда, бешинарешае, ки метавон аз се вот [ҳарф] сохт, 19567 реша аст. Агар ин шуморро ба бешинарешаи чаҳорвотӣ, ки метавон сохт (камобеш 1000 реша) бияфзоем ва чанд ҳазори дигар низ барои решаҳои сетоӣ, ки як вот ду бор дар онҳо омадааст, дар нигар бигирем, дастибеш 25000 реша хоҳем дошт. Аз бар кардани ин ҳама реша барои забоншиносон ҳам сода нест, чи расад ба тӯдаи мардум. Ба ҳар рӯй, медонем, ки дар забонҳои cомӣ метавонем ҳар решаи сетоии танҳо [сулосии муҷаррад]-ро дар даҳ боби фаъъала, фоъала, афаъла, тафаъъала, тафоъала, инфаъала, ифтаъала, ифъалла, ифъолла, истафъала бигардонем. Аз ҳар кудом аз ин корвожаҳо номҳои гуногуне гирифта мешавад: 1) номҳои ҷой ва замон, 2) номи абзор, 3) номи шева, 4) номи пеша, 5) номи ситок, 6) зоб [сифат], 7) ранг, 8) бозхонӣ [нисбат], 9) номи монак [маънӣ] бо дар нигар гирифтани ҳамаи гунаҳои вожагирӣ ба даст меояд, ки аз ҳар решае бешина, ҳафтод ҷудомада [муштаққ] метавон ба даст овард. Агар ҳафтодро зад [зарб] дар 25000 реша кунем, дастибеш 1750000 вожа ба даст меояд, ки ҳаройина бисёре аз вожаҳо дорои чамҳо [маъонӣ]-и ҳамонанд ҳастанд, ки рӯи корбурдӣ надоранд. Акнун мерасем ба забонҳои ҳинду-урупоӣ, ҳамонанди порсӣ. Ин забонҳо наздик ба 1500 реша доранд. (Ба гуфтае, забони порсӣ наздик ба чаҳор ҳазор реша дорад!) Агар ин 1500 решаро бо 250 пешванд биёмезем, 375000 вожа ба даст меояд. Акнун агар ин вожаҳоро бо 600 пасванд даромезем, 225.000.000 вожа ба даст меояд. Ин шуморро ба шумори вожаҳое, ки аз омезиши пасванд ва реша батанҳоӣ ба даст меояд (900.000) меафзоем. Мешавад:

226275000 = 900000 + 375000 + 225000000

Ин шумор танҳо омезиши миёни решаҳо ва вандҳоро дар бар мегирад, вагарна бояд омехтаҳои дигаре, монанди “пиёдарав”, “хирадпеша” ва “рӯшандил”, ки аз омезиши миёни “ном бо корвожа”, “ном бо ном” ва “ном бо зоб” ва ҳамонанди он ба даст меояд, ба он бияфзоем. Ҳамин носозгорӣ миёни порсӣ ва тозӣ, ангезаи тавонмандии порсӣ ва нотавонии тозӣ шудааст.

Имрӯза забони тозӣ баростӣ дар баробари вожаҳои донишик кам овардааст. Барои намуна, ба ҷой e-mail дар порсӣ баосудагӣ вожаи “роёнома”-ро аз омезиш миёни “роё”, ки як пешванди тозасоз аст, ба афзои “нома”, ки ҳамтои mail аст, мегузорем; лек дар тозӣ чун сохтори ҳамонанди порсӣ надорад, вожаи “бариди электрунӣ”-ро ба кор мебаранд. Ва ё дар порсӣ ба ҷойи постуризе метавонем аз полишта (пол+ишта) баҳра бибарем, лек тозиён ногузиранд худ вожаии “постур”-ро ба гунаи “бастур” дар миёни решаҳои чортоияшон ҷо диҳанд ва “ябастур” ва “мубастура”-ро аз он бисозанд. Дар порсӣ бо омехтни “рой” ба чами “ростан, мураттаб кардан”+она (пасванди абзор) ва аз рӯи ҳамтои фаронсавии “ordinateur” вожаи “роёна”-ро ба ҷои “computer”-и инглисӣ мегузорем; лек тозиён ногузиранд аз вожаи дарози “алҳисобалэлектрунӣ” баҳра бибранд, агарчи худ вожаи бунёдинро ба сони “алкумбютер” ба кор мебаранд. Ин забон ҳамчунин ногузир буда барои ҷӯр кардани вожаҳояш аз забоне чун порсӣ низ ёрӣ бигирад. Бисёре аз вожаҳои тозӣ баошкор ё бапинҳон порсиянд. Ҳамчун: «қурбонӣ» аз «курпон», «шореъ» аз “шоҳроҳ”, “бурҳон” аз “паруҳон”, “ривоҷ” аз “раво”, “танноз” аз “тан-ноз” ва …, ки ошкор аст порсист. Ва ё вожаи “ъумрон” аз решаи “мур”-и порсӣ ба чами “мурдан, аз миён рафтан”, ки “о” пешванди нои [нафй] пеш аз он омада ва чими “зиёндан, обод кардан” ба он додааст, ки аз ҳамин реша вожаи “мараз”-ро ҳам сохтаанд. Ва ё аз решаи “ҷаҳ” (дар ҷаҳиш) + од-и порсӣ вожаи “ҷиҳод” ба тозӣ роҳ ёфта, сипас аз он ҷаҳд, муҷоҳида ва …ро сохтаанд.

Агар забони порсиро бовар кардаед, баҷост, ки ҳамин акнун ба ҷои сухан аз камтавонии порсӣ, ба ёри ҳамин вандҳое, ки тозӣ аз он бебаҳра аст, забонро борвар кунем.

——————————–

1. Бозандешии забони форсӣ; Дориюши Ошурӣ, Нашри Марказ, рӯяи 16
2. Чун Содиқи Ҳидоят ва Ҷамолзода
3. Пешгуфтори “Фарҳанги Ҳисобӣ”; дуктур Маҳмуди Ҳисобӣ, Вазорати фар ҳанг ва иршоди исломӣ.

متن پارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*