Пайванди забониву фарҳангии Эрону Ҳинд
Дар торихи бостон даврае ҳаст, ки онро давраи “ведоӣ” меноманд. Яъне даврае, ки ақвоми ҳиндуэронӣ ҳануз аз якдигар ҷудо нашуда буданд ва зистии ҳанбозин доштанд. Куҳантарин намудҳои ин ҳанбозиҳоро метавон дар бовармандиҳои ойинӣ ва ҳамчунин монандагиҳои забонӣ дар китобҳои “Ведоҳо” ва “Авесто” ҷустуҷӯ кард. Ин пайванду пайвастагӣ аз даврони куҳан то ба имрӯз дар ҳамаи дарозои торихи ду миллат бо фарозу фурӯдҳое идома ёфтааст.