Диранге бар нивиштаи Дуйче Велле дар бораи наввожагони Фарҳангистон

فرهنگستانПорсӣ Анҷуман: Торнамои бахши форсии “Дуйче Велле” (Садои Олмон) батозагӣ бо сариҳам кардани гуфтовардҳои гуногуни расонаҳо нивиштае дар бораи вожагони барсохтаи Фарҳангистон мунташир карда [инҷо], ки дар он омадааст: “Бархе аз устодони донишгоҳ ва забоншиносон муътақиданд бисёре аз вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забони форсӣ фақат ба дарди танз мехӯрад,” вале нагуфтааст кудом устодон ва забоншиносон ва низ далелҳои ин устодон! барои танзомез донистани ин наввожагон чист. Сипас дар дунбола аз сӯи Аҳмади Пурӣ чунин гуфтовард кардааст: “Оё умедворед аммаи ман аз баққоли маҳаллаашон бихоҳад ба ӯ ду баста”хамирок” бидиҳад ва марди баққол низ дарёбаду ду баста “мокорунӣ” аз қафаса берун оварад?!”

Дар бепоягию бемоягии чунин дидгоҳҳое ҳамин бас, ки бисёре аз вожагони ошное, ки имрӯз ба кор мебарем, дар оғоз наввожагоне буданд, ки гоҳ ҳатто аз сӯи нивисандагоне бузург ришханд шуда буданд. “Фурӯдгоҳ”, “бошгоҳ”, “шаҳрдорӣ” ва… аз шумори ин вожагон ҳастанд.

Шояд бад набошад аз касоне, ки чунин нивиштореро фароҳам ва мунташир кардаанд, бипурсед, ки санҷа ва меъёри забоншинохтияшон барои ришхандомез будани як вожа чист? Барои намуна, бо чи санҷаҳои донишике (илмие) ин дӯстон “хамирок” ва “зермушӣ”-ро ришхандомез меёбанд, вале вожагоне чун “бизӣ”, “фикс” “суиҳозима”, “мутақорин”-ро хушово ва бокилос!? Аз дидгоҳи забоншиносии иҷтимоъӣ мушкили касоне, ки вожаҳои ҷоуфтода ва гӯшошношудае чун “бурундод” ва “дарундод”-ро ришханд мекунанд, вале хоҳони онанд, ки вожагони дарозоҳанг ва ноошнои инглисӣ ва фаронсаро бо ҳар сахтӣ, ки шуда, бар забон биёваранд, дар ҷое берун аз дониши забоншиносӣ аст!

Ин ки ба кардукорҳои Фарҳангистони кунунӣ паржанҳои (нақдҳои) бисёре равост, сухане нест, бо ин ҳама, чунин ба дида меояд, ки нивишторҳое аз ин даст ё огоҳона ва аз сари душманӣ бо забони порсӣ аст, ё ноогоҳона ва аз сӯи касоне нивишта мешавад, ки шӯрбахтона ба ангезаҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва… ришханд кардани забони порсӣ ва фарҳанги эронии худро аз нишонаҳои рӯшанфикрӣ медонанд. Аз диди ин касон ҳарчи бештар забони порсиро ришханд кунӣ, ва ҳарчи бештар ба ториху фарҳанги худ носазо бигӯӣ, рӯшанфикртарӣ!

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*