Сарнивишти наввожаҳо

WordКуруши Ҷаннатӣ

Бешу кам аз замони Фарҳангистони якум созмонҳо, гурӯҳҳо ва хешгонҳое (афроде) дар ростои нерӯ бахшидан ба забони порсӣ ба фарноми (унвони) яке аз сутунпояҳои ҳувияти эронӣ ба кори вожасозӣ, полоиш ва посдорӣ аз забони порсӣ мепардозанд. Бороварди чунин кӯшишҳое феҳристи буландболои вожагонест, ки бисёре аз онҳо инак бафаровонӣ дар гуфтор ва нивишторҳои рӯзонаи мардум ба кор мераванд.

Агарчи тарози пазириши ҳамагонии як наввожа бо наввожае дигар метавонад дигарсон (мутафовит) бошад, бо ин ҳама, ҳеч як аз наввожаҳои барсохташуда дар оғози кор чандон ошно ва пазиришпазир нестанд ва ҳамвора истодагиҳое дар баробари онҳо, ки дастикам қарор аст бахше аз одатҳои забонии мардумро дарҳам бирезанд, рух медиҳад.

Бисёре аз наввожаҳо аз замони барсохта шудан то пазируфтории (мақбулияти) ҳамагонӣ, яъне то замоне ки ба фарноми вожае ошно дар гуфтору нивиштори мардум ба кор раванд, роҳе дарозро паймудаанд. Раванде, ки аз он зери фарноми пӯйиш аз “нишондорӣ” ба сӯи “бенишонӣ” ном бурда мешавад.

Як наввожа дар оғози кор вожае “нишондор” ба шумор меравад. Вожаи нишондор вожаест, ки барои пешинаи гӯишварони як забон ноошно ва нодарёфтанӣ менамояд. Касе ки дар гапҳояш аз вожаҳои нишондор баҳра мебарад, худ низ ба андозаи нораволмандии (нороиҷ будани) вожа ё вожагони корбурдияш нишондор мешавад.

Ба дигар сухан, дар ҳар кор ва андешаи тозае, ки пеш афканда мешавад, бовармандоне бояд бори сангини дигарсон (мутафовит) будан дар нигоҳи мардумро ба дӯш бикашанд. Ин кор ба ангеза ва тавони болое ниёз дорад. Ангеза ва тавоне, ки ҷонмояашро аз бовар ба дурустии он кор ё андеша ба даст меоварад. Бар ҳамин поя, сарнивишти бисёре аз наввожаҳо низ ба пойдории бовармандонаш дар кӯшо будан дар корбурди онҳо бастагӣ дорад.

Аз он ҷое ки корбурди вожагон бозбаста ба як қарордоди забонӣ аст, ҳар вожа ҳар андоза ҳам дар оғоз барои аҳли забон ноошно ва нозебо ба чашм биёяд, метавонад пас аз гузашти замоне чанд аз нишондорӣ ба сӯи камтар нишондорӣ ва сипас бенишонӣ ҳаракат кунад.

Имрӯза вожаҳое монанди торнамо (вебсойт), роёнома (имейл), торбарг (печ), дилмоя (рӯҳия), корвожа (феъл), кормоя (энержӣ), корзор (кемпейн), пурсмон (масъала), ва… вожаҳое ниманишондор ё камтар нишондор ба шумор меоянд. Вожагоне, ки чанде аз сӯи бовармандон ба полоиши забонӣ ба кор бурда шудаанд ва инак дар сояи ин корбурдҳо рафта-рафта аз ноошноӣ ва нишондорияшон коста шудааст.

Бисёре аз вожаҳои ниманишондор метавонанд дар ояндае начандон дур ба парҳуни (доираи) вожагонии мардуми кӯча ва бозор низ роҳ ёбанд. Чунонки: дамосанҷ, беҳдорӣ, шаҳрдорӣ, ҳавопаймо, фурӯдгоҳ, додгустарӣ, бима, нахуствазир, дору ва… имрӯза вожаҳое ошно ва бенишон ба шумор меоянд. Фаромуш накунем, ки ин вожагони ошно замоне ончунон ноошно будаанд, ки на танҳо мояи ришханди мардумони ҳомӣ (омӣ), ки дастовези хандаи рӯшанфикроне чун Содиқи Ҳидоят низ будаанд.

Нигоранда бовар дорад раванди пӯйиши вожаи нишондор ба бенишон, ҳамон андоза ки ба санҷидагӣ ва зебоии овоии наввожа ва ҳамчунин корбурдаш аз сӯи сарагароён бастагӣ дорад, ба корвандҳои (авомили) дигаре низ вобаста аст. Яке аз корвандҳои барҷаста дар роҳи ҳамагирии наввожаҳо пуштибонии ниҳодҳо ва расонаҳои давлатӣ аст.

Пуштибонии ниҳодҳо ва расонаҳои давлатӣ дар давраи Фарҳангистони нахуст замони пазируфта шудани наввожаҳоро бисёр коҳиш дода буд. Имрӯза дар набуди чунин пуштвонае бештари ин бор бар дӯши созмонҳои мардумниҳод, нивисандагон, мутарҷимон ва мардуми боварманд ба сарагароӣ ниҳода шудааст.

Корванди ҳанояндаи (муассири) дигар омодагии зеҳнии гӯишварони забони порсӣ дар пайванд бо боистагии полоиш ва беҳдесии (ислоҳи) сохтори вожагонии забон аст. Агар заминаи андешагии дархуре дар миёни гӯишварони як забон вуҷуд надошта бошад, наввожа ҳар андоза ҳам, ки сахта ва шоиста бошад, бахти болое барои пазируфтории ҳамагонӣ нахоҳад дошт. Аз ҳамин рӯ, фароҳам кардани нивишторҳое нигарик (назарӣ) дар ростои пардохтан ба аҳаммияти забони порсӣ ва полоиши он замина ва бистари андешагии ниёзин барои пазириши наввожаҳоро низ фароҳам мекунад.

Матни порсиро “инҷо” бихонед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*