Фарҳанги вожагони Мавлоно дар гуфтугӯ бо шоъири самарқандӣ

Ҳаёт Неъмат, шоъир ва пажӯҳишгари самарқандӣ, фарҳанге аз вожагони осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро таҳия карда ва барои чоп ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон супурдааст.

Ӯ чанде пеш барои таҳия ва таълифи ин китоб, ки “Фарҳанги мардумии осори Мавлавӣ” ном дорад, аз Самарқанд ба Душанбе омада ва утоқи кӯчакеро дар меҳмонхонаи “Фарҳанг”-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маҳалли кору зиндагии худ қарор дода буд.

Шамсияи Қосим (авоили моҳи декабри 2012) қабл аз бозгашти Ҳаёт Неъмат ба Самарқанд ба дидори ӯ рафта ва дар мусоҳибае аз кору фаъъолиятҳои ӯ дар замони иқоматаш дар Тоҷикистон ҷӯё шудааст:

Нахуст, бигӯед, ки китобе, ки аз соли 2004 машғули таълифаш будед, аз чӣ лиҳоз барои Шумо муҳим аст?

Калимаҳое, ки ман ёфтам, тақрибан 80 дарсадаш дар ҳеҷ фарҳанге нест, на дар фарҳанги тоҷикӣ, на дар фарҳанги Деҳхудою Муъину Амид… Яъне дар фарҳангҳои эронӣ ҳам нест.

Баъзе калимаҳо ҳастанд, аммо маъноҳояшон дигар аст, яъне ба он маъно наомадаанд, ки Мавлоно ба кор бурдааст. Эрониҳо ҳам, масалан Зарринкӯбу Фурузонфар мегӯянд, ки Мавлоно алфози номаънус дорад, таъбироти аҷибу ғариб дорад.

Вақте мо дар соли 2004 дар Маркази маданияти тоҷикон дар Самарқанд як гурӯҳ ба маснавихонӣ оғоз кардем ва таҳлил мекардем, пай бурдем, ки калимаҳои зиёде дорад, ки дар забони зиндаи мо истифода мешаванд, аммо дар фарҳанг он калимаҳо нестанд.

Ба ин тартиб, зарур шумурдам, ки чунин фарҳангро тартиб бидиҳам. Ғайр аз ин, ҳоло дар Тоҷикистон Фарҳанги нави забон таҳия мешавад ва ба ман гуфтанд, ки фарҳанге, ки ман аз осори Мавлавӣ таҳия кардаам, барои Тоҷикистон аз ин лиҳоз низ муҳим аст.

Мешавад аз ин гуна калимаҳо, ки мегӯед дар фарҳангҳо нестанд ва ё маънояшон дигар омада, чанд мисол бизанед?

Масалан, дар “Девон”-аш мегӯяд:

Эй дил бизан ангуштак, бе заҳмати левалак.

Ба ангушт дар Тоҷикистон баъзеҳо дар лаҳҷа “чилик” мегӯянд, аммо баъзеҳо дар шимол “лелак” мегӯянд, аз ҷумла дар Самарқанд.

Ё масалан мегӯяд:

Татепоям, афандӣ ин чи кардӣ,

Татепо то татепо, эй афандӣ.

Дар Самарқанд вақте кӯдак тоза роҳ рафтанро меомӯзад, ба он “татепо” мегӯянд. Пас Мавлоно мегӯяд татепоям кардӣ, яъне маро дубора роҳ рафтан омӯхтӣ.

Ё бигирем дар забони тоҷикӣ, на танҳо дар забони гуфтугӯӣ, балки дар адабӣ низ то солҳои 1980 вожаи “таманно” ба маънои нозу карашма истифода мешуд, ба маънои орзӯю умед истифода намебурданд ин калимаро. Ва Мавлоно низ мегӯяд:

Ҳар касе дорад дар сина таманнои дигар,

В-он сари чашма, к-аз ӯ зод, таманно баргӯ.

Таманнои дувумро Мавлоно дар инҷо ба маънои нозу карашма истифода карда.

Ё масалан ибораи “саломи хушк”-ро дар фарҳангҳо “салому алейки бидуни аҳволпурсӣ” маънидод кардаанд, аммо мардуми мо ин ибораро ба маънои “саломи бидуни як дастовез ё туҳфа” истифода мекунанд ва Мавлоно низ ин ибораро ба ҳамин маънӣ истифода мекунад.

Аммо оё зарур буд, ки барои осори Мавлоно фарҳанге ҷудогона дошта бошем?

Тафсири осори Мавлоно кори саҳле нест ва ман хостам ҳадди ақал бо таҳияи ин луғат саҳме дар ин кор бигирам.

Масалан, фарҳанги “Шоҳнома” ҳаст, аммо барои осори Мавлоно фарҳанг нест. Аммо бояд гуфт, ки дар фарҳанги “Шоҳнома” ҳам, ман дидам, дар он бархе иштибоҳҳо омадааст, зеро бархе вожаҳое, ки дар форсии Мовароуннаҳр ҳаст, дар Эрон нестанд. Билохира, Фирдавсӣ “Шоҳнома”-ро бо супориши Сомониён навишта, забонаш забони мост.

“Фарҳанги мардумии осори Мавлоно” дорои чанд вожа аст?

Ончи мо то имрӯз дарёфт кардем, 1338 воҳиди луғавӣ аст, ки тақрибан 80 дарсадаш дар фарҳангҳо нест.

Барои ҳамин, барои дарки сухани сеҳрангези Маволоно зарур шумурдам, ки ин китоб таҳия шавад.

Масалан, дар забони зиндаи мо калимае ҳаст “гоҷ” ба маънои содалаҳв, нодон. Мо дар Самарқанд маҳаллае низ дорем бо номи Гоҷон ва Мавлоно низ аз ин вожа истифода карда:

Ин қазоро ҳам қазо донад илоҷ,

Ақли халқон дар қазо гиҷ асту гоҷ.

Аммо дар китобҳо бубинед, чи гуна омадааст, масалан, дар нусхаи Аҳмад Фаттоҳӣ:

Ин қазоро ҳам қазо донад илоҷ

Ақли халқон дар қазо гиҷ асту коҷ

Дар нусхаи Абдулқодири Гулпинорӣ:

Ин қазоро ҳам қазо донад илоҷ

Ақли халқон дар қазо гиҷ асту гиҷ

Дар нусхаи Каззозӣ омадааст:

Ин қазоро ҳам қазо донад илиҷ

Ақли халқон дар қазо гиҷ асту гиҷ

Яъне азбаски ин вожаро намедонистаанд, иваз кардаанд, то барояшон маъное диҳад.

Ё масалан ин байтро нигаред:

Ишқ чу қурбон кунадам, иди ман он рӯз бувад,

В-ар набувад иди ман он, мард наям, балки ғарам.

“Ғарам” дар инҷо ба маънои “номардам” омадааст, аммо инҳо инро “ғурум” хонда ва маънояшро низ гуфтаанд: “меши кӯҳӣ, қучи кӯҳӣ, ғаромат, товон, зиён, машаққат…” Яъне сарфаҳм нарафтааст.

Ҳамин гуна калима ва ибораҳое, ки дар забони зиндаи мо, бахусус дар Самарқанд, то ҳоло ҳастанд, дар осори Мавлоно бисёр пайдо шуд.

Пайванди Мавлоно бо забони форсии Мовароуннаҳрро Шумо чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Мо сабабашро ҷустуҷӯ кардем. Баъд дар китоби “Пилла пилла то мулоқоти Худо”-и Зарринкӯб хондем, ки дар бораи Мавлоно мегӯяд: “…ки ёди маҳаллаи Сари пулу Кӯйи Ғотифараш барои ӯ ҳамчунон зинда буд.”

Яъне аз Самарқанд ёд мекунад, Мавлоно. Дар нахустин ҳикояи “Маснавӣ”-яш ҳам аз дилтангии ӯ барои Самарқанд мешавад пай барем. Дар ҳикояти “Ошиқ шудани подшоҳ ба канизак” вақте табиб аз маконҳои мухталиф ном мебарад ва набзи канизаки беморро месанҷад ва вақте аз заргари самарқандӣ ёд мекунанд, набзаш боло меравад:

Набз ҷасту рӯй сурху зард шуд,

К-аз самарқандии заргар фард шуд

Гуфт кӯйи ӯ кадом асту гузар,

Ӯ Сари пул гуфту Кӯйи Ғотифар.

Дар аввали ин ҳикоят низ Мавлоно меорад:

Бишнавед, эй дӯстон ин достон,

Худ ҳақиқат нақди ҳоли мост он.

Пас кофтем ва маълум шуд, ки модараш Муъминахон самарқандӣ будааст. Баҳовалад, падари Ҷалолиддин, дар Самарқанд истиқомат кардааст, дар Сари пул. Ҷалолиддин дар Балх таваллуд мешавад, вале дар дусолагии Ҷалолиддин ба Самарқанд меояд.

Ва Зарринкӯб менависад, ки Мавлоно дар Самарқанд таҳсилоти ибтидоиро пушти сар кард. Он вақт аз 5 то 13-солагӣ таҳсилоти ибтидоӣ мегирифтанд. Ва Мавлавӣ як рӯбоӣ дорад:

Ишқат, санамо, чӣ дилбариҳо кардӣ,

Дар куштани банда соҳириҳо кардӣ,

Бахшӣ ҳама ишқат ба Самарқанди дилам,

Огоҳ наӣ, чӣ кофириҳо кардӣ.

Ҳеҷ як шоъири зодаи Самарқанд “Самарқанди дилам” нагуфтааст.

Ё як ғазал дорад, ба Шамс муроҷеъат карда, мегӯяд:

Ки Бағдод (ар) туро доди бузург аст,

Самарқанд (ар) туро қанди азим аст.

Ҳарисам кард, таъмам дод қандат,

Агарчи банда хурсанди азим аст.

Буридастӣ маро аз хешу пайванд,

Ки ин дил бо ту пайванди азим аст.

Дар риштаи мавлоношиносӣ бори аввал аст ин чиз. Масалан, ман таваҷҷуҳ кардам, номи Балх тақрибан нест, аммо аз Самарқанд дар 20-25 ҷой такрор мекунад.

Шояд яке аз алоқамандиҳои Шумо ба таҳияи ин китоб таъкид ба пайванди Мавлоно бо Самарқанд буда?

Байни Самарқанду Мавлоно як занҷири ногусастанӣ ҳаст, аммо касе дар ин бора ҳарф намезанад. Ҳатто 800-солагияш ҳам гузашт, касе дар ин бора чизе нагуфт. Ҳол-он ки Мавлоно худро аз Самарқанд ҷудо намедонад. Ё мегӯяд:

То зи Қуния битобад нури ишқ,

Аз Самарқанду Бухоро соъате.

То ҷойе медонам, чопи китоб ба таъхир афтода буд. Оё ҳамин тавр аст?

Рости гап, ман худам ҳам намефаҳмам чаро… Аввалан, ман вожаҳои ин фарҳангро бо тартиби ҳуруфи форсӣ чидам. Баъд, ба ман гуфтанд, бояд тартиби алифбои (сириллики) тоҷикӣ бошад. Ман дубора нишаста ва ду моҳ ба тартиби алифбои тоҷикӣ гардондам.

Аз сӯйи дигар, ман замоне кори ин китобро оғоз кардам, ки дар Тоҷикистон имло тағйир наёфта буд ва ман аз ин кор хабар надоштам. Пас аз анҷоми кори китоб фаҳмам, ки имло тағйир ёфта ва масалан, “вови маҷҳул”-ро аз калимаҳое мисли суҳбат, муҳтарам бардоштаанд.

Пас, ман инҳоро низ тағйир додам, сипас, дубора бурдаму супоридам. Ғайр аз ин, хостам адабиётшинсони тоҷик бинанд. Абдунабӣ Сатторзода тӯли ҳафт моҳ китобро диданд.

Ҳафтаи гузашта ман ба вазорати фарҳанг нома навишта ва аз онҳо хостам, ки барои чопи китоб пул бидиҳанд. Раҳбари дастгоҳи вазорат гуфт, ки “мо инро аз ҳисоби ҳамон нашриёт чоп мекунем.” Як ҳафта шуд, ҳанӯз хабаре нест. Ё ба “Ирфон” ё ба “Адиб” месупоранд, то чоп шавад, аммо намедонам кай.

Қарор аст чанд адад чоп шавад?

Гуфтанд, азбаски ин китоб барои мутахассисон аст, 500 адад чоп шавад. Ҳарчанд, ба назари ман, ин китоб барои ҳар касе, ки Мавлоно мехонад ва дӯстдори Мавлоност, шояд лозим бошад.

Гуфтед, ки ин луғатро бо тартиби алифбои форсӣ таҳия кардед. Ой қарор аст нусхаи форсии ин фарҳангнома низ чоп шавад?

Бале, пас аз ин ҷо ман Эрон меравам. Онҷо дӯстони хубе ҳастанд, ки гуфтанд мунтазиранд ва омодаи чопи ин китоб ҳастанд. Як дӯсти дигарам ин китобро ба хатти форсӣ баргардон карда.

Насиб бошад, Эрон, ки рафтам, онҷо бо адади бештар чоп хоҳад шуд. Чунки онҷо ба Мавлоно бештар таваҷҷуҳ доранд.

Забони форсии тоҷикӣ беш аз ду даҳа мақоми давлатиро касб карда, аммо ҳанӯз ҳам баҳсҳо бар сари дурустии забон дорем. Шумо ин бор ҳашт моҳ дар Тоҷикистон будед, оё имрӯз забони форсиро дар Тоҷикистон чи гуна арзёбӣ мекунед?

Ман назари худро дар ин бора чанде пеш ба яке аз нашрияҳо гуфта будам. Бисёриҳо аз ман ранҷиданд. Аммо мехоҳам таъкид кунам, ки агар ман интиқод кардам, танҳо ба хотири сӯхтан аст.

Ба назари ман, чун Душанбе пойтахт аст, мутобиқ бо номи худ бояд конуни тамаддун бошад, фарҳанги хеле болотар аз ончи имрӯз мебинем, дошта бошад.

Мардуми инҷо бояд муносиби номи пойтахт бошанд. Қаблан, ҳар сокини Тоҷикистон, ки аз деҳа ва рустои худ ба пойтахт меомад, худро бо фарҳанги пойтахт мутобиқ мекард ва аз ҷумла забони лаҳҷаро канор мегузошт ва забони гуфтугӯиро меомӯхт.

Аммо имрӯз ман мебинам, ҳар кас ба лаҳҷаи худ ҳарф мезанад. Ин чизро дидам, ки ҳатто дар мактабҳо омӯзиши забон дуруст ба роҳ монда нашудааст.

Масалан, ҳоло дар Самарқанд фақат се мактаби тоҷикӣ боқӣ монда ва онҷо ҳам дар замони Шӯравӣ ва ҳам имрӯз аз муъаллимон сар карда ва ҳам шогирдон тамоман ҳақ надоранд бо лаҳҷа суҳбат кунанд.

Модоме ки ба мактаб омадӣ, лаҳҷаи Самарқандро бигузор канор ва бо забони адабӣ суҳбат бикун, мегӯянд. Фарқе надорад, ки ту муъаллими забону адабиёт ҳастӣ ё риёзиёт ё шимӣ. Ин ба мисли қонун дар онҷо риъоят мешавад. Аммо инҷо ин тавр нест.

Вале бархеҳо мегӯянд, ки лаҳҷаҳо бештар асолати забони форсиро нигоҳ доштаанд. Шумо бо ин ҳарф мувофиқ нестед?

Дуруст. Ман мувофиқам, ки лаҳҷаҳо сарвати ҳар забон аст. Аммо вақте ки дар телевизиюн ровӣ (муҷрӣ) мегӯяд “қапидам” ё “ҳуй кардам”, ё “ҷиқидам”, ин муносиби забони телевизиюн нест.

Ҳамчунин, талафузҳо вайрон аст. Ташдидро тақрибан истифода намебаранд, агар пай бурда бошед. Масалан, дар бораи кишоварзон суҳбат мекунад, “ғалакор” мегӯяд.

Охир “ғалла” аст он, на ин ки “ғала”, ташдид куҷо шуд? Ё вожаи “миллат”-ро “милат” талаффуз мекунанд. Ва амсоли инҳо зиёд аст. Қаблан ин тавр набуд.

Манзуратон замони Шӯравӣ аст?

Бале.

Бархеҳо мегӯянд, ки русҳо забони моро хароб карданд, вале ба гуфтаи Шумо, он замон беҳтар буду ҳоло бад шуд?

Ончи ман мегӯям, ба русҳо бастагӣ надорад. Ҳамин ки лаҳҷаҳо дар пойтахт омехта шудаанд ва ин ҳолат ба вуҷуд омад ва аз сӯйи дигар, бори дигар мегӯям, ки ин натиҷаи усули нодурусти таълими забон дар мактабҳо аст.

Садриддин Айнӣ гуфта буданд, ки забони тоҷикӣ се намуд дошт – забони адабӣ, забони лаҳҷа ва забони зиндаи гуфтугӯӣ, ки чизе миёни забони адабӣ ва лаҳҷа буд.

Ин забони зиндаи гуфтугӯӣ бештар дар миёни гурӯҳи таҳсилкардаи ҷомеъа роиҷ буд. Забони ҳамон ба истилоҳ интелигенсия мегуфтанд, забони равшанфикрон.

Дар Самарқанд ин забон то ҳоло зинда аст. Яъне форсии аксари мардум ба забони адабӣ наздик боқӣ мондааст.

Вазъи равшанфикрон ва равшанфикрӣ дар Тоҷикистонро чи гуна дарёфтед?

Дар Самарқанд масале ҳаст – Ҳарчанд задам дар, нагирифт, мон ки равад. Равшанфикри асил, зиёии асил худро дар Тоҷикистон канор гирифт. Тан дод. Чун дид ки ҳарфаш қадр надорад.

Оё вазифаи онҳо нест, ки талош бикунанд ва садояшон шунида шавад?

Онҳо каманд. Имрӯз теъдодашон хеле кам монда. Мушкил дар камии садо аст. Кам буданд ва ахиран устод Шакурӣ ҳам, ки буданд, рафтанд.

Устод, дар расонаҳо матолиби зиёде дар бораи мушкили маҳаллгароӣ дар миёни рӯзноманигорон, сиёсатмадорон чоп шуда. Шумо дар миёни аҳли адаб дар Тоҷикистон шоҳиди маҳалгароӣ шудаед?

Дар Тоҷикистон замонҳои пеш низ як масал буд, мегуфтанд “маҳаллгаро набошам, тоҷик нестам.” Мутаассифона, маҳаллгароӣ ҳамеша буд, дар замони шӯравӣ ҳам буд. Имрӯз ҳам ин кор ҳаст.

Баргирифта аз Би-би-сии Порсӣ, 22 озармоҳи 1391 (мутобиқ бо 12 декабри 2012).

متن پارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*