Гуфтугӯи Исфандиёри Одина бо Сафари Абдуллоҳ, донишманди тоҷик, дар бораи ҳувияти эронӣ ва тоҷикӣ
Сафари Абдуллоҳ, аз фарҳангиёни шинохташудаи тоҷик аст, ки солҳост дар хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, вале чунонки худаш мегӯяд, дил ва ёдаш ҳамеша бо забону фарҳанг ва сарзаминаш аст.
Вай дар донишгоҳи Абулайхони шаҳри Олмотӣ дар Қазоқистон ба тадриси забону адабиёти форсӣ ба донишҷӯён машғул аст ва пажӯҳишҳое дар бораи фарҳангу тамаддуни эронӣ анҷом додааст. Дар сафари ахири оқои Абдуллоҳ ба Тоҷикистон, фурсате фароҳам шуд, ки ҳамкорамон Исфандиёри Одина бо ишон ба гуфтугӯ биншинад:
Устод, луфтан дар бораи фаъъолиятҳоятон дар Қазоқистон иттилоъ бидиҳед,
Ман муддати беш аз бисту анд сол аст, ки дар Қазоқистон зиндагӣ мекунам. Солҳои аввал, ки онҷо омадам, тадриси забони форсӣ чунонки бояд роҳандозӣ нашуда буд. Дар оғози падид омадани ҷумҳурии соҳибистиқлоли Қазоқистон ман онҷо омадам ва дар заминаи эроншиносӣ корҳоеро оғоз кардем. Дар пижӯҳишгоҳи ховаршиносӣ (он замон пижӯҳишгоҳ набуд, як маркази ховаршиносии вобаста ба пижӯҳишгоҳи уйғуршиносӣ буд) мо бахшеро барои корҳои эроншиносӣ шурӯъ кардем. Банда дар он ҷо муддати зиёде кор кардам, ҳамзамон дар донишгоҳҳои Қазоқистон аз забону адабиёти форсӣ тадрис мекардам. Дар ин муддат касони зиёде фориғуттаҳсил шуданд ва хушбахтона, теъдоди касоне, ки ҳамакнун ба забони форсӣ метавонанд роҳат суҳбат куанд, ё ҳадди ақал бихонанду тарҷума кунанд, аз форсӣ ба қазоқӣ ё ба русӣ, зиёд шудааст. Гузашта аз ин, ман соли 2007 дар Қазоқистон маҷаллаеро бо номи “Эроннома” ба забони русӣ роҳандозӣ кардам, ки ин маҷалла алъон дар ҳудуди чаҳорсад сафҳа мунташир мешавад. То кунун сӣ шумора аз ин маҷалла интишор ёфтааст, вале ҳоло мутаассифона аз сабаби таҳримҳои ноҷавонмардона алайҳи Эрон мо бо мушкилоти молӣ рӯбарӯ шудем ва нашри маҷалла ба душворӣ анҷом мешавад.
Дар забони қазоқӣ ҳудуди 3068 вожаи муштарак аст, ки аз забони мо ба забони қазоқӣ иқтибос шудааст, бавижа аз форсии Варорӯд, чун иртибот мустақим буда ва алъон ҳам ҳаст. Шумо дар хиёбонҳои Қазоқистон бисёр ба осонӣ бо вожаҳои дорухона, ошхона, кӯча, шаҳар, ободонӣ (дар шакли аудонӣ!) ва ё бисёр номҳои қазоқие рӯбарӯ мешавед, ки муштарак аст. Ҷолиб ин аст, ки номи Исфандиёр дар шакли Аспандиёр дар миёни қазоқҳо хеле фаровон аст, номи Рустам ҳам фаровон аст. Яъне на танҳо номҳои одии эронӣ, балки номҳоест, ки мо ба онҳо ифтихори миллӣ дорем ва ин номҳо номҳои ҳамосии мост, номҳое, ки дар “Шоҳнома” омадааст, мисли номи Бежан. Ҳатто номҳое, ки дар таркибаш вожаи “гул” ҳаст, хеле фаровон аст, 125 номи занонаи қазоқиро ман гирдоварӣ кардам, ки дар таркибаш вожаи “гул” омадааст, аз қабили Гулбадан, Гулноз, Гулнор, Гулдона, Гулбаҳром, ва ғайра…
Бигӯед, ки ин маҷалла бо ҳимояти молии чи касе ё созмоне мунташир мешавад?
Ман ҳамаи кори ин маҷалларо тани танҳо анҷом медиҳам ва як нафар дастёр ҳам дорам, ки корҳои фаннӣ анҷом медиҳад ва шумораи омодашударо ба сурати электруник ба Ройзании фарҳангии Эрон медодам, ки онҳо дар Эрон чоп мекарданду меоварданд. Ба далоили барои ман чандон норӯшан, мутаассифона, намедонам, ки ройзани фарҳангии кунунӣ тавонист ё натавонист ба он тараф тавзеҳ бидиҳад, имсол ва то ҳудуде дар соли гузашта мушкили молӣ доштем. Бо вуҷуди мушкилоти молӣ, соли гузашта ман ҳамаи шумораҳоро даровардам ва ба ишон вогузор кардам, ҳоло мунтазирем, ки ин мушкилот рафъ шавад. Ин маҷалла маҷаллаест, ки аз сӯи бузургтарин ховаршиносон ва эроншиносони қаламрави Шӯравии собиқ бисёр хуб арзёбӣ шуд ва чанд нафар ҳам нивиштанд, ки беҳтарин маҷаллаи илмӣ дар заминаи ховаршиносӣ ба забони русӣ аст. Кори маҷалларо ман ройгон анҷом медиҳам ва барои ман ҳеч гуна суди молӣ надорад.
Дар ин маҷалла ман тавонистам беҳтарин мақолоти илмиеро, ки аз сӯи бузургони Эрон нивишта шуда, ба забони русӣ тарҷума ва чоп кунам. Ҳамчунин, аз эроншиносони ҷаҳон, ҳам аз эроншиносони Урупо, Русия ва кишварҳои муштаракулманофеъ. Хеле мутаассифам, ки алъон бо мушкилоти молӣ рӯбарӯ ҳастем. Ин мушкиле, ки баъзе кишварҳо, мутаассифона, бо Эрон доранд, масоили таҳримҳову инҳо, ба мо ҳам асар кард. Вале хуб, ман корҳои худро дар заминаи эроншиносӣ идома медиҳам ва дар баробари ин дар Қазоқистон тақрибан ҳар сол яке ду кунферонси байналмилалӣ баргузор мекунем дар заминаҳои забон, адабиёт, таърих, фарҳанг, тамаддун, фалсафа, ирфони эронӣ ва дар ин ҳамоишҳо мутахассисон ҳам аз Эрон, ҳам аз кишварҳои дигар ширкат мекунанд. Чандин маҷмӯъаи илмӣ ҳам ба забони русӣ ва гоҳо ба забони форсӣ интишор ёфтааст.
Баъзе аз ақвоми туркизабон туркшуда ҳастанд, на ин ки турк бошанд. Мисли баъзе аз кишварҳое, ки арабшудаанд, яъне муъарраб. Масалан, мо наметавонем бигӯем, ки уйғурҳо ё узбакҳо нажодан ақвоми комилан туркӣ ҳастанд, чун ман эҳсос мекунам, ки ҳудуди 70 дарсад аз узбакҳо тоҷикҳои узбакшуда ҳастанд, ки дар сад соли охир турк шудаанд. Раванди туркшавии тоҷикҳо аз қарни 16-и милодӣ шурӯъ шуд. Дар ин бора хеле аз бузургон нивиштаанд, аз ҷумла Ҳерман Вомберӣ ва дигару дигарҳо, вале ин раванд идома дорад. Ё масалан уйғурҳо, ки хеле зиёд хуни суғдӣ доранд ва шаҳрҳои Хутану Кошғар аз шаҳрҳои эронӣ буданд. Ё озариҳо як кишвари маснӯъӣ дар Қафқоз сохтанд бо номи Озарбойҷон, ки ин яқинан Озарбойҷон нест, чун марзи Озарбойҷон то рӯди Арас аст, ки устод Иноятуллоҳи Ризо бисёр хуб дар китоби “Аррон ва Озарбойҷон” дар ин бора нивишта ва собит кардааст ва ҳеч шакке дар он нест. Инҳо Аррон ва Шервон буданд, ки имрӯз бо аҳдофи сиёсӣ Озарбойҷон мегӯянд. Хуб, инҳо ҳама эронӣ буданд, фақат забонашонро аз даст доданд.
Аслан дар Қазоқистон оё мардум ба забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ таваҷҷуҳ доранд? Чун аз қадим мардуми қазоқ бо форсизабонон робитаҳои хоссе доштаанд?
Бале, масъала ин аст, ки бояд ба мардум тавзеҳ дод. Мардуми одӣ, ки намедонанд, вале қаламрави кунунии Қазоқистон, бахше аз ин қаламрав, ҷузъи Эрони Бостон буда. Масалан, дар адабиёти мо бо шаҳрҳое бо номи Исфиҷоб ва Тароз бисёр рӯбарӯ мешавед. Шаҳри Тароз ҳамон шаҳрест, ки Рӯдакии Самарқандӣ мегӯяд:
Рӯй ба меҳроб ниҳодан чи суд?
Дил ба Бухорову бутони Тароз,
Эзади мо васвасаи ошиқӣ,
Аз ту пазирад, напазирад намоз…
Ё шаҳри Тароз дар “Шоҳнома” ва дар китобҳои дигар борҳо омадааст. Исфиҷоб ҳам аз он шаҳрҳои Сомониён буд. Тароз ҳам шаҳри Сомониён буд, ки Исмоъили Сомонӣ дар он ҷо зартуштиёнро зӯран мусалмон карда буд. Ва дар баъзе аз китобҳои торих омада, ки мардумони шаҳри Тароз мусалмонанд ва забонашон форсӣ, вақте аз Тароз хориҷ мешавед, ба хиргоҳҳои харлуқҳо рӯбарӯ мешавед. Хуб, ин шаҳрҳоест, ки замоне фарҳанг ва тамаддуни эронӣ дар онҳо бисёр нақши муассир доштааст. Нақши забони форсӣ ва фарҳанги эрониро дар ҳар куҷое аз манотиқи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз метавонед шумо эҳсос кунед ва ҳар касе ки ба торих бисёр алоқамандӣ дорад, ин чизро хуб медонад.
Гузашта аз ин, вақте агар дар бораи худи мардуми қазоқ бигӯем, ин мардумест, ки бо мо аз дерзамон иртиботи торихӣ доштанд. Дар забони қазоқӣ ҳудуди 3068 вожаи муштарак аст, ки аз забони мо ба забони қазоқӣ иқтибос шудааст, бавижа аз форсии Варорӯд, чун иртибот мустақим буда ва алъон ҳам ҳаст. Шумо дар хиёбонҳои Қазоқистон бисёр ба осонӣ бо вожаҳои дорухона, ошхона, кӯча, шаҳар, ободонӣ (дар шакли аудонӣ!) ва ё бисёр номҳои қазоқие рӯбарӯ мешавед, ки муштарак аст. Ҷолиб ин аст, ки номи Исфандиёр дар шакли Аспандиёр дар миёни қазоқҳо хеле фаровон аст, номи Рустам ҳам фаровон аст. Яъне на танҳо номҳои одии эронӣ, балки номҳоест, ки мо ба онҳо ифтихори миллӣ дорем ва ин номҳо номҳои ҳамосии мост, номҳое, ки дар “Шоҳнома” омадааст, мисли номи Бежан. Ҳатто номҳое, ки дар таркибаш вожаи “гул” ҳаст, хеле фаровон аст, 125 номи занонаи қазоқиро ман гирдоварӣ кардам, ки дар таркибаш вожаи “гул” омадааст, аз қабили Гулбадан, Гулноз, Гулнор, Гулдона, Гулбаҳром, ва ғайра…
Хулоса, мо хеле чизҳое дорем дар он ҷо, ки бояд мутолеъа шавад ва бояд кишварҳои форсизабон таваҷҷуҳи бештаре дошта бошанд. Чанд сол пеш бо дуктур Саид Муҳаммадбоқири Камолиддинӣ, устодёри Донишгоҳи “Паёми нур” аз шаҳри Язд, мо як феҳристи нусхаҳои хатти форсии маҳфуз дар китобхонаи миллиро ба забони русӣ интишор додем, ки онҷо нусхаҳои бисёр нодире буд. Аз ҷумла, ду нусхаи осори Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар ҳеч ҷое аз гӯшаи дунё набуд, қадимитарин нусхаҳо буд, яке “Туҳфатулаҳрор”, ки 23 сол қабл аз марги Абдураҳмони Ҷомӣ дар шаҳри Балх китобат шуда, дасти рӯзгор чигуна онро ба Қазоқистон бурда, ба Олмотӣ, ки мо онро боз пайдо кунем, ин худаш бисёр ҷолиб аст, мо ин китобро ҳам мунташир кардем.
Тақсимоти ҳудуди ҷуғрофиёӣ дар Осиёи Миёна ба таври ғайриилмӣ ва ғайримантиқӣ сурат гирифт, ки дар ин бора устод Бортулд ҳанӯз дар соли 1924 ва 29 ду бор ба кумитеи марказии ҳизби кумунист нома нивишта ва гуфта буд, ки ин коре, ки мекунед, ғайримантиқист. Чун шаҳрҳое, ки дар он ҳамеша форсизабонон ба сар мебурданд, аз ҷумла Самарқанду Бухоро, дар асноди кумитеи марказӣ омадааст, ки ин шаҳрҳои тоҷикон ҳастанд, вале бо таваҷҷуҳ ба манофеъи иқтисодии кишвари Шӯравӣ муваққатан дар ҷумҳурии бародарии Узбакистон хоҳанд буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки кишвари воҳиде ба номи Шӯравӣ буд ва мушкиле ҳам дар заминаи рафтуомад набуд, тоҷикҳо, ки ҳанӯз худшиносии миллии зиёде надоштанд, розӣ шуданд. Ва ин мисли ҳамон мақоли русӣ аст, ки “ҳич чизе ҷовидонатар аз он чизи муваққат нест.” Ин муваққат ҳоло ҷовидонӣ шуд.
Аслан аз қадимулайём мардумони турку эронӣ дар канори ҳам мезистанду бо ҳам равобити хуб доштанд, табодулоти фарҳангӣ доштанд, аммо дар солҳои баъд аз Шӯравӣ, ки тақсимоти марзӣ шуд, мешавад гуфт, ки онҳо то андозае аз ҳам ҷудо шуданд? Чун он замон масалан гароишҳои понтуркистӣ ба вуҷуд омад?
Дар замонҳои бисёр қадим, албатта, ақвоми эронӣ дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекарданд. Ҳанӯз ақвоми турк аз Сибрӣ ва Олтой наомада буданд. Ончи мо аз торихҳо медонем, дар Эрони шарқӣ ё дар Осиёи Марказӣ, ки имрӯз мегӯем, ақвоми суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ ва сакоӣ зиндагӣ мекарданд. Сакоиҳо аз ақвоми биёбонгарди эронӣ буданд, ки аз истепҳои ҷанубии Русия то Дуну Днепру Донуб (Дунай) ва дар савоҳили Урупои Шарқӣ зиндагӣ мекарданд. Ва ин номҳое ҳам, ки гуфтам, Дуну Днепру Донуб ҳамааш номҳои эронӣ ва сакоӣ ҳастанд. Чун торих иваз шуд, ақвоми эронӣ ва ориёӣ аз ин минтақаҳо ба сӯи Эрон ва Ҳинд кӯч карданд ва оҳиста-оҳиста ақвоми дигаре ба қудрат расиданд. Аз қарни ҳафтуми милодӣ туркҳо, хоноти турк, хоқонҳои турк, тавонистанд давлате бисозанд ва явош-явош ба он сарзаминҳое, ки қаблан ақвоми эронӣ буданд, роҳ ёфтанд.
Албатта, ҳам оқои Бертулд Ишпулери олмонӣ, ва ҳам устод Восилий Бортулд ва дигарон муътақид астанд, ки ақвоми турк ба Осиёи Миёна ҳарчанд меомаданду роҳзанӣ мекарданду мерафтанд, аммо нуфузи чандоне надоштанд. Ҳанӯз дар замони Сомониён низ. Вале аз қарни 11-и мелодӣ ба баъд оҳиста-оҳиста инҳо хеле аз ҷаҳонро ғасб карданд, аз ҷумла бар Эрон низ ҳукумат карданд ва дар ҳазор соли охир подшоҳони эронӣ низ аз ақвоми турк буданд. Ҳарчанд бисёре аз онҳо фарҳангашон бо фарҳанги эронӣ махлут шуда буд, вале нажодан турк буданд. Аз Маҳмуди Ғазнавӣ шурӯъ кунем, дар Эрон то замони Ризошоҳи Паҳлавӣ, истисно танҳо Каримхони Занд аст, мобақӣ ҳама аз нажоди турку муғул буданд. Яъне дар ин ҳазор соли охир фарҳанги мо бо фарҳанги туркӣ хеле омезиш ёфта ва бидуни тардид таъсир ва таассур дуҷониба будааст.
Ҳамаи эрониёнро дар ибтидо тоҷик мегуфтанд, чун калимаи “точӣ” ва ё “таочӣ” дар забони чинӣ ба маънои эронӣ аст. Туркҳо ҳам аз онҳо гирифтанд. Чун мо дар канори туркон ва дар иҳотаи туркон зиндагӣ мекунем ва Тоҷикистон ҷазирае эронист, ки дар миёни туркон аст, ин номро ба мо итлоқ карданд ва ё ба мо нисбат дода шуд. Аз ин лиҳоз, номи тоҷик ба инҳо ба сурати утумотик вогузор шуд, бавижа баъд аз кишваркушоиҳои Инглис ва Русия, ки аз қарни 16-и милодӣ баробар шурӯъ карданд. Ин ду абарқудрат ду имперотурии бузург сохтанд ва моро пора-пора карданд ва масхарагӣ ба ҷое расид, ки масалан хоҳар дар Афғонистон зиндагӣ мекард, бародар дар Тоҷикистон, номи забони бародарро “тоҷикӣ”, номи забони хоҳарро “дарӣ” гуфтанд.
Аммо имрӯз чи тур? Имрӯз ҳам табодулоти фарҳангӣ дар он сатҳе ҳаст, ки пеш буд?
Бидуни тардид, имрӯз ҳам масалан робитаи фарҳангии Эрон бо Қазоқистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бояд рушди бештаре дошта бошад. Чун ҳамаи кишварҳое, ки мехоҳанд пешрафт кунанд, бояд бо ҳамсоягони худ иртиботи хубе дошта бошанд ва ин иртибот ба суди ҳамагон аст. Ман мутмаин ҳастам, ки чун кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳи мустақиме ба обҳои озод надоранд, хуб аст, ки бо Эрон иртиботи қавие дошта бошанд ва аз тариқи Эрон расидан ба бозорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ба бозорҳои Урупо, роҳаттар аст. Ва ин корҳоро мекунанд ва ман умедворам, ки рӯз аз рӯз иртиботи Эрону эрониён, аз ҷумла тоҷикон, бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя, ки дар онҳо ақвоми туркизабон ба сар мебаранд, густариш ёбад ва мустаҳкамтар шавад.
Албатта, баъзе аз ақвоми туркизабон туркшуда ҳастанд, на ин ки турк бошанд. Мисли баъзе аз кишварҳое, ки арабшудаанд, яъне муъарраб. Масалан, мо наметавонем бигӯем, ки уйғурҳо ё узбакҳо нажодан ақвоми комилан туркӣ ҳастанд, чун ман эҳсос мекунам, ки ҳудуди 70 дарсад аз узбакҳо тоҷикҳои узбакшуда ҳастанд, ки дар сад соли охир турк шудаанд. Раванди туркшавии тоҷикҳо аз қарни 16-и милодӣ шурӯъ шуд. Дар ин бора хеле аз бузургон нивиштаанд, аз ҷумла Ҳерман Вомберӣ ва дигару дигарҳо, вале ин раванд идома дорад. Ё масалан уйғурҳо, ки хеле зиёд хуни суғдӣ доранд ва шаҳрҳои Хутану Кошғар аз шаҳрҳои эронӣ буданд. Ё озариҳо як кишвари маснӯъӣ дар Қафқоз сохтанд бо номи Озарбойҷон, ки ин яқинан Озарбойҷон нест, чун марзи Озарбойҷон то рӯди Арас аст, ки устод Иноятуллоҳи Ризо бисёр хуб дар китоби “Аррон ва Озарбойҷон” дар ин бора нивишта ва собит кардааст ва ҳеч шакке дар он нест. Инҳо Аррон ва Шервон буданд, ки имрӯз бо аҳдофи сиёсӣ Озарбойҷон мегӯянд. Хуб, инҳо ҳама эронӣ буданд, фақат забонашонро аз даст доданд.
Аммо дар ҳамин сад соли ахир баъзе ҷунбишҳои носиюнолистӣ пайдо шуданд. Замони қадим ҳама мегуфтанд, ки мо мусалмонем, баъд аз Шӯравӣ ва тақсимоти марзияш, ки ба ин мардум номҳое дода шуд, ихтилофи назарҳое миёни онон пайдо шуд, бавижа миёни фарҳангиён. Ҳамин тур, бисёре аз тоҷикон мегӯянд, ки узбакҳо тоҷик астанд ё узбакҳо мегӯянд, ки тоҷикҳо узбак астанд?
Хуб, ин ҷой дорад. Масъала ин аст, ки мо дар рӯзгоре ба сар мебарем, ки дар ҷаҳон раванди рӯ овардан ба решаҳо, ба торих, ба фарҳангу тамаддуни худ ва худшиносӣ дар авҷ аст. Баъзе кишварҳо, ки дар Осиёи Миёна ҷойи пойи ончунонӣ надоранд, вақте ба торих нигоҳ мекунӣ, он тарафтари торих биравӣ, ҷое надоранд, чун аз онҳо исме наёмадааст, хуб чи бояд бигӯянд? Инҳо маҷбур ҳастанд, ки як чизҳое ҳам бибофанду бигӯянд, ки мо ҳам будаем. Масалан, як замон оқои Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон, уламоро даъват карда ва гуфта собит созед, ки се ҳазор сол қабл ҳам узбакҳо дар ин ҷо буданд. Дар сурате ки Узбакхон, хони Урдаи Заррин, дар соли 1392 ба дунё омад. Чи гуна мешавад, ки узбакҳо се ҳазор сол қабл буда бошанд? Ақвоми турк буданд, албатта. Масалан, на се ҳазор сол қабл, вале хеле пештар аз узбакҳо онҳо буданд. Вале воқеъият ин аст, ки узбакҳо аз ақвоми ҷадиданд дар ин минтақа. Хуб, фикр мекунед онҳо чӣ бояд бигӯянд? Онҳо бояд бигӯянд, ки оре, мо ҳамин тур ҳастем? Хуб, инҳо чизҳое ҳаст, ки ман намедонам чигуна бароятон тавзеҳ бидиҳам.
Ҷуз форсӣ мо забоне надорем. Ва дар тӯли ҳазор сол ҳам қавми тоҷик буда, аммо ҳеч ҷое ки сухан аз забон меравад, забоне ба номи “тоҷикӣ” вуҷуд надорад. Таъбирест, ки Истолин ва ёронаш ба миллати мо бор карданд. Ва аз сӯйи дигар, медонед, ки дар замони Истолин ҳеч касе ҷуръати рад кардан надошт. Ҳар касе рад кард, сараш аз танаш ҷудо шуд.
Тақсимоти ҳудуди ҷуғрофиёӣ дар Осиёи Миёна ба таври ғайриилмӣ ва ғайримантиқӣ сурат гирифт, ки дар ин бора устод Бортулд ҳанӯз дар соли 1924 ва 29 ду бор ба кумитеи марказии ҳизби кумунист нома нивишта ва гуфта буд, ки ин коре, ки мекунед, ғайримантиқист. Чун шаҳрҳое, ки дар он ҳамеша форсизабонон ба сар мебурданд, аз ҷумла Самарқанду Бухоро, дар асноди кумитеи марказӣ омадааст, ки ин шаҳрҳои тоҷикон ҳастанд, вале бо таваҷҷуҳ ба манофеъи иқтисодии кишвари Шӯравӣ муваққатан дар ҷумҳурии бародарии Узбакистон хоҳанд буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки кишвари воҳиде ба номи Шӯравӣ буд ва мушкиле ҳам дар заминаи рафтуомад набуд, тоҷикҳо, ки ҳанӯз худшиносии миллии зиёде надоштанд, розӣ шуданд. Ва ин мисли ҳамон мақоли русӣ аст, ки “ҳич чизе ҷовидонатар аз он чизи муваққат нест.” Ин муваққат ҳоло ҷовидонӣ шуд. Ин чизҳое ҳаст, ки ҳар касе дарк мекунад. Медонед, як нуктаи бисёр муҳим ин аст, ки мо эрониёни Осиёи Миёна ё тоҷикон (ҳастем), чун калимаи “тоҷик” ҷуз “форс” маънои дигаре надорад, порсизабон ё эронии порсизабон. Дар қадимтарин китобҳо, аз ҷумла дар девони “Луғати турк”-и Маҳмуди Кошғарӣ ҳам омадааст, ки “тажик ҳамон форс аст.”
Воқеъан вожаи “тоҷик” ба маънои номи миллат ё воҳиде сиёсӣ дар замони Шӯравӣ матраҳ шуд. Қабл аз он ин вожа чи маъно ва мафҳуме дошт?
На, на, вожаи “тоҷик” дар замони шӯравӣ пайдо нашуда, хеле дерина аст.
На, ба маънои як воҳиди сиёсӣ албатта.
На, воҳиди сиёсӣ намегӯям, аммо ба маънои қавм эрониҳо дар қиёси аъроб худро аҷамӣ гуфтанд, ё арабҳо онҳоро аҷамӣ гуфтанд, ки маънояш гунг аст, яъне забони арабӣ балад несту намедонад. Ва дар қиёси турк тоҷик гуфтанд. Дар манобеъи торихӣ агар сухан аз тоҷик равад, дар баробараш турк ҳам меояд. Масалан, Саъдии Шерозӣ худашро чанд бор тоҷик гуфта, ҳол он ки ӯ дар ҷануби Эрони имрӯзӣ зистааст. Масалан мегӯяд:
Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд,
Турки ту бирехт хуни тоҷик.
Дар як тарҷеъбанд ҳам мегӯяд, ки:
Рӯи тоҷиконаат бинмой, то доғи ҳабаш,
Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ кашад.
Ё масалан Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ чанд бор аз вожаи “тоҷик” истифода карда ва дар ҷое ҳам мегӯяд:
Як ҳамлаю як ҳамла, омад шабу торикӣ,
Чустӣ куну туркӣ кун, на нармиву тоҷикӣ.
Нармию тоҷикӣ дар инҷо ба маънои рӯшанфикрӣ дар муқобили туркигарист.
Фикр мекунед, чиро номи “тоҷик” дар Эрон ё Афғонистон онгуна ки дар Тоҷикистон ё Варорӯд ривоҷ ёфту номи давлат шуд, нашуд?
Ба хотири он ки тоҷикҳо дар иҳотаи туркон буданд. Мутаваҷҷеҳ ҳастед? Чун ин тоҷикҳо дар иҳотаи туркон буданд. Ҳамаи эрониёнро дар ибтидо тоҷик мегуфтанд, чун калимаи “точӣ” ва ё “таочӣ” дар забони чинӣ ба маънои эронӣ аст. Туркҳо ҳам аз онҳо гирифтанд. Чун мо дар канори туркон ва дар иҳотаи туркон зиндагӣ мекунем ва Тоҷикистон ҷазирае эронист, ки дар миёни туркон аст, ин номро ба мо итлоқ карданд ва ё ба мо нисбат дода шуд. Аз ин лиҳоз, номи тоҷик ба инҳо ба сурати утумотик вогузор шуд, бавижа баъд аз кишваркушоиҳои Инглис ва Русия, ки аз қарни 16-и милодӣ баробар шурӯъ карданд. Ин ду абарқудрат ду имперотурии бузург сохтанд ва моро пора-пора карданд ва масхарагӣ ба ҷое расид, ки масалан хоҳар дар Афғонистон зиндагӣ мекард, бародар дар Тоҷикистон, номи забони бародарро “тоҷикӣ”, номи забони хоҳарро “дарӣ” гуфтанд.
Фикр мекунед, чиро ин номҳоро иваз карданд? Хуб, намешуд, ки форсӣ бигӯянд?
Ин аҳдофи сиёсӣ аст. Пайдост, ки тафриқа бояд меандохтанд ва ҳукумат мекарданд. Кори бисёр сода аст. Ҷуз форсӣ мо забоне надорем. Ва дар тӯли ҳазор сол ҳам қавми тоҷик буда, аммо ҳеч ҷое ки сухан аз забон меравад, забоне ба номи “тоҷикӣ” вуҷуд надорад. Таъбирест, ки Истолин ва ёронаш ба миллати мо бор карданд. Ва аз сӯйи дигар, медонед, ки дар замони Истолин ҳеч касе ҷуръати рад кардан надошт. Ҳар касе рад кард, сараш аз танаш ҷудо шуд.
Чиро нахостанд номи форсӣ боқӣ бимонад?
Ба хотири ин ки Эрон ҳаст, Эрони бузург ҳаст. Ба хотири ин ки тоҷикони Афғонистон ҳам он замон забонашонро “форсӣ” мегуфтанд ва ё форсии кобулӣ ҳам мегуфтанд. Шумо медонед, аввал “тоҷикӣ” халқ карданд, баъд дар Қонуни асосии Афғонистон, ки соли 1966 дар замони Зоиршоҳ пазируфта шуд, забони форсии форсизабонон ё тоҷикони Афғонистонро “дарӣ” гуфтанд. Ин масхарагие беш нест! Хуб, пайдост, ки як забон аст ва пайдост, ки ин кор бисёр-бисёр огоҳона тарроҳӣ шуда буд, ки моро пора-пора кунанд ва ҳукумат кунанд.
Дунбола дорад…
Матни порсиро “инҷо” бихонед
Бифирист