Шаҳрбароз
Аз онҷо ки забони порсӣ яке аз омилҳои пайванддиҳандаи эрониён дар тӯли торих, бавижа пас аз ислом будааст, таҷзияталабон ва душманони Эрон батозагӣ барои расидан ба ҳадафҳои шуми худ нӯки ҳамларо ба сӯи забони порсӣ гирифтаанд ва дар ин росто иддиъоҳои бепояву масхарае мекунанд, ки ба чанд мавриди онҳо мепардозем.
Нахуст бояд таъкид ва такрор кунам, ки ман ба ҳарду забон туркӣ ва порсӣ ва сухангӯёни ин ду забон эҳтиром мегузорам. Рӯшан аст ончи дар зер меояд, танҳо баррасӣ ва рӯшангарӣ дар бораи назарҳои бепояву дурӯғҳои гурӯҳи андаку ақаллият ва ифротиву таҷзияталаби понтурк аст. Эрониёни озарбойҷонӣ турк нестанд, зеро фарҳанги эронӣ доранд. Ҳатто агар бихоҳем монанди бархе ба табору вижагиҳои баданӣ ва зистшинохтӣ таъкид кунем, пижӯҳишҳои женетикии эрониёни озарбойҷонӣ нишон додааст, ки ин гурӯҳи туркзабон низ бо дигар эрониён, монанди курдҳо ва лурону исфаҳониён ва теҳрониён ва… пайвастаанд.
Муқоиса ва рутбабандии забонҳои порсӣ ва туркӣ
Чанд сол пеш яке аз маҷаллаҳои понтурки даруни Эрон ба номи “Умеди Занҷон” иддиъои аблаҳона ва бепояеро матраҳ кард ва бидуни додани санаду мадраке нивишт, ки тибқи эъломияи созмони Юнеску “забони форсӣ лаҳчаи 33-юми забони арабӣ” аст. Ин сухан он қадар бемаъно ва бепоя аст, ки ниёзе ба тавзеҳ надорад ва ба қавли маъруф, мурғи пухтаро ҳам ба ханда меандозад. Касе, ки андаке дарк ва шуъури забониву забоншиносӣ дошта бошад ва фарқи забону лаҳҷаро бидонад, мефаҳмад, ки забони порсӣ ва забони арабӣ ду забони бисёр мутафовиту мутамойизанд. Зеро муҳимтарин унсур ва устухонбандии ҳар забон дастури забони он аст ва дастури забони порсӣ бо сарфу наҳви арабӣ бисёр фарқ дорад. Ин иддиъо нишон медиҳад, ки гӯяндаи он на забони порсиро мефаҳмад ва на шинохте аз забони арабӣ дорад.
Ҳатто ба фарзи муҳол ҳам забони порсӣ ба қавли инон “лаҳҷаи” забони арабӣ бошад. Маънои “лаҳҷаи 33-юм” чист? Рутбабандии лаҳҷаҳо бар чи пояе анҷом мешавад? Он 32 лаҳҷаи дигари забони арабӣ кадоманд? Чиро барои намуна забони порсӣ лаҳҷаи 34-ум ва ё 79-ум нашудааст? Шояд нивисанда бештар аз адади 33-ро балад набудааст? Монанди бархе қабилаҳои бумиён, ки дар дастгоҳи шумориши худ болотар аз се ё ҳафт ё даҳ надоранд?
Ҷолиб он ки аз сӯи дигар дар ҳамин эъломия “забони туркӣ севумин забони боқоъидаи дунё” муъаррифӣ шудааст! Боз бояд пурсид, ки рутбабандии забонҳо бар чи пояе анҷом мешавад? Меъёрҳо ва милокҳои ин рутбабандӣ чист? Ду забони боқоъидаи дигари дунё кадоманд? Забони чаҳоруму панҷуми боқоъида кадом аст? Манзур аз забони боқоъида чист? Куллан чанд забони боқоъида дар ҷаҳон вуҷуд дорад?
Ё гурӯҳи дигаре нивиштанд, ки
Муассисаи Эй-эм-тӣ ва О-эм-тӣ, ки дар Урупо ва Омрико воқеъ шуда ва таҳти мудирияти барҷастатарин забоншиносон идора мешавад ва ҳамасола гузоришҳои зиёдеро дар бораи забонҳо мунташир мекунанд ва куллияи истондордҳои забоншиносӣ аз ин идорот, ки давлатӣ ҳастанд, эълом мешавад, чунин эълом кардаанд:
– 92 дарсади калимоти форсӣ аз арабӣ ва туркӣ гирифта шуда ва мобақӣ бидуни ҳеч фурмуле тавлид шудаанд.
– Дар ҳеч як аз забонҳои байналмилалӣ луғате аз забони форсӣ вуҷуд надорад.
– Ҷумалоти форсӣ 67 дарсад ибҳом тавлид мекунанд (яъне як хориҷӣ, ки форсиро ёд гирифта, ба сахтӣ метавонад дар Эрон суҳбат карда ва ё ҷумалоти форсиро дарк кунад, магар он ки муддати зиёде дар ҳамон ҷомеъа монда ва ба сурати таҷрубӣ ёд бигирад), ки ин барои як забон заъфи нисбатан бузургест.
Аммо аз сӯи дигар:
– 100 дарсади калимоти туркӣ решаи аслӣ доранд.
– 2 дарсади калимоти туркӣ аз итолиёӣ, фаронсавӣ ва инглисӣ гирифта шудааст.
– 19 дарсади калимоти инглисӣ аз забони туркӣ гирифта шудааст.
– 39 дарсади калимоти итолиёӣ, 17 дарсади калимоти олмонӣ ва нуҳ дарсади калимоти фаронсавӣ аз забони туркӣ гирифта шудааст.
– Сад дарсади калимоти инглисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва туркӣ дорои умқи рехтшиносӣ ҳастанд.
– 83 дарсади калимоти инглисӣ решаи аслӣ доранд.
– Ҷумалоти туркӣ ду дарсад ибҳоми ҷумлаӣ эҷод мекунанд (яъне агар як хориҷӣ забони туркиро аз рӯи китоб ёд бигирад, пас аз вуруд ба як кишвари туркизабон мушкиле нахоҳад дошт.
– Ҷумалоти инглисӣ ним дарсад ва ҷумалоти фаронсавӣ тақрибан як дарсад ибҳом тавлид мекунанд.
Маънои ин иддиъоҳо он аст, ки аз ҳар даҳ вожа дар забони инглисӣ ду тои онҳо туркӣ аст ва аз ҳар даҳ вожа дар забони итолиёӣ чаҳор тои онҳо туркӣ аст! Ин ки калимае решаи аслӣ дорад, яъне чӣ? Нивисанда ҳатто ҳисоби сода ҳам балад нест. Агар 83 дарсади вожаҳои инглисӣ решаи аслӣ доранд ва 19 дарсади онҳо аз забони туркӣ гирифта шудаанд, он гоҳ ҷамъи ин ду мешавад 102 дарсад!
Ин иддиъоҳои аҳмақона ва масхара танҳо нишондиҳандаи умқи бесаводӣ ва дармондагии нивисандагони он ва шддати душмании ҳистирику равонпарешонаи онон нисбат ба забони порсӣ аст. Ин иддиъоҳо дар бораи забони туркӣ то онҷо пеш меравад, ки менивисад:
(Ин муассисаҳо) забони туркиро шоҳкори забон муъаррифӣ кардаанд, ки барои сохти он аз фурмулҳои бисёр печидае истифода шудааст. Хонум Никито Ҳойден, мутахассис ва забоншиноси машҳури олмонӣ дар муассисаи урупоии “Юрутум” гуфтааст: “Инсон дар он замон қодир ба тавлиди ин забон набуда ва мавҷудоти фазоӣ ин забонро халқ карда ва ё Худованд ба паёмбарони худ олитарин каломи иртиботиро додааст.”
Ангор, забон моддаи шимиёӣ аст, ки барои сохтани он аз фурмулҳои печида истифода шавад!
Таҳмилӣ будани забони порсӣ дар Эрон
Иддиъои дигари понтуркон ин аст, ки забони порсӣ дар Эрон аз замони Ризошоҳи Паҳлавӣ расмӣ шудааст ва пеш аз он касе забони порсиро намедониста ва аз замони Ризошоҳ мардум маҷбур шуданд, ки порсӣ ёд бигиранд. Ин афрод, ки ниёзе ба санаду мадрак ва торихи муътабар надоранд ва ҳар гоҳ ки санад бихоҳанд, худашон ҷаъл мекунанд ё агар санаде торихӣ мухолифи онон бошад, онро таҳриф мекунанд, ин андоза бесаводанд, ки намедонанд “расмӣ шудани” забони порсӣ ба сурати қонунӣ дар Қонуни асосии Машрута дар замони Музаффаруддиншоҳи Қоҷор будааст, вагарна роиҷ будани забони порсӣ ба унвони забони миллӣ ва муштараки ҳамаи сокинони Эронзамин дар тӯли торих аз анбӯҳи китобҳову рисолаҳо ва нивишторҳои тавлидшуда дар гӯша-гӯшаи Эронзамин, аз Миёнрӯдон то марзҳои Ҳинду Чин рӯшан ва дониста аст.
Ин понтуркон, ки ҳофизаи хубе ҳам надоранд, аз сӯи дигар, вақте ниёз ба ифтихор ба туркон бошад, фармонравоёни туркро ривоҷдиҳандагони забони порсӣ дар ҳамаи Эрон медонанд!
Дар канори ин иддиъои таҳмилӣ будани забони порсӣ аз замони Ризошоҳ понтуркон иддиъо мекунанд, ки забони туркӣ дар саросари Эрон аз гузаштаҳои бисёр дур ривоҷ дошта ва дар Озарбойҷон ба чанд ҳазор сол пеш аз мелод ҳам мерасад! Ҳатто бархе аз бокунишинон мегӯянд, ки “Авесто” ба забони туркии бостон нивишта шудааст! Ин иддаъои музҳик ҳам нишон медиҳад, ки ин афрод ҳеч шинохту дарке аз мабҳас ва мақулаи забон ва забоншиносиву торих надоранд.
Омӯзиш танҳо ба забони туркӣ
Мавзӯъи дигаре, ки понтуркон аз рӯи душманӣ бо забони порсӣ, бавижа ҳамзамон бо “Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ” матраҳ мекунанд, мавзӯъи омӯзиш танҳо ба забони туркӣ аст. Пештар ва бавижа чанд моҳ пеш ҳамзамон бо ин муносибат ҷусторе нивиштам ва дар инҷо такрор намекунам. Аммо мавзӯъ ин аст, ки онҳо мехоҳанд танҳо ба забони туркӣ омӯзиш бибинанду забони порсиро бакуллӣ канор бигзоранд. Ҳол он ки дар ҳар кишваре дар дунё омӯзиш ба забони модарӣ дар канори забони миллӣ ва расмии он кишвар аст, на ҷойгузини он.
Иддиъоҳои бештар ва посухи онҳоро метавонед дар Пойгоҳи Озаргушнасп бихонед.
Аммо бигзоред ба мавриде бипардозам, ки яке аз хонандагон бароям фиристода ва батозагӣ онро дидам ва ба гумонам дар Озаргушнасп набошад.
Ва ҳоло: бегона будани забони порсии дарӣ дар Эрон!
Аммо ҷолибтар он ки яке аз ин понтуркон бо ба ҳам бофтани хушку тар ва таҳрифу бадфаҳмии бархе додаҳои забоншиносӣ ва торихӣ иддиъо кардааст, ки забони порсӣ реша дар Эрон надоштааст ва аз берун вориди Эрон шуда ва куллан забоне бегона ва муҳоҷир аст.
Нивиштори ӯ он қадар тӯлонӣ ва пур аз ёва ва суханони ботил аст, ки танҳо ба чанд мавриди он ишора мекунам.
Агар форсии дарӣ дар тадовуми забони паҳлавӣ буд, чиро то қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ ҳатто як байт шеър дар минтақаи устони Форс, ки маскани аслии форсзабонон аст, ба форсии дарӣ суруда нашудааст ва як сатри наср ба забони дарӣ то қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ дар ин манотиқ нивишта нашудааст?! Дар ҳоле ки дар манотиқи дигар, бахусус манотиқе, ки салотин марокизи ҳукуматии худро дар он қарор дода буданд, осори фаровон ба забони дарӣ (форсӣ) мебинем, мисли манотиқи Тоҷикистону Афғонистон, ки маркази ҳукуматҳои Сомонӣ ва Ғазнавӣ буда ва Ироқи Аҷам (манотиқи марказии Эрон, чун шаҳри Рай, Қум, Кошон, Арок, Исфаҳон), ки маркази ҳукумати Салҷуқиён будааст!
Ман намедонам чи гуна ин шахс метавонад дар як банд ин ҳама дурӯғу ёва сари ҳам кунад!
1. Тоҷикистону Афғонистон марзҳои имрӯзӣ ҳастанд ва дар гузашта бахше аз Эрони Бузург будаанд.
2. Форс номи устонест ва номи забон порсӣ ё форсӣ аст. Пас бояд гуфт форсизабон, на форсзабон. Чи касе гуфта устони Форс маскани аслии форсизабонон аст? Оё манзури ин ҷумла он аст, ки ҳамаи касоне, ки дар Эрон ба забони порсӣ сухан мегӯянд, аслашон аз устони Форс аст?
3. Давлатҳои Сомонӣ ва Ғазнавӣ ва Салҷуқӣ дар дунболаи ҳам буданд, на ҳамзамон. Қаламрави Сомониён шомили Тоҷикистону Афғонистони имрӯзӣ ва бахшҳое аз шарқи Эрони имрӯзӣ буд. Сипас, бахшҳое аз ин сарзаминҳо ба дасти Ғазнавиён уфтод ва пас аз он Салҷуқиён бар он ҳоким шуданд. Салҷуқиён ғарби Эрон (Ироқи Аҷам)-ро ҳам ба қаламрави худ афзуданд.
4. Бояд ба ин нивисанда ёдоварӣ кард, ки пеш аз садаи ҳафтуми ҳиҷрӣ на чопхона вуҷуд дошта ва на интернет, ки нивисандагон осори худро мунташир кунанд ва ба дасти ҳама бирасонанд! Дар гузашта ба хотири шароити иҷтимоъӣ агар китобе нивишта мешуд ва ба фармонравое ва маркази ҳукумате тақдим намешуд, эҳтимоли аз миён рафтани он бисёр буд. Монанди имрӯз набуд, ки ноширони мустақилле бошанд ва 10 ҳазор ҷилд аз ҳар китоб чопу мунташир кунанд! Ҳатто агар китобе дар китобхонаҳо нигаҳдорӣ мешуд, ҳамон турконе, ки понтуркон бад-онон менозанд, дар тохту тозу ҳуҷумҳои худ онҳоро нобуд мекарданд.
5. Устони Форс муддате марзаки ҳукумати Оли Бӯя буд. Ин давлат бавижа дар даврони Паноҳхусрав (Фанохусрав) Азудуддавла дар ободони Форс бисёр кӯшид ва дарбори онон маркази донишмандону нивисандагони бузург буд. Ба тавре ки Абуҳайёни Тавҳидӣ, ки худ табори шерозӣ дошту дар Бағдод зода шуда буд, дар замони Азудуддавла ба Шероз бозгашт ва дар онҷо чанд китоб ба забони арабӣ нивишт. Ҳамчунин, давлати Оли Бӯяи Форс барои рақобат бо Бағдод бештар аз нивисандагони арабинивис пуштибонӣ мекард.
6. Понтуркон, ки саводи адабиву торихӣ надоранд, аз устони Форс танҳо номи Саъдиву Ҳофизро шунидаанд. Ҳол он ки пеш аз Саъдӣ дар устони Форс нивисандагону шоъирони фаровоне будаанд. Барои намуна, метавон аз китоби торихи “Форснома”-и Ибни Балхӣ ном бурд, ки табораш аз Балх буданд, аммо худаш дар Форс зода шудааст. Вай ин китоби 180-сафҳаиро дар ҳудуди соли 500-и қамарӣ ба забони порсӣ нигоштааст. Ё метавон аз шайх Рузбеҳони Бақлӣ ном бурд, ки аз орифони бузургу машҳури эронӣ аст ва дар соли 552-и қамарӣ зода шуда ва мазораш дар шаҳри Шероз зиёратгоҳи мардум аст. Шайх Рузбеҳон китобҳои фаровоне ба арабиву порсӣ нивиштааст. Аз ҷумлаи китобҳои порсии ӯ метавон аз “Рисолаи Қудс”, “Ғалатот ас-соликин” ва “Шарҳи шатҳиёт” ном бурд. Ин ҳам як рубоъӣ аз шайх Рузбеҳон:
Дил доғи ту дорад, арна бифрухтаме,
Дар дида туӣ, вагарна бардухтаме,
Ҷон манзили туст, варна рӯзе сад бор,
Дар пеши ту чун сипанд барсухтаме.
Бархе аз китобҳои шайх Рузбеҳонро метавонед дар “Китобхонаи тасаввуф” бихонед.
Бино бар ин, мебинем пеш аз як сатр насри порсии дарӣ аз устони Форс мутаъаллиқ ба пеш аз Саъдӣ ва садаи ҳафтум барҷо мондааст. Нивисандаи понтурк ноогоҳии худро ба набудани асар таъбир кардааст.
Аммо пайдоиш ва зуҳури ин ду ситораи бузурги забони порсӣ, яъне Саъдиву Ҳофизи Шерозӣ, боъиси фаромушии номи дигар шоъирону нивисандагони устони Форс дар миёни мардум шудааст. Ҳатто номи муъосирони ин ду низ дар миёни мардуми одӣ фаромуш шудааст. Аммо дар китобҳои тазкира ва дар миёни коршиносони адабиёти порсӣ бахубӣ шинохта шудаанд, монанди Маҷди Ҳамгар ва Имомии Шерозӣ, ки бо Саъдӣ рақобат доштанд. Ҳатто Ҳумоми Табрезӣ (ҳамзамон бо Саъдӣ) низ муддате дар дарбори ҳокимони Форс дар Шероз ба сар мебурдааст ва шояд дар ҳамин даврон сурудааст:
Ҳумомро сухани дилфиребу ширин аст,
Вале чи суд, ки бечора нест шерозӣ.
Ин нивисанда агар аз баҳсҳои забоншиносӣ огоҳӣ медошт, медонист, ки касе порсии дариро фарзанди мустақим ва ҷойгузини забони паҳлавии сосонӣ ва дар идомаи он намедонад. Забони порсии дарӣ, ҳамон гуна аз ки номаш бармеояд, забони дарборӣ будааст, яъне забони расмиву нигоришӣ. Ҳамон гуна ки забони нигоришии имрӯз бо забони гуфтории мардуми Теҳрону Исфаҳон ва Кирмону Машҳад ва Табрез тафовут дорад. Ҳатто дар Фарҳанги Деҳхудо, ки матни забоншиносӣ нест, дар дарояи “дарӣ” чунин омадааст:
Лаҳҷаи адабии Эронро, ки аз авосити қарни севуми ҳиҷрӣ ба баъд ривоҷ ёфта ва ба дарӣ ё форсии дарӣ ё форсӣ машҳур аст, наметавон фақат аз асли форсии миёна (паҳлавии сосонӣ) донист, балки дар асос як лаҳҷаи умумии адабӣ аст, ки дар авохири аҳди сосонӣ ва қарнҳои аввалияи исломӣ дар Эрон шуюъ дошт ва таҳти таъсиру таассури мутақобили лаҳҷаҳои расмии давраи ашконӣ (портӣ) ва сосонӣ (порсӣ) дар якдигар ва дар лаҳҷаҳои маҳаллӣ батадриҷ мутадовил шуда ва тақрибан вазъи собите гирифта ва ҳайъати забони китобат ҳосил карда буд.
Ин забон ба наҳви холис наздик бо паҳлавии ҷанубӣ (порсии миёна) набуд, зеро нуфузи фаровоне аз лаҳҷаҳои Хуросони қадим ва баъзе аз лаҳҷаҳои машриқ дар он машҳуд аст. Ва низ лаҳҷаи шарқии маҳз низ шумурда намешавад, зеро таъсиру нуфузи паҳлавии ҷанубӣ (порсии миёна) ва лаҳҷаҳои ғарбӣ ҳам дар он мулоҳиза мешавад… Ин забони умумиро аз он ҷиҳат дарӣ мегуфтанд, ки “لانها اللسان الذی تکتب به رسائلالسلطان و ترفع بها الیه القصص، و اشتقاقه من الدر و هو الباب، یعنی انهالکلام الذی یتکلم به علی الباب” (=Ҳамоно ин забоне аст, ки номаҳои шоҳонро бад-он менивиштанд ва бад-он достонҳо мепардохтанд ва решаи он аз “дар” ба маънои дарбор аст, яъне сухане, ки дар дарбор ба кор меравад.)
Пас нивисандаи понтурк кашфи ҷадиде накардааст ва парда аз рози пинҳоне барнадоштааст, ки ҷилави иддиъои худ нишони таъаҷҷуб бигзорад. Касе ҳам ин мавзӯъро пинҳон накарда буд.
Ин понтурк монанди дигар дӯстону шариконаш таҳрифи санад ҳам мекунад:
Ибни Надим дар китоби “Алфеҳрист”-и худ бо иттико ба Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ дариро забони дарбориён ва забони аҳли Хуросон ва машриқ ва аҳли Балх… донистааст.
Инҷо низ бо нақли нисфу нимаи сухани Ибни Надим танҳо ба дунболи ҳадафи хосси худ будааст. Оё аҳли Хуросон эронӣ нестанду набуданд, ки эшон забони аҳли Хуросонро аз забони Эрон ҷудо медонад? Ҳол он ки сухани Ибни Муқаффаъ, ки Ибни Надим нақл карда, чунин аст:
Ибни Муқаффаъ гуфтааст: “Забонҳои Эрон иборатанд аз паҳлавӣ, дарӣ, форсӣ, хузӣ ва сурёнӣ. Паҳлавӣ мансуб аст ба Паҳла (Фаҳла) ва он исмест, ки бар панҷ шаҳр итлоқ шавад аз ин қарор: Исфаҳон, Рай, Ҳамадон, Моҳи Наҳованд ва Озарбойҷон. Аммо дарӣ забони шаҳрҳои Мадоин аст ва касоне, ки дар дарбори шоҳ муқиманд, бад-он сухан мегӯянд ва он мансуб ба пойтахт (=дарбор) аст ва аз забони аҳли Хуросон ва машриқ забони аҳли Балх дар он ғалаба дорад, ва аммо форсӣ мавриди такаллуми мӯбадону уламо ва монанди ишон аст ва он забони мардуми Форс аст. Хузӣ забони мардуми Хӯзистон аст….”
Рӯшан аст, ки аз назари забоншиносӣ, забони сурёнӣ аз хонаводаи забонҳои эронӣ нест, аммо манзури Ибни Муқаффаъ забонҳое аст, ки дар Эрон бад-онҳо сухан гуфта мешудааст ва бархе аз мардуми устони Ошуристон ё Миёнрӯдон ба забони сурёнӣ сухан мегуфтанд.
Ҳамчунин, аз ин сухан ошкоро бармеояд, ки дариву паҳлавӣ аз замони Сосониён дар канори ҳам будаанд, на дар дунболаи ҳам. Ибни Муқаффаъ забони дариро забони мардуми Мадоин ва дарбор (забони расмӣ) гуфтааст, ки забони аҳли Хуросон дар он ғалаба дорад, на ин ки забони аҳли Хуросон бошад. Забони дарӣҳеч рабте ба салотини турки салҷуқӣ ва “маркази ҳукумати Салҷуқиён” надорад.
Ҷолиб он ки дар ин миён номе аз туркӣ нест ва забони мардуми Озарбойҷонро фаҳлавӣ/паҳлавӣ донистааст ва аз сухани Ибни Муқаффаъ рӯшан мешавад, ки агар қарор аст дар Эрон забоне бегона ва муҳоҷир бошад, ин забон туркӣ аст, ки забоне муҳоҷир ва бегона аст, на забони порсии дарӣ. Аммо нивисандаи понтурк ин бахшҳоро ҳазф кардааст.
Пас аз ин ҳама дуруғу ёва, ва ба хиёли худаш, кӯбидани забони порсии дарӣ, дар ростои барномаи бахшҳои пешин, акнун навбат ба таърифу тамҷид аз забони туркӣ мерасад.
Агар мо мегӯем забони туркии имрӯзи Озарбойҷон идомаи забони туркии ҳазор сол пеш ва дар тадовуми забони китоби “Дада Қурқуд” аст, ғайримумкин аст устод Шаҳриёр дар канори асари маъруфи “Ҳайдарбобоя салом”, ки ба забони туркии имрӯз аст, ба забони ҳазор сол пеши туркӣ, яъне ба забони “Дада Қурқуд” ҳам манзумае бисарояд ва девоне ба ин забон дошта бошад!
Аммо устод Шаҳриёр илова бар забони туркӣ ба забони порсӣ, ки забони ҷудогона ва мутафовит бо туркӣ аст, низ шеъре суруда ва девоне танзим кардааст, ҳамон тавре ки Саъдии Шерозӣ ҳам ба ду забони ҷудогонаи форсии дарӣ (забони марсуми дарбор) ва паҳлавӣ (забони бумӣ ва аслии мардуми Форс) девон танзим кардааст!
Агар забони дарӣ идомаи забони паҳлавӣ ва ё фаҳлавии мардуми Шероз ва дигар шаҳрҳои устони Форс буда, чиро Саъдии Шерозӣ дар қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ ҳамзамон бо забони дарӣ ба фаҳлавӣ ё паҳлавӣ, ки садҳо сол ҳам таҳти таъсири забони дарӣ буда, шеър сурудааст?
Забони туркӣ низ шохаҳои мухталифе дорад, монанди забони туркии уғуз ва қибчоқу уйғур. Забони чағатоӣ, ки Амир Алишери Навоӣ (даргузаштаи 900-и қамарӣ ё 1501-и милодӣ) бад-он сухан мегуфт, имрӯза аз миён рафтааст. Забони туркии роиҷ дар Озарбойҷони Эрон ва дар Қафкозу Онотулӣ аз гурӯҳи уғуз аст, аммо забони узбакон аз шохаи уйғур аст. Гурӯҳи қибчоқ низ дар Қирқизистон ва Козохистон (Қазоқистон) ривоҷ дорад. Бино бар ин, маълум нест манзури ӯ аз “туркии ҳазор сол пеш” кадом туркӣ аст. Торихи нигориши забони туркӣ ба ҳазор сол намерасад. Мутмаиннам, ки на танҳо устод Шаҳриёри эронии туркзабон, ки дигар нивисандагони турки турктабор низ, ҳатто агар бихоҳанд, наметавонанд ба забони туркии ҳазор сол пеш чизе бисароянд, чи бирасад ба ин ки девоне ҳам тартиб диҳанд.
Тафовути забони паҳлавӣ ва дарӣҳаргиз монанди тафовути туркиву порсӣ нест. Зимни он ки Саъдӣ танҳо як байт дар “Гулистон” ва наздики 20 байт дар як қитъаи муламмаъ (чандранг) ба порсӣ ва арабӣ ва паҳлавии лаҳҷаи шерозӣ дорад, на ин ки як девон ба дарӣ ва як девон ба паҳлавӣ дошта бошад.
Ӯ саводи торихии муносибе надорад ва намедонад, ки марзҳои сиёсии имрӯз ҷадиданд ва то садаи нуздаҳум ё ҳатто бистуми милодӣ вуҷуд надоштанд:
Дарӣ ва ё форсии дарӣ забонест мутафовит бо паҳлавӣ ва мутаъаллиқ ба тоҷикҳову афғонҳо, ки ба василаи салотини турк вориди Эрон ва соири манотиқи таҳти ҳокимияти онон, аз ҷумла Ҳиндустону Покистон ва ҳатто Туркияи Усмонӣ шудааст, лекин забони туркӣ ва баъзе аз забонҳои дигар дар муқобили он муқовимат нишон дода ва бар ҳаёти худ идома додаанд, вале забони паҳлавии порсиён натавониста дар муқобили он истодагӣ кунад ва дар дохили он мустаҳил шуда ва аз байн рафтааст, ки осори он ҳанӯз ҳам дар баъзе шаҳрҳову рустоҳои дуруфтодаи манотиқи форснишин боқӣ мондааст.
Ӯ марзҳои сиёсии имрӯзро ба замони Салҷуқиён мебарад ва мехоҳад мардуми ТОҷикистон ва Афғонистонро аз мардуми Эрон ҷудо кунад, аммо эрониёни Озарбойҷонро ба туркони Туркия ва Қафқоз бичасбонад. Ӯ намедонамд, ки Покистон ба унвони мавҷуди сиёсӣ кишварест, ки аз соли 1948-и милодӣ ё 1327-и хуршедӣ падид омада ва пеш аз он бахше аз Ҳиндустон будааст. Бино бар ин, “салотини турк” наметавонистанд забони дариро ба Покистон бибаранд!
Нивисанда бо ин ҷумла мехоҳад таклифи забони туркиро ҳам рӯшан кунад, ки забони туркӣ аз қадим дар Эрон буда ва дар баробари густариши забони форсии дарӣ, ки он ҳам аз Тоҷикистону Афғонистон ва ба дасти салотини турк вориди Эрон шуда(!), муқовимат кард, аммо забони паҳлавӣ, ки забони порсиён буда, муқовимат накард ва мустаҳил (ҳал) шуд! Дар боло нишон додем, ки тамоми ин иддиъо бепоя аст. Ибни Муқаффаъ гуфта буд, ки паҳлавӣ забони Исфаҳон ва Озарбойҷон ва Рай ва Ҳамадону Наҳованд аст. Забони мардуми устони Форсро форсӣ мегуфтанд ва забони Мадоин ва расмии кишварро “дарӣ”.
Бояд пурсид чи тур забони туркӣ дар дарбори Салҷуқиёни Рум ва дарбори Усмониён муқовимат накард ва муддатҳо забони порсии дарӣ забони дарбор ва идории онон буд? Албатта, посухи ишон дар ҳамин ҷумла омадааст: Ин забонро салотини турк ворид карданд! Аммо бояд пурсид чи тур ин салотини турк алоқа ё ғайрате ё ҳассосияте дар бораи густариши забони модарии худ надоштанд ва забони “тоҷикҳову афғонҳоро” дар Эрону Ҳиндустон (ва Покистон!) ва ҳатто Туркияи Усмонӣ густариш доданд?! Ҷолиб он ки ҳамфикрони ишон дар замони Истолин дар ТОҷикистон иддиъо мекарданд “тоҷикон узбаконе ҳастанд, ки ба хотири робита бо Эрон ва забони порсӣ забони аслии худашонро фаромуш кардаанд!”
Агар забони форсии дарӣ идомаи забони паҳлавии сосонӣ мебуд, форсизабонон ва форсидонон имрӯз набояд заҳмати зиёде дар хондану фаҳмидани маъно ва мафҳуми забони паҳлавии даврони Сосонӣ ва баъди он дошта бошанд. Ҳамчунон ки туркизабонони озарбойҷонӣ ва туркияӣ дар хондану фаҳмидани забони китоби “Дада Қурқуд”, ки марбут ба 1000 то 1200 сол пеш аст ва туркии имрӯзи Озарбойҷон ва Туркия идомаи ин забон аст, бо мушкили зиёде рӯбарӯ нестанд ва маънову мафҳуми китоб барои онҳо комилан ошкор аст.
Ишон ба хиёли худ обро гилолуд мекунад, ки моҳӣ ҳам бигирад. Китоби “Дада Қурқуд” китобест, ки ба гуфтаи туркшиносони бузурге, чун Восилӣ Бортулди рус ва Ҷефрӣ Луиси инглисӣ дар садаи понздаҳуми милодӣ ва дар замони ҳукумати Оққуюнлу, яъне танҳо 500 сол пеш нивишта шудааст ва то садаи нуздаҳуми милодӣ касе аз ин китоб хабар надошт, то ин ки як ховаршинос онро дар китобхонае пайдо кард ва ба забонҳои урупоӣ тарҷума кард. Ҳамин имрӯз ҳам мардуми Туркия ва мардуми Озарбойҷони эронӣ, бавижа ба далели “ислоҳоти забони туркӣ” дар замони Ототурк, мегӯянд, ки ҳарфҳои ҳамдигарро бахубӣ намефаҳманд (Албатта, касоне ки бо пули ройгони Туркия дар он ҷо дарс хондаанд ва мехоҳанд Озарбойҷонро аз Эрон ҷудо кунанд, ба ин чизҳо кор надоранд. Имрӯза ба неъмати моҳвораҳои туркӣ ва бокуӣ бархе аз ҷавонони насли ҷадиди Озарбойҷон забони туркии қафқозӣ ва интонбулиро ҳам мефаҳманд). Ҳатто номи ҳамин китобро дар Эрон “Дада Қурқуд” ва дар туркии истонбулӣ “Дада Куркут” мегӯянд!
Агар забони паҳлавӣ модари забони порсии дарӣ ба ҳисоб меомад, дигар ниёзе набуд аз забони паҳлавии ҳамтироз ва баробар бо забони форсӣ ва мувозӣ бо он номе бурда шавад ва номи ин ду забон дар канори ҳам биёяд!
Гуфтем, ки ин иддиъо ҳеч аояе надорад ва ин забон дар канори ҳам буданд. Аммо агар ҳам забони паҳлавӣ модари забони дарӣ бошад, ин чи истидлолест? Агар паҳлавиро модари дарӣ бидонем ва дариро духтари паҳлавӣ, бояд пурсид магар вақте духтаре ба дунё биёяд модараш мемирад ва духтару модар наметавонанд ҳамзамон бо ҳам зиндагӣ кунанд?
Намунаи дигаре аз таҳрифро метавон дар нақли сухани устод Саъиди Нафисӣ дид:
Марҳум Саъиди Нафисӣ ҳам дар мавриди хостгоҳи забони форсии дарӣ мегӯяд: “Назму насри забони дариро бояд зодаи Мовароуннаҳр ва дарбори Сомониён донист.”
Инҷо сухан аз назму насри дарӣ, яъне адабиёт аст, на ин ки худи забони дарӣро дар Фарорӯд “ихтироъ” карда бошанд ва ба ҷоҳои дигар “содир” карда бошанд.
Вай ҳам чунин бо нақли иштибоҳ ва тарҷумаи ноқиси байте аз Ҳофиз, ки ба гӯиши шерозӣ аст, саъй мекунад хонандаро гумроҳ кунад:
ва байте аз Ҳофиз:
Бе пай мо ҷон ғаромат биспариман,
Иззат як вай руштӣ аз имодӣ.
Яъне: ғаромат хоҳем гирифт, беравишӣ аз мо дидӣ.
Ҳол он ки шакли дурусти ин байт чунин аст:
Ба паймочон ғаромат биспариман,
Ғазат як вай раваштӣ аз амо дӣ.
Яъне агар ту як беравишӣ (беадабӣ) аз мо дидӣ, бо поймочон ғаромат ва ҷарима хоҳем пардохт.
Ғазат ҳамон гарат аст, яъне агар ту. Равишт ҳам ҳамон равиш аст. Ҳамон гуна, ки хуришт ҳамон хуриш аст. Дар яке аз шеърҳои фулклур мешунавем:
Хайёт, ки мебинӣ, хушбуриште
Албатта рӯйи палав хуриште.
Фарҳанги Деҳхудо дар бораи поймочон чунин мегӯяд:
Поймочон: поймочу, паймочон, кафшкун, саффи ниъол, даргоҳ
Ба истилоҳи суфиёну дарвешон саффи ниъол бошад, ки кафшкун аст ва расми ин ҷамоъат чунон аст, ки агар яке аз ишон гуноҳе ва тақсире кунад, ӯро дар саффи ниъол, ки мақоми ғаромат аст, ба як пой боздоранд ва ӯ ҳарду гӯши худро чапу рост бар даст гирад, яънегӯши чапро ба дасти рост ва гӯши ростро ба дасти чап гирифта, чандон бар як пой биистад, ки пури муршид узри ӯро бипазирад ва аз гуноҳагш даргузарад (“Бурҳони Қотеъ”).
Ҳаво мехост, то дар саффи боло ҳамсаре ҷӯяд,
Гирифтам дасту афкандам ба саффи поймочонаш (Хоқонӣ)
Албатта инҳо танҳо чанд банд аз нивиштори тӯлонӣ ва бахши нахуст ифозоти ин нивисандаи понтурк аст ва лобуд дар бахши баъдӣ мехоҳад бигӯяд, ки мардуми Тоҷикистону Афғонистон “тӯрк”-анд ва забони дарӣ дарвоқеъ яке аз шохаҳои забони “тӯркӣ” аст ва барои ҳамин забони туркӣ дар Эрон тавонист муқовимат кунад ва дар забони паҳлавӣ мустаҳил нашавад.
Бо пӯзиш аз Султон Валад, писари Мавлонои Балхӣ, бояд гуфт:
Девонагон ҷӯшидаанд, аз хумми нафт нӯшидаанд.
Аз ақл канора кардаву понтурки нобе гаштаанд.
Матни порсиро “инҷо” бихонед
Бифирист