Вожаҳои порсӣ дар Фарҳанги усмонӣ-фаронса

نمونه‌ای از خط و زبان ترکی عثمانیДар ин ҷустор бархе аз вожагони форсии роиҷ дар забони туркии усмонӣ муъаррифӣ шуда, ки бо андӯҳ бояд гуфт дар Эрон ба фаромӯшӣ супурда шудаанд. Шоёни таваҷҷуҳ аст, ки шуморе аз ин вожагон ҳанӯз дар забони туркии усмонӣ корбурд дорад.

Хонандаи гиромӣ таваҷҷуҳ дошта бошад, ки иддиъои таъсирпазирии жарфи забони усмонӣ аз забони форсӣ на аз сӯйи як эронӣ, балки аз сӯи нивисандаи фаронсавии Вожаномаи усмонӣ-фаронса гуфта шудааст.

Вожаномаи усмонӣ ба фаронса (Tunr From cais) дар соли 1873 чоп шуда ва дар пешгуфтори он омадааст:

“Дастнивиси аввалияи Фарҳанги усмонӣ-фаронса кори “Гейфер аст, ки муншӣ ва мутарҷими шоҳи пешини (Луии Шонздаҳум) Фаронса дар забонҳои шарқӣ буд. Дар соли 1811, ки давлати Фаронса ҳамсояи иёлоти таҳти фармони усмонӣ буд, дастгоҳи ҳукумати Нопулеун ниёзи шадид ба як фарҳанги усмонӣ-фаронса эҳсос мекард. Бавижа, вазири умури хориҷаи вақти давлати Фаронса алоқаи вижае ба интишори ин фарҳанг аз худ нишон медод.

Забони туркӣ дар асл хеле сода ва фақир будааст, аммо батадриҷ бо истифода аз манобеъи арзишманди забонҳои арабӣ ва форсӣ ғанӣ шудааст. Нивисандагони усмонӣ аз гузашта аз вожагони ин ду забон баҳра ҷустаанд. Ба тавре, ки бидуни газофагӯӣ метавон гуфт, ки се чаҳоруми забони усмонии кунунӣ аз ду забони номбурда ташкил шудааст. Аз ин рӯ, фарҳанге, ки битавонад мавриди баҳрабардории “қадимитарҳо” ва “ҷадидтарҳо” қарор гирад, бояд бахшҳои зерро дар бар гирад:

  1. Ҳамаи вожаҳои туркии асил.
  2. Истилоҳоти маҳдуди хориҷӣ, ки ба сурати туркӣ даромада ва дар гуфтугӯйҳои рӯзмарра аз он баҳрагирӣ мешавад.
  3. ҳамаи вожаҳои арабӣ ва форсӣ, ки ба далели ғанои забони онҳо нивисандагон онҳоро дар забони худ (усмонӣ) ворид карда ва аз он истифода мешавад.

Ба ин маворид бояд феълҳои ибтидоӣ ва вожаҳои роиҷи форсиро изофа кунем ва…”

Инак бархе аз вожаҳои форсӣ, ки аз фарҳанги мавриди ишора баргирифта шуда, бо шарҳе кӯтоҳ дар мавриди маънои онҳоро бихонед:

Ранк – бузи кӯҳӣ
Сухангузор – ҳозирҷавоб
Хуҷаст – номи овое дар мусиқӣ
Хуҷир – лазиз
Ризвон (رزوان) – боғи ангур (ва вожаи “ризвон” (رضوان) дар арабӣ ба маънои биҳишт низ аз ин вожа гирифта шудааст)
Разза – таноби чодар
Обгузар – конол
Обкор – саққо (марди обкаш)
Обдаст – вузӯ
Пилӯчӯб – мисвок
Абзордон – ҷаъбаи атру адвия
Обак – ҷева
Парандӯш – парешаб
Парвосидан – ламс кардан
Парвош – инкор
Хонапару сояпарвар – хоназод
Бару фурӯд – дар боло ва пойин, савор шудану пиёда шудан
Бурушак – гард (пудар, порошок?)
Барҳехта – фарҳехта
Барҳехтан – дониш омӯхтан
Парҳун – доирае, ки ба василаи паргор кашида шуда бошад, доираи хуршед, доира
Паридор – шуъбадабоз
Парер – дирӯз
Парерсол – порсол
Торчӯба – морчӯба
Торам – як ашкӯб (табақа) аз хона ва дорбаст (чорчӯбе, ки устоҳо ё меъморон болои он кор кунанд, ё току каду бар он андозанд, то болои он паҳн шавад)
Тора – навъе кулбаи чӯбӣ, тори мусиқӣ, нахи панбаӣ
Дукорд – қайчии бузурги хайётӣ, қайчӣ барои чидани пашми гӯсфанд (ин вожа дар забони форсии имрӯзӣ барои қайчии вижаи чидани пашми гӯсфанд корбурд дорад)
Ҷомакӣ – қаввораи (порае аз) порча ё матоъ

Ва даҳҳо ҳазор вожагони дигар.

Баргирифта аз торнамои Пижӯҳишкадаи Озарподгон

Матни порсиро “инҷо” бихонед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*