Порсӣ Анҷуман: Устод Сафари Абдуллоҳ донишманди эроншинос, устоди забон ва адаби порсии Донишгоҳи Абулайхони Олмотии Қазоқистон ва аз ҳамвандони Анҷумани донишварони Порсӣ Анҷуман аст.
Дар гуфтугӯи зер, устод аз бедории эрониёни Фарорӯд дар даҳаи 1970 ва 1980 мегӯяд ва ин ки чигуна андеша ва худшиносии миллӣ миёни онон жарфо ёфт ва ин ки тоҷикон дар пайи посух бад-ин пурсиш буданд, ки аз куҷо омадаанд ва ба куҷо равонанд.
Ӯ сипас гузаре ба таърихи Эрон мезанад ва аз тозиши юнониён ва румиён ва тозиён ва туркон ва муғулон ва русҳо ва инглисиҳо мегӯяд ва ин ки чигуна шаҳрёрии эронӣ аз миён рафт ва сарриштадорӣ ба дасти бегонагон уфтод, то ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон, ки пас аз фурӯпошии Шӯравӣ рух дод.
Устод ҳамчунин аз арзиши волои адаби порсӣ мегӯяд ва яке аз бадбахтиҳои Тоҷикистонро аз миён рафтани дабираи порсӣ медонад ва мегӯяд, ки Шӯравӣ ҳам Самарқанд ва Бухороро аз эрониёни Фарорӯд гирифт ва ҳам дабираи порсиро. Вай ба думбола ба чироии бозгардондани дабираи порсӣ ба Тоҷикистон мепардозад ва мегӯяд, ки нозиш ва болиши забони мо дар дабираи мост ва пешзаминаи пешрафти Тоҷикистон бозгардондани дабираи порсӣ ба ин кишвар аст, то гусасти миёни ҳамзабонон ва низ ниёгон аз миён биравад.
Устод бар ин бовар аст, ки бе дониш ба ҷое намерсем ва пешзаминаи ҳар пешрафте густариши дониш ва низ шинохт ва огоҳии ҳамагонист.
Ин гуфтугӯи огоҳидиҳанда аз порсизабонони Фарорӯдро дар зер, аз даҳлези ютюбии “Китобхон”, бибинед ва бишнавед:
Бифирист