Номаи сухансарои афғонистонӣ ба фарзандонаш

Фарзандони ъазизам!

 Ин номаро барои ояндаи шумо менивисам. Инҷо, ки истодаед, оромгоҳи бузургтарин шоъири порсӣ, Абулқосим Фирдавсии Тӯcист. Шумо ҳоло намедонед, ки дар куҷо истодаед, аммо вақте бузург шавед, аз ин ки дар кӯдакӣ инҷо тасвире доред, ифтихор хоҳед кард. Қатъан агар падари шумо низ дар синну соли шумо инҷо ъаксе мегирифт, ба он ифтихор мекард. Аммо лозим аст бидонед, ман мисли шумо тавфиқи ъакс гирифтан ба болои мазори ӯро дар баччагӣ надоштам, аммо тасвире, ки аз Фирдавсии бузург дар зеҳни кӯдакии ман мутабалвир ёфт, камтар аз ин ъакси шумо маънодор нест. Имрӯз, ки ин вожаҳоро бароятон менивисам, дар пешгоҳи Фирдавсӣ камтар аз онам, ки бигӯям ман низ шоъирам, аммо бобобузурги шумо «Шоҳнома»-и ин шоъири хирадмандро дар синааш ҳифз карда буд. Падарбузурги шумо аз ҷаддаш, ирси шоҳномахонӣ ва шоҳномадониро бурда буд. Мисли шоҳномахонии падарбузурги шумо, тасвири Эрон ва Фирдавсиро дида будам. Дар шабҳои Панҷшер ва шабнишиниҳои Кобул, мо ашъори ин шоъири бузургро аз забони падарам мешунидем ва аз «Шоҳнома»-ҳои ӯ лаззат мебурдем. Ман ба масири фарҳанг омадам, дар таъйини масирҳои шумо ҳаққе нахоҳам дошт, шумо озод ҳастед, ки ҳар тавр мехоҳед биандешед, аммо андешаи падари шуморо беҳтар аст андаке бидонед.

Дар рӯзгорони қадим, тозиён бо тозиёнаи эътиқод бар сарзаминҳои мо ҳамлавар шуданд, ба номи дин, аммо барои зудудани фарҳанги тамаддунии мо, аҷдоди моро аз дами теғ гузаштонданд, забон моро буриданд, фарҳанги моро ба тороҷ бурданд ва дар бозорҳои бардафурӯшии хеш зеботарин занони сарзамини моро бараҳна ба фурӯш ва намоиш гузоштанд. Ин ҷуғрофиё қарнҳои мутамодӣ мавриди ҳуҷум ва ишғол буд. Шоъире дар батни таҳаввулот ва ҳувийятбохтагӣ, барои наҷоти порсӣ ва ҷуғрофиёи порсӣ, эъломи ҳузур кард ва ҳувийяти фарҳангии худашро бозгӯ кард. Ў бо ҷасорати тавсифнопазире, ҳувийяти бумӣ ва фарҳанги ҷуғрофиёии як тамаддуни паҳноварро дар қолаби назми ҳамосӣ ба таҳрир даровард.

Ин шоҳномасурои сутург, додхости таърихи Кобулу Балху Нишобур ва Хуҷанду Самарқандро ҳамчун як ъаламбардор бар даст гирифт ва решаҳову асосҳои моро аз зери хоку хокистари торих берун овард ва бо вожагоне, ки калидмафоҳими фарҳангии мост, зинда кард ва моро ҳувийят бахшид. Писаронам, фардо вақте бузург шудед, «Шоҳнома»-и Фирдавсиро бихонед; ҳаққо, ки аз асарҳои бузурги ҷаҳони ҳамоса аст ва Эрони Фирдавсиро бишиносед. Дар Эрони Фирдавсӣ, Балху Самангону Бомиён, Марву Хуҷанду Бухоро, Нишобуру Исфаҳону Шероз хонаи қадимии мо будааст. Хонаи қадимии мо, ки аз асари оштинопазирии писарони нохалаф, қайчӣ ва порча-порча шудааст. Хонае, ки падари шумо марзҳояшро ба расмият нашинохта ва шумо низ нашиносед. Шумо дар хоки марде истодаед, ки аҷдодатон «Шоҳнома»-и ӯро дар сина зери хок бурданд.

Писаронам! Вақте бузург шудед ин шоъирро бишиносед, ҳакимест фарҳехта ва хирадмандест ъамиқ, ки пандҳо ва пиндорҳояш ҳамчун чароғе дар тирароҳҳои зиндагӣ, шуморо рӯшноӣ хоҳад дод. Шеър ӯ хирад аст ва ҳамосаи ӯ торих.

 Пай афкандам аз назм кохи буланд,

 Ки аз боду борон наёбад газанд.

 Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,

 Ъаҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!

Сарчашма: сафҳаи фейсбукии Наҷиби Борвар

***

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*