Рӯйовариши шаҳрвандони Эрон ба «Зардуштнома», сурудаи чомасарои тоҷикистонӣ

Порсӣ Анҷуман: Чопи нахусти нибег (китоб)-и «Зардуштнома», сурудаи чомасарои тоҷикистонӣ Меҳроспанди Отбиён, ки нашри «Шӯрофарин» дар 370 рӯя ва бо пӯшинаи нарм дар дастраси пижӯҳандагон ва дӯстдорони фарҳанги эронию забони порсӣ ниҳода, бо рӯйовариш (истиқбол)-и фаровони шаҳрвандони Эрон рӯбарӯ шуд.

Ин нибег дар бораи зиндагӣ, ойин ва омӯзаҳои нахустпаёмбари эрониён ва ҷаҳон Зардушт аст. Меҳроспанди Отбиён дар пешгуфтор, дар бораи ҷойгоҳи Зардушт дар дониш ва андешаи ҷаҳониён, навиштааст: «На камтар аз 3700 сол пеш аз ин дар Эрони Бостон бузургмарде падид омад, ки дар дониш ва андешаи фалсафӣ ва динӣ ва химӣ (ахлоқӣ) ва куниш ва рафтори ҷаҳониён нишоне чашмгир гузошт, ки натанҳо дар замони худ гардиши бузурге падид овард, ба болои он пайи зудуданашавандаи он то ҷовидона дар андешаҳои донишӣ ва химӣ ва динии ҷаҳониён поянда ва мондагор хоҳад буд, ва он абармарди бузурги торих, нахустфайласуфи ҷаҳон, ки пас аз зиндагии хеш андешаҳои ӯ дар густараҳои гуногуни дониш ва фалсафа ва фарзонагӣ ва химшиносӣ ва динҳои ҷаҳонӣ андаромад ва кор кард ва то кунун нишонаҳои андешаҳои жарф ва пешгоми ӯ дар ҳама гуна шохаҳо ва равияҳои донишу фарҳанги ҷаҳон ба чашм мерасанд, Зардушти Спитом буд, ки ҳамчун нахустин гундо (ҳаким) ва файласуфи нерӯманди торих, дар паёмади пижӯҳишҳо ва омӯзишҳо ва нигоҳи жарфи хеш, ба он расид, ки ҷаҳонро ҳанҷорест. Ба дигар сухан, сохтори дурусти гардиш ва равиши ҷаҳони астуманд (моддӣ) ягона аст ва андар он ду нерӯи ба ҳам ҳамистор (Сипантоман ва Аҳриман) пайваста дар пайкоранд ва хираде берун ва андаруни ин гетии астуманд ҳаст, ки офаридагори он аст ва ӯро ном Аҳӯро Маздост.

Ашӯ Зардушт поягузори нахустин донишҳо ва андешаҳои фалсафӣ ва нахустин ойини яктопарастӣ ва бозсозгари сохтори дин ва шаҳриёрӣ дар Эрони Бостон буд, ки «ашо» (ростӣ, ҳанҷори ҳастӣ)-ро андозагири ягонаи дониш ва рафтор ва куниши ҷаҳониён шуморид ва хирадро мояи ҳастӣ ва дастури зиндагӣ гуморид ва тӯдагонро ба роҳи некӣ, доду дониш ва рӯшноӣ роҳнамоӣ кард. Ӯ натанҳо дар дин ва хим ва куниш ва фалсафа, дар баробари он дар сохтори шаҳрдорӣ ва додгустарӣ ва пешбурди зиндагонии тӯдаҳои мардум ва донишҳои рӯзгори куҳан низ гардиши бузург ба миён овард.

 Меҳроспанди Отбиён дар бораи чироии сурудани “Зардуштнома” нивиштааст: «Дар Тоҷикистон, дар солҳои навади садаи гузашта ва низ оғози садаи бистуякум, ниёз омад, ки ба корҳои донишу фарҳанг ва забону адабиёт рӯй оварда шавад; чи аз як сӯ, фарҳанги бегона бо шитоби баланд дар мағзи тӯдаҳои мардум гузор мекард ва фарҳанги миллӣ рӯ ба фаромӯшӣ мерафт ва аз дигар сӯ, забон вайрон мегардид. Ба забони мо шумори фаровони вожаҳои тозӣ, дониста ва надониста, медаромад, ки бештари онҳо нодуруст корбурд мешуданд, ки ҳам хандаовар ва ҳам дилгиркунанда буд. … Дар бораи Зардушт, ки саромад ва сароғози фалсафа ва ойини яктопарастӣ дар ҷаҳон аст ва омӯзаҳои ӯ бо андешаҳои пазируфташудаи имрӯзӣ ва дидгоҳҳои донишмандони замон созгоранд, дар Тоҷикистон кам менависанд ва кам медонанд ва дар ин бора шумори каме дастраси хонандаи тоҷик шудааст ва бас.… Олудагии зистбум, вайронӣ ва нобудии ҷаҳони зиндагон, ҷангу куштор, вайрон шудани рафтори тӯдагон ва бисёр душвориҳои дигар набуд, агар мо аз омӯзаҳои Ашӯ Зардушт меомухтем ва ба он кор мекардем. Пояи омӯзаҳои Зардушт хирадгароӣ, ростӣ, андешаи нек (ҳумат), гуфтори нек (ҳухт) ва кирдори нек (ҳуваришт) аст. Дар фалсафа, Зардушт қонунҳои диолектики пайкори ҳамисторҳо (некӣ ва бадӣ) ва дигаргун шудани пайвастаро пеш аз ҳамагон андарёфтааст. Ӯ некӣ, зебоию зебопарастӣ, хушию хуррамӣ ва ободкориро ба мардумон омӯхт. Пешванди «ҳу-» (беҳ-, хуб-, хуш-, нек-, некӯ-), дар омӯзаҳои ӯ, бахши нахусти бисёр аз вожаҳо гаштааст, ки басо пуррангубор аст, чунон: ҳубӯй (хушбӯй, хушмаза), ҳудин (беҳдин), ҳугар (некӯкор), ҳукирб (хушандом, хубпайкар), ҳукирд (нексохта, хушсохт), ҳуух (хушдил), ҳужир (некӯ, хубчеҳра), ҳузивиш (хубзӣ, хушзиндагонӣ). … Чашм бар он доштам, ки нивиштае дар ин бора аз сӯи донишмандон ва нивисандагони гиромии мо ба ҷаҳони ҳастӣ ояд ва ба дасти хонандаи тоҷик расад, вале солҳо гузаштанд ва ба чашм наомад. Аз ин рӯй, худ соли 2000 оғоз кардам ба дар ришта кашидани донаҳои гавҳар, гавҳарҳое, ки чун мурдареге (меросе) аз гузаштагон ба мо мондааст; ба дигар сухан, гуфторҳо ва афсонаҳое, ки дар бораи Зардушт то ба рӯзҳои мо омада расида, то хонандаи тоҷик аз Зардушт ва омӯзаҳои ӯ огоҳӣ дошта бошад, зеро он солҳои хоҳишмандӣ ва ниёз мардум ба торихи фарҳанг ва донишҳои Эрони бостон (/ сарзаминҳое, ки ориёиён дар он ҷо бошандагӣ доштаанд) бештар аз ҳар замоне ба чашм мерасид. Худ бахше аз онро рӯйи коғаз овардам ва боз аз нивиштани он даст боздоштам ва дирангидам ва пас аз чанде, соли 2002, онро боз аз сар гирифтам. … Бояд бигӯям, ки хостаи ман аз ин кор, расонидани фарҳанги хирадгароӣ ва арҷгузорӣ ба забон ва фарҳанги пурарзиш ва волои меҳанӣ, дар хонанда пайдо сохтани меҳанпарастӣ, болиши миллӣ, бедорӣ ва озодандешӣ, ошно кардани хонанда бо омӯзаҳои арзишманд ва ҷовидонаи ниёгонамон, худшиносӣ ва монанди инҳо буд.»

 Намунае аз сурудаи «Зардуштнома» чунин аст:

 Ба душман бандагӣ кардан гуноҳ аст,

 Бидодан сов[1] бар Нерон[2] на роҳ аст.

 Нашояд бож бидҳад Эр[3] бар Нер[4],

 Нагирад сов ҳаргиз рӯбаҳ аз шер.

 Ҳудинонро ба ҷуддин вом набвад,

 Беҳонро нест фармон бурдан аз бад.

 Ба Эрон ҳар ки дасти зӯр ёзад,

 Нижанду зор сар дар гӯр созад…

Эрониён боварманданд, ки бо он чи дар Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ рафт, ин кори Меҳроспанди Отбиён ба варҷ (муъҷиза) мемонад. Ба гуфтаи Ҳофиз:

Аз ин самум, ки бар тарфи бӯстон бигзашт,

Ъаҷаб, ки бӯи гуле ҳасту ранги настаране.

Ин нибег ба зудӣ дар Тоҷикистон ҳам ба чоп расида ва дар дастрас хоҳад буд.

Пайнивишт:

[1] Боҷу хироҷ

[2] Анэрон, ғайр аз Эрон, хориҷ аз Эрон

[3] Эрон

[4] Анэрон

——————————————————————————————————————————-

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*