Кӯшиши барномаманд барои порсизудоӣ аз Афғонистон

 Порсӣ Анҷуман: Ғуфрони Бадахшонӣ зодаи 26-уми шаҳривари 1361 (хуршедӣ) дар Баҳористони Бадахшон аст. Ў омӯзишҳои нахустинро то 13-солагӣ дар Бадахшон гирифт ва сипас роҳии Ҳуланд шуд ва дар он ҷой дастурӣ (дуктурӣ)-и фалсафа гирифт.

 Бадахшонӣ то кунун нибегҳое чанд, монанди «Баҳори бедорӣ», «Ман Эронам», «Нақде бар сохтори низоми сиёсӣ дар Афғонистон» ва «Пашшаҳои дурдикаш», чоп кардааст.

 Ончи дар пай меояд, бахше аз гуфтугӯи торнамои «Хабар-онлойн» аст бо ӯй дар бораи рӯзгори порсӣ дар Афғонистон.

 Иттифоқоти сиёсӣ, ки дар солҳои ахир уфтод ва ҳатто бахшнома карданд, ки ҳеч тоблуе набояд ба форсӣ бошад, чи таъсире бар забони форсӣ дар Афғонистон гузошт ва оё камрангаш кард?

 – Иттифоқан 20 соли гузашта аз ҷумлаи барҷастатарин давраҳои шукуфоии забони форсӣ дар Афғонистон аст. Бедоде, ки давлатмардон паштунтабори мо дар солҳои пасин бар забони форсӣ раво дошта буданд дар 20 соли гузашта, ба вежа дар давраи Ҳомид Карзай ва вақте ки Абдулкарими Хуррам вазири фарҳанги Афғонистон буд, ба шукуфоии забони порсӣ анҷомид. Ҳамон даврае, ки бархе вожагони форсӣ мисли “донишгоҳ-у “донишкада” ва “нигористон” манъ қарор мегиранд ва дар мавриди «Нигористони миллии Афғонистон», чун нигористон вожаи «эронӣ» аст, номашро «Голерии миллии Афғонистон» мегузоранд. Ин масъала боис шуд, ки ҷамъи бисёр зиёде аз бузургони фарҳангии танбале, ки солҳои сол қалам назада буданд, барои раҳонидани худ аз ъазоби виҷдон бикованд ва асноди торихии бедодеро, ки зӯрмандони паштунтабор бар забони форсӣ раво дида буданд, берун бикашанд.

 Дар ҳеч даврае аз торихи муосири Афғонистон ба андозаи 20 соли пасин огоҳии торихӣ-фарҳангӣ дар Афғонистон халқ нашудааст. Дар 20 соли гузашта рӯзгори забони форсӣ хеле хуб будааст ва огоҳӣ нисбат ба забон, нисбат ба торих, бо ин ки онҳо бар забон ва ҳувийяти форсӣ танг гирифта буданд, бисёр шуд. Вокуниши мардум нисбат ба барномае, ки давлат барои саркӯби забон ва ҳувийяти форсӣ дошт, натиҷаи бисёр хубе дод.

 Паштунҳо бо забони форсӣ душманӣ доранд?

 – Паштунҳо на, давлатмардони паштунтабор.

 Мардуми паштун ингуна нестанд?

 – Ман паштунҳоро ба се даста тақсим мекунам: давлатмардони паштун, ки барномашон мушаххас аст. Паштунҳое, ки тарафдори давлатмардони паштунанд, ки боз ба ҳамонҳо мепайванданд ва паштунҳое, ки тарафдори инҳо нестанд, вале хомӯшанд ва барои ман, чун хомӯшанд ва ҳеч вокунише аз онҳо дида намешавад, ба ҳамонҳо мепайванданд ва дар ҳақиқат ба як навъ паштун бармегардем, як навъ паштун, ки бақои худро дар ҳазфи ҳувийяти порсӣ мебинад.

 Паштуне, ки алоқаманд ба забони форсӣ бошад дар Афғонистон вуҷуд надорад?

 – Дар хилвати худашон ҳастанд. Шоирони паштуне, ки ба забони форсӣ шеър сурудаанд ва забони давлат ва забони дарборашон форсӣ будааст. Ҷавони паштун тасмим бигирад, ки фулон румон, фулон нивисандаи фарансавиро бихонад, ба кадом забон бихонад? Тарҷумае ба забони паштун вуҷуд надорад ва ночор аст форсӣ бихонад, пас аз рӯйи ногузирӣ агар бошад, бояд ба форсӣ рӯй биёварад. Чун забони донишгоҳ ҳанӯз ҳам забони форсӣ аст, забони мактабҳо ҳанӯз ҳам забони форсӣ аст.

 Яъне ҳатто онҳое, ки паштунанд ҳам бояд сари клос форсӣ ёд бигиранд?

 – Бале.

 Аммо мумкин аст дар чанд соли оянда тағйир кунад?

 – Мумкин аз ин назар, ки инҳо барои нахустин бор дар Кобул мактабҳое барпо карданд, ки танҳо ба забони паштун буд, дар ҳамин 20 соли пасин ва ин барои аввалин бор буд, ки дар Афғонистон иттифоқ меуфтод. Дар ҳамин 10 соли пасин имкон дошт ба паштуне барбихуред, ки форсӣ ёд надошта бошад, чун ҳеч гоҳ аз рустояш берун наомадааст, аммо имкон надошт паштуни босаводеро бубинед, ки форсӣ нафаҳмад. Чун бояд ёд бигирад.

 Ин танг гирифтан дар 20 соли гузашта, гумон мекунам бо омадани Толибон тангтар ҳам хоҳад шуд. Ман эъломияҳои Толибонро, ки мебинам мушоҳида мекунам аввалин матн паштун аст ва дувумӣ форсӣ.

 – Ин кӯшиши 60-сола аст, ки забони форсиро дар ҷойгоҳи дувум қарор диҳанд, аммо намешавад. Чун забони миёнтаборӣ, забони форсӣ аст.

 Дар Толибон форсизабон ҳам дорем?

 – Ҳастанд, вале каманд. Ҳузурашон роҳест барои раҳондани ҷунбиши Толибон, чун ҷунбиши Толибон муттаҳам буд, ки фақат қавмӣ аст. Барои тағйири ин хониш дар 20 соли гузашта аз тоҷик ва аз узбак ва ғайра нерӯҳое пайдо карданд.

 Мегӯянд «афғон» нанивисед, бинивисед «афғонистонӣ». Чиро ки вақте мегӯем «афғон», яъне мансуб ба қавми афғон ва вақте менависем «афғонистонӣ», яъне мансуб ба кишваре, ки номаш Афғонистон аст. Номи Афғонистон ба чи чиз бармегардад, ба қавми паштун, ки худро афғон медонанд?

 – Паштунҳо худро афғон намедонанд, паштунҳо афғон ҳастанд ва мо ҳам паштунҳоро афғон медонем.

 Ғайрипаштунҳо чи тавр?

 – Ман ғайрипаштунам. Мани ғайрипаштун мегӯям фарқе миёни паштун ва афғон барои ман нест. Бародари узбакам ҳам ҳамин аст, бародари ҳазораам ҳам ҳамин аст. Афғонистон аз нигоҳи забонӣ, яъне сарзамини паштунҳо. Аз нигоҳи дастури забони форсӣ дурусташ ин аст, ки бигӯем «афғонистонӣ», ки «ё»-и нисбат маро ба Афғонистон нисбат медиҳад. Аз нигоҳи маъноӣ вақте мегӯям «Ман афғонистонӣ ҳастам», яъне ман аз сарзамини Афғонистон ҳастам, ман аз сарзамини паштунҳо ҳастам.

 Пас афғонистонӣ беҳтар аз афғон аст?

 – Аз нигоҳи забонӣ беҳтар аст. Дурусттар аст. Ҳамон «ё»-и нисбатеро, ки ба Эрону Покистон ва Тоҷикистон изофа мекунем ва эронию покистонӣ ва тоҷикистонӣ месозем, ҳамин «ё»-ро ба Афғонистон ҳам меафзоем ва мегӯем «афғонистонӣ», вале аз нигоҳи маъноӣ афғонистонӣ, яъне касе, ки аз сарзамини афғонҳо меояд, аз сарзамини паштунҳо меояд. Тамоми буҳрони Афғонистон ҳам бархоста аз ҳамин аст, ки ман паштун нестам.

 Ман аз вожаи ҳувийят истифода намекунам ва мегӯям ҳамбастагии мо дар маърази хатар аст.

 – Зербинои ин ҳамбастагӣ чист? Чиро Яъқуби Лайс бояд мегуфт «бар ман шеър нахонед ба забоне, ки ман дарнаёбам». Чун масъалаи забон яке аз муҳимтарин буъдҳои ҳувийяти мо дар торихамон аст. Одобу русум ҳам муҳимманд, аммо забон яке аз муҳимтаринҳост. Мусиқии мо забони мост, пайкартарошии мо забони мост. Наққошии мо забони мост. Ҳунар ва фарҳанги мо забони мост. Яъне василае, ки бо он меандешем, василае, ки бо он худамонро муъаррифӣ мекунем, василае, ки дигарон бо он моро мешиносанд, ба забон бармегардад.

 Дар Ҳуланд дӯсте озарбойҷонӣ бо ман тамос гирифт, ки сафорати Озарбойҷон мехоҳад Низомӣ, шоири миллии Озарбойҷонро гиромӣ бидорад, шумо метавонед лутфан бахше аз корҳои Низомиро ба забони ҳуландӣ барои мо тарҷума кунед? Пурсидам аз кадом кораш мехоҳед? Гуфтанд магар чанд кор дорад?! Вақте носюнолисм бедод мекунад, шоире, ки забонашро намефаҳмем, шоире, ки намефаҳмем чи нивиштааст, шоири миллии худ муъаррифӣ мекунем ва мегӯем биравем порсигӯе пайдо кунем, ки бахше аз кори ӯро ба забони ҳуландӣ бароямон тарҷума кунад ва мо биёем ба бақияи милал бифаҳмонем, ки ин шоири порсигӯй, ки мо худ забонашро намефаҳмем, шоири мост! Ё Туркия, ки тундиси Бӯалиро ба унвони ҳакими бузурги турк сохтааст!

 Ҳамаи инҳо бармегардад ба ин, ки мо дар давраҳои мухталифе аз торих иштибоҳоти мухталиферо муртакиб шудаем ва вақти он фаро расидааст, ки насли мо, дастикам хишти аввали як ривояти ҳамашумул ва содиқона аз фарҳанг ва ҳувийятамонро бигузорад то насли ояндаамон ҳам муртакиби ҳамин бедод нашавад ва ҳамин бедод бар онҳо низ таҳмил нашавад, вагарна дар ҳамин ҳалқаҳои кӯчак ва вобастагиҳои кӯчак боқӣ мемонем.
——————————————————————————————————————————-

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*