Понтуркон ва сурудае аз Мавлоно

Шаҳрбароз: Хонандае навиштааст, ки бархе аз узбакон дар кишвари Афғонистон аз ин рубоии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ натиҷа гирифтаанд, ки Мавлоно турк будааст ва назари маро пурсидааст:
Бегона магиред маро, з-ин кӯям,
Дар кӯи шумо хонаи худ меҷӯям.
Душман наям арчанд, ки душманрӯям,
Аслам турк аст агарчи ҳиндигӯям.
Шӯрбахтона, бештари понтуркон шустушӯи мағзӣ шудаанду истидлол бар онҳо коргар нест. Дар набуди манбаъи расмию давлате тавонманд дар посдорию нигаҳбонӣ аз мероси фарҳангии Эрон, чунин кори сангинӣ бар дӯши Эрондӯстон аст.
Мушкили понтуркону ноогоҳон, ҳамон гӯна ки пештар низ гуфтаам, ин аст, ки сафсата мекунанд ва чун бо адаби порсию санъатҳои адабӣ монанди маҷозу киноя ва истиора ошно нестанд ва намефаҳманд, ҳар лафзеро дар ҳамаи ҷо ба ҳамон маънои зоҳирияш мегиранд ва аз ҳарчи ба судашон набошад чашм мепӯшанд ё онро таҳриф мекунанд. Бархе дигарашон низ марзҳову шароити ҷуғрофиёии инсонии имрӯзиро милоки гузашта мегиранд ва мегӯянд чун имрӯз мардуми Қуния турканд ё дар шаҳри Балх гуруҳе узбаку туркизабонон ҳам зиндагӣ мекунанд, пас Мавлоно ҳам турку туркзабон будааст! Албатта, бешинаи мардуми Балх ҳанӯз ҳам эронию порсизабонанд . Дар воқеъ узбаке аз сокинони шаҳри Балх ин пайғомро бароям гузошта буд, ки «Ман туркам ва дар Балх зиндагӣ мекунаму ниёконам ҳам дар ҳамин шаҳр будаанд. Пас Мавлоно ҳам турк аст»! Ин гуна суханҳо нишон аз ноошноӣ бо торих ва тағйирҳо ва дигаргуниҳои ҷуғрофиёию ҷамъиятӣ ва муҳоҷиратҳои инсонӣ дорад. Ангор агар имрӯз дар шаҳре дар маркази кишвари Омрико марди олмонӣ зиндагӣ кунад, иддао кунад, ки бумиёни омрикоӣ (монанди опочиҳо) ҳам олмонӣ будаанд!!
Мавлоно (ва дигар бузургони эронӣ монанди Пури Сино, Форобӣ, Низомӣ, Фирдавсӣ ва…) мероси фарҳангии ҳамаи инсонҳо ҳастанд, аммо эронӣ будани Мавлоно (ва он дигар бузургон ) бар аҳли хирад ва беғаразону ошноён бо адаби порсӣ ва торихи замони Мавлоно чун рӯз ошкор аст. Ва боз равшан аст, ки манзурамон аз эронӣ будани Мавлоно ин нест, ки дар марзҳои Эрони сиёсии имрӯзӣ ба дунёи омада ва шиносномаву гузарномаи ҳукумати Эронро дар ҷайб доштааст, балки манзурамон Эрони торихию фарҳангӣ ва сарзаминест, ки дар гузашта бо номи Эрон ё мулки Аҷам шинохта мешудааст (ва эрониёнро гоҳе тоҷик ҳам мегуфтанд дар баробари турк). Бо ин ҳол, касонеро, ки дунболи санаду мадрак барои эронӣ будани Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мегарданд ба ду нишонии зер роҳнамоӣ мекунам:

Мавлоно ва иддаоҳои понтуркон дар пойгоҳи Озаргушасп
ва
– «Ғаразҳо тира дорад дӯстиро» дар пойгоҳи Солгарди Мавлоно.

Чанд нуктаи муҳимми ин ду навиштаро дар инҷо бозменивисам:
1 – Дар воқеъ яке аз муҳимтарин далелҳои муҳоҷирати Мавлоно ва хонадонаш ва бисёре аз дигари эрониён аз шарқи Эрон ба сӯи ғарб ҳамлаи туркони Осиёи Миёна ва муғулон будааст. Хотироти Мавлоно ва дигар шоирони эронӣ аз туркону муғулон ба сурати ҳамлаву куштор ва вайронӣ будааст. Истилоҳи «турктозӣ» ҳанӯз дар забони порсӣ роиҷ аст. Боз бояд ёдоварӣ кунам манзур туркони Осиёи Миёна дар садаҳои гузашта асту туркизабонону туркони имрӯзӣ набояд ба худашон бигиранд. Худи Мавлоно низ дар бораи туркон дар корбурди қавмию лафзӣ назари мусбате надорад:
Он Абуҷаҳл аз паямбар муъҷизе
Хост ҳамчун кинавар турки ғузӣ. (Маснавӣ)

Он ғузони турк хунрез омаданд,
Баҳри яғмо бар деҳе ногаҳ заданд.

Оби ҳаёти ту гар аз ин банда тира шуд,
Туркӣ макун ба куштанам, эй турки туркхӯ.

Шайхи ҳинду ба хонақоҳ омад,
Не ту туркӣ? Дарафкан аз бомаш!
Ин байти охир гузашта аз истиорае, ки барои шабу рӯз (ҳинду ва турк) дар он ҳаст, ишорае низ дорад ба хотироти Мавлоно аз бархурду рафтори туркону муғулон бо шайхҳои хонқоҳҳову орифони эронӣ дар Хуросон – зодгоҳи Мавлоно – ки дар баробари таҷовузу ғорати бегонагон муқовимат карданд ва кушта шуданд. Дар ин байт аз партоб кардани шайхи хонқоҳ аз болои бом ёд кардааст.
2 – Шамсиддин Аҳмади Афлокӣ дар китоби «Маноқиб-ил-орифин» – ки шарҳи зиндагии Мавлоно ва хонадон ӯст – чунин менависад: “Ҳикояти машҳур аст, ки рӯзе ҳазрати шайх Салоҳиддин [манзур Салоҳиддини Фаридуни Заркӯб, шогирду дӯсти Мавлоност] ҷиҳати иморати боғи худ машшоқони туркӣ ба муздурӣ гирифта буд. Ҳазрати Мавлоно фармуд ки афандӣ [вомвожае юнонӣ ба маънои сарвар]! Дар вақти иморате, ки бошад, машшоқони румӣ бояд гирифтан ва дар вақти хароб кардани чизе муздурони турк; чи иморат [ =обод кардан ]-и олам махсус аст ба румиёну харобии ҷаҳон мақсуд аст ба туркон; Ӯ ҳақ – субҳонаҳу таъоло – чун эҷоди олами мулк фармуд …гурӯҳи туркон офарид то бемуҳобо ва шафқат ҳар иморате, ки диданд, хароб карданд ва мунҳадим гардониданд ва ҳанӯз мекунанд ва ҳамчунон явманбиявм [ =рўз ба рӯз ] то қиёмат хароб хоҳанд кардан» (саҳ. 721, чопи Язичӣ, Туркия)
3 – Мавлоно худ дар байте ба равшанӣ гуфтааст, ки турк нест ва туркӣ намедонад:
Ту моҳи туркию ман агар турк нестам,
Донам ман ин қадар, ки ба туркист об «сӯ».
Понтуркон он қадар дурӯғи туркзабон будани Мавлоноро такрор кардаанд, ки барои ин воқеият, ки забони модарии Мавлоно порсӣ буда ҳам, бояд далел овард! Зиндаёд хонуми дуктур Она-Морӣ Шимел (Annemarie Schimmel) эроншиноси олмонию коршиноси Мавлоно дар китоби «Офтоби пирӯзманд: баррасии осори Ҷалолиддини Румӣ» (The Triumphal Sun : A Study of the Works of Jalaloddin Rumi ) чопи Донишгоҳи иёлатии Ню-Йорк дар соли 1993 м. /1372 х. ҳам чунин мегӯяд:
Rumi’sи mother tongue was Persian, but he had learned during his stay in Konya, enough Turkish and Greek to use it, now and then, in his verse .

Яъне забони модарии Мавлоно порсӣ буд, вале дар даврони сукунаташ дар Қуния он андоза туркию юнонӣ фарогирифт, ки битавонад гаҳ-гоҳе дар шеърҳояш аз ин ду забон истифода кунад. Ин ҳам барои касоне ки танҳо сухани фарангиён барояшон санад аст.
4 – «Маҷолиси сабъа» маҷмӯъаест аз ҳафт маҷлис, ки суханрониҳои Мавлоно бар сари минбар аст барои ҳамагон, ки муридону шогирдони ӯ нивиштаанд. Ба гуфтаи устод Фурўзонфар: «Дорои ибороте шево ва сода ҳамроҳ бо оёту аҳодису ашъори форсӣ ва арабист» ва ин худ нишони равшанест аз ин, ки забони гуфтории рӯзмарраи Мавлоно ва бештари сокинони Қуния дар он замон забони порсӣ будаасту Мавлоно шогирдонашро ба забони порсӣ иршод мекардааст. Ва низ посухест барои касоне, ки иддао мекунанд Мавлоно танҳо ба хотири адабӣ будани забони порсӣ бад-ин забон шеър сурудааст.
5 – Ҳеч як аз осори насрии Мавлоно ба забони туркӣ нест. Дар миёни шеърҳояш низ ҳам ҳафтод ҳазор байти порсӣ ва наздики 100 байти туркӣ/юнонӣ (румӣ) аст. Ин 100 байт камтар аз як даҳуми дарсади шеърҳои Мавлоност ва бештарашон ҳам ба таври муламмаъ ҳастанд, яъне байтҳои туркӣ ё юнонӣ дар миёни байтҳои порсӣ омадаанд. Мизони шеърҳои арабии Мавлоно аз шеърҳои туркиаш бамаротиб бештар аст. Бо ин истидлол агар Мавлоно порсизабон набуда, бояд гуфт, ки арабзабон буда, на турк!
Ҳатто агар ба фарзи муҳол Мавлоно турк буда, аслан агар ҳиндӣ ё румӣ ё сиёҳи офриқоӣ буда бошад, тамаддуну фарҳанге, ки ӯ дар он зиста ва осори худро бад-он падид овардааст, забони порсӣ ва тамаддуни эронист. Мавлоно худ мегӯяд:
Аттор рӯҳ буду Саноӣ ду чашми ҷон,
Мо аз пайи Саноию Аттор омадем.
Бидуни Аттору Саноӣ Мавлавӣ ҳам намебуд. Ва ҳамаи инон ҷузви ҷудоинопазири тамаддуни эронианд.
Аммо баргардем ба рубоии боло:
Бо тавваҷуҳ ба пешинаи понтуркону таҳрифгарии онон дар бораи ҳар шеъру матне, ки онон рӯ мекунанд, нахуст бояд дурустии он нивишта дар китобҳои муътабару аслӣ баррасӣ шавад. Барои ин рубоӣ ман дар Куллиёти Шамс ба кӯшиши устоди зиндаёд Бадеъуззамони Фурӯзонфар нигоҳ кардам ва ин рубоӣ дар онҷо ҳаст. Аммо танҳо дар чаҳор манбаъ аз даҳ манбаъ омадааст. Дар зимн устод Фурӯзонфар дар муқаддамаи ҷилди ҳафтум, ки шомили рубоиҳост, нивишта, ки «Лузуман ҳамаи ин рубоиҳо аз он Мавлоно нест. Ман танҳо инҳоро гирдоварӣ мекунам, ки дар фурсати баъдӣ баррасӣ шавад ва равшан шавад, ки кадомашон ба ростӣ аз Мавлоност».
Фарз кунем ин рубоӣ ба ростӣ аз он Мавлоно бошад. Аслан бибинем дар ин рубоӣ чи чизе гуфта шудааст. Бояд тавваҷуҳ дошт, ки дар чунин мавридҳое бо тавваҷуҳ ба бофти сухану фазои шеърӣ корбурди сифат ё номи турку ҳинду/ҳиндӣ сирфан адабию истиорӣ ва намодин аст, на лафзию қавмӣ. Ва илло агар бихоҳем маънои лафзии лати поёнии ин рубоиро дар назар бигирем ва истидлол кунем, ки Мавлоно инҷо худаш гуфтааст, ки «аслам турк аст», пас бояд бипазирем, ки Мавлоно «ҳиндигӯй» ҳам буда, яъне ба ҳиндӣ сухан мегуфтааст !! Ҳол он ки ҳаргиз чунин набудааст ва ҳеч гувоҳие дар даст нест, ки Мавлоно забони ҳиндӣ медонистааст. Ба ҳамин далел бархе аз понтуркону тарафдорони турк будани Мавлоно лати охири рубоиро чунин кардаанд:
Аслам турк аст, агарчи дарӣ гӯям!
Равшан аст, ки вожаи «дарӣ» дар ин рубоӣ ҷой намегираду вазнро барҳам мезанад, аммо касе, ки саводи адабиёти порсӣ надораду истиораву киноя ва маҷозу санъатҳои адабиро намешиносад, маъмулан вазнро ҳам чандон намешиносаду барояш муҳим нест, ки вазн баҳам бирезад. Монанди шоҳкори оқои Ҷаводи Ҳайат, ки дар ин байт аз Низомии Ганҷавӣ:
Бедор шаҳӣ ба комронӣ,
Бедортарак шав, ар тавонӣ.
Бедортарак (яъне андаке бедортар)-ро «бедор турк » (турки бедор!) хонда ва истидлолҳои ширине кардааст!
Ҳатто, агар понтуркон ин истидлоли аҷибу ғарибу шигифтро биёваранд, ки «ҳиндигӯ, яъне касе, ки ба дарӣ сухан мегӯяд» бояд шоҳидҳои муътабаре аз забони порсӣ биёваранд, ки иддаояшонро пуштибонӣ кунад.
Лати чаҳоруми рубоии боло танҳо такроре аз мазмуни лати нахусту лат сеюм аст, яъне маро бегона мапиндоред, ки аҳли ҳамин кӯям ва агарчи зоҳирам ба душманон мемонад, аммо душмани шумо нестам ва агар барои мисол ба ҳиндӣ сухан бигӯям, аслу насабам турк аст, яъне ду чизи мутазодд. Санъати тазод, яъне овардани ду чиз, ки аз назари маъно ва корбурд бо ҳам зид бошанд.
Дар адаби порсӣ ҳинду ба хотири ранги тирааш дар баробари турк қарор дода мешавад ба хотири ранги равшантараш. Ё румӣ (аҳли Руми Шарқӣ = юнонӣ) дар баробари зангӣ (аҳли Зангбор дар Офриқо) ба кор мерафтааст. Боз ба хотири ранг шабро ба ҳинду ташбеҳ мекунанду рӯзро ба турк. Ҳатто, Хоқонии Шарвонӣ дар қасидае, ки дар зиндон сурудааст, мардумаки чашмро ҳам ба хотири сиёҳӣ ба ҳинду ташбеҳ кардааст.
То натарсанд ин ду тифли ҳинду андар маҳди чашм
Зери доман пӯшам аждарҳои ҷонфарсои ман.
Дар гузаштаи писарону духтарони турк ба унвони ғулому канизу маъшуқ хариду фурӯш мешуданд. Ба ҳамин далел «турк » маънои маъшуқ низ ёфтааст. Анварии Абевардӣ дар қасидаи шевои худ дар бораи вайрониҳои туркони ғуз дар Хуросон ва куштану озори эрониён ба ҳамин нукта ишора мекунад, ки эрониён пеш аз ин туркони ғузро сад бор мехариданд ва мефурӯхтанд, аммо имрӯза туркони ғуз бо эрониён монанди бандагони зархариди худ рафтор мекунанд:
Он киро сад раҳ ғуз зар ситаду бозфурӯхт,
Дорад он ҷинс, ки гӯйиш харидаст ба зар.
Аз онҷо ки ғуломону канизони турк рафтори шаҳрӣ надоштанд ва саркаш буданд, ба дилбарони бевафою саркаш низ турк мегуфтанд. Агар бихоҳем турку ҳиндуро дар маънои лафзӣ бифаҳмем, дар ин байт низ Саъдӣ ба турки худ мегӯяд ман барои ту ҳинду/ҳиндӣ шудаам!
Саъдӣ, аз пардаи ушшоқ чи хуш менолидӣ,
Турки ман парда барандоз, ки ҳиндуи туам.
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman. org нома бифиристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рўйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё инстогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*