«Вирозагон» бозчоп шуд

Порсӣ Анҷуман: Чопи севуми (вироиши дувуми) «Вирозагон», ки нивиштае навёфта ба забони порсиг (паҳлавӣ) аст, бо пешгуфтор ва овонависии Раҳоми Аша чопахш шуд.
“Вирозагон” дар бораи аиварзии(сафари) менуии муғе ба номи Вироз ба биҳишту дӯзах аст.
Вироз дар замони шоҳ Гуштосп болид. Пас аз даргузашти Зардушт, шоҳ вайро аз «ҷаҳони зиндагон» ба «ҷаҳони мурдагон» фиристод. Ӯ даромехтаеро, ки ҳафт хоҳараш омода карда буданд, сар кашид ва дигаргун шуд; ду эзад, Сурӯш ва Озар, ӯро ба чинвад пул раҳ намуданд, ҷое, ки эзади доварӣ, Рашн, андешаҳо, гуфторҳо ва кирдорҳои мурдагонро бо тарозуяш месанҷид, ва эшон Вирозро пеши Ҳурмузд оварданд, ва низ ба ҷое раҳ намуданд, ки дӯзахиён бо дев ва даруҷ подафроҳ медиданд.
Гуфтанист, ки «Вирозагон» дигарсон аз «Ардовирознома» аст ва ягона рӯнивишти «Вирозагон» дар дастнибишти Т.Д26, дар Бунёди Комо дар Ҳиндустон, нигаҳдорӣ мешавад.
Чопи севуми «Вирозагон» дар андозаи вазирӣ, ва ба баҳои 350 ҳазор тумон дар дастраси устодон, пижӯҳандагон, донишҷуён ва дӯстдорони фарҳанг ва забонҳои эронӣ ниҳода шудааст.
Бахше аз пешгуфтори инглисии «Вирозагон»-ро «бад-ин ҷой» тавон хондан ва порсиро «бад-ин ҷой».
«Вирозагон»-ро аз «ин ҷой» тавон харидан.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*