Порсӣ Анҷуман: «Фарҳанги Авранг» гирдовардаи Муроди Авранг аст, ки ба нивиштаи нивисанда «роҳнамои форсинависӣ бавижа барои эрониёни поксиришт [аст], ки ба забони эронӣ дилбастагӣ доранд [ва дарбардорандаи] чими бархе вожаҳои тозӣ ва тозинамо ба порсии сара ва ҷудокунандаи фарҳанг ва забони порсӣ аз вожаҳои бегона» аст.
Авранг дар пешгуфтори ин Фарҳанг нивиштааст: «Фарҳанг ва забони мардуми ҳар кишвар беҳтарин нишонаи шиносоӣ ва бунёди номаи нижодии онон аст. Фарҳанг ва забони порсӣ низ вижаи сарзамини Эрон ва намудори ҳастӣ ва озодӣ ва риштаи нижодии эрониён ва порсизабонон аст. Афсӯс ин фархунданишони бостонӣ ду бор сахт дучори газанди душманон ва оташи бедоди онон гардид: осеби нахуст дар замони лашкаркашии Искандар ба Эрон буд, ки Тахти Ҷамшедро оташ заданд ва бузургтарин номахонаи Эрон, ки дар даруни кохи подшоҳӣ буд, оташ гирифт ва ҳамаи нивиштаҳои он нобуд шуд … Дувумин газанди дилхарош, ки ҳаргиз сӯзу гудози он аз дилҳои поки эрониёни некӯниҳод хомӯш ва фаромӯш намешавад, аз гурӯҳи тозиён ва бедоди сахти онон буд … Онон бо фарҳангу дониши мо душманӣ карданд ва номаҳо ва нивиштаҳоро гирдоварӣ карда сӯзонданд, ё дар миёни об андохтанд ва аз миён бурданд. … Ин тундбодҳои рӯзгор ба пайкар ва ойин ва фарҳанги Эрони Бостон зиён расонид ва онро аз густаришу фарру шукӯҳи дерини худ боздошт, бавижа ин, ки забони тозӣ бо форсӣ омехта шуд ва онро дигаргун сохт.»
Порсӣ Анҷуман сари он надорад, ки ба санҷиши ин фарҳанг бинишинад. Ба ҳар рӯй, кӯшишест, ки 65 соли пеш анҷом шуда ва пеш аз ҳар чиз ҷойи сипос ва арҷшиносӣ дорад.
«Фарҳанги Авранг»-ро аз «ин ҷой» боргиред.
Бифирист