Шаҳрбароз: Яке аз тираҳои эронӣ, ки дар Қафқоз зиндагӣ мекунанд ва ҳазорон сол аст, ки ойин ва забони бостонии худро пос доштаанд, тираи эронии «ос» ё ус аст. Осҳо дар нивиштаҳои замони Сафавиён ҳам ёд шудаанд ва бо Эрони рӯзгори Сафави дар пайванд будаанд. Осҳоро ҳамсоягони гурҷишон «усет» (osset) мегӯянд ва ин ном аз роҳи забони русӣ ба забонҳои урупоӣ роҳ ёфтааст. Осҳо ба ду гурӯҳи «ирун» (iron) ва «дигурун» (digoron) бахш мешаванд. Забони онон ҳам ирун гуфта мешавад ва ду гӯиш дорад ба номҳои дигур (digor) ва ирун (iron). Осҳо бозмондагони тираи эронии олон (alan) ҳастанд, ки худ аз зершохаҳои сако буданд. Имрӯза осҳо бештар масеҳии ортокеш (ортудукс)-анд ва дар миёнашон мусулмон ҳам ёфт мешавад. Дар забони расмӣ, сарзамини осҳо имрӯза Осистон ё Усетиё (Ossetia) хонда мешавад ва ду бахш шудааст: Осистони Шимолӣ ва Олонистон (Northern Ossetia and Alania), ки бахше аз Федеротсиюни Русия аст, ва Осистони Ҷанубӣ (Southern Ossetia), ки ин дар Ҷумҳурии Гурҷистон қарор дорад.
Яке аз осиёни номдори ҳамрӯзгори мо Восилей Ивонувич Обоюф (Vasily Ivanovich Abaev ва ба забони русӣ: Василий Иванович Абаев, зода: 1900 м./ марг: 2001 м.) буд, ки аз эроншиносони барҷаста буд. Заминаи вижастиш (specialization)-и Обоюф забоншиносии торихии забонҳои эронӣ ва бавижа забони осӣ буд. Вай дар Гурҷистон зода шуд ва дабистону дабиристонро дар ҳамонҷо ба поён расонд.
Обоюф дар даврони донишҷӯӣ дар солҳои 1922 то 1925 дар бозбинии фарҳанги осӣ-русӣ-олмонӣ ба виростории В.Ф.Миллер (V. F. Miller) ҳамкорӣ кард. Албатта, баъдҳо аз ин кор интиқод кард ва гуфт, ки виростори аслии фарҳанг дар забони осӣ дониши кофӣ надоштааст. Аз ҳамин рӯ, баъдҳо худ фарҳанги забони осиро нивишт. Дар соли 1928 дарси худро ба поён расонд бе он ки поённомаашро таҳвил диҳад. Сипас ба пижӯҳиш дар бораи дастури забон, вожагон ва гӯишшиносии забони осӣ пардохт. Дар соли 1935 ба хотири пижӯҳишҳояш дар забони осӣ ба вай дуктури ифтихорӣ дода шуд.
Дар поёни даҳаи 1930 ва оғози даҳаи 1940 м. вай ба интишори тарҷумаҳои русӣ аз сангнибштаҳои ҳахоманишӣ ва низ решашиносии бархе вожагони осӣ пардохт. Дар даврони ҷанги ҷаҳонӣ ва то поёни соли 1945 вай дар Осистон ба корҳои майдонӣ ва пижӯҳиш дар забони осӣ идома дод.
Дар соли 1945 китобе дар бораи «Ҳамосаи нарт» (nartovsky epos = nart epic = нартского эпоса) ба забони русӣ чоп кард, ки ба ҳамосаи миллии қавми ос мепардохт. Дар ҳамон сол фарҳанги осӣ-русии худро низ мунташир кард, ки дар оғози он дастури забони фишурдаи забони осиро ҳам афзуда буд.
Дар соли 1949 м. китобе ба номи «Забон ва фарҳанги оммаи осӣ» (Ossetinski yazyk i fol’klor = Ossetic language and folklore = Осетинский язык и фольклор) мунташир кард, ки дар он ба баҳсҳои забоншиносии торихӣ ва низ гӯишҳои осӣ пардохта буд. Дар яке аз мақолаҳои ин китоб ба номи «Вожагони сакоҳои бохтарӣ» (Skifskii yazyk = Scythian language = Скифский язык) ба бозсозии вожагони забони сакоҳои бохтарӣ бар пояи номҷойҳо ва низ номи касони сакоӣ пардохта буд, ки дар нивишторҳои юнонию румӣ ва дигарон барҷо мондааст. Забони сакоӣ ниёи дури забони осист.
Дар даврони Истолин, устоди Обоюф дар замони донишҷӯӣ ҷузви феҳристи «душманони халқ» қарор гирифт, аммо Обоюф устоди худро накӯҳиш накард ва агарчи номи худаш ҳам дар феҳристи «душманони халқ» қарор гирифта буд, гуфта мешавад, ки худи Истолин номи Обоюфро аз феҳрист хат зад ва гуфт бигузоред зинда бимонад, аммо ӯро ба Маскав бифиристед.
Яке аз мақолаҳои муҳимми Обоюф «Сабки зиндагии сакоҳо ва ислоҳоти Зартушт» (Skifskii byt i reforma Zoroastra = Scythian lifestyle and Zoroaster’s reform) ном дошт, ки дар бораи Зартушт буд, ки ба бовари вай дар ҳамон садаи ҳафтуми пеш аз мелод мезистааст. Обоюф мегӯяд дугонагии мавҷуд дар дини Зартушт ба ду шеваи зиндагии эрониёни якҷонишину галадор ва эрониёни кӯчнишин бармегардад, ки сакоҳо ва сарматҳо ҷузви ин гурӯҳи дувум буданд ва галаҳоро ғорат мекарданд.
Обоюф дар заминаи парвариши чандин насл аз донишварони забонҳои авестоӣ, порсии бостон ва осӣ нақши муҳимме дошт. Вай дар таҳияи беш аз понздаҳ китоб дар заминаи забонҳо ва фарҳанги қавмҳои эронӣ аз осиён ва курдон дар ғарб то эрониёни сокин дар Помири Афғонистон ва Тоҷикистон даст дошт. Вай узви ифтихории чандин анҷуман ва фарҳангистони илмӣ ва забоншиносии ҷаҳон, аз ҷумла Фарҳангистони улуми Русия, Анҷумани подшоҳии Бритониё, Анҷуман фину-угарии Финлонд (finno-ugric), шуд.
Гузашта аз китобҳои боло, муҳимтарин ва бузургтарин асари Восилӣ Обоюф «Фарҳанг, торих ва решашиносии забони осӣ» аст (Istoriko-etimologicheskii slovar’ osetinskogo yazyka = Ossetic historical and etymological dictionary = Историко-этимологический словарь осетинские язык), ки дар чаҳор ҷилд дар сӣ сол, яъне аз 1958 то 1988, дар шаҳри Москва чоп ва пахш шуд. Ин китоб дар замони худ ва дар заминаи забонҳои эронӣ яке аз нахустин ва бузургтарин корҳост, зеро ба решашиносии тамоми вожагони забони осӣ пардохта ва дар ҳар дароя гоҳ ба баҳсҳои фарҳангӣ ва қавмнигорӣ (ethnography) ҳам пардохтааст. Аз онҷо, ки ҳадафи вай натанҳо вижаи кори ангуштшумор дар заминаи забони осӣ, балки тамоми алоқамандон ба ин забон ва дар кулл забонҳои эронӣ будааст, Обоюф кӯшида, ки матни ин фарҳанг чандон аз вожаҳо ва истилоҳҳои фаннӣ аканда нашавад ва ҳар касе бо мизони савод ва дониши кофӣ битавонад аз он баҳра бибарад.
“Фарҳанги забони осӣ” нивиштаи Обоюф натанҳо ба кори забони осӣ меояд, ки ҳамаи забонҳои эрониро ҳам дарбар мегирад ва ҳар касе, ки дар заминаи забонҳои эронӣ кор мекунад, метавонад аз ин фарҳанги ғанӣ бархурдор шавад.
Яке дигар аз осори муҳимми Обоюф «Дастури забони осӣ» (A sketch of ossetian grammar) аст, ки матни русии он дар «ин нишонӣ» аст.
Восилей Обоюф наздики 311 мақола ва китоб нивиштааст, ки феҳристи онҳо дар ёдномааш ба забони русӣ дар соли 2002 мелодӣ мунташир шудааст. Ҳамчунин зиндагиномаи кӯтоҳ ва феҳристи 260 мақола ва китоби вай то соли 1978 мелодӣ дар китоби зер чоп шуда, ки вижаномаи Acta iranica дар бораи зикитобнома (Bio-bibliography) беш аз 130 донишманди эроншиносист.
acta iranica
jacques duchesne-guillemin
brill archive, 1979,
571 pages
Обоюф дар 18 морчи 2001 м. /28 исфанди 1380 х. даргузашт ва имрӯза хиёбоне дар шаҳри Влодиқафқоз пойтахти Осистони Шимолӣ ба номи вай хонда мешавад.
Танҳо асаре, ки дар забонҳои урупоӣ ба бузургдошти Восилӣ Обоюф пардохтааст, китобест, ки дар соли 1998 м. /1377 х. ба кӯшиши Гарорду Ниоли итолиёӣ ба муносибати наваду панҷумин солгарди зоиши Обоюф чоп шудааст.
Studia iranica et alanica, festschrift for prof. vasilij ivanovich abaev on the occasion of his 95th birthday, g. gnoli et al., rome: istituto italiano per l’africa e l’oriente, 1998.
Хостгоҳи аслӣ:
Дар бораи Восилӣ Обоюф нивиштаи Илё Ёкубувич (Ilya Yakubovich) ба соли 2003 м. / 1382 х. Дар пойгоҳи «Осиён»
Акс аз торнамои Titus дар донишгоҳи Фронктфурт (Titus = Thesaurus indogermanischer text- und sprachmaterialien ганзи матнҳо ва моддаҳои гуфтории забонҳои ҳиндужерманик).
Бифирист