Бузургтарин ҳофизшинос кист?

حافظБузургмеҳр (Масъуд)-и Луқмон, барои бистуми меҳрмоҳ, рӯзи бузургдошти Ҳофиз, гуфтугӯҳое бо Дориюши Ошурӣ, Муҳаммадъалии Исломии Надушан, Ҷалоли Холиқии Мутлақ, Муҳаммади Дабирсиёқӣ, Алии Деҳбошӣ, Манучеҳри Сутуда, Дориюши Шойгон, Амирҳусейни Моҳузӣ, Алиқулии Маҳмудии Бахтиёрӣ ва Шервини Вакилӣ дар бораи беҳтарин китобе, ки то кунун дар заминаи ҳофизшиносӣ мунташир шуда ва бартарин ҳофизпижӯҳ, анҷом шудааст, ки мехонеду мешунавед.

—————————-

♣Гуфтугӯҳоро аз “инҷо” бишнавед.♣

—————————-

Алиқулии Маҳмудии Бахтиёрӣ, нивисандаи “Чиро Ҳофиз”, бо ишора ба корҳои фаровоне, ки рӯи Ҳофиз анҷом шудааст, аз “Шарҳ”-и Судӣ гирифта, ки аз нахустин пижӯҳишҳои ҳофизшиносӣ дар ҷаҳон аст, то корҳои Муҳаммади Қазвинӣ ва Қосими Ғанӣ, ки онҳо низ аз нахустин корҳои ҳофизпижӯҳӣ дар Эронанд, корҳои Баҳоуддини Хуррамшоҳиро қобили таваҷҷуҳ медонад, аммо бар ин бовар аст, ки Гутеи олмонӣ аз ҳамаи пижӯҳишгарони эронӣ Ҳофизро дақиқтар шинохтааст. Маҳмудии Бахтиёрӣ барои намуна мегӯяд, ин нуктаро, ки Ҳофиз дар суханаш як вожаро ду бор дар қофия ба кор набурдааст, магар ин ки он вожа ду маънии ҷудогона дошта бошадро барои нахустин бор Гуте матраҳ мекунад.

Ҷалоли Холиқии Мутлақ бо арҷгузорӣ ба корҳои Қосими Ғанӣ ва Хуррамшоҳӣ бар ин бовар аст, ки эрониён кори ҷиддие дар ҳофизпижӯҳӣ накардаанд ва дар кул китоб ё мақолаи дилхоҳе дар бораи Ҳофиз нахондааст.

Муҳаммадъалии Исломии Надушан, нивисандаи “Моҷарои поёни Ҳофиз”, ба корҳои Қосими Ғанӣ дар ҳофизпижӯҳӣ ва китоби “Шероз дар даврони Ҳофиз: шаҳри шукӯҳманди садаҳои миёнии эрон” (Shiraz in the Age of Hafez: The Glory of a Medieval Persian City), нивиштаи Ҷон Лимберт ишора мекунад.

Муҳаммади Дабирсиёқӣ низ ба китоби 14-ҷилдии “Ҳофизшиносӣ”, нашри Пожанг, ишора дорад.

Манучеҳри Сутуда Хуррамшоҳиро дар ҳофизпижӯҳӣ пижӯҳишгаре медонад, ки Ҳофизро бахубӣ дарк кардааст ва бад-ин рӯй корҳои ишонро барҷаста медонад.

Шервини Вакилӣ бо арҷ ниҳодан ба китоби “Ҳофиз”-и Салими Найсорӣ ва корҳои Қосими Ғанӣ, бадтарин асареро, ки дар бораи Ҳофиз мунташир шудааст, “Ҳофиз”-и Аҳмади Шомлу медонад ва бар ин бовар аст, ки ҳарчанд гумон мекарда, ки Шомлу забони форсиро хуб мешиносаду мутарҷими хубе аст, аммо пас аз хондани “Ҳофиз”-и Шомлу дарёфта, ки вай ҳатто девони Ҳофизро аз рӯ наметавониста дуруст бихонад. Вакилӣ меяфзояд, ки Шомлу ба матн алоими саҷовандӣ афзуда, тартиби абётро дигаргун ва вожагонро завқӣ дасткорӣ карда ва дар кул, ислоҳоте анҷом дода, ки нишон медиҳад, забони даврони Ҳофизро намешинохтааст.

Вакилӣ бо ишора ба пружее, ки солҳост даргираш аст ва он навиштани “торихи мани эронӣ” ё торихи инсоне, ки дар Эрон такомул ёфтааст, мегӯяд, ки торихи мани эронӣ ду хӯшаи аслӣ дорад, ки дарбардорандаи бознависии торихи Эрон ва нивиштани торихи андешаи эронӣ аст ва аз онҷо ки Ҳофиз нақши муҳимме дар ин миён дорад, бахше аз ин торихи вижаи ӯст.

Вакилӣ дар поён бо ишора ба таҳлили девони Ҳофиз бо таваҷҷуҳ ба ду хӯшае, ки ёд шуд, кореро, ки рӯи Ҳофиз анҷом медиҳад, суратбандии розу рамзпардозӣ дар Ҳофиз дар пайванд бо хиради бостонии Эрон медонад, ки намунае аз он дар ирфони эронӣ ва гунаи нобтари он дар Суҳравардӣ дида мешавад.

Алии Деҳбошӣ бо ишора ба китобҳои пуршумори мунташиршуда дар бораи Ҳофиз, китобҳое, ки дар вай асари жарфе доштаанд, чаҳор китоб: “Торихи тасаввуф дар Эрон”-и Қосими Ғанӣ, ки бахши муҳимме аз он вижаи Ҳофиз аст, “Ҳофизнома”-и Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, “Дар кӯи дӯст”-и Шоҳрухи Маскӯб ва “Аз кӯчаи риндон”-и Абдулҳусайни Зарринкӯб медонад.

Дориюши Шойгон ҳам “Мактаби Ҳофиз”-и Манучеҳри Муртазавӣ ва “Дар кӯи дӯст”-и Шоҳрухи Маскӯбро аз корҳои мавриди алоқааш дар заминаи ҳофизпижӯҳӣ медонад.

Амирҳусайни Моҳузӣ низ ба се асар дар заминаи ҳофизпижуҳӣ ишора мекунад. Ӯ китобҳои “Гумшудаи лаби дарё”, нивиштаи Тақии Пурномдориён, “Ирфон ва риндӣ”-и Дориюши Ошурӣ ва “Нақше аз Ҳофиз”-и Алии Даштиро китобҳое медонад, ки даричаи тозае ба ҷаҳони ҳофизпижӯҳии ӯ гушудаанд.

Дориюши Ошурӣ ба пурсмони ҳофизпижӯҳӣ аз зовияи дигар мепардозад. Нивисандаи “Ирфон ва риндии Ҳофиз” бо баёни ин ки ҳофизпижӯҳӣ дониши тозае дар Эрон аст ва бо оғози ошноии эрониён бо донишҳои навин по гирифтааст, ба дастовардҳояш дар ҳавзаи ҳофизпижӯҳӣ ишора мекунад. Вай мегӯяд, ки пурсишҳое чун “Оё мешавад ба Ҳофиз раҳёфте равишшиносона дошт ё на?” ва “Масъалаи хонишҳои дигаргуна аз Ҳофизро чигуна метавон фаҳмид?” ӯро бар он доштааст, то аз дидгоҳи мудерн ва бо равишҳои миёнматнӣ ва ҳерменевтикӣ ба пижӯҳиш дар Ҳофиз бипардозад, то битавонад ба сурати мантиқӣ ва донишӣ ба раҳёфте аз девони Ҳофиз даст ёбад, ки дастоварди он дар китоби “Ирфон ва риндии Ҳофиз” таҷаллӣ ёфтааст.

Ин нивишта пештар дар рӯзномаи “Қонун” чоп шудааст.

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*