Сарагароии донишик ва сарагароии адабик

پارسی‌سرهКуруши Ҷаннатӣ*

Надонистани дигарсонӣ (тафовут) миёни сарагароии донишик ва сарагарои адабик аз бузургтарин гирифториҳо ва чолишҳои дӯстдорони забони порсӣ ва бовармандон ба полоишу поксозии забонӣ аст. Барои бозшинохтани ин ду рӯйкард ба сарагароӣ нахуст боёст (воҷиб аст), ки ҳидорише (таърифе) аз ин ду рӯйкард ба даст диҳем.

Сарагароии адабик

Сарагароии адабик рӯйкарде сарагароёна ба забон аст, ки бузургтарин омоҷи худро ба кор набурдан ё камтар ба кор бурдани вожаҳои бегона дар гуфтору нивиштор медонад. Дар ин нигоҳи бештар суҳишик (эҳсосӣ) ва шӯрмандона забон густарае нумодин мешавад, ки дар он вожагон бештар бори ситезе торихӣ, фарҳангӣ ва ҳувиятиро бар дӯш мекашанд. Ин даста аз бовармандон ба полоиши забонӣ гоҳ вожае порсиро баробари чанд вожаи бегона ба кор мебаранд, танҳо ба ин ангеза, ки аз корбурди вожае бегона бипарҳезанд.

Сарагароии донишик

Сарагароии донишик рӯйкарде сарагароёна ба забон аст, ки омоҷи меҳодин (аслӣ)-и худро аз зинованд (муҷаҳҳаз) кардани забон барои баёни суханҳои донишик медонад. Агарчи нигоҳи ҳувиятӣ доштан ба забон дар ин даста аз бовармандони сарагароӣ низ бешукам пурранг аст, аммо кӯшиши ин даста аз бовармандон ба полоиши забонӣ, бештар перомуни сохти наввожагон бар пояи дурусти дастури забони порсӣ ва ҳамчунин зоёиву парсунагӣ (диққат)-и вожагонӣ аст.

Ҳамсанҷии ин ду рӯйкарди сарагароёна

Марзбандиву тамоюзи вожагонӣ барҷастатарин вижагии забонҳои донишик аст ва ин ҳамон борикаест, ки сарагароёни адабик нодида мегиранд. “Ихтироъ” фароёфте (мафҳуме) дигарсон аз “ибдоъ” аст. Як сарагарои донишик мекӯшад, то ҳамӯгии (баробарниҳодаи) дархур барои ҳар кудом аз ин вожагон дар забони модарии худ биёбад ё барсозад ва то он замон аз ба кор бурдани ин вожагон парҳез намекунад. Вале сарагароии адабик танҳо ба ангезаи парҳез аз корбурди вожагони бегона баосонӣ барои ҳардуи ин вожагон аз “навоварӣ” баҳра мебарад ва бад-ин сон аз парсунагӣ (диққат) ва тамоюзи вожагонии забони порсӣ мекоҳад.

Дар намунае гӯётар ба ин вожагон дар забони инглисӣ пур бингаред.

Gaze, look, see, watch, glance, stare, skim, scan, peek, peer, glare, gape…

Инҳо шуморе аз вожагоне ҳастанд, ки дар забони инглисӣ барои гунаҳои ҷӯроҷӯр нигоҳ кардан ба кор мераванд. Сарагарои донишик медонад, ки ҳар кудом аз ин вожаҳо бори маъноии ҷудогона ва дигарсоне дорад ва аз ҳамин рӯ мекӯшад, то барои ҳар як аз ин вожагон ҳамуге ҷудогона аз мояҳои забонии худ биёбад ё барсозад ва то он замон аз доштаҳои кунунии забони худ (ҳарчанд бегона) барои расондани маъноҳои ҷӯроҷӯри ин вожагон баҳра мебарад. Вале сарагарои адабик баосонӣ барои ҳамаи ин вожагон аз ду вожаи “дидан” ва “нигаристан” баҳра мебарад. Ӯ хушҳол аст, ки бо ин кор аз корбурди вожагони бегона парҳез кардааст, вале огоҳ нест, ки бо ин кор ҳар чи бештар забони порсиро аз санҷаҳои бунёдини забонҳои донишик дур мекунад.

Наздики сад сол пеш Алиакбари Деҳхудо дар ёддоште дар рӯзномаи “Сури Исрофил” ин гуна ба ин нукта намориш (ишора) мекунад:

“Ҳар асоси махсус маълумоти махсуса дорад ва баёни ҳар маълумоти махсуса низ луғоту истилоҳоти махсуса мехоҳад. Ба вогунчӣ сорбон наметавон гуфт ва телегрофро парвона ва барид наметавон номид, вагарна аз фаҳмондани маъниву мақсуд оҷиз мешавем ва ҳамин тур ки то ҳоло гунгу гиҷ мондаем, илалабад хоҳем монд.

Роҳкор чист?

Ба бовари нигоранда, забони порсӣ ояндае нахоҳад дошт, магар дар партави корбасти дидгоҳу равиши касоне чун устодон Маҳмуди Ҳисобӣ, Дориюши Ошурӣ, Миршамсуддини Адибсултонӣ ва бавижа имрӯза Муҳаммади Ҳайдарии Малоирӣ.

Дориюши Ошурӣ дар ду китоби “Забони боз” ва “Бозандешии забони форсӣ” бахубӣ фароёфти забони донишикро бознамудааст. Агарчи Дориюши Ошурӣ ба эътибори ҳамин ду китоб яке аз барҷастатарин нигарапардозони ин густара аз сарагароии забонӣ ба шумор меояд, вале ба бовари нигоранда, ӯ дар вожасозиҳояш чандон пойбанди дидгоҳҳое, ки худаш пеш афканда, нест. Ба дигар сухан, Ошурӣ,чунон ки бояду шояд, далерии корбасти дидгоҳҳои худашро надоштааст.

Миршамсуддини Адибсултонӣ, баргардонандаи китоби “Санҷиши хиради ноб” ва Муҳаммади Ҳайдарии Малоирӣ, ахтарфизикдон ва гирдоварандаи “Фарҳанги решашинохтии ахтаршиносӣ ва ахтарфизик”, намояндагони ростини вожасозии донишик ҳастанд. Касоне, ки барканор аз наввожаҳаросии чира бар испош (фазо)-и забонии эрониён ва бо дар дида овардани санҷаҳои ҳамугсозӣ (муъодилсозӣ)-и донишик ба кори вожасозӣ мепардозанд.

Намунае аз шеваи вожасозии донишик

Мо дар забони порсӣ дар баробари се вожаи “accurate”, “exact”,“precise” аз вожаи тозии “дақиқ” баҳра мебарем. То инҷои кор забони порсӣҳатто бо баҳрагирӣ аз вомвожаи “дақиқ” дар баёни тамоюзи маъноии ин се вожа нотавон аст. Сарагарои адабик бе оянданигарӣ вожаи“борик”-ро, ки худ бори маъноии вижае дорад,ҷойгузини дақиқ мекунад. Ӯ бо ин кор аз корбурди як вожаи бегона парҳез кардааст, вале ҳамчунин нодониста забони порсиро дар баёни суханони донишик гунгтару нотавонтар кардааст.

Инак ба роҳкори Ҳайдарии Малоирӣ дар бархӯрд бо ин се вожа пур менигарем: Ҳайдарии Малоирӣ бо баҳрагирӣ аз забонҳои куҳани эронӣ ва ҳамчунин гӯишҳои маҳаллӣ барои ҳар як вожаи боло ҳамуге ҷудогона барсохтааст. Яъне барои ҳар намуди маъноӣ нумоди вожагонии вижае дар нигар гирифтааст ва ин ҳамон меҳод (асл)-и бунёдини вожасозии донишик аст.

Accurate: рашманд

Exact: разин

Precise:парсун

Бештарин паржане (интиқоде), ки ба ин наввожаҳо мешавад, ин аст ки ин вожагон бисёр ноошно ҳастанд. Оре, дуруст аст, вале ошно будани вожа, танҳо яке аз санҷаҳои вожасозӣ аст. Чунон ки мо акнун ҳам бисёре аз вожагони бегонаро, бе он ки аз бахшҳои ошнои забони модариямон сохта шуда бошанд ва маънои парсуни онҳоро бидонем, ҳаррӯза ва танҳо аз рӯи такрору қарордоди забонӣ ба кор мебарем ва чиро наметавонем ҳамин шеваро дар бархӯрд бо наввожагони порсӣ ба кор бандем?

Дар ҷаҳони кунунӣ ояндаи як забонро тавонмандии он забон дар баёни фароёфтҳои донишик хешгонида (мушаххас) мекунад ва ин меҳанд (муҳим) аз роҳи сарагароии адабик ба даст намеояд. Комёбии забони порсӣ дар роҳе, ки ба сӯи пешрафту тавонмандӣ пеши рӯй дорад, беш аз ҳар чиз вобаста ба корбасти шеваҳои вожасозии донишик аст.

*Донишомӯхтаи адабиёт ва дабири Коргурӯҳи пойиши Порсӣ Анҷуман

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*