Номаи саргушодаи Порсӣ Анҷуман ба сарриштадорони Тоҷикистон

Бо дуруд!

Ба Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҷаноби Эмомъалии Раҳмон,
Ба Раиси Ма
ҷлиси миллии Маҷлиси Ъолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Муҳаммадсаъид Убайдуллоев,
Ба Раиси Ма
ҷлиси намояндагони Маҷлиси Ъолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Шукурҷон Зуҳуров,
Ба намояндагони Ма
ҷлиси Ъолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Медонем, ки садаи бистум бисёр талху дарднок барои забони порсӣ дар Осиёи Миёна ё Фарорӯдон буд. Дар ин сада забони порсӣ дар Тоҷикистон зарбаҳое бисёр сахт хӯрд, осебҳое бисёр дид, ва сусту нотавон гардид. Акнун, дар замони фархундаи Истиқлол, умед аст, ки ончи забони мо дар садаи бистум аз каф дод, дар садаи бисту якум дубора ба даст оварад. Ва шумо бузургворон дар ҷойгоҳи раҳбарӣ ва намояндагии сарзамини ниёкони хирадмандамон бар ин кори бузург тавоноед. З-ин рӯ, созмони мардумниҳоди Порсӣ Анҷуман барои гиреҳгушоӣ дар заминаҳои зер дасти ёрӣ ба сӯи шумо дароз мекунад:

1. Медонем, ки то соли 1925 забони мардумони Фарорӯдро “порсӣ” меномиданд, ва аз Рӯдакӣ то Ъайнӣ адабиётеро, ки дар ин сарзамин падид омад, адабиёти порсӣ мегуфтанд. З-ин рӯ, аз ъолиҷанобон дархост мекунем барои посдошти якпорчагии миллии Тоҷикистон, рушди худшиносии миллӣ ва сарбуландии тоҷикон, посдошти мероси маънавии Тоҷикистон, тадовуми забон ва густаришу болишу шукуфоии он ва шарокат дар ҳамаи ифтихорҳои фарҳангии порсигӯёни ҷаҳон номи дурусту ростини забони тоҷикон, ки “ПОРСӢ” аст, ба расмият шинохта шавад.

2. Аз нахустин солҳои барпоии ҳукумати шӯравӣ назарияпардозони Ҳизби кумунисти Русия барои марзбандӣ ва кишварсозӣ дар сарзаминҳое, ки Русияи Тезорӣ ба чанг оварда буд ва барои буридани пайванди мардумони он сарзаминҳо аз хостгоҳҳои торихӣ, ҷуғрофиёӣ ва фарҳангии худашон хатти куҳани порсиро ба хатти бегонаи сириллик (русӣ) дигар карданд, то ҳамаи ганҷинаи фарҳангу адаби ниёкон аз дастраси наслҳои тоза дур бимонад ва як гусасти бузурги торихию фарҳангӣ падид ояд ва ҳофизаи торихии мардумон пок шавад, ки бароянди онро мебинем, акнун муҳимтарин душвории тоҷикон барои пайванд бо ҳамзабонони худ, ва низ баҳрагирӣ аз мероси гаронсанги ниёконии хеш, надонистани дабира ё хатти порсӣ аст. То замоне ки дабираи ниёконӣ ба Тоҷикистон бознагардад, ин кишвар нахоҳад тавонист пайванди худро бо ҳамзабонони хеш дар саросари ҷаҳон устувор кунад ва аз дастовардҳои калони фаннӣ, донишӣ ва фарҳангии ҳамзабонон баҳра гирад ва ба ин ганҷинаи бузург дар роҳи пешрафти худ даст ёбад. Бар ҳамин поя, аз ъолиҷанобон дархост мешавад, то барномае замонманд барои бозгардондани хатти ниёконӣ ба Тоҷикистон пайрезӣ кунанд.

3. Забони порсӣ мероси муштараки як ҳавзаи тамаддунии куҳан аст, ки нақше бузург дар фарҳанги ҷаҳон доштааст. Ҳар як аз бошандагони ин ҳавзаи тамаддунӣ ба як андоза соҳиби ин мероси забониянд ва ба як андоза низ дар баробари он масъуланд. З-ин рӯ, вожаҳои ин забонро ба афғонистонӣ ва эронӣ ва тоҷикӣ ва… дастабандӣ кардан сабаби сустии забони муштараки порсизабонон хоҳад шуд. Вожаҳои ин забон аз ҳар сарзамине, ки омада бошанд, аз они ҳамаи порсизабонон аст, на кишваре вижа. Дар ҳамин росто, аз ъолиҷанобон дархост мешавад, то бо гузордани қонун ҷилави сиёсати ҷудоиафканонаи душманони забони порсиро бигиранд, ва ҳамчунин заминаҳои қонунӣ барои полоиши забони порсӣ дар Тоҷикистон аз вожаҳои бегонаро фароҳам оваранд.

4. Кунун дар Тоҷикистон гӯише меъёр, ки санҷаи сухан гуфтани ҳамагон бошад, устувор нашуда ва гӯиши маҳаллии ҳар кас гӯиши меъёри ӯст. Ҳамчунин, дар сухани гӯяндагон ва нивиштаҳои расонаҳо ва нивисандагон нодурустиҳои бисёр дида мешавад; чиро ки порсӣ дар Тоҷикистон зери таъсири шадиди русӣ қарор гирифта ва ин ошуфтагиҳо баромада аз он аст. З-ин рӯ, аз ъолиҷанобон дархост мешавад, то заминаҳои боистаро барои нивиштани як дастури забони меъёр барои порсӣ дар Тоҷикистон дар барномаҳои худ бигунҷонанд, ва низ созукорҳои қонунӣ барои ҷилавгирӣ аз ошуфтагии бештари забон дар назар бигиранд.

5. Муҳимтарин бунёди истиқлоли ҳар миллате истиқлоли фарҳангии он миллат аст ва забон сутуни бунёдини истиқлоли фарҳангӣ аст. Ҳарчанд Тоҷикистон аз соли 1991 истиқлоли сиёсии худро бозёфта, вале ҳануз забони русӣ ҷои худро ба забони миллии Тоҷикистон надодааст. То замоне ки забони порсӣ яксара ҷойгузини забони русӣ нашавад, дастёбӣ ба истиқлоли фарҳангӣ ва миллӣ шуданӣ нест. З-ин рӯ, аз шумо ъолиҷанобон дархост мешавад абзорҳое қонунӣ барои ҷойгузинии комили забони порсии тоҷикӣ ба ҷои забони русӣ дар ростои пешбурди истиқлоли фарҳангӣ ва миллии Тоҷикистон фароҳам оварда шавад.

Чашмдошти мо аз бузургворон дар Тоҷикистон ин аст, ки ториху фарҳанг ва забони муштаракамонро даргири гароишҳо ва рӯйкардҳои гузарои сиёсӣ накунанд. Аз шумо хоҳишмандем, ки бад-ин нома жарф бияндешед, ва чунон устувору тавоно дар посдорӣ аз забони порсӣ ба по хезед, ки бори дигар ёдовари хезиши ниёкони сарбуландамон дар бунёди фармонравоии Сомониён бар тоҷи Эроншаҳр бошед.

Дар поён, омодагии ин ниҳоди мардумӣ ва гурӯҳи донишварони ин анҷуманро барои ҳаргуна ҳамкорӣ ва пуштибонӣ ба огоҳӣ мерасонем.

Бо сипос,

Созмони мардумниҳоди Порсӣ Анҷуман
Гурӯҳи донишварон аз саросари ҳавзаи фарҳангии забони порсӣ

*****

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

 این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*