Табдили алифбо ва устод Ъайнӣ

Албатта, соли 1929 аз алифбои форсӣ ба алифбои лотинӣ ва соли 1940 аз лотинӣ ба ҳуруфи сириллик гузаштани Тоҷикистон, устод Айниро нороҳат мекард. Ба қавли Худойназари Ъасозода, ӯ «ин табаддулотро бемантиқ ва бар зарари арзишҳои адабиву фарҳангии миллат медонист», вале барои созиш бо сиёсатҳои давр зимни ишора ба “мушкил будани хати ъарабиасос” аз манфиъатҳои муҳимтари миллату давлати тоҷик дифоъ кардааст.

Раҳоми Аша забони суғдиро дар Тоҷикистон омӯзиш дод

Давраи фишурдаи омӯзиши забони суғдӣ дар Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон дар Душанбе поён ёфт. Дар ин давраи фишурда Раҳоми Аша, устоди номдори фарҳанг ва забонҳои ориёӣ, ба донишҷӯён дабира, дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносии забони суғдиро омӯзиш дод ва намоишгоҳе аз бармондаҳои суғдӣ низ барпо дошт. Дар ин росто, китоби “Фарҳанги решашинохтии забони суғдӣ”-и ишон низ дар ояндаи наздик чоп хоҳад шуд.

Посухи фарнишини Фарҳангистони донишҳои Тоҷикистон ба номаи саргушодаи Порсӣ Анҷуман 

Фарҳоди Раҳимӣ, фарнишини Фарҳангистони донишҳои (раиси Академияи илмҳо)-и Тоҷикистон, ба номаи саргушодаи Порсӣ Анҷуман ба сарриштадорони ин кишвар посух додааст. Ишон дар посух ба дархости Порсӣ Анҷуман, ки «номи дурусту ростини забони тоҷикон, ки «порсӣ» аст, ба расмият шинохта шавад», гуфтаанд, ки донишмандони эронӣ, афғонистонӣ ва тоҷик ҳаргиз «порсӣ/форсӣ», «дарӣ» ва «тоҷикӣ»-ро се забони ҷудо надонистаанд…

Дориюши Раҷабиён: ‘Духтари панҷсолаам мутарҷим аст’

Омӯзгори форсии духтари панҷсолаам бо шигифтию шефтагӣ мепурсид: “Ин кучулуи шумо форсиро куҷо ёд гирифта? Хеле ъаҷибе, ки тӯи килос (синфхона) ҳарчи суол мекунам, дасташ болост. Имрӯз пурсидам: Rainbow ба форсӣ чи меша? Танҳо касе, ки “рангинкамон” гуфт, Париюш буд”…
Инро гуфту рангинкамоне бар осмони зеҳнам кашид…

Номаи саргушодаи Порсӣ Анҷуман ба сарриштадорони Тоҷикистон

Медонем, ки садаи бистум бисёр талху дарднок барои забони порсӣ дар Фарорӯдон буд. Дар ин сада забони порсӣ зарбаҳое бисёр сахт хӯрд, осебҳое бисёр дид ва сусту нотавон гардид. Акнун, дар замони фархундаи Истиқлол, умед аст ончи забони мо дар садаи бистум аз каф дод, дар садаи бисту якум дубора ба даст оварад. Ва шумо бузургворон дар ҷойгоҳи раҳбарӣ ва намояндагии сарзамини ниёкони хирадмандамон бар ин кори бузург тавоноед.