(Достони ъишқи Париюшам ба забони порсӣ дар диёри ғурбат)*
Дориюши Раҷабиён: Он рӯзи пойизии хису хамудаи Ландан бароям баҳорӣ шуд.
Омӯзгори форсии духтари панҷсолаам бо шигифтию шефтагӣ мепурсид: “Ин кучулуи шумо форсиро куҷо ёд гирифта? Хеле ъаҷибе, ки тӯи килос (синфхона) ҳарчи суол мекунам, дасташ болост. Имрӯз пурсидам: Rainbow ба форсӣ чи меша? Танҳо касе, ки “рангинкамон” гуфт, Париюш буд”…
Аз падарсолорӣ чиз (ё яке аз чизҳо)-е, ки ба ирс бурдаам, шояд ҳамин бошад, ки дар хонаи мо аъзои хонавода ҷуз ба забони форсӣ иҷозаи гуфтугӯ ба забони дигареро надоранд. Гуфтам, аъзои хонавода. Агар ба хонаи мо ташриф меоваред, нигарони ин мавзӯъ набошед. Меҳмонон ҳеч илзоме надоранд. Дилором, модари Париюш ҳам на танҳо бо ман ҳамнавост, ки бештар аз ман муроқиби риъояти ин усул аст.
Мешавад ба забонҳои мухталиф филму кортун дид, бо ҳадафи забономӯзӣ суҳбатҳое дар боби забоне хос ба забоне хос кард, аммо дар кул, муколамоти байни мо ба забони модарист. Гоҳ соъотеро ба гуфтугӯ ба забонҳои дигар ҳам ихтисос медиҳем; бавежа забонҳои ғайриинглисӣ, ки Париюш ҳам ба омӯхтанашон ъалоқа дорад. Аз чинию русию туркию фаронсавӣ мегӯем. Аммо форсӣ поя аст. Сирфан бо дарки ин ҳақиқатҳо, ки забони модарии Париюш форсист ва ин чаҳордеворӣ танҳо фазоест, ки ӯ метавонад ин забону фарҳангро ламс кунаду бо он унс бигирад.
Саранҷом, чи бихоҳему чи на, Париюш инглисиро ба салосати забони модариаш (ва чи басо беҳтар) фаро хоҳад гирифт. Бо ҳар нафасе, ки дар Ландан ба рияҳояш меравад, забони ин марзубумро ҳам меошомад. Пас ин танҳо фазоро, ки барояш ҳавое дигар аз зодбумаш – Тоҷикистон медиҳад, бояд барояш ҳифз кард.
Шояд боз ҳам бипурсед, ин ҳама исрор барои донистани забони модарӣ барои чи?! Шояд ба далели ин бовари ман, ки тасаллут бар забони модарӣ буну пояи ҳувияти ҳар инсонест ва дар таҳкими худангора (self-concept; “самооценка”)-и мусбати ӯ бисёр корсоз. Фақат аз ҳамон роҳи дониши забони модарист, ки ба фарҳангу асолати худ арҷ мегузорад ва аз ъиззати нафс (self-esteem; “самоуважение”)-и кофӣ бархурдор мешавад. Пайвандаш бо зодбуму хонадонаш ҳифз мешавад. Иртиботаш бо падару модараш бо мурури замон камранг намешавад ва падару модар ҳам дар иртиботашон бо фарзанди худ дучори мушкил намешаванд. Аз тариқи забони модарист, ки эҳтиром ба фарҳангҳои дигарро ҳам меомӯзад ва мизони раводорӣ ё тасомуҳ (tolerance; “толерантность”)-аш боло меравад. Аз назари зеҳнӣ ҳам маъмулан аз ҳамсинну солҳои такзабонӣ (якзабонӣ)-аш як саругардан болотар аст ва бо фаро гирифтани забони модарӣ дар канори забони кишвари мизбон истеъдоди забономӯзиаш сайқал меёбад. Бар вусъати дидаш меафзояд. Ва баъдаш ҳам, бекор намемонад. Ба таври тамомвақт ё поравақт метавонад мутарҷим бошад. Аз ҳамин ҳоло Париюши мо як по мутарҷим аст. Гоҳ суҳбатҳои инглисиро барои меҳмонони порсигӯямон бармегардонад.
Пас чиро бояд ба ин ҳама неъмате, ки бо донистани забони модарӣ насиби фарзандам мешавад, пушти по бизанам? Аз ҳар манзар, ки нигоҳ кунӣ, дармеёбӣ, ки донистани ду забон беҳтар аз тасаллут фақат бар як забон аст. Ин буд, ки Париюшро ингуна бор овардем.
Омӯзгори пешдабистониаш дар мадрасаи инглисӣ аз ин иқдоми мо бисёр истиқбол кард, дар ъайни ташвиқи хонаводаҳои дигар ва бо таъкид бар ин нукта, ки дузабонӣ ё чандзабониҳо зеҳни фаъъолтару пӯётаре доранд. Аз мадрасае дузабона, ки забони дувумаш дар канори инглисӣ чинӣ аст, интизори арзёбии дигареро ҳам намешуд дошт.
Ва баъд, мадрасае форсӣ дар ҳаволии хона пайдо шуд, ки шанбеҳо боз аст. Ъалоқаи Париюш ба мадрасаи форсӣ ба ҳаддест, ки на танҳо аз хайри як рӯзи таътилаш мегузарад, балки то шанбеи баъдӣ рӯзшуморӣ мекунад.
Париюш ҳам ҳассосиятҳои забонии манро дорад. Ба бандахудоҳое, ки гоҳ васати суҳбати форсӣ инглисӣ мепаронанд, гир медиҳад. Ба яке аз рӯзноманигорони барӯманди эронӣ, ки аз ӯ пурсида буд “Ин чие тӯ дастет? Рейндиер (reindeer)-е?”, тунду бепарво гуфта буд: “Reindeer на! Ин гавазне! Ту ки дорӣ форсӣ ҳарф мезанӣ!” Ва агар васати суҳбати инглисӣ форсиро даромезед, боз ҳам вокунишаш ҳамин хоҳад буд. Барои ҳар забоне ҳарими хусусии худашро қоил аст.
Ва гоҳ бо эродҳое, ки мегирад, манро ҳам шигифтзада мекунад. Вақте ки яке дигар аз рӯзноманигорони куҳнакори эронӣ барояш таъриф мекард, ки читавр замоне “занбӯре гозаш гирифта буд”, Париюш гуфт: “Занбӯр неш мезанад, гоз ки намегирад”… Достонҳояш яке-дуто нест.
Умедворам Париюшам, ки бузургтар шуд, ин падарсолориро бар ман бубахшояд.
_____________________
*Ин матлаб бори аввал дар торнамои Бибисии Форсӣ мунташир шудааст.
*****
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.
Бифирист