Табдили алифбо ва устод Ъайнӣ

Ба ифтихори зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ, ки мусодиф бо 15 оврил аст*

Бузургмеҳри Баҳодур:* Ҳар ҳарфе, ки нисбат ба устод Садриддини Ъайнӣ гуфта мешавад, бешак, ба ин миллату халқи куҳанбунёд рабт дорад. Аз ин сабаб, ин бор қарор додам хомӯш нанишинам.

Аз забони як гурӯҳ мардуми ноогоҳ ва ҳатто аз забони бархе аз рӯзноманигорону нафарони соҳибмаълумот шунидани суханҳои подарҳавое, монанди «Хати форсиро Ъайнӣ аз байн бурд», «Хати лотиниро Ъайнӣ ҷорӣ кард» диламро чун паланги гушна мехарошанд. Аз ин нафарони ғафлатзада бипурсед, ки аз чандин ҷилд осори устод Ъайнӣ кадом ҷилдашро пурра хондаанд, забон мехоянд, сурху сафед мешаванд. Шояд ботинан ба ғафлати худ иқрор шаванд, аммо аз аспи ҷаҳолат намефароянд.

Дар мавриди тағйирёбии расмулхат ба мақолаҳои ъалоҳидаи Муҳаммадҷони Шакурӣ, Толиби Ваҳҳоб, Худойназари Ъасозода, Муҳаммадюсуфи Имом муроҷеъа кардем, бо чанде аз ъайнишиносон, монанди Ҷумъабойи Ъазизқул ва Ъабдулхолиқи Набавӣ суҳбатҳо доштем. Онҳо ҳамагӣ тасдиқ мекунанд, ки дар табдили хат дар солҳои 1929 ва 1940 Садриддини Ъайнӣ нақше надорад ва бо тақозои сиёсати давр ӯ мебоист қарорҳои дар Маскав қабулшударо бипазирад.

«Дар мавриди мақоми устод Ъайнӣ ъоид ба табдили алифбо ҳамин нуктаро таъкид кардан лозим аст, ки агар устод мехост ҳам, аз ъуҳдаи ин ъамал баромада наметавонист» – нивиштани Ъабдулхолиқи Набавӣ дар китоби «Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср» сухани моро қувват мебахшад.

Дувум ин ки сиёсати тағйири алифбо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ ҷараён дошт. Бино ба қавли донишманди нуктасанҷи тоҷик Ҷумъабойи Ъазизқул, агар таърихи давлатдории шӯравии дигар халқу миллатҳоро дуруст омӯзем, рӯшан мешавад, ки расмулхати онҳо низ ъиваз шудааст. Ин ҳодиса танҳо хосси ҷумҳурии Тоҷикистони шӯравӣ набуд.

Дар он замони ҳассос, ки хурдтарин иқдоми «ноҷо» боъиси нивис-нивису ъарзу шикояти пантуркистон ва душманони дигари миллат мегардид, ъалорағми сиёсати давр сар бардоштани тоҷикон маънии зери хатар гузоштани ҳастии халқу миллат ва воҳиди ҷуғрофиёии Тоҷикистони шӯравиро дошт, ки бо машаққат ба даст омада буданд. Дар чунин вазъе зиракии сиёсии устод Ъайнӣ самар додааст.

Адабиётшинос Худойназари Ъасозода дар мақолаи «Сиёсат, воқеъият ва устод Ъайнӣ» низ ба сиёсатдонии ин абармард ишора карда нивиштааст: «Устод Ъайнӣ бо истифодаи дуруст аз сиёсат тавонист, ки аз зинаҳои душвори зиндагӣ боло шавад ва худро баҳри дифоъи миллату давлати нави тоҷик нигоҳ дорад ва дар тарҷумаи ҳолаш доғе нагузорад. Ҳол он ки адибони  болаёқате буданд, ки воқеъият ва сиёсатро дуруст кашф кардан натавонистанд ва ба ҷони худ ва эҷоди худ зарари маънавию ҷонӣ ворид сохтанд».

Устод Ъайнӣ ҳамчун сиёсатмадори нуктасанҷ, эҳтиёткор ва дурандеш хуб медонист, ки мухолифати адиб бо сиёсати он даврон ъоқибати ногуворе дорад ва бо номҳои мустаъору рамзӣ мақолаҳо нивишта, кӯшиш мекард ҳастии миллат ва забону фарҳанги тоҷикро исбот кунад.

Аз аксари мақолаҳои устод Ъайнӣ пайдост, ки ӯ сиёсати тоҷикпарастии худро ҳамеша бо сиёсати Ҳукумати шӯравӣ тавонистааст созиш бидиҳад ва дар ҳеч матлабаш бӯи маҳалгароӣ, миллатгароӣ ва ё бартариятҷӯӣ нест. Аммо бо вуҷуди ин, душманон ҳамоно ба бадном ва несту нобуд кардани ӯ мекӯшиданд.

Пас аз мухторияти Тоҷикистон дар ҳайъати Узбакистон низ устод Ъайнӣ «оҳани тофтаро дар гармогармияш» кӯфт. Ӯ ҳамчун шахси хирадманд ва дурбин эҳсос мекард, ки агар ҳамин ҳоло барои давлати ъалоҳида шудани Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ надиҳанд, баъдан дер мешавад. Аз ин сабаб, дар баҳори соли 1925 ба нивиштани тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик» пардохт ва дар кӯтоҳтарин муддат ба анҷом расонд, ки он соли 1926 дар “Нашриёти марказии халқҳои шӯравӣ” рӯи чопро дид. Дар чунин чопхонаи бонуфузи давлатӣ ба чоп расидани китоби ӯ, ки номвожаи “тоҷик” зеби он буд, ба Ъайнӣ неруи дучанди муқовимат бахшид ва ӯ хитоб кард: «Ана ин асар – «Намунаи адабиёти тоҷик» бо фактҳои таърих пардаи он иғвогаронро дарронид ва ба даҳони онҳо муҳри хамӯшӣ зад».

Албатта, соли 1929 аз алифбои форсӣ ба алифбои лотинӣ ва соли 1940 аз лотинӣ ба ҳуруфи сириллик гузаштани Тоҷикистон, устод Айниро нороҳат мекард. Ба қавли Худойназари Ъасозода, ӯ «ин табаддулотро бемантиқ ва бар зарари арзишҳои адабиву фарҳангии миллат медонист», вале барои созиш бо сиёсатҳои давр зимни ишора ба “мушкил будани хати ъарабиасос” аз манфиъатҳои муҳимтари миллату давлати тоҷик дифоъ кардааст.

Бино ба гуфтаи адабиётшинос Ъабдулхолиқи Набавӣ: «Устод на танҳо дар сиёсату фарҳанг, балки дар нивиштани асарҳояш низ эҳтиёткориро шарти муҳим меҳисобид. Ӯ ҳатто баъзе калимаву терминҳои русӣ, ё ба истилоҳ интерносиюнолистиро қасдан дар нивиштаҳояш ба кор мебурд, баъзе мавридҳо иҷборан содабаёнӣ мекард, ки зери шубҳаи идораҳои зидахл намонад, ва корҳои бузургтари дигарашро роҳат анҷом диҳад».

Як намунаи чунин «беэҳтиётӣ», ки устод ҷаврашро кашид, ба шеъри «Бӯи ҷӯи Мӯлиён»-и Рӯдакӣ дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» рабт дорад…

Устод Ъабдулхолиқи Набавӣ мегӯяд: «Ба назар чунин мерасад, ки барои баъзе аз афрод як ҳақиқати бебаҳсро бояд, ки такрор ба такрор гӯшрас намоӣ, то зеҳни эшон аз ин ифроту тафрити андеша пок шавад…». Ин ҳарфи ишон ба руҷӯи дубораи мо ба мавзӯъи мазкур сабаб шуд ва бори дигар ба тасдиқи ҳақиқати ҳол камар бастем. Зеро:

«Имрӯз Садриддини Ъайниро дар барҳам додани алифбои ниёкон (дар Варорӯд) маломат кардан беъадолатӣ нисбат ба ин шахсияти нотакрори миллат аст. Офарин ба устод Ъайнӣ бояд гуфт, ки ба ҳама набардҳои сиёсӣ тоқат овард ва ба истилоҳ «барои як кайк пӯстинро насӯзонд», балки барои миллаташ хидмат кард, адабиёту фарҳангашро ъолимонаву содиқона инкишоф дод».

Дар ъилми фалсафа ҳам қонуни инкори инкор ҳаст. Мувофиқи ин қонун, инкори ин ё он ҳодиса ва ё шахсият набояд кушанда, балки бояд инкишофдиҳанда ва таҳаррукбахш бошад. Инкор бояд чунон сурат гирад, ки беҳтарин падидаҳои инкоршаванда барои беҳбуди оянда хидмат кунад, вагарна он инкор инкори бемантиқ хоҳад буд. Аз ин рӯ, пеш аз арзёбии ҳаводиси гузашта ва осору зиндагиномаи гузаштагон огоҳии комилу хушбинӣ лозим аст.

Агар кас донад, ки аз дасти ҷаллодони амир 75 чӯб (дарра) хӯрдан чӣ ранҷу азияте дорад; агар кас донад, ки солҳои 1937-1938 аз сиёсати пурфишору пуртаҳдид ва сиёҳ карданҳои як зумра сиёсатмаобони давлати шӯравӣ душманони устод истифода карда, ӯро бадном сохтанд ва китобҳояшро аз чопу фурӯш боз доштанд ва ҳатто баъди фишорҳои рӯҳӣ адиб навмедона ба Лоҳутӣ навишта буд, ки «…агар бо ҳамаи кӯшишҳо кори ман бад шавад, ба бачагони ман монанди як каси доғдор нигоҳ накунед»; агар кас донад, ки ҳаёти ӯ ҳамеша зери хатар қарор дошта, гоҳ дар Самарқанд ва гоҳ дар Тошканд паноҳ бурдааст; агар кас нивиштаҳои ӯро мӯшикофона ба риштаи пажӯҳиш кашад, ба инкори хидматҳои бедареғи ъаллома Ъайнӣ намешитобад, зеро маҳз хидматҳои устод Ъайнӣ ва ҳамфикрони ӯ буданд, ки як миллати бузург аз «сиёҳу сафед»-и гузаштаи худ огоҳ шуда, роҳи ояндаашро мунаввар кард.

*Ин мақола барои нашрияи “Тоҷикистон”, чопи Душанбе, нивишта шуда ва бори нахуст дар торнамои ин нашрия ба торихи душанбеи 26 фарвардини 1398 (15 оврили 2019) дар торнамои Tajikistan Times чоп шуд.

*Бузургмеҳри Баҳодур рӯзноманигор ва пажӯҳишгари ҷавон дар Тоҷикистон аст.

__________________

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*