Пешдаромади нибеги “Забони порсиг(паҳлавӣ)”
Забони порсӣ дунболаи Забони порсиг (паҳлавӣ) ва он низ дунболаи забони “порса” (ориё ё порсии бостон) аст. З-ин рӯ, порсишиносӣ бе порсигшиносӣ шуданӣ набошад. Бо порсигогоҳӣ аст, ки ба шинохте жарф аз порсӣ тавон даст ёзидан. Чи на танҳо аз чашми порсиг ба порсӣ нигаристан нигаристан ба ҷону ҷаҳони хеш бо чашмони хештан аст, ки бо порсигдонӣ аст, ки андарёфти чигунагии дастури забони порсӣ осон шавад ва бисёре аз гиреҳҳои ногушуда низ гушуда гардад.
Вожасозии баҳанҷор ва ойинманд низ бе порсигдонӣ шуданӣ набошад. Зеро то натавон бо вожаҳои порсиг ва шеваҳои вожасозӣ андар ин забон ошно шуд ва хӯ гирифт, вожасозӣ ҳам натвон кард.
Гузашта аз инҳо, фарҳанги эронӣ бар шонаи фарҳанги куҳани хеш истодааст. Шинохти ин фарҳанг бе шинохти бун на шуданӣ аст ва на дилхоҳи огоҳихосторон. З-ин рӯ, барои огоҳии жарфпоя аз фарҳанги эронӣ ва ба даст овардани бинише рӯшан ва бихрадона гузире ҷуз ёдгирии порсиг нест, чи фарогирии порсиг меҳинабзори андарёфти огоҳии доноёни пешин ва хиради эроншаҳрӣ аст. Ҳам бар ин поя, нибег (китоб)-и “Забони порсиг” пас аз “Гӯёии Арасту” ва “Дебочае бар фалсафаи торихи Эрон” дар “Хирадномаг” ҷой гирифтааст.
Дар бораи ин кор
Устод Раҳоми Аша, вожгунаи дигарон, ба порсиг пора-пора нангариста ва онро ба маздаяснӣ ва монавӣ ва тарсоӣ ва… бахш накарда ва онро пайкарае якпорча дидааст. Вай дар ин нибег худи забони порсигро пояи кори хеш ниҳода, бад-он чунон забоне зинда ва пӯё дарнигариста, сарчашмаҳоро борикбинона ва санҷишгарона баррасида ва намунаҳое бисёр аз камобеш ҳамаи нивиштаҳои порсиг фародасти омӯзанда гузордааст. Чунин, ҳар кас, бар пояи ин кор хоҳад тавонист дастури порсигро банекӣ омӯзад; бо вожасозӣ андар ин забон ошно шавад; порсигро бо дигар забонҳои эронӣ санҷад; беш аз чаҳор ҳазор вожаи порсигро решашиносона баррасад; ва воҷшиносии ин забонро низ фарогирад.
Ногуфта пайдост, ки бо дониши забоншиносона ва равишмандонаи ин нибег забони порсигро тавон омӯхт ва дар ин поя чунон пеш рафт, ки онро баосонӣ хонду нивишт ва сухан гуфт ва гиреҳҳое забоншинохтӣ низ гушуд, лек жарфои забоне чун порсиг на бо дониш,ки бо ойин ба даст ояд. Ба дигар сухан, агар порсигро дорои ҷоне ва равоне бипиндорем, ойини андаромехтани ҷону равони порсиг бо ҷаону равони омӯзанда ва дарунӣ кардани ин забон аст.
Дар бораи равиш ва забони гардониш ва чирои ин
Андар ин гардониш кӯшидаам худи забони порсиро пояи кори зеш барниҳем – на ончи дигарон гуфтаанду нивиштаанд, ва ҷуз вожаҳои забонишнохтӣ вожае дигар насохтаем[1] ва аз вожасозӣ ва низ вожаҳои дасотирӣ ва нодастурманд дурӣ ҷустаем ва аз ҳамон ганҷинаи вожаҳои порсӣ ва дигар забонҳои эронӣ суд бурдаем ва бар ин буни устувор забони гардониши хешро бигзордаем.[۲]
Гузашта аз ин, шояд камтар забоне чун порсиг битавон ёфт, ки яксара ба хештани хеш устувор бошад. Вожаҳои ноэронӣ андар забони порсиг ба шумори ангуштони даст нарасад; лек вожаҳои порсиг андар забонҳои анер, ҳамчун оромӣ ва суриг, бас фаровонанд. Ба дигар сухан, забони порсиг забоне сахт поку якдаст ва бо дастуре сазовор ва дарунмояе башукуҳу пурмоя баромада аз фарҳанге гаронсанг ва боланда аст ва гардониши дастури забони он ба порсии ноб ҳам бар бунёди ин вижагиҳои порсиг аст.
Ба ҳар рӯй, бар он будаем, ки забони ин гардониш порсиги устувору боланда аз порае вижагиҳои зудгузар ва имрӯзин ва низ наздик ба он рӯзгоре бошад, ки порсӣ аз порсиг чандон дур нашуда буд. Бошад, ки бо гузари рӯзгорон ранг набозад ва бидирангаду дер зивад.
Ба фарҷом, аз ду дӯст боядамон ёд кардан ва сипос гузордан: аз Раҳоми Аша, фарзонаи доно ва дӯсти меҳрубон, ки хӯшачини дониши эшонем, ва низ аз дӯсти род, Парвизи Шоҳчироғӣ, бунёдгузори Порсӣ Анҷуман.
Марями Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон
ped farroxīh ud pērōzgarīh
Понивиштҳо
[1]. Ба вожаномагҳои инглисӣ-порсӣ ва порсӣ-инглисии поёни нибег дарнигаред.
[2]. Дар сохти вожаҳои забоншинохтӣ ба худи забони порсӣ дарнигаристаем. Чи, акнун, бештари вожаҳое, ки дар дастури забони порсӣ ба кор мераванд, вомгирифта аз дастури забони ъарабиянд ва бо дастури порсӣ ҳамхонӣ надоранд.
Чунон намуна ба масдар бингарем, Донем, ки вожгунаи забони ъарабӣ, дар порсӣ “масодири” бунёдин худ аз моддаи гузашта ё моддаи акнуни корвожа гирифта шаванд; чунонки “тофтан” аз “тофт” ва “тобидан” аз “тоб”, гоҳ низ барсохтаанд чунон “ҷангидан” ва “номидан” ва “анҷомидан” ва “оғозидан”, ки аз номвожаҳои “ҷанг”, ва “ном” ва “анҷом” ва “оғоз”, ё “хушкидан” ва “дуздидан” ва “хисидан”, ки аз гузорвожаҳо (сифот)-и “хушк” ва “дузд” ва “хис” барсохта шудаанд. З-ин рӯ, “масдар” номидан ва “асли калом” донистани онҳо, ки “муштаққоте чун афъолу сифот” аз он бароянд, нодуруст аст ва бо забони порсӣ ҳамхонӣ надорад. Чунин, мо “масдар”-ро бар пояи дастури забони порсӣ ва хӯшаи вожагоние, ки пеш ниҳодаем, “корпоя” номидаем.
Нибегшинохт: Аша, Раҳом. Забони порсиг (паҳлавӣ): дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ; порсӣ аз: Марями Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон, Хирадномаги 3, чопи нахуст. Теҳрон: Китоби Сада, зимистони 1398. 628 рӯя. Шобак: 4-21-8968-600-978.
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.
این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید
Бифирист