‘Улвар’, куҳанвожае модӣ дар порсии Кошон
Кошон ва рустоҳои перомунаш, ки порае аз куҳанбуми Мод ба шумор раванд, бисёре аз вижагиҳои забоншинохтии забонҳои бостонии Эрон – аз гуфтшиносӣ (наҳв) ва чамшиносӣ (маъношиносӣ), то вожашиносӣ (сарф) ва воҷшиносӣ (фунулужӣ)-ро дар худ нигаҳ доштаанд. Имрӯза, Кошон ва рустоҳояш ба порсии равон сухан гӯянд, лек дастикам то як сада пеш дар бисёре аз ин рустоҳо яке аз куҳангӯишҳои порсӣ равог доштааст.