Куруши Ҷаннатӣ: Эрониён дар давраи бостон нигарише инҷаҳонӣ ва зиндагиандеш доштанд. Зартушт, паёмбари бостонии эрониён, шодиро аҳуроӣ ва андӯҳро аҳриманӣ медонист. Дар ҷаҳонбинии устураии эрониён Аҳриман бар ҷаҳони поку минавии Аҳуромаздо метозад ва онро бо бадӣ олуда мекунад. Пас аз он фраваҳр ё фурӯҳари инсон ҷомаи гетӣ мепӯшад ва ба ин ҷаҳон меояд, то дар ин даврони омехтагии неку бад, ки саранҷом бо пирӯзии некӣ ба поён хоҳад расид, бо корҳои хуби худ ба пирӯзии Аҳуромаздо ёрӣ бирасонад. Аҳуромаздо низ шодиро меофаринад, ки тобоварӣ (таҳаммул)-и зиштиҳо ва бадиҳоро барои инсон осонтар кунад.
Бар пояи ин дастгоҳи боварӣ ва устураӣ, шодӣ дар Эрони бостон бахши ҷудонашудании офариниш ва зиндагии одамӣ ба шумор мерафтааст, чунонки дар шуморе аз сангнибиштаҳои шоҳони ҳахоманишӣ чунин мехонем:
Худои бузург аст Аҳуромаздо,
Ки Заминро офарид,
Ки осмонро офарид,
Ки мардумро офарид,
Ки шодиро барои мардум офарид…
Пайвасти инҷаҳонии чунин нигарише ба сохти ҳозмоне (ҷомеъае) меанҷомад, ки ҷашнҳои солонаи пуршуморе дошта ва назди мардумонаш ҷашну шодӣ аз ҷойгоҳи буланду сипанде (муқаддасе) бархурдор будааст. Бозтоби ин нигариш ба шодӣ дар вожаи “ҷашн” низ бозҷустанӣ аст. Вожае, ки рехти авестоии он “ясно” ба маънои ниёиш ва парастиш аст.
Пас аз тозиши тозиён ба ин куҳандиёр фарҳанг, ойину кеши эрониён дастхуши дигаргуниҳои бешумор шуд. Фирдавсӣ перомуни чаҳорсад сол пас аз ин тозиш бо сурудани “Шоҳнома”, он ҳам ба забоне камобеш сара, мекӯшад ба ҳаммеҳанони хеш ёдоварӣ кунад, ки чи касоне будаанд ва чи андешаву нигоҳе ба зиндагӣ доштаанд. Саросари “Шоҳнома” ситоиши хирад ва шодӣ ва дод ва зиндагии баҳраварона аст, ҳамон омӯзаҳое, ки аз мани эронӣ, инсоне умедвор, кӯшо ва дурусткор сохта буд. Фирдавсӣ дар садаи чаҳоруми ҳиҷрӣ аз даст рафтани ин омӯзаҳоро ба ҷашми худ медид, аз ҳамин рӯ ба бознивисии ҷаҳони эронӣ ва арзишҳои пайванддор бо он мепардозад.
Чу шодӣ бикоҳад, бикоҳад равон,
Хирад гардад андар миён нотавон.
Донои Тус бо дарёфте, ки аз наҳиш (вазъият)-и замонаи худ дошт, дар поёни “Шоҳнома” сарнивишти эрониёнро пас аз чирагии комили аъроб чунин мезобад (тавсиф мекунад):
Чунон фош гардад ғаму ранҷу шӯр,
Ки шодӣ ба ҳангоми Баҳроми Гӯр.
Дар миёни шоҳони Эрон Баҳроми Гӯр дар шодандешӣ ва шодигустарӣ номе буланд ва афсонаӣ дорад ва Фирдавсӣ дар ин байт баошкорӣ мегӯяд, ки бо омадани тозиён ба ҳамон андоза, ки дар давраи Баҳроми Гӯр шодӣ доштем, андӯҳу сӯгворӣ хоҳем дошт.
Аз он замон то кунун эрониён ва эронитаборон бисёре аз нигаришҳо ва ойинҳои худро аз даст доданд, вале баркомаи ҳамаи душманиҳо ва сахтгириҳо забони порсӣ ва ҷашнҳое чун Наврӯзу Чаҳоршанбесурӣ бар ҷой монданд ва дар беш аз ҳазор соли гузашта чун диже устувор нигоҳбону нигоҳдори фарҳангу ҳувияти эроншаҳрӣ шуданд. Имрӯз эрониён ва эронитаборон ба гунаи рӯзафзун ба аҳаммияти бозгашт ба андешаҳо ва ойинҳои бостонии худ огоҳӣ меёбанд. Кӯшиш дар роҳи зинда кардани ҷашнҳое чун Сада, Сипандормузгон, Меҳргон ва Тиргон ва ҳамчунин кӯшиш дар ростои поксозии забони порсӣ аз вожаҳои бегона намудҳое аз ин растохези фарҳангӣ ва ҳувиятӣ аст. Онро ба фоли нек мегирем.
Ки гардун нагардад магар бар беҳӣ,
Ба мо бозгардад кулоҳи меҳӣ.
Пайнивишт:
Фардид (манзур) аз вожаи “Эрон” дар ин нивиштор на Эрони сиёсии кунунӣ, ки Эрони Бузурги фарҳангӣ ё ҳамон Эроншаҳр аст, бар ин поя вожаи “эрониён” низ ҳамаи касонеро дар барм егирад, ки дар паҳнаи Эрони бузурги фарҳангӣ мезиста ва мезиянд.
____________________________
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.
این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید
Бифирист