Бузургмеҳри Луқмон: Пеш аз он ки аз решашиносӣ ва воҷшиносӣ гӯем, сазад сухане чанд аз вижагиҳои забоншинохтии Кошон ва деҳкадаҳояш гуфтан.
Кошон ва рустоҳои перомунаш, ки порае аз куҳанбуми Мод ба шумор раванд, бисёре аз вижагиҳои забоншинохтии забонҳои бостонии Эрон – аз гуфтшиносӣ (наҳв) ва чамшиносӣ (маъношиносӣ), то вожашиносӣ (сарф) ва воҷшиносӣ (фунулужӣ)-ро дар худ нигаҳ доштаанд.
Имрӯза, Кошон ва рустоҳояш ба порсии равон сухан гӯянд, лек дастикам то як сада пеш дар бисёре аз ин рустоҳо яке аз куҳангӯишҳои порсӣ ё яке аз куҳанзабонҳои эронӣ равог доштааст. Инак низ дар деҳистонҳое ҳамчун Барзрӯд ва Чимарӯд (Абёна, Барз, Кумҷон, Ёранд, Ҳанҷан, Бедҳанд, Фарезҳанд ё Фаризанд, Чима, Валугирд ва…), ба гӯишҳое куҳан сухан равад.
Ин пора аз Модистон, аз дидгоҳи забонӣ бисёре аз вижагиҳои бостониро нигаҳ дошта, ҳам бад-он гаҳ, ки куҳангӯишҳои порсӣ ё куҳанзбонҳои эронӣ дар Моди Кӯчак (Озарбойгон, ки аз дербоз яке аз бунхонҳои фарҳанг ва шаҳройинии эронӣ будааст), зери турктозии забони туркӣ, ҷуз дар андакҷоҳое, ки ҳанӯз забони тотӣ равог дорад, аз майдон бадар рафта ва бисёре аз вижагиҳои забонҳои эронӣ зери лояе ситабр аз туркӣ пӯшида гаштаанд.
Бо ҳамаи ин, дар Моди Кӯчак (Озарбойгон) низ, ҳамчун паҳнаи модии Кошон то Сипоҳон, бисёре аз ҷойномҳо ҳанӯз эронӣ мондаанд, чи ҷойномҳо дертар аз ҳар бахше дигар аз забон тан ба дигаргунӣ диҳанд.
Вожаи «улвар»
Яке аз куҳанвожаҳои модӣ, ки танҳо дар порсии Кошон бар ҷой мондааст ва гӯё дар дигар гӯишҳои порсӣ нишоне азаш ёфт нашуд, вожаи «улвар» аст.
Улварро кошониён ба буншанҳо (ҳубубот) гӯянд, аз нахӯд ва мош то лубиё ва лапа.
Решашиносӣ
«Улвар» (ulvar)-и порсӣ аз «урвар» (urvar)-и порсиг (порсии миёна) ояд.
Ба порсиг рустаниҳоро, аз дору дарахт то гиёҳу сабзӣ, урвар гӯянд.
Урвар аз решаи -uru̯arā* аст. Ба авестоӣ -urvarā ба чами ’рустанӣ‘, ба санскрит -urvárā ’киштзор, доназор‘ ва ба суғдӣ ǝrvar ’гиёҳ, гиёҳи доруӣ, дору‘ бошад. [1] Урвар ҳамреша бо ἄρουρα-и юнонӣ ба чами ’киштзор‘, чандин (ҷамъ) ’киштзорҳо, доназорҳо‘ ва arvum-и лотин ’замини кишта, шиёрида, шухмида‘ ва arvam-en-и умбарёӣ ’дар замини кишта‘ аст ва низ ҳамреша бо arbe дар ирландии куҳан, ки ба чами ’донаҳое ҳамчун гандум, ҷав ва монанди инҳо‘ бувад. Ҳамчунин, тавонаш санҷидан бо harawunk (հարաւունք)-и арманӣ ба чами ’кишт, кишта; замони кишт; киштзорҳо, доназорҳо‘. Вожаи rūrag ’гиёҳи доруӣ‘ дар порсиг низ ҳамрешаи урвар аст.
Аз онҷо ки улвар дар порсии Кошон на чами «рустанӣ, гиёҳ; киштзор, доназор», ки чами «донаҳое ҳамчун нахӯд ва лубиё ва монанди инҳо» диҳад, инро тавон пеш ниҳодан, ки -uru̯arā*-и ориёӣ ҷуз чами «рустанӣ; доназор» андар чами «дона» низ биёмада буда, ки модиаш чами «дона»-ро нигаҳ бидошта ва ин вожа аз роҳи модӣ ба порсии Кошон андар шудааст, ҳам бад-он гаҳ ки порсиг ва суғдӣ ба роҳе ҷудогона, ба партави авестоӣ, танҳо чами «рустанӣ»-ро бидоштаанд.
Воҷшиносӣ
Дар порсӣ, дар вожаҳое чанд, «л» нишонгари куҳанвоҷи «р» аст, чунон: кал (порсиг: kal) аз решаи -karu̯a*, лоба (порсиг: lāb) аз решаи -rā-pa*, лашкар (порсиг: laškar) аз решаи -hraxša-kara*, лиштан/лесидан (порсиг: lištan) аз -rai̯z-a* ва зол (порсиг: zāl) аз -zāra*. [2]
Андар вожаи улвар низ «л» нишонгари воҷи куҳани «р» ва ҳамчун урвар аз решаи -uru̯arā* аст.
Анҷоми сухан
Урвари порсиг ҳарчанд дар бархе аз нивиштаҳои куҳани порсӣ ва низ фарҳангҳое чанд дида шавад, лек дар порсӣ равогии чандон наёфтааст. [3] Ин вожаро тавон ба рехти «улвар» дар порсии Кошон ёфт, ки ба партави модӣ андар ин гӯиш бар ҷой мондааст.
Ин низ тавон пеш ниҳодан, ки вожаи порсии «алвор» (alvār), ки ба тахтаи бузургу ситабр ва дарозе, ки аз танаи дарахт бурида шуда бошад, гӯянд, реша андар -uru̯arā*-и эронӣ дорад.
Понивиштҳо
[1]. Барои решашиносии уруар бад-ин нибег (китоб) дарнигаред: Раҳоми Аша, Забони порсиг (паҳлавӣ): дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ, порсӣ аз: Марями Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон, Теҳрон, Сада, 1397, 372 ва 536.
[2]. Ҳамон, 485.
[3]. Барои намуна, урвар дар «Уммулкитоб» (аз нивисандае ношинос) борҳо омадааст, чунон банди 189: «Ин ҳама абр ҷаҳонро тару тоза боздошт ва ин сабзу зардгун гашт ва урвару наботот сабзӣ баровард, ҳеҷ кас набуд, ки урварҳо бихӯрдӣ…». ниг. Wladimir Ivanow, “Ummu’l-kitāb”, der islam, 1936, 23, 1-132.
Низ дар ин ду фарҳанги порсӣ: «урвар: ба замми аввал бар вазни духтар, ба луғати Занду Авесто ба маънои наботот бошад, яъне рустаниҳо.» Муҳаммадҳусайн ибни Халафи Табрезӣ (Бурҳон), Фарҳанги форсии бурҳони қотеъ, Теҳрон, Нимо, 1380, 60. «урвар: ба луғати Занд рустанӣ ва наботӣ.» Алиакбари Нафисӣ (Нозим-ул-атиббо), Фарҳанги Нафисӣ, Теҳрон, Хайём, 2535, 1, 185.
____________________________
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.
این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید
Бифирист