Назри Яздонӣ: Ҳар зиёии тоҷик бояд хатти порсиро бидонад

Порсӣ Анҷуман: То имрӯз омӯзиши хатти порсӣ дар Тоҷикистон ба он даста аз зиёиён ё рӯшанфикрону фарҳангиёне маҳдуд будааст, ки ғолибан бо забон ва адабиёт сару кор доранд.

Аммо физикдонҳо, шимидонҳо, иқтисоддонҳо, ҳуқуқдонҳо, пизишкон, муҳандисони барқу энержӣ, мутахассисони ъарсаҳои кишоварзӣ, тиҷорат, иртиботот ва ғайра, ки низ зиёӣ маҳсуб мешаванд ё худро зиёӣ медонанд, чандон саъйе накардаанд, ки хатти миллӣ ва меҳании худро ёд бигиранд!

Пешниҳоди устод Назри Яздонӣ, шоъир ва пажӯҳишгари фарҳангу фалсафа, дар бораи омӯзиши ин хат, ки дар гуфтугӯе рӯшангарона бо рӯзноманигор Умеди Пудина дар торнамои Пажӯҳишгоҳи масоили Осиёву Урупои Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон мунташир шуда, бисёр бамаврид ва оянданигарона аст: ҳар зиёӣ ё рӯшанфикр ё фарзона ва фарҳангии тоҷик, сарфи назар аз тахассусаш, бояд забон ва хатти миллии тоҷиконро (ки порсӣ аст) бидонад! Даст марезод!

Порае аз ин мусоҳиба дар ин ҷо бознашр мешавад:
____________________________________________

– Вазъи забони адабӣ дар замони истиқлол ба назари Шумо чигуна аст?– Забон яке аз неъматҳои дараҷаи аввали ҷаҳони инсонӣ аст, ҳатто андешаҳои зебо, орзуҳои ширин дар зеҳни инсон ба воситаи забон сурат мегирад. Забони тоҷикӣ (порсӣ) хушранг аст, хушбӯй аст, хушоҳанг аст, мавзун аст, ба вазъи камолоти гармония (ҳамоҳангӣ) расидааст.

Забони (порсӣ) тоҷикӣ забони меҳрубонист. Як мастчоҳӣ шояд «марҳабо» ҳам мегӯяду «хуш омадед» ҳам. Аммо маъмулан ва ғолибан мегӯяд «дар қадамотон мурам», як панҷакентӣ дар тамоми ъумраш ҳаргиз «додарам» ё «хоҳарам» намегуфт, балки мегӯяд «додаракам», «хоҳаракам». Як ҷавони ошиқ, аз ҳар минтақае бошад калимаҳое, таъбирҳое, ба монанди инҳо саршор аз меҳрубониро ъарз мекунад.

Имрӯз аст, ки барои мо тақрибан ъодат шудааст бишнавем “қошота бхуруме“. Албатта, гӯянда қасди хӯрдани абрувони (шахси) мавриди муҳаббатро надорад. Мехоҳад бигӯяд “абрувони шумо зебо ҳастанд, гӯё рассоми чирадасте онҳоро кашидааст“. Ӯ аз мероси бобоияш бебаҳра мондааст, ки дар чунин маврид гуфта буд, «қошони сиёҳи қаламита садқа», зеро агар аз як ҷониб таъсири айёми зудсайр бошад, ки ба ҷавон имкон надодааст, аз хушиҳо ва лаззатҳои маънавиёти аҷдодаш баҳравар шавад, аз ҷониби дигар, на дар хона, на дар муассисаҳои таълимиву тарбиятӣ дарси шинохти хушиҳо ва лаззатҳои маънавиро нагирифтааст. Дур аз асолати маънавии аҷдодаш мондааст.

Мо ъодат кардаем, ки мегӯем ва мешунавем, «духтари хушрӯ», «суруди хушрӯ», «туфлии хушрӯ» ва ҳама чизи дигар, ки гӯё ба ғайр аз «хушрӯ» ҳаргиз намегӯем, ки ин хонум латофат дорад, малоҳат дорад ё ширинсухан аст, меҳрубон аст, покиза аст, дасту даҳони пок дорад.

Бузургдошти забони тоҷикӣ (порсӣ) дар замони истиқлол ба андешаи ман гиромӣ доштани ин забон, қадри онро шинохтан асту шаҳомат, солорӣ, тобишҳои эҳсоси инсонии онро риъоят кардан аст. Ногузир ва филфавр тағйироти ҷиддӣ дар таълифи овошиносӣ, сарфу наҳви забони тоҷикӣ (порсӣ) тадбирҳои судманд анҷом додан зарурист.

Мушкил бошад ҳам, аз қайди тақлиди забоншиносии ғайр берун омада, тибқи талабот ва қоъидаҳои асолати забоншиносии клосикӣ ъамал карда, ҳатман дар барномаи мактабҳои ҳамагонӣ дарси луғат ворид намуда, тадбире андешидан даркор аст, ки забони матбӯъоти даврӣ беҳтар шавад. Забонро аз олоишот нигоҳ дорем…

– Устод, Шумо дар васфи забони тоҷикӣ (порсӣ) зиёд ҳарф мезанед ва биёед дар бораи хати ниёгон ҳарф занем, дар бораи хаттеки гузаштагони мо, мардуми форсу тоҷик, аз он бахубӣ истифода мекарданду ҳоло онро то андозае мавриди истифода қарор дорад ва албатта кам аст. Чӣ бояд кард, ки ин хатяъне шояд “хати миллӣи худ бигӯем, мавриди истифодаи ҳамагон қарор бигирад?

– Алифбои ъарабиасоси форсии тоҷикӣ бо зарурати таърихӣ бар асари қабул кардани мардуми форсигӯву тоҷикзабон аз сарҳади Сурия то Ҳинд роиҷ шуд. Ин алифбо барои тасвир, бозгӯй кардани назокат, латофат ва балоғати фонетикаи (овошиносии) забони тоҷикӣ (порсӣ) хурӯҷи ҳуруфи тоҷикӣ аз қадамҳои аввалин мушкилоте дошт ва ин мушкилот дар осори клосикони мо ҳарҷо-ҳарҷо аз он ёдоварӣ шудааст. Яке аз нуқсонҳои алифбои ъарабӣ ин аст, ки овоҳои забони тоҷикиву дариву форсиро комилан бозгӯй кардану тасвир кардан ё нивиштан наметавонад.

Дар айни замон ин алифбо фазилатҳое дорад. Қисме аз бузургони мо ин алифборо алифбои фаросат гуфтаанд. Яъне чӣ? Фарз кардем ки «шир» ва «шер» дар ин алифбо як хел навишта мешавад, мо метавонем инро «шир» бихонем ё метавонем «шер». Дар ин ҷо кадом роҳу усул аст, ки дар матн он калимаи дурустро бихонем? Дар матн бояд «шир» бошад ё «шер» бошад? Ин фаросат аст. Ин гуна фаросат барои алифбои ъарабиасоси мо додаанд, ки ин алифбо дар зеҳни як нафар, дар зеҳни як кӯдак аз қадамҳои аввалин қудрати фаросатро тарбият мекунад. Яъне, як нафар дар ъайни замон ки алифбо меомӯзад, малакаҳои фитриву ҳадсиву фаросатии худро низ тарбият мекунад.

Дар ҳар сурат атрофи ин мавзӯъ гуфтугӯи зиёд аст. Дар атрофи ҳам алифбои ъарабиасоси тоҷикӣ ва ҳам алифбоҳои собиқ, ҳар кадоми онҳо зебоиҳои худро доранд, ҳатто дар нивиштор ва ҳатто дар шакл. Китобҳои бисёре аз аҷдодони мо ба забони ъарабӣ баргардонида шудааст. Дар ин маврид суҳбатҳо зиёда аз чиҳил сол давом дорад, ки ин алифбо бошад ё набошад, алифбои сириллик бошад ё ъарабӣ бошад?

Ъақидаи ман ин аст, ки ин масъалаи вазнине нест, ки ин қадр қудрати зеҳнӣ ва вақти аҳли қалам ва савод ба ин сарф шавад. Мо корҳои зиёде дорем, ки ин қувваи зеҳниву сиёсӣ бояд ба он ҷо равона карда шавад. Аз он ҷумла, шинохти асолати миллӣ ва эҳёи асолати сиёсӣ. Пойбарҷой доштани симои шахсии миллат. Ин яке аз ин масъалаҳо дар баробари дигар масаъалаҳо аст. Аммо зарурат чист, фарз, қарз чист? Ин аст, ки ин алифбо ба он ҳадде алифбои дастнорас, алифбои мушкиломӯз нест, ки дар атрофи он мубоҳот кунем.

Ақидаи ман ин аст, ҳар зиёие, ки муҳаббат ба ватан дорад, муҳаббат ба гузаштаи худ дорад, ва бидуни ин муҳаббат ӯ зиёӣ буда наметавонад, бояд ин алифборо бидонад. Муҳандис аст, табиб аст, муъаллим аст, ҳар касе набошад, бояд ин алифборо омӯзад.

То имрӯз мутаассифона як қишри тоҷикон вазифаи торихии масъулияти иҷимоъиву фарзандии худро дар назди миллат эҳсос намекунад. Бубинед, мо ба чи муносибатҳо рӯбарӯ мешавем. Фарз кардем як нафаре муҳандиси об аст, муҳандиси мошин аст, адабиёту торихро хуб медонад, ҳатман ифтихор мекунад. Ман филолог нестам, муаррих нестам, аммо алифбои ъарабиро медонам, шеъру суруд медонам.

Дар ҳар сурат, ҳар зиёӣ дар баробари ихтисоси худаш ҳатман алифбои форсиро низ бояд донад. Бибинед, нафаре, ки маълумоти ъолӣ дорад, адабиёти худро надонад, чигуна соҳибмаълумот аст ӯ?! Як нафар, ки маълумоти ъолии тиббӣ дорад, ӯ чигуна маълумот аст, чигуна метавонад масъулияти худро дар ҷомеъа иҷро кунад, яъне масъулияти пуштибони фарҳангу маданияти худ будан, вориси маданияти худ будан? Ин масъала бисёр масъалаи саҳл аст. Ин масъала он масъалае нест, ки то ин ҳад печида карда шавад.

Ин масъалаи бисёр сохта аст. Бародари гиромӣ, зиёӣ ҳастӣ, масъул ҳастӣ, ки алифбои форсиро бидонӣ. Адабиёти худро, торихи худро, бояд бидонӣ. Омӯхтани ин алифбо ҳам он қадар мушкил нест. Ман шахсан як дарси форсиву дарси алифбои арабӣ нахондаам, вале аз синфи ҳаштум ин алифборо мехонам. Дар ин таҷрибае, ки дорам, ҳатто нафаронеро дарс додам, ки дар ҳафт дарс китобхон шуданд. Яъне, диққат лозим аст, кӯшиш лозим аст.

Омӯзиши ин алифбо то он ҳадде воҳима нест, ки кадом кӯҳ ё кӯҳи Қоф ё кадом масоили риёзиро ҳаллу фасл карда бошӣ, яъне ягон мушкилоти ҷиддие дар омӯзиши он вуҷуд надорад. Алифбои расмӣ ҳам, ки сириллик аст, фазилатҳои худро дорад ва як фазилаташ ҳам ин аст, ки бисёр дастрас аст. Миллат бояд саросарӣ босавод бошад. Маърифат чароғи саъодат аст. Як нафар бесавод дар миёни миллат набояд вуҷуд дошта бошад. Аз ин рӯ алифбои сириллик бисёр осономӯзу содда аст.

Гуфтугӯи муфассалро метавонед аз “инҷо” бихонед.

____________________________

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*