Ҳувийяти эронӣ ва деринагию решадории он

Куруши Ҷаннатӣ

 «Ва чун бо ман далеле (роҳнамо) набуд, ки он роҳ донад, мутаҳаййир будам. Ногоҳ аз фазли борӣ, таборак ва таъоло, ҳамон рӯз марде аҷамӣ (эронӣ) бо ман пайваст, ки ӯ аз Озарбойҷон буд, ва як бори дигар он мазороти (зиёратгоҳҳои) мутабаррикаро дарёфта буд, ду каррат (бора) бадон азимат рӯй бадон ҷониб оварда буд. Бадон мавҳибат, шукри бориро, таборак ва таъоло, ду ракъат намоз бигузоридам ва саҷдаи шукр кардам, ки маро рафиқи роҳ бидод то бар азме, ки карда будам, вафо бикардам.»

 Ин матнро Носири Хусрави Қубодиёнӣ ҳазор сол пеш навиштааст. Бингаред ин марди хуросонӣ, дар сарзамине ғариб, чи андоза аз дидан ва ҳамроҳ шудан бо ҳаммеҳани озарбойҷонии худ хушҳол шуда, ки намози шукр гузоридааст. Устувор будани пайвандҳои торихӣ, отифӣ, фарҳангӣ ва забонии мардумони ҷой-ҷойи Эроншаҳр падидае якто ва бемонанд аст. Ситургӣ (азамат) ва  решадор будани ин пайванд ба андозаест, ки ҳазор соли пеш Носири Хусрави Қубодиёнӣ, ки зодаи шаҳри кӯчаке ба номи Қубодиён, дар Тоҷикистони имрӯзист,  шахсеро дар шаҳри Озарбойҷон, ки ҳазорон фарсанг дуртар аз Қубодиён аст, ҳамтабор ва ҳаммеҳани худ медонад.

 Аҳаммият ва арзиши ин пайванд ҳангоме бештар намоён мешавад, ки онро бо ҳувийяти торихӣ ва нафонии (миллии) дигар кишварҳо бисанҷем. Бисёре аз кишварҳои перомуни Эрон умре камтар аз сад ё дувист сол доранд. Ба забони содатар то дивист соли пеш вуҷуд надоштанд. Барои намуна умри кишвари Иморот камтар аз шаст сол аст ва Ҷумҳурии Озарбойҷон то замони Қоҷор бахше аз хоки Эрон буд.

 Дар  Аврупо низ ҳувийяти фарогири меҳанӣ дар садаҳои шонздаҳум ва ҳабдаҳуми тарсоӣ (мелодӣ) диса (шакл) мегирад ва дар бисёре фитодҳо (маворид) пружаи нафонсозӣ (миллатсозӣ) дар онҷо бо саркӯб ва куштор ҳамроҳ будааст. Ба гуфтори пруфесур Элбир Уртойлӣ, торихнигори барҷастаи аҳли Туркия, замоне, ки эрониҳо шеър месуруданд, миллатҳои дигар рӯйи дарахт зиндагӣ мекарданд.

 Ҳамаи мо медонем, ки наметавон ва набояд дар торих ва вирояҳои(хотира‎ҳои) торихӣ монд ва дарҷо зад ва сарфарозӣ ва  болиш(ифтихор) ба гузашта онҷое равост, ки ба кори сохтани имрӯз ва  оянда биёяд. Аз диди нигоранда огоҳӣ аз ин нуктаҳо ва ёдоварии онҳо ҳам барои имрӯзи Эрон, ҳам барои сохтани ояндаи он боиста(зарурӣ) ва ниёзин(лозим) аст; зеро ба мо кумак мекунад, ки ҷойгоҳи худ ва дигаронро беҳтар бишносем ва дар бозшиносии суханони дуруст аз нодуруст ва дар воковии(таҳлили) пурсмонҳои(масоили) пайванддор бо меҳани худ ҳушёртар бошем. Дареғмандона кор беҳисобу китоби ҷаҳон ба ҷое расида, ки ҳамон кишварҳое, ки бо ҷаъл ва қарордод сохта шудаанд ва бо саркӯбу куштор ва дар фитодҳое(мавориде) монанди Туркия бо зодмонкушӣ(наслкушӣ) нафонсозӣ(миллатсозӣ) кардаанд дар андешаи тафриқаафканӣ дар миёни эрониёне ҳастанд, ки торихи ду ҳазору понсадсола доранд. Ин нуктаест, ки ба ҳасту нести Эрон ва  сарнавишти мардумаш пайванд дорад; аз ин рӯй наметавон ба содагӣ ва бетафовутӣ аз канори он гузашт.

 Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдоданомаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар файсбук ё телегром ё инстогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*