Пурдовуд, Иброҳим (2536); Фарҳанги Эрони бостон (бахши нахуст); Донишгоҳи Теҳрон, чопи севум.

Боргирии «Фарҳанги Эрони бостон»-и устод Пурдовуд

Порсӣ Анҷуман: «Фарҳанги Эрони бостон» гирдоварде аз ҷусторҳои гаронсанги устоди зиндаёд Иброҳими Пурдовуд – эроншинос, авастошинос ва устоди фарҳанг ва забонҳои куҳани эронист, ки ҳамон гуна, ки аз номи нибег бармеояд, равшангариест донишӣ дар заминаи вожаҳои пайванддор бо фарҳанги Эрони куҳан.

Ҳувийяти эронӣ ва деринагию решадории он

Устувор будани пайвандҳои торихӣ, отифӣ, фарҳангӣ ва забонии мардумони ҷой-ҷойи Эроншаҳр падидае якто ва бемонанд аст. Ситургӣ (азамат) ва решадор будани ин пайванд ба андозаест, ки ҳазор соли пеш Носири Хусрави Қубодиёнӣ, ки зодаи шаҳри кӯчаке ба номи Қубодиён, дар Тоҷикистони имрӯзист, шахсеро дар шаҳри Озарбойҷон, ки ҳазорон фарсанг дуртар аз Қубодиён аст, ҳамтабор ва ҳаммеҳани худ медонад.