(ба ифтихори Рӯзи бузургдошти Ҳаким Фирдавсии Тусӣ)
Обиди Шакурзода: Рӯзи 25 урдибиҳишт (15 май) рӯзи бузургдошти Абулқосими Фирдавсӣ, ҳакими фарзонаи Тӯс, шоҳпури назми порсӣ ва аз ахтарони адабиёти ҷаҳон аст.
Фирдавсии покзод (таъбири Шайх Саъдӣ) бо нивиштани «Шоҳнома» дар фарҳангу торихи куҳансол ва пурмояву жарфи сарзамини номвари мо – Эронзамин – рӯҳу ҷони тозае дамонд.
Акнун ҳазор сол аз иншои «Шоҳнома» мегузарад, аммо «Шоҳнома» ҳамоно тозаву нав, мисли хуршеди ҷаҳонтоб боғи дилҳоро партавафшон мекунад ва аз арзандагию гаронмоягии «Шоҳнома» чизе каму коста нашудааст. Балки то рӯзгор бар он ҳар андоза мебигзарад, ҷойгоҳи буланду фазилати арҷманди он назди ҳамагон, бавижа назди хирадмандону фарҳехтагон, муҳтарамтар мегардад.
«Шоҳнома» дарёест саршор аз донишҳову огоҳиҳои гуногун, ки дар миёни онҳо метавон аз ҷусторҳое чун торихи пайдоиши тамаддун, инсону табиъати пиромунаш, шаҳророӣ ва рустоободӣ ва пизишикию мумиёӣ ва ҷуғрофиёву ҳикмату фалсафа ва мусиқию ойинҳои миллию динию кишвардорӣ ва панду андарзу забоншиносию адабиёту сухангӯиву даҳҳову садҳо гунаи дигар ёд кард.
«Шоҳнома» на танҳо яке аз мояҳои сарбуландиҳои ҳамешагии фарҳанги Эронзамин аст, балки яке аз гаронмоятарин ва пурарҷтарин чакидаҳои андешаи волои ҳамаи мардуми гетӣ дар дарознойи таърих мебошад.
Бар ин бино, «Шоҳнома» барои ҳамаи мо – аз дарвешу ъуммӣ гирифта, то мударрису ъолиму кабиру вазиру амир дар ҳар давр, муътабар аст ва тақрибан тамоми бузургони адаби мо пас аз Фирдавсии покзод (ҳамчун Низомию Аттору Мавлонову Ҳофизу Ҷомӣ…) мустақиман ва ё ғайри мустақиман аз «Шоҳнома» мояву илҳом гирифтаанд.
Аз ин миён шояд ҳич кудом ҳамчун Шайх Саъдии Шерозӣ нисбат ба ин абармарди торихи мо иродату ихлоси бузург намоиш надодааст. Шайх Саъдӣ «Бӯстон»-ро бар вазни «Шоҳнома» (баҳри мутақориби маҳзуф) суруд, аммо на дар боби пархошу ҷанг, балки бо ҷаҳони ормонии хеш, дар партави фарҳанги инсонсози форсӣ.
Дар осори Саъдӣ, аз ҷумла дар «Гулистон» ва «Бӯстон», инъикоси мазмунҳои «Шоҳнома» ба таври қобили мулоҳизае намоён аст. Ва ҳатто Шайхи Шероз бо он нубуғу табъи беназире, ки дар сухан дорад, гоҳе ҳам бо камоли ифтихор гуфтори Ҳакими Тӯсро пирояи осори худ кардааст. Масалан ин гуна (дар «Бӯстон»):
Чӣ хуш гуфт Фирдавсии покзод!
Ки раҳмат бар он турбати пок бод:
«Маёзор мӯре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширин х(в)аш аст»!
Яъне Шайх Саъдӣ аз рӯйи иродату эҳтиром дуъо мекунад, ки борони раҳмати Ҳақ хоки (турбати) поки Фирдавсиро шодобу муъаттар гардонад. Саъдӣ худ бузургустоди каломи бадеъ аст ва дар сухану ҳикмату дониш ба ҳадде мартаба дорад, ки паямбари сухан ъунвон гирифта, аммо бо чунин мартабати рафеъ афзал медонад ва ифтихор менамоёнад, ки гуфтори гавҳаринаш бо нақли қавле аз суханони ҳакими фарзонаи Тӯс пироя гирад.
Дар ду шоҳкори ҷаҳонии Саъдӣ – «Гулистон» ва дар «Бӯстон», ҳар гоҳе аз «Шоҳнома»-и бемисолу безавол шамиме мевазад ва сирати тимсолҳои барҷастаи «Шоҳнома» ба нишони ъибрат ва гоҳе ҳам бо таҳсину тамҷид бознамоӣ мешаванд, ба монанди Ҷамшеди фаррухсиришт, Фаридуни фарзона, Заҳҳоки мордӯшу Дорои фаррухтабор, Золи Дастону Рустами гурд, Афросиёбу Гургин, Баҳману Исфандёр, Нӯшинравони ъодилу некрой, Шопуру Хусраву Шерӯя.
Яъне ин таъкид барҳақ аст, ки «Шоҳнома» афсона нест, «Шоҳнома» на ривоятнома ё торихбофӣ аст, балки номаи накӯи рӯҳпарварест, ки аз ганҷури бебаҳои хираду донишу ҳунару ҳикмати инсонии аҷдодони фарзонаи мо бо ойину дину қавонини арҷманди башар, аз ҷониби бузургмарде ба номи Абулқосими Фирдавсӣ бо сатрҳои заррин ороста шуда ва шайхи Шероз бо чунин маҳаббату гиромидошт аз ин ганҷи шоён баҳра бардошта, моро ҳам раҳнамуни боргоҳи пуршукӯҳи он мегардонад.
Хуш он қавм, ки аз шоҳкорҳое ҳамчун Шоҳномаҳову Бӯстонҳову Гулистонҳо бархурдоранд!
__________________________
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.
Бифирист