‘Pārsīg Language’ номзади ‘Китоби сол’ шуд

Asha, Raham. Pārsīg Language (The so-called Pahlavi) Parts of Speech, Word Formation, and Phonology. First published. Tehran: Sade, 2017. ISBN: 978-600-98270-1-5

‘Забони порсиг (паҳлавӣ)’, нивиштаи Раҳоми Аша ба забони инглисӣ, ки соли гузашта барои нахустин бор дар Эрон ба чоп расид, номзади “Китоби сол”-и Эрон шудааст.

Ин нибег (китоб), ки ‘Pārsīg Language’ ном дорад, дар се бахши дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ нивишта шудааст ва барои ҳар касе, ки мехоҳад забони порсигро бахубӣ ёд бигирад, ё бо вожасозӣ ба гунаи донишӣ дар ин забон ошно шавад, ё онро бо дигар забонҳои эронӣ бисанҷад ва вожаҳои порсигро решашиносона баррасад, ё воҷшиносии ин забонро фаро гирад, коромад аст.

Аша намунаҳои ин нибегро дар беш аз яксад нивиштаи порсиг (ҳар нивиштаи порсиге, ки то кунун ба дасти мо расида) баргузидааст.

Гуфтанист, ки гардониши порсии ин нибег ҳам бо номи “Забони порсиг” бо гардониши Марями Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон дар ҳамин моҳ (баҳманмоҳ) дар дастраси пажӯҳандагон, донишҷӯён ва дӯстдорони фарҳангу забонҳои эронӣ ниҳода хоҳад шуд.

‘Pārsīg Language’-ро Китоби Сада (дурово: 21-66862143, пӯён: 9122472838) дар 501 рӯя ва ба баҳои 120 ҳазор тумон чопахш кардааст.

Соли гузашта низ “Гӯёии Арасту” аз Повели Порсӣ, файласуфи Эрони Бостон ва устоди фалсафаи Хусрави Анӯширвон, бо гардониши Раҳоми Аша аз суриг ба ва ъарабӣ ба инглисӣ ва гардониши Бузургмеҳри Луқмон ба порсӣ номзади Китоби сол шуда буд.

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

 این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*