Pārsīg Language чоп шуд

Asha, Raham. Pārsīg Language (The so-called Pahlavi) Parts of Speech, Word Formation, and Phonology. First published. Tehran: Sade, 2017. ISBN: 978-600-98270-1-5
Asha, Raham. Pārsīg Language (The so-called Pahlavi) Parts of Speech, Word Formation, and Phonology. First published. Tehran: Sade, 2017. ISBN: 978-600-98270-1-5

Забони порсиг ё забони паҳлавӣ, нивиштаи Раҳоми Аша дар се бахши дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ барои нахустин бор дар 501 рӯя ба забони инглисӣ чоп шуд.

Ин нибег (китоб), ки Pārsīg Language ном дорад, барои ҳар касе, ки мехоҳад забони порсигро бахубӣ ёд бигирад ё бо вожасозӣ ба гунаи донишӣ дар ин забон ошно шавад ё онро бо дигар забонҳои эронӣ бисанҷад ва вожаҳои порсигро решашиносона баррасад ё воҷшиносии ин забонро фарогирад, коромад аст.

Аша намунаҳои ин нибегро аз беш аз яксад нивиштаи порсиг (ҳар нивиштаи порсиге, ки то кунун ба дасти мо расида) баргузидааст.

Гуфтанист, гардониши порсии ин нибег ҳам бо номи “Забони порсиг” бо гардониши Марями Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон дар дастраси пажӯҳиндагон, донишҷӯён ва дӯстдорони фарҳанг ва забонҳои эронӣ ниҳода хоҳад шуд.

Pārsīg Language-ро “Китоби Сада” (дурово: 021-66862143, ҳамроҳ: 09122472838) чопахш кардааст.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*