Як нивиштаи навёфта ба забони порсиг (паҳлавии сосонӣ) бо овонивисии Раҳоми Аша бозчоп шуд.
Ин нивиштаи навёфта “Вӣрозагон” ном дорад, ки дар бораи эварз (сафар)-и муғе ба номи “Вӣроз” ба биҳишту дӯзах аст. Дар он омада, ки Виштоспшоҳ Вӣрозро аз ҷаҳони зиндагон ба ҷаҳони мурдагон фиристод. Ӯ даромехтаеро, ки ҳафт хоҳараш омода карда буданд, саркашид ва дигаргун шуд, ду эзад, Суруш ва Озар, ӯро ба Чинвадпул раҳ намуданд, ҷое, ки эзади доварӣ, Рашн, андешаҳову гуфторҳову кирдорҳои мурдаро бо тарозӯяш месанҷид ва ишон Вӣрозро пеши Ҳурмузд оварданд ва низ ба ҷое раҳ намуданд, ки дӯзахиён бо деву дурӯҷ подафроҳ медиданд.
Гуфтанист, ки “Вӣрозагон” дигарсон аз “Ардовӣрофнома” ё “Ардовӣрознома”-и шинохташуда аст ва танҳо рӯнивишти он дар дастнивиште ба номи TD 26 дар Бунёди Комо дар Ҳиндустон нигаҳдорӣ мешавад.
Чопи дувуми “Вӣрозагон”-ро “Китоби Сада” (дурово: 021-66862143, ҳамроҳ: 09122472838) анҷом додааст.
Пешгуфтори “Вӣрозагон”-ро дар “инҷо” бихонед.
متن فارسی را “اینجا” بخوانید
Бифирист