Вожаномаки фейсбукӣ

Фариштаи Мавлавӣ: Корбарони шабакаҳои маҷозӣ, аз ҷумла Фейсбук, ногузир ба бакорбурдани рӯзмарраи вожаҳо ва тармҳои вижаи фазои он шабакаанд. Дар ҳоле ки гароиш ба корбурди вожаҳои инглисӣ ва дарвоқеъ “инглисипаронӣ” дар миёни мардум (бавижа ҷавонон ва хориҷрафтаҳо) пуртавону пуршитоб аст, ҷои шигифтӣ надорад, ки анбӯҳе аз ин даст вожаҳо ва тармҳои инглисӣ баосонӣ ба гуфтору нивиштори форсизабонҳо роҳ пайдо кунанд.

Дуруст аст, ки дар ҳеч замоне, бавижа дар ин замона, боиста ва шоиста нест, ки забони форсӣ роҳро бар вожаҳои бегона бибандад. Бо ин ҳама, ин ҳам дуруст аст, ки вуруди селосо ва беравияи вожаҳои инглисӣ ба густараи забони форсӣ ин забонро суст мекунад. Вожаҳо ё тарми бегона агар дар сурати ниёз ба забони форсӣ  роҳ пайдо кунад ва бо дастгоҳи овоии он кам ё беш бихонад ва пайрави дастуру сохтори он бишавад, зиёне ба он намезанад.

Аммо агар кор ба ҳамин равол ва бо ҳамин шитоб пеш биравад ва корбарони забони форсии инчунин “дасти татовул ба худ гушуда” бишаванд, бими он меравад, ки форсӣ шери беёлу думу ишкаме бишавад, ки дигар ҳеч “тилисми муъҷизате” паноҳаш набошад. Аз ин чашмандоз ва бо ин бовар, ки ҳар кас, ки аҳли қалам аст ва забонро абзори кори худ медонад (аз нивисанда ва мутарҷим гирифта, то дастуршиносу забоншинос), боистӣ ба андозаи тавони худ барои пойдорӣ ва устувории забони форсӣ гоме бардорад, вожаномаки зер фароҳам шуда, то шояд роҳгушо бошад.

Дар ин феҳрист ончи бо дуситора омада, пешниҳоди ман аст (яъне то ҷое ки ман медонам, дигарон чунин баробарниҳодаеро пешниҳод надодаанд). Ончи бо якситора омада, яъне дар як манбаъи муътабар (монанди “Фарҳанги ъулуми инсонӣ” ё “Фарҳанги муъосири пӯё” ё “Фарҳанги вожаҳои порсӣ”-и дуктур Ҳайдарӣ ё Фарҳангистон) омада ва ман меписандам. Ончи беситора омада, яъне бакоррафта, аммо ман намеписандам. Ногуфта пайдост, ки баробарниҳодаҳои зер дар бунёд бар пояи корбурдашон дар Фейсбук пешниҳод шудаанд.

**Account settings – гузоргоҳҳои ҳисоб/танзимоти ҳисоб/сомондиҳии ҳисоб
*Acquaintances – ошноён
**Activate – ба кор андохтан/фаъол кардан
**Active – даркор/фаъол
**Activity log – кордафтар
*Admin – гардонанда/админ
*Ads – огаҳиҳои бозаргонӣ
**App – барномак
*Basic info – огаҳониши поя/иттилоъоти поя
**Block – роҳбанд кардан
*Campaign – корзор/кемпейн, пӯиш
*Chat – гап/*гап задан
**Chat room – гапхона
*Close friends – дӯстони наздик
**Comment – нигар/коммент/назар
*Confirm – устувор кардан/*таъйид кардан
**Cover photo – ъакси сарбарга
*Create – сохтан
*Data – додаҳо
**Delete – пок кардан
*Download – боргирӣ/*бор гирифтан
**E-book – экитоб/китоби электруник
*Edit – вӣростан/вӣроиш кардан
**Embed post – пустро гунҷондан
*Event – рӯйдод
*Explore – гаштан
*Face book – фейсбук/рухнома
**Facebook page – баргаи фейсбукӣ
**Facebook profile – чеҳранамои фейсбукӣ
*Fan – ҳаводор
**Fan page – ҳаводорбарга
**Follow – пайгир шудан, дунбол кардан
**Follower – пайгир, дунболкунанда
*Forward – бозфиристодан
*Friend – дӯст
*Friend request – дархости дӯстӣ
*Gift – пешкаш/ҳадя
*Group – гурӯҳ
*Home – хона
Home page – баргахона*/сафҳаи аслӣ
**Insights – воковиҳо
**Interests – дилбастагиҳо
*Join – пайвастан
*Like – писанд задан/*писанд/лойк задан/лойк
**Link – банд/*пайванд/линк
*List – феҳрист
*Log in – ворид шудан
*Log out – хориҷ шудан
**Manage – сомон додан
*Message – паём
*News feed – хабархон
*Note – ёддошт
**Notification – огоҳбош
*Option – гузина
**Pages Feed – баргахон
Password – гузарвожа*
*PDF – пидиэф
**Pending items – зобароҳҳо
**Poke – сук/**сук задан
*Post – пуст
*Preference – баргузиниш
*Privacy – халват/**ноҳамагонӣ
*Profile – чеҳранамо
*Profile picture – ъакси чеҳранамо
*Recent activity – кори тоза
*Request – дархост
**Restricted list – феҳристи марзбандшудаҳо
*Remove – бардоштан
**Saved – андӯхта/*пасандоз
**Scroll down – пойин овардан
*Scroll up – боло бурдан
*Search – ҷустуҷӯ
*Section – бахш
*Share – ҳамрасонӣ/ба ҳам расондан
*Shortcuts – миёнбурҳо
**Social plugins – баҳамрасиҳои иҷтимоъӣ
**Status – ҳарфуҳол/ҳасби ҳол/истатус
**Suggested pages – баргаҳои пешниҳодӣ
**Tabs – бахшнамоҳо
*Tag – барчасб/*барчасб задан
**Ticker – тик задан
**Timeline – девор (нахуст Фейсбук вожаи деворро ба кор мебурд)/*замонбандӣ
**Timeline review – бозбинии замонбандӣ
**Top story – сардостон
**Trending – (феҳристи) болопаридаҳо
**Unfriend – нодӯст/**нодӯст кардан
*Update – рӯзомад
*Upload – боргузорӣ/*боргузоштан

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

متن فارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

1+

Бифирист

.


*