Забони форсӣ ва ҳукуматҳои туркон

Чигуна забони форсии дарӣ ба ъунвони забони расмии эрониён шинохта шуд

Дуктур Ҷалоли Матинӣ

Муқаддима

Дар саргузашти китоби “Калила ва Димна” («Дебочаи мутарҷим», тарҷумаи Насруллоҳи Муншӣ, дар соли 539 ҳ.қ.) омадааст, ки «Анушервон мисол дод, то онро ба ҳилатҳо аз диёри Ҳинд ба мамлакати Порс оварданд ва ба забони паҳлавӣ тарҷума кард… ва онро дар хазоини хеш мавҳибате ъазиз… шумурд…», «…ва чун билоди Ироқ ва Порс бар дасти лашкарҳои исломӣ фатҳ шуд… зикри ин китоб бар исмоъи хулафо мегузашт ва ишонро бад-он майле ва шаъафе мебуд, то дар навбати Амирулмуъминин Абӯҷаъфари Мансур…, Ибни Муқаффаъ онро аз забони паҳлавӣ ба луғати тозӣ тарҷума кард…», «…ва чун мулки Хуросон ба амири садид Абулҳасани Наср ибни Аҳмад… расид, Рӯдакии шоъирро мисол дод, то онро [ба забони порсӣ] дар назм орад…», «…ва ин китобро пас аз тарҷумаи Ибни Муқаффаъ ва назми Рӯдакӣ тарҷумаҳо кардаанд… ва дар ҷумла, чун рағбати мардумон аз мутолеъати кутуби тозӣ қосир гашта аст… бар хотир гузашт, ки онро [ба забони порсӣ] тарҷума карда ояд»1

Аз сӯи дигар, дар Торихи Байҳақӣ мехонем: «…султон гуфт ба амирулмуъминин нома бояд нибишт бад-ин чи рафт… Бӯнаср гуфт ин фароиз аст, ва ба Қадархон ҳам бибояд нибишт… ва устодам ду нусхат кард ин ду номаро, чунон ки ӯ кардӣ, яке ба тозӣ сӯи халифа ва яке ба порсӣ ба Қадархон…» ва «…нусхати байъат ва савгандномаро устоди ман [аз тозӣ] ба порсӣ карда буд, тарҷумае рост чун дебои румӣ… Бӯнаср нусхат батамомӣ бихонд. Амир гуфт: Шунудам «ва ҷумлаи он маро муқаррар гашт, нусхати порсӣ маро деҳ». Бӯнаср бад-ӯ боздод ва Амир Масъуд хондан гирифт – ва аз подшоҳони ин хонадон разиаллоҳу ъанҳу надидам, ки касе порсӣ чунон хондӣ ва нибиштӣ, ки вай – нахуст ъаҳдро то охир бар забон ронд, чунон ки ҳеҷ қатъ накард ва пас давоти хосса пеш оварданд. Дар зери он ба хатти хеш тозӣ ва порсии ъаҳд, ончи аз Бағдод оварда буданд ва ончи устодам тарҷума карда буд, нибишт…»2

Аз ҳамин чанд мисол, ки танҳо аз ду китоби маъруфи форсӣ нақл гардид ва низ аз садҳо шоҳид ва мисоли дигаре, ки баяқин дар мутуни форсӣ ва дигар забонҳо дар бораи мавзӯъи мавриди баҳси мо дар ин мақола омадааст, барӯшанӣ ошкор мегардад, ки:

1. Сокинони ҳар сарзамине аз дер боз ба забони хос сухан мегуфтаанд, ки барои дигарон – ҳатто ҳамсоягонашон – мафҳум набудааст ва ҳамин амр ниёз ба вуҷуди мутарҷимонро барои тарҷумаи гуфтор ё нивиштае аз забоне ба забоне дигар, ҳатто дар рӯзгорони куҳан – ва ҳадди ақал дар ташкилоти идории ҳар кишваре – зарурӣ месохтааст.

2. “Калила ва Димна”-е, ки мо аз он сухан мегӯем, дар асл ба забони санскрит, забони бостонии ҳиндувон будааст, ки онро дар замони Хусрави Аввал Анушервон аз он забон ба паҳлавӣ – забони роиҷ дар ъаҳди Соcониён – тарҷума кардаанд. Ин ҳарду забон қарнҳост, ки дар шумори забонҳои мурда қарор дорад, зеро дигар на касе ба онҳо сухан мегӯяд ва на ба ин забонҳо чизе менивисад.

3. Сабаби тарҷумаи китоби “Калила ва Димна” аз забони паҳлавӣ ба забони ъарабӣ дар дараҷаи нахуст майлу шаъафе будааст, ки халифаи ъаббосии тозинажоди ъарабзабон бад-ин китоб дошта, ва дар зимн Ибни Муқаффаъ бо тарҷумаи ин китоб ба забони ъарабӣ, хостааст гурӯҳе аз мардуми Ъироқу Бағдод ва Шому Ҳиҷоз, ки «луғати тозӣ» забони ишон будааст, аз ин китоб бенасиб намонанд.3

4. Сабаби тарҷумаи ин китоб аз забони ъарабӣ ба порсӣ низ он будааст, ки забони паҳлавӣ дар қарнҳои нахустини исломӣ дар Эрон, ҷуз дар назди мӯбадон корбурде надоштааст, ва аз сӯи дигар, чун дар нимаи аввали қарни шашуми ҳиҷрӣ «рағбати мардумон» [=форсизабонони босаводу фарҳехта] аз мутолеъати китоби тозӣ қосир гашта» будааст, Насруллоҳи Муншӣ онро ба порсӣ тарҷума карда, чунон ки пеш аз вай низ Рӯдакӣ ҳамин китобро ба забони форсӣ манзум сохта будааст.

5. Султон Масъуди Ғазнавӣ, ки дар ъиборатҳои манқул аз Торихи Байҳақӣ аз вай зикре ба миён омадааст, ва низ Қадархон ҳарду аз туркнажодони туркзабони Урол ва Олтойӣ будаанд. Падарбузурги Масъуд, Сабуктагин, дар ҷангҳои тозиёни мусалмон бо туркон ба исорати мусалмонон даромада будааст. Ин гуна асирон аз зану мард дар бозорҳои бардафурӯшон ба ъунвони ғулом ва каниз дар маърази хариду фурӯш қарор мегирифтанд ва амирону тавонгарон ҳар як аз ононро барои мақсуде хос харидорӣ мекарданд ва ба тарбияти ишон мепардохтанд, бахусус мардони ишонро барои хидмат дар сипоҳ4, чунон ки Алптагин, ғуломе турк, ки ба тавассути Аҳмад ибни Исмоъили Сомонӣ харида шуд, баъдҳо дар дастгоҳи Сомониён ба мақомм ҳоҷибсолорӣ расид, ва пас аз куштани сипаҳсолори урдуи Сомонӣ дар Бухоро ба мақоми сипаҳсолории Сомониён ва ҳукумати Хуросон иртиқоъ ёфт ва дар соли 351 амири маҳаллии Ғазнаро шикаст дод ва Ғазнаро дорулимораи худ қарор дод, ва сипас навбат ба Сабуктагин расид, ки ӯ низ аз ҳамин ғуломони турк буд, ки Алптагин ӯро дар ъаҳди Ъабдулмалики Аввал дар Нишобур аз туҷҷори бардафурӯш харид ва сипас ӯро ба домодии худ сарафроз кард, ва чунон ки медонем, Султон Маҳмуди Ғазнавӣ – падари Масъуди Ғазнавӣ – фарзанди ҳамин Сабуктагин, домоди Алптагин аст, ки аз вай ном бурдем. Ва аммо Қадархон (аз Илагхонён ё оли Афросиёб) аз туркони чигилӣ буд, ки муддатҳо дар Кошғар ва Балосоғун ва Хутан ва Мовароуннаҳр ҳукумат карданд. Тавзеҳ он ки инон, бар хилофи Ғазнавиён, аз ғуломони турк набуданд, ки ба иморат расида бошанд. Вале ъумуми ин туркон, чун дар Эрон ба иморат ва подшоҳӣ мерасиданд – гарчи наслҳои нахустини онон порсӣ намедонистанд ва ё ҳадди аксар андаке бо он ошноӣ доштанд – дар ташкилоти девонӣ ва идории мамлакат муншиёни эронӣ буданд, ки номаҳои ишонро ба халифаи Бағдод ба забони тозӣ, ва номаҳои ононро ҳатто ба ҳамзабонони туркашон ъумуман ба забони порсӣ менивиштанд, то чи расад ба номаҳое, ки ин подшоҳон ва амирон ба эрониёне, ки дар навоҳии мухталифи Эрон ва дар зери назари ишон ба корҳои девонӣ ва идорӣ саргарм буданд.

Аз яке аз шавоҳиде, ки аз Торихи Байҳақӣ нақл кардем, ба таври зимнӣ, чунин бармеояд, ки вақте номаи порсии Масъуди Ғазнавӣ – иншои Абӯнасри Мушкон, соҳибдевони расоил – ба Қадархони турк мерасад, лобуд, вай низ дар дарбор ва ташкилоти идории худ порсидонон ва порсинивисоне доштааст, ки номаи порсии Султон Масъудро барои вай ба забони туркӣ бармегардонидаанд, ё он ки худи Қадархон ҳам ба монанди Масъуд ба сабаби иқомат дар байни эрониёни форсизабон забони форсиро чунон омӯхта будааст, ки лоақал барои фаҳми номаи Масъуд дигар ниёзе ба мутарҷим надоштааст. Гарчи ба яқин посухи Қадархонро ба Амир Масъуд низ бояст дабире эронӣ ва форсизабон нивишта бошад. Дар боби порсидонии ин гуна туркони ҳоким бар Эрон, ва бахусус ҳудуди дарки ишон аз дақоиқ ва латоифи забони форсӣ, ҷои ҳарф аст ва ба гумони нигорандаи ин сутур, зиндаёд Муҷтабо Минавӣ ҳаққи матлабро дар ин боб адо кардааст.5

6. Дар ин мавзӯъ тардиде вуҷуд надорад, ки дар даврони мавриди баҳси мо тамоми сокинони Ҳинд ё имперотурии Соcонӣ ва ё сарзаминҳои таҳти тасарруфи Ғазнавиён танҳо ба як забон – яъне батартиб ба санскрит, паҳлавӣ ва форсии дарӣ – сухан намегуфтаанд ва китоб наменивиштаанд ва шеър намесурудаанд, ҳамчунон ки имрӯз низ дар ҳар як аз ин сарзаминҳо -ба ҷуз «забони расмӣ» – даҳҳо ва садҳо забон ва лаҳҷаи гуногун роиҷ аст, ки дар мавориде ба бархе аз онҳо китоб низ менивисанд ва шеъру тарона ҳам месароянд. Чунон ки филмасал дар қуруни нахустини исломӣ ва аз ҷумла дар даврони Ғазнавиён, мо аз забонҳо ва лаҳҷаҳои эронӣ, монанди хоразмӣ ва суғдӣ ва бухороӣ ва тахорӣ ва розӣ ва озарӣ ва табарӣ ва курдӣ ва хӯзӣ ва ғайра хабар дорем. Аммо ин забонҳо ва лаҳҷаҳо низ аз ҷумла дар дастгоҳи идорӣ ва ҳукуматии Сомониён ва Ғазнавиён маҳалле аз аъроб надоштаанд. Аз сӯи дигар, ин мавзӯъ низ бадеҳист, ки аксарияти тӯдаи бесаводи мардум ҳам, ки ба дигар лаҳҷаҳо ва забонҳо сухан мегуфтаанд, ба эҳтимоли қавӣ, бо забони идорӣ ва адабии роиҷ дар кишвар ва дарбори подшоҳи худ ошно набудаанд.

7. Дар шавоҳиде, ки аз “Калила ва Димна” ва Торихи Байҳақӣ нақл кардем, ба таври ғайримустақим ба омӯзиши забони бегона ва ҳам ба тағйири забони сокинони як сарзамин ё ривоҷи забоне дигар ба ҷуз забони маҳаллӣ ва қавмии онон ишора гардида, ки ҳарду мавлуди хориҷӣ будааст, чунон ки:

А: Забонм ъарабӣ – забони сокинони Ҷазиратуъараб, пас аз зуҳури ислом дар он сарзамин ва ҳамалоти тозиёни мусалмон ба кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Эрон – бо вуҷудм муқовамати фарҳангии истисноии эрониён дар ҳифзи забон ва фарҳанг ва суннатҳои гузаштаи худ – на танҳо дар пайи қабули дини ислом дар Эрон ривоҷ гирифт, балки эрониён алифбои ъарабиро – ки содатар аз алифбои паҳлавӣ буд – бо тағйироте чанд ба ҷои алифбои паҳлавӣ барои нигориши забони порсӣ ба кор бурданд ва ъиддае аз вожагони ъарабиро низ дар забони худ ба кор гирифтанд ва аз ҳама муҳиммтар он ки забони ъарабӣ дар байни бархе аз донишмандон ва нивисандагону шоъирони эронӣ то он ҳад ривоҷ гирифт, ки ъиддае аз онон осори ъилмӣ ва адабии худро танҳо ба забони ъарабӣ – забони ъилмии дунёи ислом дар он рӯзгор – ва ё ба ду забони порсӣ ва тозӣ нивиштанд, ки қарнҳост аксари онон аз номдорони ъилму адаби забони ъарабӣ ба шумор мераванд. Ишораи Насруллоҳи Муншӣ ба ин ки чун дар нимаи аввали қарни шашуми ҳиҷрӣ «рағбати мардумон аз мутолеъати кутуби тозӣ қосир гаштааст… бар хотир гузашт, ки онро [ба забони порсӣ] тарҷума карда ояд», ҳокӣ аз он аст, ки зоҳиран дар қарнҳои нахустини исломӣ гурӯҳе аз эрониён ончунон забони ъарабиро омӯхта буданд, ки касе ниёзе ба тарҷумаи китоби “Калила ва Димна” аз ъарабӣ ба порсӣ эҳсос намекард, гарчи Рӯдакӣ низ пеш аз вай ба тарҷумаи манзуми ин китоб пардохта будааст.

Б: Туркнажодони туркизабон ва ҳоким бар Эрон дар қуруни гузашта, чун бар Эрон ва форсизабонон, ки дорои забону адаб ва фарҳанге ғанӣ буданд, ҳукмронӣ мекарданд, забони бегонаи форсиро – ҳадди ақал аз насли севум ва чаҳорум ба баъд – базарурат меомӯхтанд, чунон ки Абулфазли Байҳақӣ дар бораи форсидонии Султон Масъуди Ғазнавӣ нивиштааст: «Ва аз подшоҳони ин хонадон разиаллоҳу ъанҳу надидам, ки касе порсӣ чунон хондӣ ва нибиштӣ, ки вай…» ва низ аз девони расоили ҳамин Султон Масъуд ба ҷуз номаҳои хитоб ба халифа ба забони ъарабӣ дигар номаҳои султонӣ ҳатто ба подшоҳон ва умарои турк, чунон ки пеш аз ин гуфтем, ба забони форсӣ нивишта мешудааст, на ба забони туркӣ, ва ин шева дар тамоми даврони тасаллути туркон бар Эронзамин ҳамчунин идома меёбад.

8. Ва аммо ривоҷи забони порсиро дар Эрон дар даврони исломӣ ба ҷои забони паҳлавии даврони соcонӣ набояд аз мақулаи тағйири забонҳо донист. Дар бораи ин мавзӯъ дар инҷо ба ин ишора басанда мекунад, ки забоншиносон, онҷо ки аз таҳаввули ҳар як аз забонҳо аз қадимтарин даврон ба баъд сухан мегӯянд, ъумуман дар бораи бархе аз забонҳо аз се давраи мушаххас сухан ба миён меоваранд, ки дар мавриди забонҳои эронӣ батартиб ъиборат аст аз: фурси қадим (авестоӣ ва порсии бостон), форсии миёна (паҳлавӣ ва… ), форсии ҷадид (забони роиҷ дар Эрони даврони исломӣ то ъасри ҳозир). Бад-ин ҷиҳат дар баҳси тафовути забонҳои паҳлавӣ ва порсӣ бо якдигар сухан аз гунае таҳаввули забон ба миён мееояд, на аз тағйири забон.

Нуктаи гуфтании дигар дар ин боб он аст, ки агар дар рӯзгори қадим, кишварҳои мухталиф ба монанди забони идорӣ ва адабии худро ба ъунвони «забони расмӣ» эълом намекарданд, чунон ки дар мисолҳои пешин мулоҳиза фармудед, ъамалан забони расмии ҳар сарзамине муъайян ва мушаххас буд. Аммо солҳост, ки дар қонуни асосии ҳар як аз кишварҳо зимни масоили мухталиф, аз ҷумла ба «забони расмии» он мамлакат низ тасреҳ мегардад, чунон ки дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ, бо беш аз як сад қавму миллат, забони русӣ, ва дар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, бо вуҷуди муҳоҷироне аз кишварҳои мухталиф, забони инглисӣ, ва дар Афғонистон забонҳои форсӣ ва пашту, ва дар Покистон забони урду, дар Ҳиндустон забони ҳиндӣ ва дар Туркия забони туркӣ ва дар Эрон забони форсӣ ба ъунвони “забони расмӣ” эълом гардидааст.

Баъзе аз ин забонҳои «расмӣ» пеш аз он ки дар қонуни асосии кишварҳо ба «расмӣ» будани онҳо тасреҳ шуда бошад, ъамалан забони идорӣ ва адабӣ (=расмӣ)-и мардуми он сарзамин будааст, монанди забони русӣ дар Русия, забони инглисӣ дар Инглистон, забони фаронсе дар Фаронсе, ва забони форсӣ дар Эрон ва Варорӯд (=Мовароуннаҳр) ва Афғонистони имрӯзӣ. Вале бархе аз ин забонҳои «расмӣ» дар қарни ахир ба зӯри қонун ва эъмоли қудрати ҳукумат «забони расмии» тамоми сокинон минтақа ё манотиқе гардидааст, ба монанди забони русӣ дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ба ҷуз Русия, ва забони пашту ба ъунвони забони аввал ё дувум дар тамоми Афғонистон, ва забони урду дар Покистон ва…

Ба ин мавзӯъи муҳим низ бояд таваҷҷуҳ дошт, ки бархе аз ин забонҳои «расмии» имрӯз, бо он ки собиқаи корбурдаш дар сарзамине ба чандин қарн пеш мерасад, дар асл, забони мардуми он минтақа набудааст ва ъомили хориҷӣ, ки пеш аз ин бад-он ишора кардем, ин забони расмии имрӯзинро ба гунае бар онон таҳмил кардааст. Чунон ки аз бисту се-чаҳор кишвари ъарабизабони имрӯз, то пеш аз зуҳури ислом, забони ъарабӣ танҳо забони сокинони Ҷазиратулъараб буд, вале баъдҳо ба сабаби ривоҷи дини ислом – ва чун забони ъарабӣ хосси ин дин аст – мусалмонони он сарзаминҳо ъилова бар қабули дини ислом, забони ъарабиро низ ба мурури замон ҷойгузини забони қавми худ сохта ва фарҳангу суннатҳои хешро ба дасти фаромӯшӣ супурдаанд. Албатта эрониёнро низ дар ин амр бояд комилан мустасно кард.

Медонем, ки забони форсӣ бар тибқи Қонуни асосии Машрута, мусавваби 1285-и хуршедӣ, ва низ Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломӣ, мусавваби 1358 ба ъунвони «забон расмии» Эрон эълом гардидааст. Инак мехоҳем бидонем забони форсӣ чигуна ва бар тибқи чи собиқаҳое ва аз чи замоне ва бо таъйиду пуштибони чи ақвом ва ҳукуматҳое ба ъунвони забонт расмӣ (забони идорӣ ва ҳукуматӣ ва адабӣ ва ъилмӣ)-и Эрон шинохта шудааст, дар ҳоле ки медонем аз қуруни пешин то кунун сокинони Эронзамин ба ҷуз забони форсӣ ба лаҳҷаҳои мухталифи эронӣ ва ҳатто яке ду забони ғайри эронӣ низ сухан мегуфтаанд ва мегӯянд, ва фармонравоёни Эронзамин ҳам дар ин даврони дароз ҳама эронӣ набудаанд.

Дар ҷустуҷӯи посухе барои ин пурсиш

Барои посух додан ба ин пурсиш, ногузир бояд чаҳордаҳ қарни гузаштаи торихи Эронро, пас аз «фатҳулфутуҳи» тозиёни мусалмон, ки ба суқути Соcониён мунҷар гардид, то ба имрӯз, валав ба иҷмол аз назар бигузаронем. Бо ҳамлаи ъараб ба Эрон, чунон ки медонем, Эрон қариб ду қарну ним таҳти ишғоли муҳоҷимоне буд, ки дар зимн қасде ҷуз тарвиҷи дин ва ислом ва «исломӣ кардани» Эрон надоштанд. Аксарияти қариб ба иттифоқи сокинони Эронзамин дар тайи яке ду қарн, тавъан ав карҳан ба дини ҷадид гардан ниҳоданд, ки моро дар ин мақола бо кайфияти он коре нест. Дар ин давраи дивисту панҷоҳсола сарзамини паҳновари Эрон танҳо ба тавассути ъуммоли хулафои тозӣ идора мешуд, гарчи дар ин муддат эрониён ором нанишастанд ва ба тавассути онон қиёмҳое чанд алайҳи ишғолгарон анҷом пазируфт, вале ҳамаи ин кӯшишҳо саркӯб гардид. Аммо аз сӯи дигар, медонем, ки эрониён дар давраи баҳси мо дар гардиши дастгоҳи идории фотиҳон нақши муассире доштанд. Бадеҳист, ки дар ин давра, забони идорӣ ва ҳукуматӣ дар Эрон забоне ба ҷуз забони қавми фотеҳ, яъне забони ъарабӣ, набудааст.

Забони форсӣ забони дарборҳои эронӣ

Вале чунон ки пеш аз ин ишора кардем, эрониён алорағми дигар миллатҳое, ки бо қабули ислом, забон ва фарҳанги худро низ аз даст доданд, дар зери қудрати хурдкунандаи тозиён тавонистанд бо муқовамати фарҳангӣ, забон ва суннатҳо ва ойинҳои миллии худро, ки аз назари тозиёни мусулмон нишонаи куфр шумурда мешуд, ҳифз кунанд. Дар ин муддат, бо он ки эрониён ҳукумати мустақилле надоштанд, вале бетардид ҳамаи онон дар хонаҳои худ ва дар гуфтугӯ бо ҳамшаҳриёни хеш – ва ба эҳтимоли қавӣ дар нигориш (ки аз он асаре барҷой намондааст) – забони порсӣ ё яке аз лаҳҷаҳои онро ба кор мебурданд, на забони ъарабиро, то навбат ба Яъқуби Лайс (254-265ҳ.қ.), бунёнгузорм нахустин силсилаи мустақил дар Эрон, расид, ки бар тибқи насси Торихи Систон, чун бар душманони худ пирӯз шуд, шоъирон ба шеваи дарбори хулафо ӯро ба забони ъарабӣ мадоеҳе суруданд. Вале ӯ, ки ба монанди ҳамшаҳриёнаш форсизабон буд, ба шоъирон гуфт: «Чизе ки ман андар наёбам, чиро бояд гуфт!?»6 Пас Муҳаммад ибни Васифи Сагзӣ ва дигар шуъаро ӯро ба порсӣ мадҳ гуфтанд. Агар забони порсӣ дар тайи муддати ду қарну ним дар баробари забони тозӣ муқовамат накарда ва зинда намонда буд, чигуна Яъқуб, ин рӯйгарзодаи систонӣ, метавонист шоъиронро ба сурудани шеър бад-ин забон водорад? Қадимитарин ашъори порсӣ, ки инак дар ихтиёр дорем, камубеш аз ҳудуди нимаи қарни севуми ҳиҷрӣ ва давраи Яъқуби Лайси Саффорӣ ъақабтар намеравад. Забони дарбори Сомониён (261-389ҳ.қ.) низ забони форсӣ буд, яъне забони худи амирони сомонӣ ва забони мардуми Бухоро ва Самарқанд ва Тӯс ва Балх ва Ҳирот ва Нишобур ва…. Дар ин давра аст, ки Рӯдакии Самарқандӣ (даргузашти 329ҳ.қ.), падари шеъри форсӣ, мамдӯҳони худро ба порсиӣ мадҳ гуфта, ва маснавиҳои мутаъаддиди худро ба ҳамин забон ба назм овардааст. Шоҳномаҳои мансур ва манзуми Абулмуъайяди Балхӣ, Абӯъалӣ Муҳаммад ибни Аҳмади Балхӣ, Масъудии Марвазӣ, Абӯмансури Муҳаммад ибни Абдурразоқ, сипаҳсолори Хуросон, дар ъаҳди Сомониён, ба порсӣ нивишта ва суруда шудааст. Ҳамчунин, ба фармони яке аз амирони сомонӣ “Торих ал-русул вал-мулук” ва тафсири ҷомеъи “Албаён фӣ тафсир ал-Қуръон” аз Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ аз забони ъарабӣ ба порсӣ тарҷума гардид, ки дар забони форсӣ батартиб ба номи Торихи Балъамӣ (ё Тарҷумаи Торихи Табарӣ) ва Тарҷумаи тафсири Табарӣ маъруф аст. Ногуфта намонад, ки дар бархе аз маворид тарҷумаи мутуни динии исломӣ ба забони форсӣ басуҳулат анҷом намешудааст, зеро забони ъарабӣ, забони расмии дини ислом, чун садде устувор дар баробари форсӣ ба муқовамат бармехоста, чунон ки амири сомонӣ барои тарҷумаи тафсири Табарӣ нахуст ба ҷалби мувофиқати фақеҳони Мовароуннаҳр пардохт ва онгоҳ бо фатвои ишон ин китоб ба забони форсӣ тарҷума шуд. Дар муқаддимаи ин китоб аз кӯшиши амири сомонӣ инчунин ёд шудааст:

«Ин китобро биёварданд аз Бағдод… нибишта ба забони тозӣ… биёварданд сӯи амир Сайид Музаффар Абӯсолеҳи Мансур ибни Нӯҳ ибни Наср ибни Аҳмад ибни Исмоъил… пас душхор омад бар вай хондани ин китоб… ба забони тозӣ ва чунон хост, ки мар инро тарҷума кунанд ба забони порсӣ. Пас ъуламои Мовароуннаҳрро гирд кард ва ин аз ишон фатво кард, ки раво бошад, ки мо ин китобро ба забони порсӣ гардонем? Гуфтанд раво бошад хондан ва нибиштани тафсири Қуръон ба порсӣ мар он касеро, ки ӯ тозӣ надонад…»7

Шоҳони Оли Бӯя ва Оли Зиёр ва чанд силсилаи дигар, ки ба монанди Саффориён ва Сомониён эронӣ буданд, камубеш дар таълифи китоб ба забони порсӣ ё сурудани шеър ба ин забон кӯшишҳое ба ъамал оварданд.

Вале баҳси асосии мо ба чигунагии ривоҷи забони форсӣ ба ъунвони забони идорӣ ва ҳукуматӣ ва адабӣ (=тақрибан муъодили истилоҳи «забони расмӣ» дар рӯзгори мо) дар саросари Эронзамин ва бархе аз сарзаминҳои ғайри эронӣ марбут мешавад аз давраи Ғазнавиён ба баъд, чи бадеҳист, ки умаро ва шоҳони эронӣ наметавонистанд забонеро ба ҷуз порсӣ – ки забони худи онон низ будааст – ба ъунвони забони идорӣ ва адабии хеш баргузинанд. Забоне, ки дар мутуни қарни севум ва чаҳорум ва панҷуми ҳиҷрӣ аз он бо калимоти порсӣ, порсии дарӣ ва дарӣ ба ъунвони алфозе мутародиф ёд шудааст.8

Забони форсӣ забони дарбории салотини туркнажод

Ва аммо аз соли 351-и ҳиҷрии қамарӣ – дар ъаҳди Сомониён – ки Алптагин, ғуломи турки Сомониён, амири маҳаллии Ғазнаро шикаст дод ва Ғазнаро дорулимораи худ қарор дод ва пас аз вай навбат ба домодаш Сабуктагин, ғуломи Алптагин, ва баъд аз ӯ навбат ба султон Маҳмуди Ғазнавӣ, фарзанди Сабуктагин, расид, то поёни давраи Қоҷория (1193-1344ҳ.қ.) аксари подшоҳон ва ҳукмронони Эронзамин ё аз туркони зардпӯсти Урол ва Олтойӣ буданд ё аз тоторон ва ё ҳадди ақал аз касоне, ки ба забони туркӣ сухан мегуфтанд, бавижа бо наздикон ва сипоҳёни худ. Бад-ин тартиб, аз авосити қарни чаҳорум то авосити қарни чаҳордаҳуми ҳиҷрии қамарӣ банудрат эронии порсизабон ва ё ноошно бо забони туркӣ бар тамом ё бахше аз ин сарзамини паҳновар ҳукумат кардааст. Аз сӯи дигар, дар торихи Эрон аз замони Ғазнавиён ва Илагхониён ба баъд мо дар ватанамон шоҳиди ҷангҳои қабоили турк алайҳи якдигар ҳастем. Агар Ғазнавиён ъалайҳи Сомониён, ки эронӣ ва валинеъмати ишон буданд, қиём карданд, аз ин торих ба баъд, ин қабоил турканд, ки яке пас аз дигаре аз роҳи Хуросон ба дигар навоҳии Эрон сарозер мешаванд ва силсилаҳое аз туркони ҳамнажод ва ҳамзабони хешро аз пой дармеоваранд ва худ бар ҷои онон бар арикаи қудрат такя мезананд, то навбат ба дастае дигар аз туркони тоза аз роҳ расида бирасад, ки ҳукуматро аз дасти онон бигиранд. Чунон ки туркони салҷуқӣ Ғазнавиёнро аз пой дароварданд ва онгоҳ навбат ба ғузон расид ва сипас ба қарохитоиён ва хоразмшоҳиён ва баъд муғулон аз роҳ расиданд ва бисоти Хоразмшоҳиёнро дарҳам навардиданд, сипас Ҳулоку кори фатҳи Эронро тамом кард ва ба хилофати Ъаббосӣ низ хотима дод ва ҷонишинонаш бо ъунвони Илхонон даврае дароз дар Эрон ҳукмронӣ карданд. Баъд навбат ба Темур расид ва ҳамалоти пайдарпай ва беамони ӯ ба Эрон ва ҳукумати фарзандонаш дар навоҳии мухталифи ин сарзамин, ва онгоҳ туркамонони қароқуюнлу ва оққуюнлу, то замоне ки шоҳ Исмоъил зуҳур кард ва силсилаи Сафавиро бунён ниҳод. Ӯ ва ҷонишинонаш барои аввалин бор дар даврони баъд аз ислом дар Эрон ба ташкили як ҳукумати марказии муқтадир пардохтанд, ва баъд, навбат ба силсилаи Афшория расид, ва пас аз як давраи бисёр кӯтоҳ силсилаи Қоҷория бар сари кор омад, ки аз қабоили туркнажод буданд ва ба туркӣ сухан мегуфтанд. Дар тӯли ин даврони дароз ба ҷуз чанд силсилаи кӯчаки эронӣ, ки дар давраи фатрат(заъф)-и ҳукумати Илхонон ва ҳамалоти Темур дар гӯшаву канори Эрон, муддате кӯтоҳ дар бахше аз Эрон ҳукумат карданд ва низ давраи кӯтоҳмуддати Зандия (1162-1209ҳ.қ.) ва давраи панҷоҳсолаи паҳлавӣ, ва Ҷумҳурии Исломии феълӣ, дар бақияи ин даврон мо ҳокимону подшоҳоне доштаем «турк» ва бо забону фарҳанг ва тамаддуни эронӣ бегона, ки чанд насли аввали онон баяқин ҷуз туркӣ забоне дигар намедонистанд, ва ё бархе аз ин фармонравоён аз касоне буданд, ки ба ҷуз форсӣ забони туркӣ низ медонистанд ва ҳадди ақал бо сипоҳиён ва хавосси дарбори худ ба туркӣ сухан мегуфтанд.

Дар авзоъ ва аҳволе, ки баихтисор ба он ишорае кардему гузаштем, ба назар мерасад, ки забони идорӣ ва адабии ин ҳокимон ва подшоҳони туркнажоди туркзабон ва ё туркизабон мебоист забони туркӣ буда бошад, ҳамон тавре ки забони идорӣ ва адабии тозиён ъарабӣ буд ва забони силсилаҳои Саффорӣ ва Сомонӣ ва Оли Зиёр в…, ки эронӣ буданд, форсӣ. Вале торих ба мо ҷавоб медиҳад, дуруст аст, ки туркон ва туркзабонон дар ин давраи тӯлонӣ дар Эрон ҳукмронӣ карданд ва бо қудрати низомии бисёр то Ҳинд ва Осиёи Сағир низ пеш рафтанд, чунон ки ҳатто Алптагин, ғуломи турки Сомониён, чун ба қудрат расид, ба ъунвони ҷиҳод ъозими Дорулкуфр шуд ва ба Афғонистони имрӯзӣ ҳамла бурд, ва Сабуктагини домодаш низ аз ҷумла ба ҷилгаи Синд лашкаркашӣ кард ва Пешоварро ба тасарруфи худ даровард ва бо ғуломони бисёр ба Ғазнин бозгашт, ва султон Маҳмуд, писари Сабуктагин, ҳам барои адои «назри»! худ ҳар сол як бор ба билоди Ҳиндустон лашкаркашӣ мекард ва бо куштори ҳиндувон ва вайрон сохтани маъобиди онон бо ғиноиме бисёр ба Ғазнин бармегашт. Ва дар давраи Салҷуқиён низ Албарслон ва Маликшоҳ сипоҳиёни худро то ҳадди рӯдхонаи Сайҳун ва дарёи Медитароне пеш бурданд ва ба фатҳи сарзаминҳои ғайри эронӣ ноил омаданд, вале ин салотини турк танҳо бо такя бар сипоҳён ва сардорони турки худ ба кишваргушоӣ мепардохтанд, ва чун пои идораи мамлакат ба миён меомад, на аз қавму табори худ касеро доштанд, ки идораи ин сарзаминҳоро ба кафи бокифоят онон биспоранд ва на соҳиби забону фарҳанге буданд, ки он забон – яъне туркӣ – ро забони идорӣ ва адабии имперотурии худ қарор бидиҳанд. Шеваи кори ин бегонагони фотеҳ чизе ҷуз ин набуд, ки идораи мамлакат ва сарзаминҳои мафтӯҳаро баночор ба дасти вазирони эронӣ месупурданд, чунон ки ҳар се вазири Султон Маҳмуди Ғазнавӣ эронӣ ва порсизабон буданд: Абулъаббоси Исфароинӣ, Хоҷа Аҳмад ибни Ҳасани Маймандӣ, ва Абӯъалӣ Ҳасан ибни Миколи машҳур ба Ҳасанак, ва ҳамин шева дар дарбори дигар салотинм ғазнавӣ ва салҷуқӣ… камубеш идома ёфт. Агар дар байни ҳамин туркони фотеҳи хунрез, ки девонҳои шеъри порсӣ, ҳатто то авосити қарни нуҳуми ҳиҷрӣ пур аст аз зикри фаҷоеъи онон9, мудирони кордон вуҷуд доштанд, оё мумкин буд, ки онон идораи кишвар ва идороти давлатӣ ва ба истилоҳи он рӯзгор девонҳоро ба дасти эрониёне биспоранд, ки ба ҳар ҳол афроде буданд шикастхӯрда? Нивисандаи ин сутур посухи ин пурсишро ба ъуҳдаи шумо хонандагон вомегузорад. Аз сӯи дигар, бо он ки ба эҳтимоли қавӣ насли аввал ва дувум ва ҳатто севуми ҳар як аз ин силсилаҳои фотеҳи турк порсӣ намедонистанд ва ё андаке бо ин забон ошноӣ доштанд – ба ҷуз даврае кӯтоҳ, ки девонҳо дар давраи Султон Маҳмуд ба забони ъарабӣ нивишта мешуд, дар дигар адвор забони порсӣ забони идорӣ ва адабии дарбор ва девонҳои ҳукмронони турк буд ва дабирхонаи салтанатӣ яксара дар дасти дабирон ва муншиёни эронӣ буд, на туркон. Агар ин туркон, ки саросари Эронро дар таҳти тасарруфи худ доштанд ва ҳамвора шоъирон ва нивисандагон аз эшон ба ъунвони шоҳ, подшоҳ, шоҳаншоҳ ва султони Эрон ном мебурданд10, дорои собиқа ва шиносномае муътабар буданд ва аз ҷумла нивисандагӣ дар байни онон пеш аз тасарруфи сарзаминҳои эронӣ ривоҷ дошт, бе ҳар гуна тардиде забони туркиро забони идорӣ ва адабӣ ва ба таъбири дигар, забони расмии дарбори худ қарор медоданд. Чиро инон, ки борҳо шаҳрҳои ободони Эронро вайрон сохтанд, чун дар Эрон мустақар мегардиданд, ҳам ба фарогирифтани забони порсӣ мепардохтанд ва ҳам забони порсиро забони расмии дастгоҳи идории худ қарор медоданд? Посухи ин пурсишро низ ба ъуҳдаи шумо хонандагон мегузорам.

Аз сӯи дигар, аз ъасри Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба баъд, дарбори ҳар як аз ин фотеҳони бегонаи турк каму беш маркази таҷаммуъи шуъаро ва нивисандагон ва ъолимони эронӣ будааст. Дар рӯзгоре, ки аз рӯзнома ва родию ва телевизиюн хабаре набуд, ин шоъирон буданд, ки бо мадоеҳе, ки дар бораи мамдӯҳони худ месуруданд, овозаи қудрати мамдӯҳи хешро ба дуру наздик мерасониданд. Нивиштаанд, валав ба иғроқ, ки чаҳорсад шоъир дар дарбори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ будааст. Баяқин ин ъадад нодуруст аст, вале агар чаҳорсад шоъир дар дарбори Ғазнин набуданд – ки баяқин набуданд – ҳадди ақал ҳузури дар ҳудуди сӣ-чиҳил ё бист тан шоъирро дар дарбори ин султони ғозӣ метавон бо итминони комил пазируфт. Ин шоъирон мадеҳасаро буданд ва муносибатҳои мухталиф, аз ҷумла дар ҷашнҳои миллии эрониён – таваҷҷуҳ бифармоед, ҷашнҳои эрониён, на туркон – ба монанди Наврӯз ва Меҳргон ва Сада11, ашъоре месуруданд ва ё дар илтизоми рикоби султон ҳамроҳи сипоҳиёни ҷаррори вай ба майдонҳои ҷанг мерафтанд ва шарҳи футӯҳоти ӯро дар ашъори худ сабт мекарданд. Агар дар даврони салтанати Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва дигар фармонравоёни қоҳири турк шоъире туркизабон вуҷуд медошт, тасаввур мефармоед султони туркнажоди туркизабон ба вай иҷоза намедод, ки вай низ дар радифи шоъирони порсизабон, ва бал дар садри онон, ба ҳузури султон бор биёбад ва султонро бо ашъори нағзи туркии худ мадҳ бигӯяд?

Дурӯғи бузург

Ҳеҷ торих ва тазкирае гувоҳӣ намедиҳад, ки то пеш аз ҳамлаи муғул дар ин гуна дарборҳо шоъири турк ба забони туркӣ дар мадҳи султони турк ва кишваргушоиҳояш доди сухан дода бошад. Ба иддиъои бепоя ва асоси касоне, ки дар ин солҳо мегӯянду менивисанд шоъироне монанди Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ ва Низомии Ганҷавӣ ва Хоқонии Шервонӣ ва амсоли ишон ҳама турконе будаанд, ки забони порсиро омӯхта ва ба забони форсӣ шеър сурудаанд(!) набояд таваҷҷуҳ кард12, чи ишон ба ин суоли муқаддар посух намедиҳанд, ки оё мумкин аст касоне мисли Низомӣ ва Хоқонӣ ва Мавлоно Ҷалолуддин ин ҳама шеър ба порсӣ суруда бошанд ва ҳамаи он ашъор боқӣ монда ва ба дасти мо ҳам расида бошад, вале аз ашъори «нағзи» туркӣ, ки «забони модарии»(!) ишон будааст, ҳатто як байт ҳам аз газанди рӯзгорон масун намонда бошад! Албатта бар ин муддаъиён эроде нест, чи эшон ончиро, ки понтуркистҳо аз даврони ҳукумати Усмонӣ то ба имрӯз бо ҳадафе хос, ва муҳаққиқони русӣ ва қафқозии ъаҳди Истолин бо мақсуде дигар, бар забон ва қалам овардаанд ва меоваранд, дар нивиштаҳои худ такрор мекунанд, бе он ки барои исботи иддиъои воҳии худ ҳаргиз санаде ироа бидиҳанд. Забони ҳоли ишон ин байти Ҳофизи Шерозист, ки:

Борҳо гуфтааму бори дигар мегӯям,
Ки мани гумшуда ин раҳ на ба худ мепӯям.
Дар паси пардаи тӯтисифатам доштаанд,
Ончи устоди азал гуфт, бигӯ, мегӯям.

Аз тарафи дигар, агар дар даврони мавриди баҳси мо, шоъирон ва нивисандагони турке вуҷуд доштанд ва осори худро ба забони туркӣ месуруданд ва менивиштанд, баяқин муҳаққиқони эронӣ ва бегона дар осори худ на танҳо аз онон ном мебурданд, балки ба монанди шоъирони порсигӯй ва нивисандагони порсинивис ба зикри шарҳи аҳволу осор ва арзиши кори онон низ мепардохтанд.

Магар на ин аст, ки устод Забеҳуллоҳи Сафо дар китоби арҷманди худ “Торихи адабиёт дар Эрон” зимни муъаррифии авзоъи иҷтимоъӣ ва сиёсӣ ва ъилмӣ ва динии ҳар давра, ва муъаррифии осори манзум ва мансури форсии он ъаҳд, бахшеро низ ба шоъирон ва нивисандагони эронӣ, ки ба забони тозӣ осоре доранд, ихтисос додааст.13 Ман итминон дорам, ки агар дар дарбори Ғазнавиён ва Салҷуқиён ва ғайра туркисароӣ ва туркинивисӣ вуҷуд дошт, ҳам салотини турк мақдамашонро гиромӣ медоштанд ва ҳам ному осорашон дар тазкираҳо сабт мешуд ва ба дасти мо мерасид ва ҳам мо имрӯз дар китобҳои торихи адабиёти худ, ҳадди ақал номи онон ва навъи осорашонро бармешумурдем ва албатта изҳори назар дар бораи хубу бади кори ишонро ба ъуҳдаи мунтақидонм осор адабии туркӣ вомегузоштем. Вале воқеъият он аст, ки дарбори ин фармонравоёни қоҳири туркнажоди туркизабон холӣ аз шоъирон ва нивисандагони турк ва ё туркизабон будааст, чун забони туркӣ дар он рӯзгорон баяқин аз ҳадди муҳовара ва ё матолиби фулклурик, ки дар байни қабоили турк роиҷ буда, таҷовуз намекардааст. Ҳамин ва ҳамин. Албатта: асомии хосси туркӣ ва бархе аз калимоти туркии роиҷ дар байни сипоҳиён ва назоири он аз ҳудуди қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ ба баъд дар забони форсӣ ворид шудааст, ки ба ҳеч ваҷҳ қобили эътино нест.

Ривоҷи забони форсӣ дар сарзаминҳои ғайри эронӣ

Мавзӯъи қобили таваҷҷуҳи дигар он аст, ки ривоҷи забони форсӣ дар Ҳинд ва Осиёи Сағир ва Гурҷистону Арманистон ва Шому Ҳалаб ва… низ мадюни лашкаркашӣ ва кишваргушоиҳои ҳамин ҳукмронони турки туркизабон аст, ки пеш аз ин ба он ишора кардем. Ин ҳукмронон бо сипоҳиён ва сардорони худ, ки ъумуман монанди худи инон турк буданд, ба фатҳи сарзаминҳои ғайри эронӣ мепардохтанд, вале идораи ин сарзаминҳои ғайри эрониро ҳам ба дасти эрониёне месупурданд, ки қавму таборашон қарнҳои дароз мутамаддин буданд ва бо идораи мамлакат ошно.

Нақши муҳимми вазирони эронӣ ва забони форсӣ дар дарбори подшоҳони туркнажод

Чиро ин туркони фотиҳ вазирони худро аз эрониён бармегузиданд? Чиро ташкилоти идорӣ ва давлатии худро ба дасти эрониён месупурданд? Чиро ба ҷои забони туркӣ, ки забони модарӣ ва қавму қабилаи эшон буд, забони бегонаи форсиро ба ъунвони забони идорӣ ва адабии сарзаминҳои таҳти тасарруфи худ ба кор мебурданд ва дар ривоҷи он ҳатто дар сарзаминҳои ғайри эронӣ ба таври ғайримустақим мекӯшиданд? Чиро дар дарборҳояшон дар байни тамоми шоъирон ва нивисандагон ва ъолимони порсизабон як шоъир ё нивисанда ё ъолиме турк ё туркизабон ҳузур надошт, ки осоре аз худ ба туркӣ бар ҷой бигузорад? Чиро ин туркони навмусалмони мутаъассиб, ки ҳатто барои адои «назр» ва касби савоби ухровӣ(!) ба сарзаминҳои ғайри мусалмонон ҳамла мебурданд, то гурӯҳеро ба бардагӣ бигиранд ва ҷамъе касирро бикушанд ва бо ғаниматҳои бисёр ба сарзамини худ баргарданд, ва албатта саҳми халифаро ҳам ба Бағдод бифиристанд, то тардиде дар ин амр боқӣ намонад, ки тамоми лашкаркашиҳои эшон барои басти дини мубини ислом будааст, иҷоза медоданд дар дарборҳои эшон маросим ва ойинҳои габрону маҷусони эронӣ(!), ба монанди ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ва Сада бо ташрифоти хосс барпо гардад, дар ҳоле ки аз баргузории як ҷашн ва ойини туркӣ дар дарбори эшон ҳатто нома ба миён наёмадааст? Ва…

Посухи ҳамаи ин пурсишҳо ва суолҳои муқаддари дигар дар ин боб чизе ҷуз ин нест, ки ин туркони биёбонгарди муҳоҷим, ки қарнҳо бар ватани мо ҳукмронӣ карданд, ҳомили тамаддуну фарҳанг ва забону адабе ғанӣ набуданд. Онон ҳатто қавоъиде мактуб ба монанди Ёсои Чангизӣ низ дар даст надоштанд, то эрониёни мағлубро ба иҷрои он маҷбур созанд. Ъиллати асосии эронӣ мондани эрониён ва турк нашудани ишонро дар ин шароити душвор, аз як тараф, ва эронӣ шудани аксари ин турконро ба мурури замон дар ин қурун, танҳо дар фарҳанги Эрон ва забону адаби форсӣ ва ъишқи эрониён ба ҳифзи мероси падарони худ бояд ҷуст, ҳамчунон ки пеш аз ин низ ба ҳамин тариқ аз чанги тозиён ҷон ба саломат бурда буданд.

Доварии мунсифонаи Рене Грусе (René Grousset) дар ин боб қобили тааммул аст, онҷо, ки менивисад: «Ъасри Салҷуқӣ аз лиҳози сарнивишти миллати Эрон дорои аҳаммияти хоссест. Ин силсилаи турктабор пас аз он ки муддатзамоне мӯҷиботи ваҳдати арзии имперотурии Эронро, ки тайи қуруни мутамодӣ аз миён рафта буд, фароҳам сохтанд, худ низ билофосила ҷазби тамаддуни Эрон шуданд. Бешак, чунин дӯстӣ дар замоне ба ин андоза кӯтоҳро бояд ҳамл бар ин кард, ки то он замон Эрон аз назари забонӣ ва нажодӣ ҳанӯз ҳувияти худро ҳифз карда буд. Нуктаи шоёни таваҷҷуҳ ин аст, ки фалоти Эрон – бо ин ки мобайни Суғдиёни қадим, ки ба Туркистон мубаддал шуд ва Онотулии Бизонсӣ, ки ба Туркия мубаддал гашт, воқеъ шудааст – аз турк шудан масун монд. Албатта, туркон дар Эрон русух карда буданд ва ин русух гоҳ шакли ишғоли комили низомиро пайдо мекард; [масалан салҷуқиён] ё тавоифи хурдтари турк батадриҷ бо сиёҳчодарҳои худ дар ҳини ҳаракат аз як нуқта ба нуқтаи дигар ва аз як чарогоҳ ба чарогоҳи дигар дар Эрон рахна карданд. Аз мавқеъе, ки садди дифоъие, ки дар Ҷайҳун дар баробарашон истодагӣ мекард, фурӯрехт, қарнҳои паёпай ъалалиттисол (пайваста) ин рахнагарӣ ва нуфуз идома дошт. Аммо бояд донист, ки чарогоҳ дар Эрон зиёд нест ва ин истепи муртафеъи хушк, ки маркази онро минтақаи кавирии паҳноваре ишғол кардааст, барои ин шубонони биёбонгард ба андозаи истепи бисёр васеъи Сибрӣ ва Муғулистон ва ъалафзорҳои Онотулӣ дар ғарби Эрон ҷолиби таваҷҷуҳ набуд. Бино бар ин, Эрон ба манзилаи пуле буд, ки дар фосилаи миёни ин ду минтақа қарор мегирифт ва барои тавоифи турк навъе манзил дар сари роҳи сафарашон маҳсуб мешуд. Ҳадди аксараш ин буд, ки бархе аз ин тавоиф ки албатта теъдодашон андак буд, дар баъзе нуқоти Эрон, ки барои парвариши дом мусоъидатр буд, раҳли иқомат меафканданд, аз ҷумла дар ноҳияи Озарбойҷон ва атрофи Ҳамадон ва дар шеби ҷанубии Албурз ва дар шарқи Шероз ва ғайра.

Ба рағми ба салтанат расидани силсилаҳои турк дар Эрон ва бо вуҷуди ъадами тавфиқи Низомулмулк дар табдили ҳукумати Салҷуқиён ба ташкилоти ҳукуматии мураттабу солим ва мутамаркиз ба шеваи эронӣ, ва ба рағми кашокаши бадтарин шароити ъадами саботи сиёсӣ, тамаддуни эронӣ ҳамчунон ба басти худ идома медод. Оё яке аз навомиси торих ин нест, ки шукуфоии адабиёт ва ҳунар дар як сарзамин лузуман бо давраҳои сабот ва азаммати сиёсӣ муқорин (наздик) набошад? Магар фарҳанги Итолиё ба авҷи камоли худ дар ъасри Куотрученту (қарни 15-и милодӣ) нарасид, ъасре, ки Итолиё аз назари сиёсӣ тикка-пора ва дастхуши ҷангҳои хонагӣ ва дастандозҳои хориҷӣ буд…»14

Мавзӯъе, ки мавриди таъйиди ъумуми муҳаққиқон ва соҳибназарон аст, он аст, ки баростӣ идораи имперотурии туркмонони салҷуқӣ ба вуҷуди вазире кордон чун Хоҷа Низомулмулк амри муҳол ва мумтанеъ будааст. Зеро вай дар давраи сисолаи визорати худ дар ҳаллу ъақди умури кишвар дахолати мустақим дошт. Муаллифи “Таҷорибуссалаф” зимни ишора ба ин мавзӯъ, дар як маврид аз даргирии ҳодди Маликшоҳ ва Хоҷа Низомулмулк, – ки ҳокӣ аз қудрати фавқулъодаи ин вазири эронист, – низ парда бармегирад ва менивисад:

«…Маликшоҳ сахт аз ин қазия дар ғазаб шуд… ва ба ӯ [Хоҷа Низомулмулк] пайғом дод, ки «агар дар мулк шарикӣ, он ҳукми дигар аст ва агар тобеъи манӣ, чиро ҳадди хеш нигоҳ намедорӣ ва фарзандону атбоъи хешро таъдиб намекунӣ, ки бар ҷаҳон мусаллат шудаанд, то ҳадде, ки ҳурмати бандагони мо намедоранд… Агар мехоҳӣ, бифармоям, ки “давот аз пеши ту бигиранд.”

Хоҷа аз ин пайғом ранҷиду гуфт: “Бо султон бигӯед, ки ту намедонӣ, ки ман дар мулк шарики туам ва ту ба ин мартаба ба тадбири ман расидаӣ ва бар ёд надорӣ, ки чун султони шаҳид Албарслон кушта шуд, чигуна умарои лашкарро ҷамъ кардам ва аз Ҷайҳун бигузаштам ва аз барои ту шаҳрҳо бигушодам ва ақтори мамолики шарқу ғарбро мусаххар гардонидам. Давлати он тоҷ бар ин давот бастааст; ҳар гоҳ ин давот бардорӣ, он тоҷ бардоранд.»15

Ва ин пешбинӣ дақиқан дуруст аз об даромад, чи бо кушта шудани Хоҷа Низомулмулк қудрати Салоҷуқа низ басуръат ба уфул гароид.

Аз ҳамлаи Чангиз ва тоторон ба Эрон ва тадовуми ин ҳамалот то ъасри Ҳулоку ва сипас ҳамлаи Темур, ки ба ҳар ҳол ҳамагӣ аз қабоили зардпӯст буданд, чизе дар инҷо намегӯям, ҷуз ин ки ончи аз дасти туркмонон то даҳаи дувуми қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ ҷон ба саломат бурда буд, ба дасти онон яксара нобуд шуд. Онон аз шаҳрҳо ҷуз тали хоке бар ҷой нагузоштанд, қанотҳоро кӯр ва онҳоро ба мурдоб табдил карданд, ва дарахтонро аз реша дароварданд ва бо ин кор саддеро, ки эрониён дар баробари заминҳои мазрӯъӣ ба вуҷуд оварда буданд, нобуд сохтанд ва дар натиҷа, заминҳои зироъатии Эрон дар зери шинҳои равон дафн шуд.16

Сурудани шеър ба забонҳои форсӣ ва туркӣ ба тавассути туркнажодон ва туркизабонон

Бо вуҷуди матолибе, ки дар бораи ин туркони биёбонгард, ки ба қаҳру ғалаба бар Эрон тасаллут ёфта буданд17, гуфтем, ин мавзӯъ низ гуфтанист, ки бархе аз онон – лоақал дар наслҳои нахустин – хондану нивиштан намедонистанд, чунонки дар номае аз тарафи Султон Санҷар (ҷулус 511, фавт 552ҳ.қ.) ба Шарафуддин Ъалӣ ибни Тарроди Зайнабӣ, вазири халифаи ъаббосӣ Алмустаршид ба Бағдод, ба ин мавзӯъ тасреҳ гардида, ки: «Маълум аст, ки мо хондан ва нибиштан надонем».18 Ва ё ба ривояти Ровандӣ, Туғрули Севуми Салҷуқӣ дар соли 577-и ҳиҷрӣ, яъне дар соли шашуми салтанаташ ва ба ҳангоме ки аз оғози салтанати туркмонони салҷуқӣ ба Эрон ҳудуди яксаду панҷоҳ сол гузашта буд, тоза ба ҳаваси ёд гирифтани забон ва хатти форсӣ уфтода буд19, вале аз сӯи дигар, медонем, ки Султон Масъуди Ғазнавӣ ба ривояти Абулфазли Байҳақӣ забони форсиро бахубӣ омӯхта буд ва дар Торихи Байҳақӣ, ъилова бар номаи форсии вай ба Қадархон, ки пеш аз ин ба он ишора кардем, номаи дигаре ба ҳамин забон аз ӯ ба Арсалонхон ва ду нома аз ҷониби вазир ба Султон ва низ фатҳномае ба забони форсӣ омадааст.20

Ин муҳоҷимон, ҳамин ки бар бахше аз Эрон даст меёфтанд, на танҳо дарборе ба шеваи дарборҳои эронӣ ташкил медоданд, ва вазирону коргузороне барои идораи умури кишвар аз байни эрониён бармегузиданд, ва забони форсиро забони идорӣ ва адабии дарбори худ қарор медоданд, балки дарбори аксари ишон маркази таҷаммуъи шоъирону нивисандагон ва донишмандони форсизабон мешуд. Аз салотини ғазнавӣ, дар давраи аввал ва дувум, бигзарем, ки дарборашон маркази аҳли шеър ва ъилму адаб буд, дар дарбори дигар силсилаҳои бузургу кӯчаки туркнажоди туркизабон ҳам бозори шеъру адаби форсӣ каму беш гарм буд, то бад-он ҳад, ки бархе аз ин фармонравоёни туркнажод низ худ ба забони форсӣ шеър месуруданд. Чунонки филмасал аз Қарохониён: Амир Бурӣ-Такин, Ҷалолуддини Қилиҷ-Тамғоҷхони Иброҳим, ва Нусратуддини Қилиҷ-Арсалон Хоқони Ъусмон на фақат забони форсиро фаро гирифта буданд, балки ба ин забон шеър низ месуруданд, ва дар дарбори Хизрхон ибни Иброҳим, яке дигар аз подшоҳони ин силсила, ки ъазим шоъирдӯст буд, ҳашт тан аз шоъирон, монанди Ъамъақи Бухороӣ ва Сайидушшуъаро Рашидиро ном бурдаанд, ки мултазими маҷлиси вай буданд.21 Ва низ таваҷҷуҳи фавқулъодаи шоҳону шоҳзодагони Темурӣ ба ъилму ҳунар ва забону адаби форсиро набояд аз ёд бурд. Темур барои ҳар як аз писарони худ дарбори шоҳӣ тартиб дод ва ба расми шоҳони пешин барои онон нудамое аз шоъиру адиб ва донишманд гирд овард. Худи онон низ дар шеъру ҳунар ва бархе аз ъулум даст доштанд, чунонки аз ҷумла Иброҳими Султон ибни Шоҳрух ибни Темур хаттоте моҳир буд, Бойсунқур Мирзо, писари дигари Шоҳрух, хаттоте ҳунарманд буд ва ба китоб ва ҷамъоварии он ъалоқаманд буд ва ҳам ӯст, ки “Шоҳномаи Бойсунқурӣ” ба номи ӯст. Вай ба забони форсӣ низ шеър месуруд. Ба ҷуз вай, дар байни афроди ин хонадон, шоҳону шоҳзодагони порсисарое дорем чун Халил Султон, писари Мироншоҳ ибни Темур дар Самарқанд, ва Искандар Мирзо, писари Ъумар Шайх дар Шероз ва Улуғбег, ки ба забони форсӣ шеър месуруданд ва Зайнуддини Абобакр Мирзо, писари Султон Абӯсаъид Мирзо, ки ба ду забони форсӣ ва туркӣ шеър месуруд.22 Туркмонони Қароқуюнлу (сиёҳгӯспандон) ва Оққуюнлу (сафедгӯспандон) ҳам ба адаби форсӣ изҳори ъалоқа мекарданд ва дар дарбори худ муншиёни забардасти порсинивис ва муваррихон ва удабои бузург ва шоъирони устод доштанд ва ҳатто чанд тан аз онон худ ба забони форсӣ ё туркӣ ё ба ҳар ду забон шеър месуруданд. Аз Қароқуюнлу, Ҷаҳоншоҳ ба форсӣ ва туркӣ, ва писараш Пирбавдоқ ба форсӣ шеър месуруданд. Байни ин Ҷаҳоншоҳ ва Ҷомӣ, шоъири маъруф, мукотиба низ барқарор буд. Аз Оққуюнлу, Ӯзунҳасан ва ду писараш Яъқуббегу Юсуфбег низ бо Ҷомӣ равобити наздик доштанд, ва шоҳ Исмоъили Сафавӣ, бунёнгузори силсилаи Сафавӣ, низ ба ду забони форсӣ ва туркӣ шеър месуруд ва…,23 гарчи ҳамаи инон баяқин бо атрофёни худ ва бавижа бо сипоҳиёни турки хеш ба забони модарияшон – яъне забони туркӣ – сухан мегуфтанд. Ин буд ишорае мухтасар ба ъалоқа ва таваҷҷуҳи шоҳон ва умарои турк ба адаби форсӣ дар Эронзамин.

Ва аммо бар асоси асноди мавҷуд, шеъри туркӣ гуфтан «дар ҳақиқат ба василаи шоъирони порсигӯе мисли Султон Валад (623-712 ҳ.қ.), писари Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхии Румӣ ва Шоҳ Қосими Анвор ва Қабулӣ ва амсоли онон оғоз шуд, вале нузҷ (пухтагӣ)-и воқеъии он дар ъаҳди Темуриён ҳосил гашт, зеро аз авоили он даврон ба баъд аст, ки ба номи гурӯҳе аз туркисароёни соҳибдевон бозмехӯрем ва ё феҳристи шоъироне монанди Мир Ҳайдари Маҷзуб, Лутфӣ, Насибӣ, Қутбӣ, Лутфӣ, Мир Ъалии Кобулӣ, Мир Ҳайдари Туркигӯй ва ҷуз онон ба назари мо меояд ва [чунонки гуфтем] ҳатто шоҳону шоҳзодагонеро меёбем, ки ба форсӣ ва туркӣ табъозмоӣ мекарданд.»24

«Авҷи адаби туркӣ дар авохири қарни нуҳум ва авоили қарни даҳум бо зуҳури шоъирону нивисандагоне монанди Амир Ъалишери Навоӣ ва Заҳируддини Бобир, муаллифи “Бобирнома”, ва Шоҳ Исмоъили Сафавӣ, мутахаллис ба ‘Хатоӣ’-и соҳибдевони машҳур, сурат гирифтааст. Амир Ъалишер, ки дар шеъри туркӣ «Навоӣ» тахаллус мекард, дар ҳақиқат бузургтарин касест, ки дар поёни ин ъаҳд шеъри туркиро ба ҳадди аълои камоли худ расонид ва тавонист бо тақлид аз ҳамаи анвоъи шеъри форсӣ – аз маснавӣ ва қасида ва ғазал ва ғайра – шеъри туркӣ бисарояд ва манзумаҳову девонҳое тартиб диҳад…»25

Ба ъилова дар бораи ашъори туркӣ дар Эрон зикри ин мавзӯъ низ лозим менамояд, ки «дар ҳамон ҳол, ки шеър ва насри форсӣ бар асари ташвиқҳои туркмонон ва Темуриён ва Ъусмониён ва подшоҳони Ҳинд ривоҷ дошт, як забони адабии дигар, яъне туркӣ, низ дар қарни нуҳум ривоҷ меёфт ва бунёде устувор пайдо мекард. Ъаносири туркизабони Мовароуннаҳр… бар асари тамодии муъошират ва омезиш бо эрониён ва иртиботи доим бо забону адаби форсӣ ва ҳатто иштиғоли гурӯҳе аз онон ба шеъри форсӣ, тадриҷан барои эҷоди осори адабӣ ба забони роиҷ байни худ муҳайё шуданд. Дар ин маврид ҳам забон ва адаби форсӣ ҳамон асареро дошт, ки дар забони урду мебинем, яъне таркибот ва таъбирот ва ташбеҳоти омода ва фарҳанги мувассаъ ва пешсохтаи он ки тамомӣ дар ихтиёри туркизабонони мазкур қарор гирифта ва василаи табъозмоиҳои онон гардида буд, сармояи корашон дар шеър ва насри туркӣ шуд ва бад-онон фурсат дод, то баосонӣ ва беҳоҷат ба тайи қурун ва ъубур аз мароҳили мухталифи таҳаввул, адабиёти ҷадиди туркиро ба вуҷуд оваранд, ва ё беҳтар бигӯем, шеъру насри форсиро табдил ба шеъру насри туркӣ кунанд.»26

Вале нуктаи муҳимтар он аст, ки дар дарбори подшоҳони турки Оли Ъусмон (699-1342ҳ.қ.), ки чанд қарн дар камоли қудрат дар Осиёи Сағир салтанат карданд ва борҳо бо Эрон даставу панҷа нарм намуданд, низ забони форсӣ мақому эътиборе хос дошт, чунонки яке аз онон, Султон Сулаймони Аввал, мулаққаб ба Қонунӣ (ҷулус 926 фавт 974), ки сипоҳиёни худро то қалби Урупо пеш бурд ва он манотиқро ба тасарруфи худ даровард, вақте дар садад баромад торихи хонадони подшоҳии худ, Оли Ъусмонро, тадвин кунад, шоъире порсигӯй ба номи Фатҳуллоҳи Ъорифи Чалапӣ, маъруф ба Ъорифиро, эҳзор кард ва аз вай хост, то торихи туркони Оли Ъусмонро ба сабки “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва ба забони форсӣ ба назм оварад. Ъорифӣ ин корро анҷом дод ва мавриди таҳсини султони Ъусмонӣ қарор гирифт ва бад-ин ҷиҳат ба фармони султон дар кохи салтанатии Тупқопусарой барои вай ва ҳамкоронаш, аз хаттот ва наққош ва ғайра, дафтаре ташкил доданд ва худи ӯ ба дарёфти лақаби Шоҳномачӣ (=муваррихи расмии дарбори Оли Ъусмон) ноил омад.27 Дар ҳамон замон аз ҷумлаи гаронбаҳотарин ҳадяҳое, ки аз дарбори шоҳони Сафавӣ ба дарбори Ъусмонӣ фиристода мешуд, бархе аз девонҳои шеъри форсӣ буд, назири Девони Ҷомӣ, ва низ ёд карданист, ки Шоҳ Таҳмосби Сафавӣ ба муносибати ҷулуси Султон Салими Дувум бар арикаи хилофати Ъусмонӣ ду ҳадяи арҷманд барои вай фиристод, ки яке аз онҳо нусхае нафис аз Қуръони маҷид буд ва дигарӣ нусхае аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, ки ба “Шоҳномаи Шоҳ Таҳмосбӣ” маъруф аст.28 Аз сӯи дигар, медонем, ки забон ва адаби порсӣ дар дарбори туркони Ъусмонӣ мавриди ъалоқаи ъумуми шоҳон ва бузургони он сарзамин буд ва ихтисос ба яке ду тан надошт, чунонки аз бархе аз подшоҳони Оли Ъусмон низ шеъри порсӣ нақл гардида, ҳамон туре, ки Шоҳ Исмоъили Сафавӣ низ ба форсӣ ва туркӣ шеър месурудааст.29

Ва аммо ончи ба ривоҷи забони туркӣ дар бархе аз навоҳии Эрон, монанди Озарбойҷон, нақши муҳимме дошт, танҳо муҳоҷиратҳои пайдарпайи қабоили туркнажоди туркизабон аз қарни панҷуми ҳиҷрӣ ба баъд ба ин сарзамин набуд, нақши дарбори Сафавияро дар ривоҷи комили забони туркӣ дар Озарбойҷон ва фаромӯш шудани лаҳҷаи эронии озариро дар он сомон набояд нодида гирифт, чи бо он ки «Шоҳ Исмоъил ва фарзандонаш форсӣ медонистанд ва ба форсӣ шеър месохта ва китоб менивиштаанд, вале забони иртиботии шоҳон бо қизилбошон ва атрофиёни худ хоҳу нохоҳ туркӣ буд ва тасмимҳои муршиди комил танҳо метавонист ба муъозадат (ёрӣ)-и забони туркӣ ба пайравон ва сипоҳиёни туркизабони ӯ иблоғ шавад ва ҳамин амр ба худии худ боъис шуд, ки забони туркӣ ба сурати забони дарбории Сафавӣ дарояд ва то охир ба ҳамон ҳол бимонад.»30

Ва дар натиҷа забони туркии озарбойҷонӣ аз он давра то кунун ҷойгузини лаҳҷаи эронии озарӣ гардидааст. Бадеҳист, ки забони туркии роиҷ дар Озарбойҷон бо забони дигар туркони сокин дар ҷумҳуриҳои воқеъ дар Осиёи Марказии феълӣ ва ҷумҳурии Туркия каму беш ихтилоф дорад, чунонки беш аз се ҳазор вожаи озарӣ ва форсӣ дар забони туркии роиҷ дар Озарбойҷони Эрон нишон дода шудааст.31

Ончи ба ихтисори тамом гуфта шуд, посухи касонест, ки дар чанд даҳаи ахир – яъне дар авохири давраи давлати Ъусмонӣ ва тамоми даврони ҷумҳурии Туркия, ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ ва бавижа дар ҷумҳурии феълии Озарбойҷон – дар бораи даъвои «форс» ва «турк» бар сари забонҳо андохтаанд, то аз оби гилолуд дар ин дунёи ошуфта ба суди сиёсатҳои хосси зидди эронӣ, ва ҷудо сохтани Озарбойҷони Эрон ва пайвастани он ба имперотурии хиёлии Турон! ё Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ баҳрабардорӣ кунанд. Дареғу дард, ки бархе аз ҳамватанони мо низ дар панҷоҳ соли ахир бо онон ҳамсадо будаанд. Инон солҳост, ки якзабон дар бораи ситами «форсҳо» бар «туркҳо» (мақсуд ҳамватанони эронии мост, ки дар Озарбойҷон ба сар мебаранд ва дар қуруни ахир ба шарҳе, ки гузашт, ба забони туркии озарбойҷонӣ сухан мегӯянд ва турк нестанд) доди сухан медиҳанд ва ба таҳрики озарбойҷониён мепардозанд ва аз ҷумла ончиро, ки дар адабиёти манзуму мансури форсӣ ва фулклури навоҳии мухталифи Эрон дар бораи туркон (яъне ақвоми биёбонгарди туркнажоди туркизабон, назири Салҷуқиён ва Ғузон ва… ) гуфта шудааст, ва мо пеш аз ин ба чанд мавриди он ишора кардем, ҳамаро ба ҳамватанони ъазизи эронии Озарбойҷони мо нисбат медиҳанд, ки дурӯғест бузург ва нобахшуданӣ. Чи ҳеҷ як аз онҳо мутлақан марбут ба эрониёни туркизабон ва ё туркинажоди имрӯзӣ нест.

Посухи пурсише, ки матраҳ кардем

Бо таваҷҷуҳ ба ончи гуфта шуд, ҳар фарди ъолими мунсифи беғаразе, ки бихоҳад дар бораи иддиъои ситами форсҳо ба туркон ба доварӣ бипардозад, бо баррасии торихи Эрон ва торихи шеъру насри форсӣ дар даврони исломӣ ба ин натоиҷ хоҳад расид:

1. Эрониён ва форсизабонон дар чаҳордаҳ қарни ахир нахуст ба муддати тақрибии ду қарну ним таҳти султаи тозиёни мусалмони ъарабизабон буданд ва дар ин муддат фармонравое эронӣ ва форсизабон бар Эронзамин ҳукумат накардааст, ва дар ёздаҳ қарну ними ахир низ – ба ҷуз давраҳои кӯтоҳ – ҳамвора Эрон ва эрониён таҳти султа ва ситами қабоили турки зардпӯст ва тоторон будаанд ва фармонравоёни туркнажод ё туркизабон бар онон ҳукумат мекардаанд, ва борҳо ҳамин туркон сарзаминҳои ободони Эронро вайрон ва осори тамаддунро дар ин кишвар аз беху бун баркандаанд. Дар тамоми ин муддати тӯлонӣ, ки аз соли 351-и ҳиҷрӣ оғоз ва ба силсилаи Қоҷория поён мепазирад, ҳамаи форсизабонон (ва ба қавли муддаъиён: «форсҳо» ) ва дигар эрониён, аз ҷумла сокинони Озарбойҷон, асири дасти туркон будаанд, ва дар натиҷа, агар қарор бошад аз «ситам» сухане ба миён ояд, бетардид бояд аз ситами «туркон» ба «форсҳо» сухан гуфт, ба истиноди шавоҳиди мутаъаддиди инкорнопазири торихӣ, на ба ъакси он.

2. Ва аммо агар касе бипурсад, пас чиро дар ин давраи якҳазорсола, забону адаби форсӣ забони идорӣ ва адабӣ ва ё ба истилоҳи имрӯз забони расмии саросари Эрони таҳти султаи туркони фармонраво будааст, на забони туркӣ, посух он аст, ки форсизабонон ва эрониёнро дар ин боб набояд мавриди сарзаниш қарор дод ва бар онон тохт, чи забони туркони биёбонгарди муҳоҷими ҳоким бар сарнивишти Эрон ва эрониён – лоақал то муддати чанд қарн – аз ҳадди забони муҳовара таҷовуз накардааст. Онон соҳиби забон ва адабу фарҳанге набуданд, ки онро дар манотиқи таҳти фармонравоии худ ба ъунвони забони идорӣ ва адабӣ ба кор бибаранд. Пас ин гуноҳи забон ва адаби ғании форсӣ ва фарҳангу тамаддуни дурахшони Эрон нест, ки роҳро бар забони туркӣ садд карда бошад, зеро аз замоне ки забони туркӣ баистилоҳ ҷоне гирифт, сурудани шеъру нивиштани китоб ба он забон – дар канори забони форсӣ – низ ривоҷ ёфт, ки то ба имрӯз ҳамчунон идома дорад.

3. Забони сокинони Озарбойҷон – бо вуҷуди муҳоҷиратҳои туркмонон аз қарни панҷуми ҳиҷрӣ ба баъд ба ин сарзамин – яке аз лаҳҷаҳои эронӣ, яъне лаҳҷаи озарӣ будааст, ҳамон туре, ки филамасал дар шаҳри Рай лаҳҷаи розӣ ва дар Мозандарон лаҳҷаи Табарӣ роиҷ будааст ва ин лаҳҷаи эронии озарӣ, чунонки гузашт, то ҳудуди қарни даҳум ва ёздаҳум дар он минтақа зинда будааст. Мо дар ин маврид шавоҳиде мутаъаддид дар даст дорем, ки танҳо ба ду мавриди он ишора мекунем:

Носири Хусрави Қубодиёнӣ (394-481ҳ.қ.), шоъир ва нивисандаи маъруф, дар “Сафарнома”-аш нивиштааст:

«… дар Табрез Қатрон ном шоъиреро дидам, шеъре неку мегуфт, аммо забони форсӣ некӯ намедонист. Пеши ман омад, Девони Мунҷик ва Девони Дақиқӣ биёвард, ва пеши ман бихонд ва ҳар маънӣ, ки мушкил буд, аз ман пурсид, ба ӯ бигуфтам, ва шарҳи он бинвишт ва ашъори худ бар ман хонд.»32

Асадии Тӯcӣ (мутаваффои 465ҳ.қ.), сарояндаи “Гаршосбнома”, низ дар сабаби таълифи китоби “Луғати фурс” барои шоъирони Аррон ва Озарбойҷон нивиштааст:

«Ва ғарази мо андар ин, луғоти порсист, ки дидам шоъиронро, ки фозил буданд ва лекин луғоти порсӣ кам медонистанд…»33

Дар ҳар маврид, бетардид, мақсуд аз «забони форсӣ» ва «луғоти порсӣ» чизе ба ҷуз забон ва луғоти форсии дарии роиҷ дар Хуросон ва шарқи Эрон дар он рӯзгор нест, чи Қатрон қодир будааст ду девони шеъри шоъирони хуросониро, ки ба форсии дарӣ будааст, пеши Носири Хусрав бихонад ва танҳо маънои калимотеро, ки намедонистааст (яъне луғоти махсуси шарқи Эрон ва лаҳҷаи дарӣ) аз вай бипурсад. Аз сӯи дигар, Носири Хусрав ҳам шеъри Қатрони Табрезиро мефаҳмидааст. Луғотеро ҳам, ки Асадии Тӯcӣ дар китоби луғати худ овардааст, ъумуман аз ҳамон вожагони махсуси шарқи Эрон ва лаҳҷҳаи дарист, ки эрониёни озаризабони Озарбойҷон онҳоро фаҳм намекардаанд.

4. Забони туркии озарбойҷонӣ аз ъаҳди Сафавия ба баъд ҷойгузини лаҳҷаи эронии озарӣ шудааст.

5. «Озарӣ» номи яке аз лаҳҷаҳои эронист34 ва корбурди он ба ҷои «туркӣ» дар чанд даҳаи ахир нодуруст аст ва истеъмоли онро бояд дар шумори матолибе аз қабили ситами форсҳо бар туркҳо донист, ва «Озарбойҷон» хондани бахше аз Қафқоз дар шимоли рӯди Арас. Забони ҳамватанони озарбойҷонии мо аз қарни даҳум ва ёздаҳуми ҳиҷрӣ то ба имрӯз забони туркист ва барои ташхиси он аз дигар лаҳҷаҳои туркӣ онро туркии озарбойҷонӣ ё туркии озарӣ метавон номид, на «озарӣ».

6. Нисбат додани ашъори туркӣ ба шоъироне чун Қатрони Табрезӣ, Абӯлаълои Ганҷаӣ, Қавомии Ганҷаӣ, Фалакии Шервонӣ, Хоқонии Шервонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Муҷируддини Байлақонӣ ва Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ ва…, аз сӯи понтуркистҳо, ва низ турк хондани онон, ончунон бепоя аст, ки танҳо посухи шоистаи он «сукут» аст.35 Чи агар тазкиранивисони мо дар қуруни пешин аввалин касеро, ки дар ҷаҳон сухани манзум гуфт, Одам ъалайҳиссалом муъаррифӣ кардаанд, ки дар марги фарзандаш Ҳобил ду байти зеринро ба забони ъарабӣ суруд!:

Тағайярати-л-билоду ва ман ъалайҳо,
Фаваҷҳу-л-арзи муғбирун қабийҳу.

Тағайяра куллу зий лавнин ватаъмин,
Вақалла башошату-л-ваҷҳи-с-сабийҳу.

Бар онон эроде нест, ҳамчунон ки бар Ъавфӣ ва дигар тазкиранивисон, ки қадимитарин шеъри порсии дариро ба Баҳроми Гӯр, подшоҳи соcонӣ, нисбат додаанд:

Манам он шери гала, манам он пили яла,
Номи ман Баҳроми Гӯру куниятам Буҷбала!37

Вале агар касе имрӯз аз ингуна суханони беосос бар забон биёварад ва онро бинвисад ва ба таблиғи он бипардозад ва бар сиҳҳати он пофишорӣ кунад, вале натавонад ҳатто як байт шеъри туркӣ – валав маҷъул – ба шоъирони мазкур нисбат диҳад, ӯро ба чи сифате бояд хонд!

7- Ва аммо касоне, ки ситами! форсҳоро бар туркон, ба даврони паҳлавиҳо нисбат медиҳанд ва ононро масъули ъадами ривоҷи забони туркӣ дар мадориси Озарбойҷон медонанд, низ иддиъояшон бепоя аст. Магар вазъи мадориси ангуштшумори Озарбойҷон дар давраи Қоҷория, ки Табрезро ҳам мақарри валиъаҳд қарор дода буданд ва худи дарбориён низ ба туркӣ бо ҳам сухан мегуфтанд, аз чи қарор будааст? Паҳлавиҳо бар тибқи Қонуни асосии Машрутият, ки забони форсиро забони расмии Эрон эълом карда буд, бо таъсиси кӯдакистонҳо ва дабистонҳо ва дабиристонҳо ва донишгоҳҳо ва омӯзиши забони форсӣ дар онҳо дар ин замина гоме аз Қонуни асосӣ фаротар ниҳодаанд.

Паёми дӯстӣ

Ончи дар ин мақола мавриди баҳс қарор гирифт, марбут ба рӯзгорони гузашта аст ва мурурест бар гузаштаи забони форсӣ ва ториху фарҳанги Эрон дар даврони исломӣ, бавижа дар ъасри тасаллути қабоили туркнажоди туркизабон бар Эрон, вале имрӯз ҳар як аз мо эрониён барои тамоми туркнажодон ва туркизабонон, аъам аз туркаману узбаку қирқизу қазоқ ва… то муғулу тотор, дар ҳар минтақае аз ҷаҳон ба сар бибаранд, эҳтиром қоилем. Зеро гузаштаҳо гузаштааст, ҳамчунон ки қарнҳост бо тозиёни ъарабизабони мусалмон низ дар ъолами сулҳу сафо ба сар мебарем, ҳамон тавре ки гумон намекунам, ки имрӯз ҳеч як аз мо эрониён нисбат ба юнониён ба сабаби ҷангҳои даврони ҳахоманишӣ, ва ё бо масеҳиёни сокини Арманистону Гурҷистон ва Руми Шарқӣ ба ъиллати ҷангҳои даврони Соcонӣ душманӣ дошта бошем. Вазифаи мост, ки дар ин даврони пуризтироби ҷаҳон дасти дӯстӣ ба сӯи ҳамаи ишон дароз кунем ва дасташонро ба гармӣ бифишорем ва ҳамсадо бо Ҳофиз, шоъири бузурги ҳамаи форсизабонон, бигӯем:

Биё то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳе нав дарандозем.

Ва албатта, оне ҳам аз таҳрикоти душманон Эрон, ки дар байни туркон ва туркизабонони имрӯзи ҷаҳон теъдодашон бисёр андак аст, ғофил намонем ва иҷоза надиҳем, ки онон базри нифоқу душманӣ бияфшонанд ва аз ситами дурӯғини форсҳо бар туркҳо дар тӯли торихи Эрон сухан бигӯянд ва ин иддиъои нодурустро доме барои ҷудо сохтани Озарбойҷон аз Эрон қарор бидиҳанд.

*Ин мақола сурати машрӯҳи хитобаест, ки дар кунферонси байналмилалии “Сайре дар фарҳанги Эрон ва ислом” дар Донишгоҳи U.C.L.A бо ҳамкории Бунёди Каён дар 16 январи 1993 қироат шудааст.

Ёддоштҳо:

Калила ва Димна, иншои Абулмаъолӣ Насруллоҳи Муншӣ, тасҳеҳ ва тавзеҳи Муҷтабо Минавии Теҳронӣ, чопи ҳафтум, Теҳрон 1362, “Дебочаи мутарҷим”, ба тартиб с 19, 19, 23, 25.
2 Абулфазли Байҳақӣ, Торихи Байҳақӣ, тасҳеҳи дуктур Файёз, чопи Донишгоҳи Машҳад, Машҳад, 1350, ба тартиб с 88 ва 387-388. Ончи дар ъиборатҳои манқул аз ду китоб дар дохили нишонаи [] афзуда шуда, аз нигорандаи ин сутур аст.
3 Дар «Татиммаи муқаддимаи Ибн ал-Муқаффаъ»-и китоби “Калила ва Димна” омадааст: «Ва мо чун аҳли Порсро дидем, ки ин китобро аз забони ҳиндӣ ба паҳлавӣ тарҷума карданд, хостем, ки аҳли Ъироқу Бағдод ва Шому Ҳиҷозро ҳам аз он насиб бошад ва ба луғати тозӣ, ки забони ишон аст, тарҷума карда ояд…» (с 43).
4 Дар бораи шеваи тарбияти ғуломони турк барои хадамоти сипоҳӣ ба тавзеҳи Хоҷа Низомулмулк таваҷҷуҳ фармоед:
«Ғуломеро, ки харидандӣ, як сол ӯро пиёда хидмат фармудандӣ… Ин ғулом ҳақ надошт дар ин як сол пинҳон ё ошкор савори асб шавад. Агар аз ъуҳда баромада буд, ӯро қабое ва асбе туркӣ бидодандӣ… ва лугоме аз давол (чарм)-и сода… [Баъд] то онҷо, ки се ғуломаки навхаридаро барои тарбият ба ӯ медоданд… ҳар сол ҷоҳу таҷаммул ва хайли ӯро меафзуданд ва то хайлбошӣ шудӣ, пас ҳоҷиб шудӣ… Ва агар шоистагӣ ва ҳунари ӯ ҳамаҷо маълум шудӣ ва кори бузург аз дасти ӯ баромадӣ ва мардумдор ва худованддӯст будӣ, онгаҳ то ӯ 35-сола нашудӣ, ӯро амирӣ надодандӣ ва ба вилоят номзад накардандӣ, ва Албтагин, ки банда ва парвардаи Сомониён буд, ба 35-солагӣ сипаҳсолории Хуросон ёфт.» Хоҷа Низомулмулк, Сиёсатнома, тасҳеҳи Ъаббоси Иқбол, Теҳрон 1341-и қамарӣ, с 76-82
Дар авохири ъаҳди Сомониён ъидаи ин ғуломон ба маротиби ъолия расида, дар дастгоҳи давлатӣ бисёр шуда буд ва ҳар як аз ин ғуломон пас аз вусул ба маротиби ъолӣ худ метавонистанд ғуломоне бихаранд, чунонки Албтагин ҳангоме ки аз Хуросон мерафт, 2700 ғуломи турк дошт.» Ҳамон китоб, с 120
5 Муҷтабо Минавӣ дар бораи ҳудуди форсидонии Баҳромшоҳи Ғазнавӣ, ки Насруллоҳи Муншӣ тарҷумаи “Калила ва Димна”-ро ба номи ӯ пардохта, ва сабаби фармон Баҳромшоҳро дар тарҷумаи китоб «камоли суханшиносӣ ва тамйизи подшоҳона» донистааст ва низ дар бораи форсидонии дигар туркони ҳоким бар Эрон нивиштааст:
«Ғазнавиён туркнажод ва туркизабон буданд ва намедонем, ки Баҳромшоҳ ҳам мисли аҷдоди худ ба туркӣ такаллум мекард ё форсизабон шуда буд, ва агар форсизабон шуда будааст, оё дар идроки «дақоиқ ва латоиф ва резакориҳои забон он қадр ворид будааст, ки байни иншои Насруллоҳи Муншӣ ва иншои муншии қодири дигаре дар он ъаср фарқ бигузорад; аммо удабои ъолиқадри он ъаҳд (агарчи ъумуми ишон аз ъуҳдаи фаҳми тамомии мазоёи таҳрири ӯ ва шиносоии қадри ҳунараш барнамеомаданд) мушаххаси ҳақиқӣ ва матмаҳи назари воқеъии нивисанда буданд. Нивисанда ё шоъир дар дарбори Султон Маҳмуд ва Султон Масъуд ва салотини дигари ғазнавӣ ва салҷуқӣ ва ғайри онон, дар банди он набуд, ки махдуми ӯ бар зарофатҳо ва нуктасанҷиҳо ва маъонипардозиҳо ва оёту бароат ва фасоҳату балоғати ӯ чунонки бояд ва шояд, воқиф мешавад ё на. Онон шеърро аз барои якдигар месуруданд ва китоб аз барои форсизабонон фаҳим ва форсидонон ва маъонишиносони фозил менивиштанд. Диққати ишон дар сиҳҳати ъиборот ва риъояти қавоъиди забон ва муқайяд будани ишон ба усули фасоҳат ва балоғат ва расоӣ ва дурустии баён ва ба ҷо нишастани калимот ва таъбирот ва таносуби амсолу абёт ва устуворӣ ва истеҳкоми маъонӣ, ҳама аз барои ҳамдигар буд, ва эътиное ба он надоштанд, ки оё салотин ва саркардагони турк ба дурусту ғалат будан, буланду паст будан, муҳкаму суст будани шеър ё насри ишон мутаваҷеҳ мешванд ё намешаванд. Ғайр аз умаро ва мулуки турк, бузургони дигаре буданд, ки ба сиҳҳати форсӣ ва латофати мазмун ва дуздӣ набудани афкор муқайяд ва муътақид буданд, ва нивисанда ва шоъир ақидаи ин мардумонро муҳтарам мешумурданд ва дар чашми ишон хештанро хор намехостанд.
Шуъаро ва удабо ва фузало анҷуманҳо дар манозили бузургон ва хонаҳои якдигар доштанд ва бо ҳам дар он маҳофил музокира ва мунозира ва мубоҳиса мекарданд ва аз якдигар ъилму адаб фаро мегирифтанд ва дақоиқи ъулум ва луғат ва ҳунарро мавриди мудоққа месохтанд. Яке аз ин маҳофил ва маҷомеъ хонаи Хоҷаи Насруллоҳи Муншӣ буд, ки дар замони иншои ин китоб ҳанӯз зинда буд ва бар маснади қудрат муттакӣ будааст. Фузало ва ъуламо онҷо меомаданд ва аз ишон ба ҳар навъ пазироӣ ва нигаҳдорӣ мекард, ва баъзе аз ишон (шонздаҳ нафар аз ононро ном бурдааст) ба манзилати сокинони хона буданд. Насруллоҳ ба муҷоласат (ҳамнишинӣ) ва дидор ва музокирот ва гуфтори ишон унс гирифта буд ва ба ҳадде дар роҳи касби ҳунар мекушид, ки ба ҳеҷ кори дигаре намепардохт ва соатҳо дар ҳамдмӣ ва гуфтугӯ бо эшон мегузаронид…» (с: ҳ, т, й, муқаддимаи мусаҳҳеҳ, Калила ва Димна). Муҷтабо Минавӣ дар зернивиси ин сафҳа овардааст: «Мурод аз хоҷаи ӯ… маълум нашуд. Ҳадс мезанам, ки бародари бузургтари ӯ ё вазире, ки Насруллоҳ вобаста ба дари хонаи ӯ буда ва онҷо сукно (сукунат) доштааст, мурод бошад; ба ҳар ҳол, касе будааст, ки Насруллоҳ дар хонаи ӯ метавонистааст аз мулобасати аъмол ва мубоширати ишғол озод бошад».
6 Торихи Систон, тасҳеҳи Маликушшуъарои Баҳор, Теҳрон 1314, с 209-210.
7 Тарҷумаи Тафсири Табарӣ, ба нақл аз Забеҳуллоҳи Сафо, Торихи адабиёт дар Эрон, ҷилди аввал, Теҳрон, чопи ёздаҳум, с 619-620.
8 Ҷалоли Матинӣ, «Як ному се забон», Таҳқиқоти эроншиносӣ дар Омрико, с 60-115.
Persian Studies in North America, Studies in Honor of Mohammad Ali Jazayery, edited by Mehdi Marashi, 1994, pp. 9-21.
9 Ъалоқамандон метавонанд дар ин мавзӯъ ба мутуни мухталифи торихӣ ва адабии форсӣ аз қарни панҷуми ҳиҷрӣ ба баъд муроҷеъа кунанд, ки хулосае аз онро устод Сафо аз ҷумла дар китоби “Торихи адабиёт дар Эрон” овардаанд. Ҷилди аввал: Бардагӣ ва бардагон, муборизоти нажодии Эрон ва Турк, натоиҷи тасаллути ғуломон (с 222-229); Ҷилди дувум, фасл дувум, «Вазъи иҷтимоъии Эрон аз оғоз тасаллути Салоҷуқа то ҳамлаи муғул» дар зери ин ъунвонҳо: Ғалабаи ъунсури турк, Ғуломони турки қабоили турк, Пешрафт дар арозии эронӣ, Натоиҷи тасаллути ғуломон ва қабоили турк, Насабсозии туркон, Давраи зулму эътисоф, Нопойдории аҳвол, Аз миён рафтани низомиён ва русум, Парешонии умур ва табдили русум ва одоб, Фасоди ахлоқ, Асари авзоъи замон дар шеър, Ъасабиятҳои нажодӣ (с 68-133).
Ин аст намунае чанд аз доварии шоъирон дар бораи туркон ва туркмононе, ки ба Эрон сарозер шуданд ва қарнҳо дар Эронзамин ҳукумат карданд, ба нақл аз китоби мазкур:

Хоқонии Шервонӣ:
Мулки Ъаҷам чу туъмаи туркони аъҷамист,
Ъоқил куҷо бисоти таманно барафканад?
Носири Шамс, маъруф ба Кофараки Ғазнин:
То вилоят ба дасти туркон аст,
Марди озода безару нон аст.

Саноӣ:
Менабинед он сафеҳоне, ки туркӣ кардаанд,
Ҳамчу чашми танги туркон гӯри ишон тангу тор. (сафеҳ – нодон)
Бингаред он ҷаъдашон аз хок чун пушти кашаф, (кашаф – локпушт)
Бингаред он рӯяшон аз чин чу пушти сусмор.
Сар ба хок овард имрӯз он, ки афсар буд дӣ,
Тан ба дӯзах бурд имсол он, ки гардан буд пор.
Нанг н-ояд мар шуморо з-ин сагони пурфасод,
Дил нагирад мар шуморо з-ин харони бефасор…
Посбонони туанд ин сагпарастон ҳамчу саг,
Ҳаст мурдорони ишон ҳам бад-ишон вогузор.
Андар ин зиндон бар ин дандонзанони сагсифат,
Рӯзаке чанд, эй ситамкаш, сабр кун, дандон фишор.
То бибинӣ рӯи он мардумкушон чун заъфарон,
То бибинӣ рӯи ин меҳнаткашон чун гуланор.
Гарчи одамсуратони сагсифат муставлиянд,
Ҳам кунун бинӣ, ки аз майдон дили ъайёрвор.
Ҷавҳари одам бурун тозад, бар орад ногаҳон,
З-ин сагони одамӣ-кимухту хар мардум дамор (кимӯхт – пӯст)
Гар мухолиф хоҳӣ, эй Маҳдӣ даро аз осмон,
В-ар мувофиқ хоҳӣ, эй Даҷҷол, як раҳ сар барор…
То бибинӣ мӯре он хасро, ки медонӣ амир,
То бибинӣ гурге он сагро, ки мехонӣ ъиёр.

Асируддини Ахсикатӣ:
Чу теғи чӯбин дар ъаҳди мо амиронанд,
Ки нонашон натавон зад ба ҳеч ваҷҳ ба тир.
Дарозгӯше бар чорпое уфтода,
Дарозгӯш амиру чаҳорпой сарир.

Носири Хусрав:
Нигаҳ кунед, ки дар дасти ину он чу харос, (харос осиёбест, ки ба нерӯи хар мегардад)
Ба чанд гуна бидиданд мар Хуросонро.
Ба мулки турк чиро ғарраед, ёд кунед,
Ҷалолу давлати Маҳмуди Зовулистонро.
Куҷост он ки Фариғуниён зи ҳайбати ӯ, (Фариғуниён номи сулолаи амиронест дар Хоразм)
Зи дасти хеш бидоданд Гузгононро?
Чу Ҳиндро ба суми асб турк вайрон кард,
Ба пои пилон биспурд хоки Хатлонро…

Анварӣ Хуросони вайрон ва ғоратшуда ба дасти туркони салҷуқиро, ки баъд аз таҳаммули балоҳои гуногун, инак дучори туркони ғуз гашта будааст, дар қасидае мондагор бахубӣ васф карда ва дафъи балои туркони ғузро, ки тоза аз роҳ расида буданд, аз Хоқон Маҳмуд ибни Муҳаммад, подшоҳи қарохонӣ, хостааст. Чанд байт аз қасидаи вайро низ нақл мекунем:
Бар Самарқанд агар бигзарӣ, эй боди саҳар,
Номаи аҳли Хуросон ба бари хоқон бар.
Номае матлаъи он ранҷи тану офати ҷон,
Номае мақтаъи ӯ дарди дилу сӯзи ҷигар.
Номае бар рақамаш оҳи ғарибон пайдо,
Номае дар шиканаш хуни шаҳидон музмар.
Нақши таҳрираш аз синаи мазлумон хушк,
Сатри ъунвонаш аз дидаи маҳрумон тар.
Реш гардад мамари савт аз ӯ гоҳи самоъ,
Хун шавад мардумаки дида аз ӯ вақти назар…
То кунун ҳоли Хуросону раъоёт будаст,
Бар худованди ҷаҳон, Хоқон, пӯшида магар?
Не набудаст, ки пӯшида набошад бар вай,
Заррае неку бади нуҳ фалаку ҳафт ахтар.
Корҳо баста бувад бешак дар вақту кунун,
Вақти он аст, ки ронад сӯи Эрон лашкар…
Боз хоҳад зи ғузон кина, ки воҷид бошад,
Хостан кини падар бар писари хубсияр…
Қиссаи аҳли Хуросон бишунав аз сари лутф,
Чун шунидӣ, зи сари раҳм дар ишон бингар.
Ин дилафгори ҷигарсӯхтагон мегӯянд,
К-эй дилу давлату дин аз ту ба шодию зафар.
Хабарат ҳаст, к-аз ин зеру забар шум ғузон,
Нест як пай зи Хуросон, ки нашуд зеру забар?
Хабарат ҳаст, ки аз ҳар чӣ дар ӯ хайре буд,
Дар ҳама Эрон имрӯз намондаст асар?
Бар бузургони замона шуда дунон солор,
Бар каримони ҷаҳон гашта лаимон меҳтар.
Бар дари дунон аҳрор ҳазину ҳайрон,
Дар кафи риндон аброр асиру музтар.
Шод, илло ба дари марг набинӣ мардум,
Бикр ҷуз дар шиками мом наёбӣ духтар.
Масҷиди ҷомеъи ҳар шаҳр сутуроншонро
Пойгоҳе шуда, на сақфаш пайдову на дар.
Хутба накнанд ба ҳар хитта ба номи ғуз аз он-к,
Дар Хуросон на хатиб аст кунун, на минбар.
Кушта фарзанди гиромиро гар ногоҳон
Бинад, аз бим хурӯшид наёрад модар.
Бар мусалмонон з-он навъ кунанд истихфоф,
Ки мусалмон накунад садяк аз он бо кофар…
Халқро з-ин ғам фарёд рас, эй шоҳнажод,
Мулкро з-ин ситам озод кун, эй покгуҳар.
Ки кунӣ фориғу осуда дили халқи Худо,
З-ин фурӯмоя ғузи шумпайи ғоратгар…
Раҳм кун, раҳм бар он қавм, ки ҷӯянд ҷавин,
Аз паси он ки нахӯрдандӣ аз ноз шакар.
Раҳм кун, раҳм бар он қавм, ки набвад шабу рӯз,
Дар мусибатшон ҷуз навҳагарӣ кори дигар.
Раҳм кун, раҳм бар онҳо, ки наёбанд намад,
Аз паси он ки зи атласшон будӣ бистар…

Ҷамолуддини Исфаҳонӣ:
Хоҷагонро нигар барои Худо,
К-андар ин шаҳр муқтадо бошанд.
Ҳама ъомиву он гаҳ аз пайи фазл,
Лофпаймову жожхо бошанд.
Ҳар яке дар вилояту деҳи хеш,
Кафшдузду кулаҳрубо бошанд.
*
Бингаред ин чарху истилои ӯ,
Бингаред ин даҳру ин абнои ӯ.
Медиҳад мулке ба камтар ҷоҳиле,
Ҳаст бо ман ҷумла истиқсои ӯ.
Ҳамчу туркон тангчшм омад фалак,
З-он бувад бар ҷони ман яғмои ӯ.

Деҳқонъалии Шатранҷӣ:
Нашояд баҳри одоби надимӣ,
Дигар бар ҷону дил заҳмат ниҳодан.
Забон кардан ба назму наср ёрӣ,
Зи хотир нуктаҳои бикр зодан.
Ки боз омад ҳама кори надимон,
Ба силӣ хӯрдану душном додан.

Ва ҳосили ҳукумати чунин фармонравоёни ситамгари бефарҳанге нобасомонии мулк асту дармондагӣ ва бепаноҳии эрониён, ки Анварӣ дар камоли устодӣ онро дар тамсиле гӯё баён кардааст:
Рӯбаҳе медавид дар ғами ҷон,
Рӯбаҳе дигараш бидид чунон.
Гуфт: Хайр аст? Бозгӯй хабар,
Гуфт: харгир мекунад султон.
Гуфт: ту хар наӣ, чӣ метарсӣ?
Гуфт: оре, ва лек одамиён
Менадонанду фарқ менакунанд,
Хару рӯбоҳашон бувад яксон.
З-он ҳаметарсам, эй бародари ман,
Ки чу хар бар ниҳандамон полон…

Ин гуна ашъор ихтисосе ба даврони қабл аз муғул надорад, чи шоъирони форсизабон дар адвори баъд низ борҳо аз ситами туркмонону туркон нолидаанд, ки аз ҷумла аст Бадри Шервонӣ (мутаваллиди 789ҳ.қ. дар Шамохӣ, маркази иёлати Шервон дар Қафқоз, даргузашта дар 854 дар ҳамон шаҳр ё Боку). Ин шоъири порсизабон туркӣ низ медониста ва дар девонаш наздик ба 60 байт шеъри туркӣ дида мешавад ва миқдори зиёде ҳам аз вожаҳои туркиро, ки дар шеъри форсӣ камтар дида шудааст, ба кор бурда, борҳо аз туркмонони қароқуюнлу – ба ҷуз Ҷаҳоншоҳ – ба бадӣ ёд кардааст. Аз ҷумла, дар ҳамлаи Қароюсуф ба Гурҷистон ва вайронии Шамохӣ дар соли 815:
…Гар Шамохӣ шуд хароб аз туркмонон, ғам махур,
Макка ҳам гашт аз ҷафои лашкари мушрик хароб.
Гар зи роҳи он дадон дурӣ гузидӣ, ъайб нест,

Одамӣ бояд, ки худро дур дорад аз килоб.
Аз саги девонаи кафкарда бояд эҳтироз,
Бад бувад, гар домане олуда созад аз луъоб… (с 151)

Шоъир дар дасти туркмонон низ асир будааст:
Гоҳ зулми туркмон дар хонаам оташ занад,

Гаҳ балои туркчашмон дар дилам ғавғо кунад (с 239)

Ва низ ба муносибати исорати худ дар дасти туркмонон дар Табрез сурудааст:
Буд уммедам, ки дар Табрез ъишратҳо кунам,
Ман чи донистам, к-аз ин савдо чӣ ояд бар сарам…
Ҳаст дар вай дузду ҳезу… аз саг бештар [казо],
Гар дар ин маънӣ дурӯғе гуфтам, аз саг камтарам.
Хастаам дар чангали мурдорхур зоғони чанд,
Гарчи чун тӯтӣ бипарварда ба шаҳду шаккарам… (с 49)

Матолиби марбут ба Бадри Шервонӣ ба нақл аз Ҳишмати Муъайяд, “Бадри Шервонӣ ва ашъораш. Назаре ба девони бозёфта”, Таҳқиқоти эроншиносӣ дар Омрико, с 60-115.
Тавзеҳ он ки Девони Бадри Шервонӣ ба виростории Абулфазл Раҳимуф, Идораи интишороти Дониш, Шуъбаи адабиёти Ховар, Маскав, дар соли 1985 чоп шуда ва ашъоре, ки дар инҷо нақл кардем, ҳама аз ин чоп аст.
10 Аз ҷумла дар ашъори Фаррухии Систонӣ ва Ъунсурӣ ва Абӯҳанифаи Аскофӣ, р к. Ҷалоли Матинӣ, «Эрон дар гузашти рӯзгорон – Эрон дар давраи исломӣ», маҷаллаи Эроншиносӣ, соли чаҳорум, шумораи 2 (тобистони 1370), с 285.
11 Монанди тарҷеъбанди Фаррухии Систонӣ ба матлаъи:
Зи боғ, эй боғбон, моро ҳаме бӯи баҳор ояд,
Калиди боғ моро деҳ, ки фардомон ба кор ояд.
12 Аз ҷумла дуктур Ҷаводи Ҳайъат нивиштааст: «Дар замони Салоҷуқа забони форсӣ забони расмии Эрон ва Осиёи Сағир шуд ва туркизабонон аксаран осори худро ба форсӣ нивиштанд ва дар ин забон осоре монанди “Маснавӣ”-и Мавлавӣ ва Девони ғазалиёти Шамс ва амсоли онҳо офариданд.» Сайре дар торихи забон ва лаҳҷаҳои туркӣ, Теҳрон, 1365, ба нақл аз Саъидии Сирҷонӣ, «Туро, ки хона», дар Китоби таҳи бисот, чопи Омрико, 1370/1991, с 87-95.
13 Забеҳуллоҳи Сафо, Торихи адабиёт дар Эрон, ҷилди аввал, Теҳрон, чопи ёздаҳум, с 636-645 (Тозигӯёни Эрон дар қарни чаҳорум ва оғози қарни панҷум); Ҷилди дувум, чопи даҳум, Теҳрон 1369, с 1037-1038 (Тозигӯёни Эрон [аз миёнаи қарни панҷум то оғози қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ]).
14 Рене Грусе, Эрон ва нақши торихии он, тарҷумаи дуктур Ғуломъалии Сайёр, маҷаллаи “Ҳастӣ”, тобистони 1372, с 74-105. Грусе, шарқшиноси бузурги фаронсавӣ, чанд сол пеш бедруди ҳаёт гуфт. Вай китобҳои мутаъаддиде дар бораи Осиё нивиштааст, аз ҷумла “Имперотурии саҳронавардон, роҷеъ ба туркон ва муғулон”. Мақолае, ки бахше аз онро дар инҷо нақл кардем, аз китоби дигари ӯ ба номи “Чеҳраи Осиё” аст.
15 Таҷорибуссалаф, с 279-280, ба нақл аз Ъаббоси Иқбол, «Вафоти Султон Маликшоҳи Салҷуқӣ», маҷаллаи Ёдгор, соли аввал, ш 3, с 62-66.
16 Дар бораи ҳуҷуми Чангиз ва қавми тотор ба Эрон ҳамаи мо бо он ҷумлаи мӯҷази дарвеши хуросонӣ ошно ҳастем, ки вақте аз вай пурсиданд бо омадани тоторон чи ба сари Хуросон омад? Гуфт, омаданду куштанду сӯхтанду бурданд. Инак қавли муҳаққиқе чун Рене Грусеро низ дар боби ин муҳоҷимони бефарҳанг бишнавем:
«…қаблан низ ишора кардем, ки Чангизхон дар солҳои 1220 то 1221-и милодӣ (617 то 618ҳ.қ.) шимоли Афғонистони кунунӣ ва шарқи Эронро аз беху бун вайрон сохт. Ин балои мӯҳиши осмонӣ ду сол пас аз он низ бо таҳоҷумот ва ҳамалоти мукаррар дар шимоли ғарбии Эрон истило ёфт ва шаҳрҳои қадимӣ ва афсонаии ҳазору як шаби Эрон, назири Балху Тусу Нишобуру Рай ва Гургон чунон вайрон шуданд, ки аз он пас дигар ҳаргиз қад ъалам накарданд. Равиши муғулон дар вайронгарӣ ва саркӯб, дақиқу саффокона буд. Шаҳрҳоро бо хок яксон мекарданд ва аз он талае махруба (хароб) бар ҷо мегузоштанд (тали Боктрес ва вайронаи шаҳри Ғулғула дар наздикии Бомиёни Афғонистон намунаи он аст). Аз ин гузашта, қанавотро кӯр ва маҷории обро масдуд ва ба мурдоб табдил мекарданд. Риштаҳои дарахтонеро, ки ободиҳо ва кишту заръро аз осеби саҳро масун нигоҳ медошт, аз реша мебуриданд, чунонки шини саҳро арозии мазрӯъии ободро дар зер мегирифт. Ин қабоили ваҳшӣ, ки аз саҳорӣ сарозер шуда буданд, қотили замин буданд ва арозии ҳосилхезро бо диққати тамом ба арозии мавот (мурда) табдил мекарданд. Рашидуддини [Фазлуллоҳи Ҳамадонӣ], муваррихи эронӣ, менивисад, ки дар ҳаволии соли 1330-и милодӣ (700ҳ.қ.), ҳангоме ки низоми ҳукумати муғулон тасбит шуда буд, ҳанӯз арозии мазрӯъӣ аз зореъон (кишоварзон) тиҳӣ буд, чи эшон аз тарси ҳамлаи ҷадиде аз ҷониби тавоифи биёбонгард ҷуръати бозгашт ба киштзорҳояшонро надоштанд…».
Вай дар бораи ҳамалоти Темур ба Эрон низ менивисад:
«…локин дар соли 1383-и милодӣ (758ҳ.қ.) Темури Ланг бо нақшаи қаблӣ ин иёлат [=Систон]-ро мунҳадим кард, ба ин тариқ, ки – бори дигар такрор мекунам – шабакаи обёриро, ки ъомили борварии замин буд, нобуд сохт ва қанавот(корезҳо)-ро кӯр кард ва дар натиҷа, онҳо ба мурдоб мубаддал шуданд ва бо баркандани дарахтон ва найистонҳо ва дарахтони газ, ки монеъи пешравии кавир дар арозии мазрӯъӣ мешуданд, ин арозиро ба шинзор (регзор) мубаддал намуд. Ҳайъати ъилми Ҳокин (Hackin ) дар филме, ки аз Сор-Утор (Sar-Otar) бардоштааст, нишон медиҳад, ки чигуна тоторон заминро нобуд карда, наҳри оберо, ки онро машруб мекард, масдуд сохта ва он минтақаро ба саҳрои беобу ъалаф мубаддал кардаанд… Ва бад-ин тариқ, яке аз анборҳои ғаллаи Эрон тиҳӣ аз ҳама чиз гашт, то ин ки баъдҳо қанавоти собиқ аз нав таъбия шаванд. Барои мо тасаввури ин нукта душвор аст, ки чигуна ъумри тамаддуни зарифи эронӣ пас аз чунин фосилаҳое ба сар наёмад…». Рене Грусе, “Эрон ва нақши торихии он”, тарҷумаи дуктУр Ғуломъалии Сайёр, маҷаллаи Ҳастӣ, тобистон, 1372, с 74-105.
17 Султон Албарсалон, подшоҳи бузурги салҷуқӣ, ин нуктаро хуб дарёфта буд, ки хитоб ба бузургони дарбори худ гуфта буд: «…Ман чанд бор ба шумо гуфтаам, ки мо дар ин диёр [=Эрон] бегонаем ва ин вилоят ба қаҳр гирифтаем…»
Хоҷа Низомулмулк, Сиёсатнома, тасҳеҳи Ҳюберт Дорк, Теҳрон, ба нақл аз дуктур Ҷаводи Шайхулисломӣ, «Забони форсӣ нишони волои қавмияти эронӣ», Забони форсӣ дар Озарбойҷон, Теҳрон, 1368, с 204.
18 Ъаббоси Иқболи Оштиёнӣ, Визорат дар ъаҳди салотини бузурги салҷуқӣ, с 301-318, ба нақл аз дуктур Ҷаводи Шайхулисломӣ, ҳамон мақола, ҳамон китоб, с 450-451.
19 Абӯбакри Муҳаммад ибни Ъалӣ ибни Сулаймони Ровандӣ, Роҳатуссудур (Торихи Оли Салҷуқ), с 43, ба нақл аз дуктур Ҷаводи Шайхулисломӣ, ҳамон мақола, ҳамон китоб, с 450.
20 Торихи Байҳақӣ, тасҳеҳи дуктур Ъалиакбари Файёз, ба тартиби с 89-96, 846-853, 737-738, 749- 750, ва 593-597.
21 Забеҳуллоҳи Сафо, Торихи адабиёт дар Эрон, чопи шашум, 1363, ҷилди дувум, с 8-9.
22 Ҳамон китоб, ҷилди чаҳорум, с 130-133.
23 Ҳамон китоб, с 136-139.
24 Ҳамон китоб, с 146.
25 Ҳамон китоб, с 147-148.
26 Ҳамон китоб, с 146.
27 Suleymanname, the Illustrated History of Suleyman the Magnificient, edited by: Esin Atil, National Gallery of Art, Washington D. C., pp. 55-62
Дар бораи корбурди «Шоҳномачӣ, р к. Ҷалоли Матинӣ, «Дар маънои «Шоҳнома», Эроншиносӣ, соли 2, ш 4 (зимистони 1369), с 742-754, зернивиси 43.
28 Барои иттилоъи бештар аз ин нусхаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, ки дорои 258 маҷлиси наққошист, р к. Ҳишмати Муъайад, «Сарнивишти ғамангези “Шоҳнома”-и Шоҳ Таҳмосбӣ», Эроннома, соли 4, ш 3, с 428-432.
29 Торихи адабиёт дар Эрон, ҷилди чаҳорум, с 139 ба баъд.
30 Ҳамон китоб, ҷилди панҷум, с 131; Ва ин мавзӯъ комилан бар хилофи назари Беҳрӯзи Ҳаққӣ аст, ки нивиштааст «Эътилои ҷунбишҳои тӯдаӣ таҳти шароити иҷтимоъӣ-иқтисодии Озарбойҷон дар авосити қарни 16, дар асари саффокии Шоҳ Ъаббоси Аввал (тавҳин ба ғурури миллии Озарбойҷон ба хотири интиқоли пойтахт аз Озарбойҷон ба Исфаҳон, расмӣ намудани забони форсӣ ба ҷои забони аксарияти мардум, ки туркӣ мебошад… ҳар рӯз доманаи васеътареро фаро гирифт… ), Ҷаҳонбинии ҳамосаи Куруғлу, Олмони Ғарбӣ, соли 1367, муаллиф ва ношир: Беҳрӯзи Ҳаққӣ, с 13.
31 Маҷмӯъаи мақолоти Моҳёри Наввобӣ, «Забони туркии Озарбойҷон», с 1-146, ба нақл аз Торихи адабиёт дар Эрон, ҷилди панҷум, зернивиси сафҳаи 431.
32 Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Сафарнома, чопи Берлин, 1341 ҳ.қ., с 8.
33 Асадии Туcӣ, Луғати фурс, тасҳеҳи Ъаббоси Иқболӣ, Теҳрон, с 1319, с 1 ва 2; Дар мавриди бахше аз тафовутҳои мавҷуд байни забони форсии дарӣ ва озарӣ, р к. Ҷалоли Матинӣ, «Дақиқӣ, забони дарӣ ва лаҳҷаи озарӣ», Маҷаллаи Донишкадаи адабиёт ва ъулуми инсонии Донишгоҳи Фирдавсӣ, соли 11, шумораи 4 (зимистони 1354), с 559-575.
34 Эҳсони Ёршотир, «Озарӣ», Донишномаи Эрон ва ислом, Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб, Теҳрон, 2535-и шоҳаншоҳӣ, дафтари аввал, с 61-69.
35 Р. к. Зернивиси 12.
36 Муҳаммади Ъавфӣ, Лубоб-ул-албоб, ба кӯшиши Саъиди Нафисӣ, Теҳрон, 1335, с 18-19.
37 Ҳамон китоб, с 21.

Забони форсӣ ва ҳукуматҳои туркон (чи гуна забони форсии дарӣ ба ъунвони забони расмии эрониён шинохта шуд), нивиштаи дуктур Ҷалоли Матиниро ба гунаи PDF аз «инҷо» боргиред.

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

 این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*