Кудоме дуруст аст: ‘нИвиштан’ ё ‘нАвиштан?’
Вожаи “нивиштан” (نوشتن) дар забони порсии бостон ба гунаи “нипишта” буд, ки батадриҷ дар забони порсии миёна ба “нибиштан” (نبشتن) табдил шуд ва имрӯза дар забони порсии навин ба шакли “нивиштан” (نوشتن) даромадааст. Ҳеч далеле вуҷуд надорад, ки “нИвиштан” дар забони порсии дарӣ ба “нАвиштан” бадал шуда бошад ва дар луғатномаҳои порсӣ ин вожа ба гунаи “нивиштан” (نوشتن – ба касри нун ва вов) сабт шудааст. Албатта, ин вожа гоҳ ба гунаи “нибиштан” (نبشتن) ҳам фаровон ба кор рафтааст.