Нигоҳе ба корномаи донишии зиндаёд Муҳаммади Дабирсиёқӣ

Вопасин ёри Деҳхудо ҳам рафт

Мардумсолорӣ Онлойн: Инсонҳое ҳастанд, ки дар саросари зиндагии хеш дар пайи омӯхтананд, ва ин вижагии онон шоистаи ҳар гуна ситоишест. Ин одамҳо аз ончи омӯхтаанд, хурсанд нестанд ва дар ин миёна, хешро низ бартар аз дигарон барнамешумаранд ва ҳамора дар пайи бозомӯхтананд, ва сипас ончиро, ки омӯхтаанд, бо гушодадастӣ ва фурӯтанӣ фародасти дигарон мегузоранд, ва чунон дарахте пурбор пеши хоҳандагон сар фуруд меоваранд, то дигарон низ аз бору барашон баҳраманд гарданд. Муҳаммади Дабирсиёқӣ, ки пас аз ъумре кӯшиш дар роҳи омӯхтан ва омӯзондан, 16 меҳрмоҳ даргузашт, аз ин даст касон буд.

Дабирсиёқӣ пажӯҳанда ва нивисандае борикнигар, виросторе тезбин ва устоде дилсӯз дар забон ва адаби порсӣ буд.

Ӯ ба соли 1298 дар Қазвин зода шуд; то донишгоҳро дар ин шаҳр хонд ва пас аз он ба Теҳрон омад ва дар риштаи забон ва адабиёти порсии Донишгоҳи Теҳрон бо баҳрамандӣ аз дониши устодоне ҳамчун Иброҳими Пурдовуд, Маликушшуъарои Баҳор, Бадеъуззамони Фурӯзонфар, Алиасғари Ҳикмат, Алиакбари Сиёсӣ, Муҳаммади Муқаддам ва бисёроне дигар дуктур дар забону адаби порсӣ шуд.

Дабирсиёқӣ дар ду бахши идорӣ ва омӯзишӣ ба Эрон хидмат кард: дар корномаи ӯ 34 сол хидмати содиқонаи давлатӣ дар бахши молиётҳои Вазорати дороӣ ва низ 45 сол омӯзиши забону адаби порсӣ дар Омӯзишгоҳи ъолии ҳисобдории Вазорати дороӣ, Мадрасаи ъолии адабиёт ва забони хориҷа, Пажӯҳишкадаи фарҳанги Эрон, Донишкадаи ъулуми иртиботот, Донишгоҳи миллӣ, ки сипастар Биҳиштӣ ном гирифт, Донишгоҳи Қазвин ва низ дар донишгоҳҳои Пекани Чин ва Ъайнушшамси Миср дида мешавад, ва низ суханрониҳое гуногун дар бораи ториху фарҳанги Эрон дар донишгоҳҳои Теҳрон, Қазвин, Деҳлии Ҳинд, Кӯлни Олмон ва НюЮрк дар Омрико эрод кардааст.

Дабирсиёқӣ беш аз 70 сол аз зиндагии хешро сарфи вироиш ва чопи наздик ба 90 асар дар заминаҳои гуногуни адаб, дастури забон, вожанома, торих, дониш, гетишиносӣ, сафарнома ва… кард, ки бештари онҳо осоре марҷаъ дар забони порсӣ ба шумор мераванд, ки то пеш аз эшон вироиш ва чоп нашуда буданд.

Девонҳои шоъирони Эрон, ки эшон виростаанд – ҳамчун Девони Дақиқӣ, Девони Манучеҳрӣ, Девони Фаррухӣ, Девони Ъунсурӣ, девонҳои Ломеъии Гургонӣ ва Шоҳ Доъии Шерозӣ ва низ “Заротуштнома”, “Ганҷи бозёфта” ва “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ – ва ҳамчунин фарҳангҳо ва вожаномаҳои куҳани порсӣ – ҳамчун фарҳангҳои Онандроҷ, “Маҷмаъулфурс“-и Сурурии Кошонӣ, “Ғиёсуллуғот”, “Мухлисуллуғот” ва “Луғати фурс”-и Асадии Тусӣ – намунае аз виростории дуруст, борикнигарона ва тезбинона ва улгуе барои виросторони адабии ояндаанд.

Дабирсиёқӣ бо фарҳанги Деҳхудо 62 сол ҳамкорӣ дошт, ки аз ин миён 9 солаш дар ҳамкорӣ бо худи Алиакбари Деҳхудо сипарӣ шуд, 11 солаш низ дар ҳамкорӣ бо Муҳаммади Муъин ва 42 соли дигараш низ бо Ҷаъфари Шаҳидӣ, ки сипастар ҷонишини Деҳхудо ва Муъин шуд. Мегӯянд, ки ишон бомдод ба вазорати дороӣ мерафт ва пасин, бе он ки ноҳоре хӯрда бошад, раҳсипори Луғатнома мешуд ва то шаб ба кори вожа мепардохт ва чунин, агар ёрии донишмандоне ҳамчун ӯ набуд, бегумон кори фарҳанги Деҳхудо саранҷоме намегирифт ва дар миёнаи роҳ ё бо марги Деҳхудо бозмемонд, ва ин бармонди гаронбаҳо барои порсизабонон барҷой намемонд. Гуфтанист, ки Дабирсиёқӣ афзун бар фарҳанги Деҳхудо бо донишномаҳое дигар ҳамчун “Донишномаи Иронико”-и Ёршотир дар Омрико ва “Донишномаи Эрон ва Ислом” низ ҳамкорӣ дошт ва бархе аз дарояҳо ё мадохили ин донишномаҳоро нивишт.

Вай ҳамчунин 23 сол, аз 1325 то 1348, ки устод Пурдовуд даргузашт, дабири Анҷумани Эроншиносӣ буд ва 33 сол низ, аз 1356 то 1389, ҳамванди ҳайъати ъилмии Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон. Афзун бар инҳо, чаҳоршанбеи ҳар ҳафта аз соъати 19 то 22 нишастҳое ҳафтагӣ бо ҳузури устодони донишгоҳҳо, адибону рӯзноманигорон барпо кард, ки то соли 1390, ки беморӣ хонанишинаш кард, дунбол шуд. Дар ин нишастҳо бархе аз шоҳкорҳои адаби порсӣ ҳамчун “Шоҳнома”, “Вису Ромин”, “Бӯстон”-и Саъдӣ ва Торихи Байҳақӣ дар дарозои чандин сол хонда ва баррасӣ шуданд.

Устод Дабирсиёқӣ дар баробари хонашон дар Қазвин, исфандмоҳи 1394
Устод Дабирсиёқӣ дар баробари хонаашон дар Қазвин, исфандмоҳи 1394

Кунун, бо даргузашти Дабирсиёқӣ, фарҳанги Эрон боре дигар дар сӯги яке аз хидматгузорони ростини хеш нишаст. Рӯшан аст, ки мардумон дар ин ҷаҳон сарнивиште ҷуз омадану рафтан надоранд, лек ҷои шӯрбахтӣ онҷост, ки бо рафтани донишманде ҳамчун ӯ, пажӯҳандагоне дигар нестанд, ки ҷои холияшро пур кунанд. Чунин, аз насли дабирсиёқиҳо – онон, ки ъумре ба Эрон ва забони он хидмат карданд – якяк рафтанд, бе он ки ҷонишине дошта бошанд. Кунун вопасин бозмондаи он насл, Муҳаммади Дабирсиёқӣ, низ ин ҷаҳонро дар ҳоле бидруд гуфт, ки сахт дилнигарони Эрон ва ояндаи фарҳангии он буд.

***

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

 این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

1+

Бифирист

.


*