Порсӣ Анҷуман: Тақии Аронӣ падари минавии андешаи чап дар Эрон дар 13-и шаҳривари 1282 дар Табрез зода шуд ва дар баҳманмоҳи 1318 ба шаванди бемории тифус дар зиндон даргузашт. Вай аз ҳамвандони барҷастаи гурӯҳе анбозгаро (кумунист) ба рӯзгори Ризошоҳ буд, ки пас аз дастгирӣ ба гурӯҳи 53 тан номдор шуданд.
Касоне, ки хештанро пайравони Аронӣ медонистанд, сипастар “ҳизби Тӯда”-ро бунёд ниҳоданд ва ҳар ончи аз ҷусторҳои ӯ ёфтанд, як-як ба чоп супурданд, лек аз чопахши ду ҷустори ӯ худдорӣ варзиданд: яке ба номи “Забони форсӣ”, чопшуда дар “Эроншаҳр”, шумораҳои 5 ва 6, рӯяҳои 355 то 365, Берлин, 1924 ва дувумӣ “Озарбойҷон ё як масъалаи ҳаётию мамотии Эрон”, чопшуда дар Фарҳангистон, шумораи 5, рӯяҳои 247 то 254, Берлин, 1924.
“Ин ноҳия, ки аз азманаи қадима маскани ақвоми ориённажод ва яке аз муҳиммтарин маҳдҳои тамаддуни эронӣ буда, осоре ба зуҳур расонда, ки алҳақ бояд тамоми ориёнҳои дунё бад-он ифтихор кунанд… Бадбахтона, пас аз ҳамлаи ваҳшиёни машриқ ва тавассути қавми хунхори муғул, ки шаноеъи аъмоли онҳо аз сафҳаи торих маҳвнашуданӣ аст, дар қисмати ъумдаи Озарбойҷон аҳолӣ забони худро фаромуш намуда, ба забони туркӣ мутакаллим шудаанд. Туркизабон будани баъзе аз қисматҳои Эрон боъиси иштибоҳи бархе мардумони беиттилоъ (понтуркистҳо) шуда, бидуни ин ки ин қабил ашхос қадре сафаҳоти торихро варақ зада, аз ҳақиқат мутталеъ шаванд, фавран иддиъо мекунанд, ки ин қавм турк ва ҳамнажоди мо ҳастанд! …Агарчи имрӯз аз оташкадаҳои қадими Эрон дар Озарбойҷон ва Қафқоз ҷуз осоре беш боқӣ намонда, вале ҳануз қалби ҳар озарбойҷонӣ дар муҳаббати Эрон оташкадаи муштаъилу сӯзонест. Гӯё намедонанд, ки як нафар озарбойҷонӣ турк шуданро барои худ нанг медонад. …Гӯё намедонанд калимаи “озарӣ”, ки ба озарбойҷониҳо хитоб мекунанд, ба маънои оташест, ки ниёконашон дар рӯҳи онҳо ба вадиъа гузошта ва онро барои сӯзондани хирмани ҳавою ҳаваси душман захира кардаанд. Мо дар инҷо таваҷҷуҳи тамоми эрониёнро ба ин нуктаи муҳим ҷалб менамоем, ки масъалаи Озарбойҷон яке аз муҳиммтарин қазоёи ҳаётию мамотии Эрон аст ва бар ҳар эронӣ возеҳ аст, ки ин иёлат барои Эрон ҳукми сарро дорад.”
Шӯрбахтона, ҷунбиши чапи Эрон ва ононе, ки хештанро пайравони Аронӣ мехонданд, рӯзбарӯз аз андешаҳои эронгароёнаи ӯ дур шуданд, то онҷо ки яке аз дастовардҳои чап дар сарзамини мо бегонагароӣ ва пуштибонӣ аз душманони якпорчагии сарзаминии Эрон аст.
“Забони порсӣ ва Озарбойҷон”, нивиштаи зиндаёд Тақии Арониро аз “инҷо” боргиред.
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.
این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید
Бифирист