Ҷойгоҳи гӯиши ҳиротӣ дар миёни гӯишҳои порсии дарӣ
Дар ин ҷустор нивисанда бо баррасии гӯиши шаҳри Ҳирот ва рустоҳои перомунаш дар оғоз вижагии гӯиши ҳиротиро дар санҷиш бо гӯиши кобулӣ барнамуда, ва ҳамзамон, нишонаҳои наздиккунандаи гӯиши ҳиротиро ба гӯиши теҳронӣ нишон додааст. Дар поён, бар пояи вижагиҳои овошиносӣ ва сарфӣ бад-ин бароянд расида, ки гӯиши ҳиротӣ ҷудосон аз гӯиши кобулӣ ва наздик ба гӯиши теҳронӣ аст.