Дар бораи вожаи “меҳан” аз устод Пурдовуд

Порсӣ Анҷуман: Устод Пурдовуд дар ин ҷустор ба вожаи “меҳан” пардохтаанд. Реша ва буни чандҳазорсолаи онро ба ҳамроҳи арзиши бакоргирияш ба ҷои вожаи ъарабии “ватан”, ки ба чам (маъно)-и оғоз ва охур аст, барнамудаанд.

Устод худ дар сароғози ин ҷустор чунин нивисанд:

“Дар чанд соли пеш аз ин Фарҳангистони Эрон вожаи форсии “меҳан”-ро ба ҷои вожаи тозии “ватан” баргузид. Аз он торих ба баъд дар нивиштаҳо меҳан ба кор меравад, аммо дар гуфтугӯ ҳануз ватан дар сари забонҳост. Ногузир аз хӯйи дерин баргаштан андаке душвор аст, вале умед аст рафта-рафта ба вожаи меҳан хӯй гирем, онро ва вожаҳои дигари форсиро миёни худ ривоҷ диҳем ва забони бумии Эронро камубеш аз бегонагон бениёз созем ва дар ин замина ҳам ба миллияти худ нерӯе бахшем. …Шак нест, пас шинохтани вожае ва ба дурустии он пай бурдан, онро ба вожаи бегона бартарӣ хоҳем дод ва бетардид онро дар ҳар маврид ба кор хоҳем андохт.”

Ишон сипас ба пешинаи куҳансоли вожаи “меҳан” пардохтаанд:

“Меҳан вожаест чандинҳазорсола. Дар Авесто, номаи динии ниёкони мо, ки куҳантарин санади катбии Эронзамин аст, ва дар ҷуғрофиё ва торихи мо ва дар адабиёти форсӣ бисёр ба кор рафта, ончунон ки пас аз баршумурдани ин маъхаз хоҳам дид, ки меҳан вожаи беному нишоне нест, реша ва буни устуворе дорад ва аз вожаҳои сохтагии Дасотири рӯзгори Сафавӣ нест. Вожаест куҳантар аз торихи куҳансоли мо. Пеш аз бар сари кор омадани Модҳо ва Ҳахоманишиён, дар садаи ҳаштуми пеш аз милоди Масеҳ, ҳам вуҷуд дошт ва Авесто гувоҳи он аст.”

Устод, худ дар сароғози ин ҷустор чунин менивисад:

“Мо метавонем саросари Эронро хонаи бузурги муштарак дониста, меҳани худамон бидонем ё дудмони падарону модарону кошонаи ниёкон, бегуфтугӯ “меҳан” ба луғати ватан, ки ба маънои оғил ва охур аст, бартарӣ дорад. Зинда кардани ин гуна вожаҳои куҳансол, ки дар тайи ҳазорон сол дар ҷузъи намозу сурудҳои минавӣ дар сари забонҳои ниёкони далеру порсои мо буда, мояи хушнудии Маздо ва равони ҷовидонагии Эрон аст.”

Меҳан”, нивиштаи устод Пурдовудро аз “инҷо” боргиред.

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

 این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*