Аз ъаҷам то порсӣ’, нивиштаи Ҷомии Шакибӣ’

‘Аз ъаҷам то порсӣ’, нивиштаи Ҷомии Шакибии Гелонист. Ба дунбола, ёддошти Баҳроми Юсуфиро дар бораи ин кор мехонед.

Гуфтанист, Порсӣ Анҷуман бе аз ҳамдостон будан ё набудан бо дарунмоя ва вожаҳои бакоррафта дар ин кор танҳо ба шиносондани он ба хонандагон мепардозад; чиро ки яке аз хешкориҳои Порсӣ Анҷуман шиносондани кӯшишҳои он касонест, ки дар ростои порсинивисӣ гом бармедоранд.

Хонандагон ҳамчунин метавонанд барои ошноии бештар бо нивисанда «бад-инҷо» дарнигаранд.

***
“Аз Эрону аз турку аз тозиён,
Нажоде падид ояд андар миён.
На Эрон, на турку на тозӣ бувад,
Суханҳо ба кирдори бозӣ бувад.”

Ҳамон ҷур, ки Фирдавсӣ пешбинӣ карда буд, забони порсӣ ба рехти ноҳанҷоре дармеояд ва аз роҳи ростини худ бадар мешавад.

Кӯшиши нивисанда дар ин замина поксозии забони нирумандест, ки имрӯза дар Эрон ба кор меравад. Корҳои нивисанда бар пояи забоншиносӣ аст, ки умед меравад ин гавҳари нобро барои пасиниён нигаҳ дорад.

Номаи “Аз ъаҷам то порсӣ” гомест дар ин роҳ. Нивисанда бо баррасии санҷишии ҷудоӣ миёни ин дуро вошикофта ва лағзишҳои форсиро ба хонанда менамоёнад. Ин пажӯҳиш дар 25 омӯзок ба хонанда омӯхта мешавад. Ҳар омӯзок дорои чаҳор бахш аст. Дар зер бо овардани пораҳое кӯтоҳ аз бахшҳои омӯзоки севум сохтмони ин баррасӣ намоёнда шудааст.

Дар пешгуфтори ин нома роҳнамоии овоӣ барои хондани бархе вожаҳои нав оварда шудааст, ки дар инҷо намеоварем.

***

Дари нахуст. Дар ин бахш хонанда вожаҳои порсӣ меомӯзад. Обишхури бисёре аз ин вожаҳо ганҷинаи пурбори сухани порсӣ аст.

Маншаъ:                   сари моя, хостгоҳ, обишхур, бун
Ъунсур:                    гавҳар, охшиҷ
Бе сарфи замон:       берӯзгор
Суъуд кардан:          бар шудан, боло рафтан
Курраи арз:              Замин
Маънӣ:                     майнӣ (mayni)
Маънавӣ:                  майнавӣ (maynavi)
Табиъат (1):             сипеҳр

***

Аз онҷо, ки роҳнамои овоӣ дар ин ҷо оварда нашудааст, барои дуруст хондани mayni аз хониш (талаффуз)-и май дар вожаи маёзор (мӯре, ки…) баҳра гиред.

Пас аз ин бахш занде (тавзеҳе) дар бораи бархе вожаҳо дода шудааст. Барои намуна, дар инҷо барои “табиъат”:

1. Вожаи “табиъат” майниҳои гуногун дорад ва аз ин рӯ бояд дид ҳамчанди порсии он дар ҳар ҷо чи мешавад:

– Табиъати ъақраб он аст, ки неш бизанад. – гавҳар, ниҳод ё сиришти каждум он аст, ки бигазад.
– Табиъат ё табъи ин ғизо гарм аст. – гавҳари ин хӯрок гарм аст.
– Одами бадтабиъатест. – одами бадгуҳар, бадсиришт ё бадниҳодест.
– Табиъати беҷон ё ҷамодотро наққошӣ мекунад. – барбастагонро менигорад.

***

Дари дувум. Дар ин бахш нивисанда аз хонанда мехоҳад, ки ба тарҷумаи вокёмҳое (ҷумлаҳое), ки нивишта шуда, бипардозад. Дар зер ҳар вокём хонанда тарҷумаи нивисандаро мебинад. Барои намуна:

1. Маншаъи инқилобро дар норизоятии миллат бояд ҷустуҷӯ кард.
1. Сари мояи (хостгоҳи) шӯришро бояд дар нохушнудии мардум ҷустуҷӯ кард.

2. Ъаносири арбаъаро маншаъи амроз медонистанд.
2. Чаҳор охшиҷ (чор гавҳар)-ро сари мояи бемориҳо медонистанд.

3. Шуълаи оташ суъуд кард ва борон нозил шуд.
3. Забонаи оташ боло рафт (бар шуд) (1) ва борон фурӯборид.

***

Пас аз ин варзиш (тамрин) занде барои бархе аз вожаҳо оварда шудааст. Барои намуна:

1. Дар забони порсӣ вожаҳои “шудан” ва “рафтан” аз ҳам ҷудо будаанд ва ҳар кадом майнии вижае доштаанд, ки дар забони имрӯзӣ ба ҳам омехта шудааст. Имрӯза “рафтан” ба майнии “шудан” ба кор меравад. Барои намуна, мардум мегӯянд: “Ба Теҳрон рафтам”. Дар гузашта мегуфтанд: “Ба Теҳрон шудам.”

***

Дари севум. Ин бахш низ тарҷумаи вокёмҳо ба порсӣ аст, вале дар ин бахш хонанда тавони худро бо устоди сухан месанҷад. Дубора хонанда барои баҳрагирӣ аз ин бахш бояд ҳар вокёмро тарҷума кунад, сипас ба тарҷумаи нивисанда бингарад ва пас аз он тарҷумаи устодро бихонад. Барои намуна:

1. (Худо) маншаъи ин ъаносири арбаъаро билозаҳмат ва бидуни сарфи вақт ба вуҷуд овард.
1. Худо сарчашмаи ин чаҳор гавҳар (охшиҷ)-ро беранҷу берӯзгор падид овард.
1. Сари мояи гавҳарон ин чаҳор,
    Баровард беранҷу берӯзгор.

2. Вақте ин ъаносири арбаъа қарор гирифтанд, ба ин манзили ъория омаданд.
2. Ҳангоме ки ин чаҳор гавҳар (охшиҷ) падид омаданд, ба ин сарои сипанҷӣ омаданд.
2. Чу ин чор гавҳар ба ҷой омаданд,
    Зи баҳри сипанҷӣ сарой омаданд.

3. Сари одам аз хушқавлӣ ва росиюнолисм монанди сарв муртафеъ ва қоим шуд.
3. Сарм одам монанди сарв буланд шуд ва аз гуфтори нек ва ба кор бастани хирад афрохта шуд.
3. Сараш рост бар шуд чу сарви буланд,
    Ба гуфтори хубу хирад корбанд. (нигоҳ: занд бар дари севум (1))

***

Ба дунболи ин бахш занди дигаре дар бораи бархе вожаҳо оварда шудааст. Барои намуна:

1. Хости устод дар банди ҳаштум аз “рост шудани сар” он аст, ки гӯё одамизода ба ворунаи бештари ҷунбандагон чордаступо нест ва рӯи по истодааст, аммо баростӣ, он чи ки мояи афрохтагии сари мардум мешавад, гуфтори нек ва хирадкорбандӣ аст.

***

Дари чаҳорум. Дар ин бахш аз хонанда хоста мешавад, ки порагуфтори нивишта шударо ба порсӣ тарҷума кунад. Барои намуна:

Аз дебочаи Силсилаи осори адабии милали Ховар – Окодемии ъулуми Иттиҳоди Шӯравӣ – Шоҳномаи Фирдавсӣ.

“Ин пешгуфтори мулаххаси муқаддимаи муфассалест ба қалами донишманди фақид Бертелс, ки матни интиқодии ҳозири Шоҳнома таҳти назари вай таҳия шудааст. Асли муқаддима дар ин муҷаллад ба забони русӣ дарҷ гардидааст. Чунон ки маълум аст, аввалин мутуни комил…

Дар ин ҷо низ барои баҳраварии бештар хонанда бояд нахуст ин гуфторро тарҷума кунад ва сипас тарҷумаи нивисандаро бихонад:

“Ин пешгуфтори кӯтоҳшудае аз дебочаи гушодаест ба қалами (2) шодравон (равоншод) донишманд Бертелс, ки кори санҷишии кунунии “Шоҳнома” ба сарпарастии ӯ фароҳам оварда шудааст. Дебочаи ростин дар ин дафтар ба забони русӣ чоп шудааст.

Чунон ки ошкор аст, нахустин корҳои баванда ва донишики “Шоҳнома”, ки дар садаҳои гузашта ба дасти Мокон ва Ж. Мул чоп ва пахш (пароканда) шуд ва дар…

Ба дунболи ин бахш занди дигаре дар бораи бархе вожаҳо оварда шудааст. Барои намуна:

1. Вожаи “тарҷума” порсӣ аст ва “тарҷумон” ҳамон аст, ки ба тозӣ “мутарҷим” гӯянд. “Баргардон” низ “тарҷума” аст ва “баргардондан” “тарҷума кардан” аст.

2. Вожаи “қалам” тозӣ нест ва тозикон ҳамонанд…

Пас аз ҳар бахше майнии вожаҳое, ки пештар дода нашудаанд, оварда мешавад.

***

Бахши дувуми ин нома ба номи “Парвизани порсӣ”, ки дафтаре ҷудогона буда, вожаномаест бо беш аз 7300 вожа ва ҳамчандҳои порсии онон ва дар бештари бораҳо намунаҳое барои корбурди онон. Дар зер, намунаи кӯтоҳе аз вожаномаи парвезан аз вот (ҳарф)-и “ф” дар пойин оварда мешавад.

филмасал – барои намуна
филмаҷлис – дарҷо
филвоқеъ – баростӣ, ростиро
фибер – ришта, тор
физисиян – чеҳршинос, гавҳаршинос
физик – чеҳр, [чеҳршиносӣ], гавҳаршиносӣ
физикӣ – [чеҳрик]
файсал – довар; даъвоеро файсала додан – миёнҷигарӣ, хобондани ҷангу ситез…

Он чи ки дар миёни дучангак [….] омада, ё барсохта ва ё пешниҳоде аз сӯи нивисанда (Ҷомии Шакибии Гелонӣ) аст.

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

 این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*