Посухи Ҳидоят ба Тақизода дар бораи боистагии бакоргирии вожаҳои порсӣ

Порсӣ Анҷуман: Содиқи Ҳидоят на танҳо поягузори достоннивисии навин дар забони порсӣ буд, ки порсигдоне (паҳлавидоне) барҷаста низ ба шумор мерафт, ки нибегҳое чанд аз порсиг ба порсӣ гузорда буд. Вай, ки ҷоне эронӣ ва донише фарох дошт, дар посухи Сайидҳасани Тақизода, ки сухан аз бартарии бакоргирии вожаҳои ъарабӣ дар порсӣ ронда буд, чунин гуфтааст…:

Гуфтаи Тақизода: “Гузоштани калимаи форсиюласли мусаллами номаънус низ ба ҷои форсии ъарабиюласл ҷоиз нест. Чунки луғоти ъарабӣ дар асари истиқрори ҳазорсола ҳаққи таваттуни машрӯъ пайдо карда(!) … агар бояд барои маъонии дигаре, ки на форсӣ ва на ъарабии маъруф дорад, калимоте вазъ кунем, бояд луғоти ъарабии маънустар ва саҳлтарро, ки дар Мисру Сурия маъмул аст, бар луғоти форсии ғайрмаънус тарҷеҳ бидиҳӣ (!)”.

Посухи Ҳидоят: “Ҷои таъаҷҷуб аст, луғоти форсие, ки чандин ҳазор сол пеш аз ихтироъи забони ъарабӣ дар ин обу хок роиҷ буда ва мардум бештар ба он ошно ҳастанд, такфиру табъид мешаванд ва ҳаққи таваттун надоранд! Пешниҳоди диктотурмаобонаи ғарибест, ки дар дунё собиқа надорад. Агар ба ҷурми ин аст, ки рӯзгоре Эрон аз ъараб шикаст хӯрда, бояд забони худро фаромӯш бикунад, пас Эрон аз Юнон ва муғул ҳам шикаст хӯрдааст, аз ин қарор чиро набояд асолати забони онҳоро ҳифз бикунад?! Масалан чиро исми моҳҳои туркиро дубора ривоҷ надиҳем ва ё барои истилоҳоти ъилмӣ ва фаннии худамон мустақиман аз луғоти юнонӣ истифода накунем?! Агар ба ъиллати мазҳаб аст, бояд бибинем кадом миллати мутараққӣ қабл аз мо ин шеваро ба кор баста ва ба натиҷа расида, то мо ҳам тақлид аз ӯ бикунем. Милале, ки забони модарии худро аз даст додаанд, ҳамаи онҳо нобуд ва музмаҳал гардидаанд. Аммо милали урупоӣ ҳам ба ъиллати ин, ки масеҳӣ мебошанд, ҳеҷ вақт ҳозир нестанд одоту русум ва забони яҳудиёни замони ҳазрати Исоро ба кор баранд.”

Барои огоҳии бештар “бад-инҷо” дарнигаред.

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

 این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

1+

Бифирист

.


*