Кудоме саҳеҳтар: дарсад, фисад ё фоиз?

Додхудои Саймидин*: Ин се вожа ва ё истилоҳ махсуси форсӣ, дарии Афғонистон ва тоҷикӣ* дониста мешаванд, ки корбурди онҳо дар забонҳои ёдшуда чунин аст:

форсии Эрон – дарсад,
дарии Афғонистон – фисад
тоҷикӣ – фоиз.

Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (дар алифбои лотинӣ, Сталинобод соли 1934) вожаи русии «процент» 1. prosent, foiz; 2. sadјak маънӣ шудааст. Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1949 истилоҳи русии «процент» дар забони тоҷикӣ бо вожаҳои «процент» ва «фоиз» ташреҳ гардидааст. Яъне дар ин фарҳанг ҳамон меъёри «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1934 такрор оварда шуда, аммо маънои дувуми «процент», яъне sadjak, дар луғати соли 1949 ворид нагардидааст.

Чунонки мебинем, дар луғатҳои русӣ ба тоҷикии солҳои 1934 ва 1949 истилоҳи русии «процент» дар ҷойи аввал қарор дошта, дар ҷойи дувум «фоиз» оварда шудааст. Аммо дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1985 истилоҳи русии «процент» бо вожаҳои «фоиз» ва «дарсад» маънӣ шуда, дар ин луғат «фоиз» дар ҷойи аввал ҳамчун вожаи асосӣ дар дарҷи ин маъно ёд гардидааст. Дар ҳамин луғат истилоҳи «процент» ҳамчун иқтибоси русӣ (аз лотинии procentum) аз меъёри забони тоҷикӣ хориҷ карда шудааст.

Чунонки аз фарҳангҳои дузабона ва осори дигари забони тоҷикӣ пайдост, истилоҳи «процент» низ дар забони мо солҳои тӯлонӣ якҷо бо истилоҳи «фоиз» мавриди истифода будааст, ки баъдан ба вожаи «фоиз» иваз шудааст.

Намунаи мисолҳо ва шоҳидҳо низ дар ин луғат бо вожаи «фоиз» ба кор рафтаанд. Ба таври мисол: «простые проценты – фоизи сода; сложные проценты – фоизи мураккаб; выполнить план на сто процентов – планро сад фоиз иҷро кардан».

Дар забони узбакӣ – фоиз (foiz). Корбурди вожаи «фоиз» дар забони тоҷикӣ бар асоси кадом вижагиҳои ин истилоҳи арабӣ дар ҳавзаи забони тоҷикӣ сурат гирифтааст, дақиқ нест. Истифода аз вожаи мазкур аслан ба солҳои 30-юм (садаи 20) дар мисоли «Луғати русӣ-тоҷикӣ» дар алифбои лотинӣ иртибот мегирад.

Дар фарҳангномаҳои куҳани форсӣ аз ду вожаи арабии «фоиз» дар навишти “فایز” (فائز) ва «فایض» (فائض) ёд мешавад. Дар мавриди иртиботи فائز ва فائض ба маънии «дарсад» ва ё «фисад» ба чанде аз фарҳангномаҳо метавон муроҷиъа кард. Дар «Фарҳанги форсӣ»-и Муҳаммади Муъин (дар 6 ҷилд, чопи даҳум, Теҳрон 1375) чунин омадааст:

فایز – (арабӣ: فایز) 1.растагоршаванда, растагор; пирӯзиёбанда, пирӯз, ғолиб, фотеҳ. Фоиз шудан (فایز شدن ) 1. халос шудан, наҷот ёфтан, растагор гаштан; 2. ба коми дил расидан; 3. даст ёфтан; 4 истинбот кардан; 5. ғалаба кардан;фоиз кардан (فایز کردن) 1. расондан ба чизе; 2. ба мурод расонидан, муваффақ кардан.

فایض (арабӣ: فائض) 1. фурӯрезанда; 2. файздиҳанда, файзрасонанда; 3. обе, ки пас аз пур шудани зарф ё ҳавз аз атрофи он фурӯ резад; 4. вофир, саршор, лабрез.

Дар «Луғатнома»-и Деҳхудо (ҷ.11) ин ду вожа чунин ташреҳ шудаанд:

فائز – раҳоиёбанда, аз шар(р) раҳошуда, ба хайр даст ёфта; фирӯзиёбанда (Онандроҷ); фоиз шудан – халос шудан, наҷот ёфтан; ба коми дил расидан, даст ёфтан, касб кардан, ғалаба кардан.

فایض/فائض  – файз диҳанда.

Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969):

فائز  – 1. расанда, комёбшаванда, муваффақ; 2. раҳоёфта, растагор.
فائض – 1. аз зарф ё чизи дигар берун резанда, саршор, лабрез, фаровон, бисёр, вофир; 2. файзбахш; 3. файзёб, фоидаовар.

Дар «Фарҳанги арабӣ – тоҷикӣ»-и дуктур Саидраҳмони Сулаймонӣ ин ду вожаи арабӣ чунин маънӣ шудаанд:

فائز – пирӯз, ғолиб; бобарор, комёб.
فائض – равон, ҷорӣ, лабрез, фаровон, бисёр, барзиёд, зиёдатӣ, беш аз андоза.

Дар «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ»-и устод С. Айнӣ (Куллиёт, ҷ.12) вожаи арабии фоиз (فائض ) чунин маънӣ шудааст:

  1. некӣ бисёрдиҳанда, баракатдиҳанда;
    2. нисбати ададҳо, дар сад (маънии дувум термини ҳисоб).

Дар иртибот ба ин вожа метавон аз як назари забоншиноси Афғонистон Равони Фарҳодӣ дар пажӯҳиши эшон таҳти унвони «Забони тоҷикии Мовароуннаҳр» ёд кард, ки он чунин аст: «фоиз (فایض ) – фисад, дарсад, аслан аз туркии фиюз (فیوز ) – юз ба маънии сад, дар забонҳои туркӣ иштибоҳан фоиз нигошта мешуда (имрӯз дар Мовароуннаҳ просент мегӯянд, ки аз русӣ омада ва русӣ онро аз лотинӣ гирифтааст)» (с.94).

Истилоҳи «дарсад», ки дар забони форсӣ ба кор меравад, бар пояи осори забони порсии дарӣ устувор гардидааст. Далел ва шоҳиди ҷолиб дар мавриди «дарсад»-ро метавон аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ пайдо кард. Истилоҳи вижаи «дарсад» дар «Шоҳнома» ба гунаи «сад андар сад» ба маънои «батамомӣ, комилан» як маротиба ба кор рафтааст, ки ин байт намунаи он аст:

Сад андар сад ин дашт ҷойи ман аст,
Буландосмонаш ҳавои ман аст. (Шоҳнома, ҷ.2, с.96).

Ҳамин як шоҳид аз «Шоҳнома» дар «Луғатнома»-и Деҳхудо омада, ки он чунин маънӣ шудааст:

сад андар сад – мунҳасиран, танҳо, холис, вижа, сад дар сад (Луғатнома, ҷ.10).

Ин шоҳид ва далели ҷолиб, ки фарҳангномаҳои форсӣ зикр кардаанд, дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (соли 1969) ёд нашудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба фарҳангномаҳо ва осори гузашта пажӯҳишгарони осори порсии дарӣ бино бар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз истилоҳи ноби дарии «дарсад», ки он идома ва ё гунаи «андар сад» аз қолаби «сад андар сад», баъдан «сад дар сад» мебошад, истифода карда ва «дарсад»-ро ҳамчун истилоҳи вижа барои забони форсӣ пазируфтаанд. Ин истилоҳ ҳам дар фарҳангномаҳои форсӣ ва ҳам дар фарҳангномаҳои дузабонии форсӣ ба хориҷӣ ба таври яксон мавриди истифода қарор дода шуда ва то ба имрӯз ин истилоҳи дорои собиқаи торихӣ дар забони форсӣ ҳамчун вожаи воҳид бидуни ҳеҷ гуна баробарии дигаре ба кор меравад.

Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (соли 1969) вожаҳои «дарсад» ва «фисад» аслан истифода нашудаанд. Ҳол он ки «дар сад» ҳамчун сохтаи порсии дарӣ ё тоҷикӣ дар ин фарҳанг бар асоси маводди фарҳангномаҳои муътабар бояд ҳатман ворид ва муъаррифӣ мешуд. Истилоҳи «дарсад» дар «Фарҳанги русӣ ба форсӣ»-и Р. А. Галунов (Москва, 1937) дар шарҳи «процент – фаръ» чунин омадааст: «20 процентов – sad-i bist, bist dar sad».

Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1985 дар шарҳи истилоҳи русии «процент» пас аз вожаи «фоиз» истилоҳи «дарсад» низ оварда шудааст, аммо ин истилоҳ дар муқобили «фоиз» мавриди корбурд қарор нагирифтааст.

Акнун дар марҳилаи кунунии рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ лозим аст, то ба хотири гиромидошти арзишҳои таърихӣ ва риъояти суннату меъёрҳои забони миллӣ дар корбурди луғоту истилоҳоти забонамон бархӯрди тоза намоем.

Дар ҳар маврид дар сурати корбурди вожаи «дарсад» ҳамчун мероси забони миллӣ зарурати истифодаи ҳеҷ гуна луғоту истилоҳоти иқтибос аз забонҳои дигар дар мисоли «фисад», «фоиз» ва ё «просент» вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, лозим аст, то забони миллӣ бар пояи арзишҳои фарҳанги миллӣ арҷгузорӣ шавад. Бо ин далел, «дарсад» аз вожаҳои хеле муносиб дар қолаби забони форсӣ-тоҷикӣ бар ивази «фоиз» буда, имрӯз аз ин вожаи ноб ва асили забон метавон бар ивази вожаи машкуки «фоиз» истифода кард.

Феҳристи манобеъ

Айнӣ С., Луғати нимтафсилии тоҷикӣ. Куллиёт, ҷилди 12. Душанбе, 1976.
Восканян Г.А. Фарҳанги русӣ ба форсӣ. -М, 1986.
Галунов Р.А. Русско-персидский словарь. Дар ду ҷилд. -М, 1937.
Луғати русӣ-тоҷикӣ. (Зери таҳрири С. Айнӣ, С.Р. Ализода, А. Исмоилзода, Раҳим Ҳошим ва Муҳаммадҷони Юсуфӣ). Дар ду ҷилд: Сталинобод, 1933-1934.
Луғати русӣ-тоҷикӣ. (зери таҳрири А. Деҳотӣ ва Н.Н. Ершов). М, 1949.

Луғати русӣ-тоҷикӣ. (зери таҳрири А.П. Деҳотӣ ва Н.Н. Ершов). М. – Сталинобод, 1949.
Луғати русӣ-тоҷикӣ. (зери таҳрири М. Осимӣ). М., 1985.
Луғатномаи Деҳхудо. Ҷилди 10. Теҳрон, 1377.

*Устоди равоншод Додхудои Саймидин, раиси собиқи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, раиси собиқи Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакии Фарҳҳангистони ъулуми Тоҷикистон ва севумин ъузви Фарҳангистони забон ва адаби порсии Эрон аз Тоҷикистон ва аз маъдуд донандагони забонҳои бостонӣ дар ин кишвар буд, ки чанде пеш ба ъиллати беморӣ даргузашт. Ин мақолаи устод қаблан дар сойти Кумитаи забон мунташир шуда буд.

*Бо таваҷҷуҳ ба ин ки устод (эҳтимолан барои тавзеҳи матлаб) аз номҳои расмии забони порсӣ дар се кишвар ба ъунвони “се забон” ёд карда ва барои ин ки мазмуни мақола аз ҳар гуна таҳрифу инҳироф эмин бимонад, сабки нивишти ӯ ҳифз шудааст.

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*