Боргирии “Номномаи эронӣ”-и Юстӣ
Аз Юстӣ корҳое арзанда ба ёдгор монда, ки арзандатарини онҳо “Номномаи эронӣ” (Iranisches Namenbuch) аст, ки ба соли 1895 чопахш шудааст. Ин нибег (китоб) дарбардорандаи наздики 4500 ном ва 9500 каси ҷудогона аст, ки аз нивиштаҳои эронӣ (авестоӣ, порсии бостон, паҳлавонӣ, порсиг ва порсӣ) ва нивиштаҳои анэронӣ (ошӯриён, юнониён, ҷуҳудон, сурёниён, ъарабон ва…) то замони Юстӣ ба даст омада буд.